Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува — Худои худро дӯст бидор

Яҳува — Худои худро дӯст бидор

«Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор» (МАТ. 22:37).

1. Аз кадом сабаб байни Худо ва Писараш муҳаббати чуқур инкишоф ёфт?

ИСО муносибати наздикеро, ки бо Падараш дошт, тасвир карда гуфт: «Ман Падарро дӯст медорам» ва «Падар Писарро дӯст медорад» (Юҳ. 5:20; 14:31). Аз ин мо набояд ба ҳайрат оем. Охир, Исо то ба замин омаданаш миллионҳо сол дар осмон ёрдамчии моҳири Худо буд (Мас. 8:30). Дар ин муддат ӯ бо Падараш якҷоя ҳамкорӣ карда, дар бораи хусусиятҳои Ӯ бисёр чизҳоро омӯхт ва барои дӯст доштани ӯ сабабҳои бешумор пайдо кард. Бешубҳа, ба туфайли муоширати наздик байни онҳо муҳаббати чуқур инкишоф ёфт.

2. а) Муҳаббат чиро дар бар мегирад? б) Дар ин мақола кадом саволҳоро муҳокима мекунем?

2 Муҳаббат ҳиссиёти самимии меҳру дилбастагиро дар бар мегирад. Довуди забурнавис чунин месуруд: «Туро, эй Худованд, эй қуввати ман, дӯст медорам!» (Заб. 17:2). Мо низ бояд ба Худо чунин ҳиссиёт дошта бошем. Ва агар мо хоҳем, ки Яҳува моро дӯст дорад, мо бояд ба Ӯ итоат кунем. (Такрори Шариат 7:12, 13-ро бихонед.) Вале Худоро дидан номумкин аст, пас чӣ тавр мо Ӯро дӯст дошта метавонем? Дӯст доштани Яҳува чӣ маъно дорад? Чаро мо бояд Ӯро дӯст дорем? Ва чӣ тавр мо муҳаббати ба Худо доштаамонро нишон дода метавонем?

ЧАРО МО ХУДОРО ДӮСТ ДОШТА МЕТАВОНЕМ?

3, 4. Чаро дӯст доштани Яҳува имконпазир аст?

3 Азбаски «Худо рӯҳ аст», мо Ӯро дида наметавонем (Юҳ. 4:24). Вале Яҳуваро дӯст доштан имконпазир аст ва Навиштаҳо ба мо амр медиҳанд, ки Ӯро дӯст дорем. Масалан, Мусо ба исроилиён гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор» (Такр. Ш. 6:5).

4 Худоро дӯст доштан имконпазир аст, зеро Ӯ моро бо хоҳиши Ӯро парастиш кардан офаридааст. Инчунин Яҳува дар мо қобилияти дӯст доштанро ниҳодааст. Вақте ки ниёзҳои рӯҳонии мо ба таври дуруст қонеъ карда мешаванд, муҳаббати мо ба Яҳува меафзояд ва мо хурсандӣ ҳис мекунем. Исо гуфт, ки онҳое, ки ниёзҳои рӯҳониашонро дарк мекунанд, хушбахтанд, зеро «Малакути Осмон аз они онҳост» (Мат. 5:3). Олим Моррисон дар як китобаш мегӯяд, ки инсоният аз аввали пайдоиши худ Худоро меҷуст ва ба Ӯ бовар кардан мехост. Монанди ин олим бисёриҳо розиянд, ки одамизод табиатан майл дорад, ки дар бораи Худо дониш ҷӯяд («Man Does Not Stand Alone»).

5. Аз куҷо мо медонем, ки ҷустани Худо кори беҳуда нест?

