Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз ХАЗИНАИ МО

«Ҳоло дар дарав кор бисёр аст»

«Ҳоло дар дарав кор бисёр аст»

Ҷорҷ Янг моҳи марти соли 1923 ба Рио-де-Жанейро меояд

СОЛИ 1923. Толори консерваторияи драма ва мусиқии шаҳри Сан-Паулу пури одам аст! Овози орому ботамкини Ҷорҷ Янг ба гӯш мерасад. Нутқи ӯро ҷумла ба ҷумла ба забони португалӣ тарҷума мекунанд. Ҳамаи 585 нафар шунавандагон ӯро бодиққатона гӯш мекунанд. Оятҳои Китоби Муқаддас ба забони португалӣ тавассути асбоби махсус дар экран бо ҳарфҳои калон намоиш дода мешаванд. Бо баробари тантанавор ба охир расидани нутқ садҳо нусхаи рисолаи «Миллионҳо одамоне, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ гоҳ нахоҳанд мурд», ба забони португалӣ, англисӣ, немисӣ ва итолиёвӣ тақсим карда мешаванд. Нутқ ба шунавандагон хеле маъқул мешавад ва овозаи он зуд ба ҳама ҷо паҳн мегардад. Ду шом пас шунавандагон барои гӯш кардани нутқи дигар толорро аз нав пур мекунанд. Вале пеш аз ин воқеа чиҳо рӯй дода буданд?

Соли 1867, Сара Беллона Фергесен бо ҳамроҳии оилааш аз Иёлоти Муттаҳида ба Бразилия кӯчид. Соли 1899 Сара баъзе адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро, ки бародари хурдиаш аз ИМА ба Бразилия оварда буд, хонда фаҳмид, ки ҳақиқатро ёфтааст. Сара хост, ки боз дигар адабиётҳои моро хонад ва ӯ ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-и нашри англисӣ обуна шуд. Вай аз фаҳмидани хабари Китоби Муқаддас чунон хушбахт буд, ки ба бародар Чарлз Расселл оиди ин ҳиссиёташ нома навишт ва худро чун далели зинда мисол овард, ки «шахс дар куҷое набошад ҳақиқат метавонад ба ӯ рафта расад».

Рисолаи «Мурдагон дар чӣ ҳолатанд?» (ба забони португалӣ)

Сара Фергесен ҳақиқати Китоби Муқаддасро боғайратона ба дигарон нақл мекард, вале бисёр вақт ба андеша мерафт, ки минбаъд ба ӯ ва оилааш, инчунин ба дигар одамони хубе, ки дар Бразилия ҳастанд, кӣ кӯмаки рӯҳонӣ мерасонад. Соли 1912 аз Байт-Или шаҳри Бруклин ба ӯ хабар доданд, ки ба наздикӣ касе ба Сан-Паулу меояд ва ҳамроҳаш ҳазорҳо адад рисолаи «Мурдагон дар чӣ ҳолатанд?»-ро бо забони португалӣ меорад. Соли 1915, ӯ гуфт, ки барояш ҳамеша ҳайратовар буд, ки бисёри Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас интизори он буданд, ки ба наздикӣ ба осмон бурда мешаванд. Вай аз ин ба ҳайрат афтод. Дар номае ӯ нуқтаи назари худро баён карда, чунин навишт: «Бо Бразилия ва тамоми Амрикои Ҷанубӣ чӣ мешавад?... Вақте шахс фикр мекунад, ки Амрикои Ҷанубӣ қисми хеле калони ҷаҳон мебошад, аён мегардад, ки ҳоло дар дарав кор бисёр аст». Бале, дар дарав ҳоло кор бисёр буд!

Тахминан соли 1920, ҳашт нафар баҳрнавардони ҷавон аз Бразилия ба Ню-Йорк сафар карданд ва то таъмир карда шудани киштиашон дар он шаҳр ба вохӯриҳои ҷамъомад мерафтанд. Ҳангоми ба Рио-де-Жанейро баргаштанашон онҳо дар бораи умеде, ки чанде пеш аз Китоби Муқаддас фаҳмида буданд, ба дигарон нақл намуданд. Дере нагузашта, моҳи марти соли 1923 Ҷорҷ Янг, ки нозири сайёр буд, ба Рио-де-Жанейро омад ва он ҷо якчанд рағбатдоронро вохӯрд. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ якчанд адабиёт бо забони португалӣ тарҷума карда шуд. Чанде пас бародар Янг ба Сан-Паулу омад, ки он вақтҳо аҳолиаш қариб 600 000 нафар буд. Чӣ хеле ки дар сарсухан қайд шуд, ӯ он ҷо бо нутқҳо баромад мекард ва рисолаи «Миллионҳо одамоне, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ гоҳ нахоҳанд мурд»-ро паҳн мекард. Ӯ навишт: «Ман ягон ҳамкор надоштам, барои ҳамин танҳо бо додани эълон дар рӯзномаҳо одамонро ба шунидани нутқ таклиф карда метавонистам». Аз рӯи гуфти ӯ ин «аввалин нутқҳои оммавӣ буданд, ки дар Бразилия аз номи Иттиҳоди Тадқиқотчиёни байналхалқии Китоби Муқаддас садо доданд».

Оятҳои Китоби Муқаддас тавассути асбоби махсус дар экран бо ҳарфҳои калон намоиш дода мешуданд

Оиди кори мавъиза дар Бразилия дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 декабри соли 1923 чунин қайд шуда буд: «Агар ба назар гирем, ки дар Бразилия кори мавъиза 1-уми июн оғоз ёфт ва он вақт дар он ҷо ягон адабиёт набуд, ба ҳайрат метавон омад, ки то чӣ андоза Худованд кори мавъизаро баракат додааст». Инчунин дар он ҳисобот омада буд, ки дар 21 нутқи бародар Янг, ки аз 1-уми июн то 30-юми сентябр дар шаҳрҳои Бразилия садо доданд, ба ҳисоби умумӣ 3600 нафар шунаванда ҳузур доштанд ва 2-тои он нутқҳо дар Сан-Паулу садо дода буд. Дар Рио-де-Жанейро хушхабари Салтанат торафт васеъ паҳн мешуд ва ҳамагӣ дар якчанд моҳ зиёда аз 7000 адад адабиётҳои мо бо забони португалӣ ба одамон пешкаш гардиданд! Ғайр аз ин, соли 1923, аз шумораи моҳи ноябр-декабр сар карда, маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» бо забони португалӣ ба чоп шудан сар кард.

Сара Беллона Фергесен — аввалин шахсе буд, ки дар Бразилия ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-и англисӣ обуна шуд

Нозири сайёр Ҷорҷ Янг ҳангоми дар Бразилия буданаш барои дидани Сара Фергесен ба хонааш ташриф овард. Дар ин бора дар «Бурҷи дидбонӣ» чунин навишта шуда буд: «Хоҳар ба ҳуҷраи қабули меҳмонон ворид шуд ва муддате хомӯш истод. Сипас, ӯ дасти бародар Янгро дошта, ба рӯи вай бодиққат нигарист ва оқибат хитоб кард: “Ба чашмонам бовар намекунам, ки худи нозири сайёр дар пешам истодааст!”» Чанде пас аз ин воқеа Сара ва якчанд фарзандаш таъмид гирифтанд. Тасаввур кунед, барои таъмид гирифтан ба ӯ 25 сол интизор шудан лозим омад! Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 августи соли 1924 қайд шудааст, ки ҳамон вақт дар Бразилия 50 нафар таъмид гирифтанд, ки аксарияташон аз шаҳри Рио-де-Жанейро мебошанд.

Ҳоло, баъди сипарӣ гаштани 90 сол, ба мо дигар ҳоҷат нест, ки чунин бигӯем: «Бо Бразилия ва тамоми Амрикои Ҷанубӣ чӣ мешавад?» Зеро айни замон, дар Бразилия зиёда аз 760 000 Шоҳидони Яҳува хушхабарро мавъиза карда истодаанд. Ва дар саросари Амрикои Ҷанубӣ хабари Салтанат ҳоло бо забонҳои португалӣ, испанӣ ва бо бисёр забонҳои дигари маҳаллӣ мавъиза карда мешавад. Суханони соли 1915 гуфтаи Сара Фергесен — «ҳоло дар дарав кор бисёр аст», ҳақ баромаданд. (Аз хазинаи мо дар Бразилия.)