5 Оё Худоро ҷустан кори беҳуда аст? Не, зеро худи Худо мехоҳад, ки мо Ӯро ҷӯем. Павлуси ҳавворӣ ҳангоми сӯҳбат бо сокинони шаҳри Атинои қадим инро равшан қайд карда буд. Бисёри он юнониҳо фикр мекарданд, ки бояд ба маъбад рафта, бути олиҳа Атиноро парастиш кунанд. Вале Павлус гуфт, ки онҳо Худои ҳақиқиро, ки «олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст», ёфта метавонанд. Ӯ фаҳмонд, ки Худо «дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон сокин нест». Одамоне, ки Худоро ёфтан мехоҳанд, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, Ӯро ёфта метавонанд. Сипас ӯ гуфт, ки Худо «аз ҳеҷ яке аз мо дур нест» (Аъм. 17:24–27). Бале, одамон метавонанд Худоро ёбанд. Зиёда аз ҳафту ним миллион Шоҳидони Яҳува Ӯро ёфтаанд ва онҳо Ӯро дар ҳақиқат дӯст медоранд.

ХУДОРО ДӮСТ ДОШТАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

6. «Ҳукми аввалин ва бузургтарин» кадом аст?

6 Муҳаббати мо ба Яҳува бояд аз дил сарчашма гирад. Боре як фарисӣ аз Исо пурсид: «Эй Устод! Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?» Исо ҷавоб дод: «“Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор”. Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин» (Мат. 22:34–38).

7. Худоро дӯст доштан чӣ маъно дорад: а) «бо тамоми дил» б) «бо тамоми ҷон»? в) «бо тамоми ҳуш»?

Вақте Исо гуфт, ки Худоро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон ва бо тамоми ҳуш дӯст дорем, ӯ чиро дар назар дошт? Бо «тамоми дил» дӯст доштан маънои онро дорад, ки муҳаббат ба Худо бояд ба дили рамзии мо, яъне ба тамоми хоҳишҳо ва ҳиссиёти мо таъсир кунад. Бо «тамоми ҷон» дӯст доштан бошад, маънои онро дорад, ки муҳаббат ба Худо бояд ба чӣ гуна шахс будани мо ва корҳое, ки мо дар ҳаётамон мекунем, таъсир расонад. Ва «бо тамоми ҳуш» дӯст доштан маънои онро дорад, ки муҳаббат ба Худо бояд ба тарзи фикрронии мо ва ба чизҳое, ки мо дар ақламон ҷой медиҳем, таъсир расонад. Хулоса, мо бояд Яҳуваро пурра дӯст дорем ва ин муҳаббат бояд ба ҳамаи ҷонибҳои ҳаёти мо таъсир кунад.

8. Чӣ тавр мо муҳаббати ба Худо доштаамонро нишон дода метавонем?

8 Агар мо Худоро бо тамоми дил, ҷон ва ҳуш дӯст дорем, мо Каломи Ӯро боғайратона меомӯзем, аз таҳти дил талаботҳои Ӯро иҷро мекунем ва бо ҷидду ҷаҳд хабари Салтанати Ӯро ба дигарон нақл мекунем (Мат. 24:14; Рум. 12:1, 2). Вақте ки мо ин корҳоро мекунем, муносибати мо бо Ӯ торафт қавӣ хоҳад шуд (Яъқ. 4:8). Албатта, номбар кардани ҳамаи сабабҳое, ки чаро мо бояд Худоро дӯст дорем, имконнопазир аст. Лекин биёед ҳоло чанде аз он сабабҳоро дида бароем.

ЧАРО МО БОЯД ЯҲУВАРО ДӮСТ ДОРЕМ?

9. Чаро шумо Яҳуваро дӯст медоред?

9 Яҳува Офаридгори мо ва Атокунандаи неъматҳост. Павлус гуфт, ки мо ба туфайли Худо «зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем» (Аъм. 17:28). Яҳува барои мо Замин — сайёраи зеборо фароҳам овардааст, то ки дар он зиндагӣ кунем (Заб. 113:24). Ӯ инчунин моро бо ғизо ва дигар чизҳои ҳаётан муҳим таъмин мекунад. Аз ҳамин сабаб, Павлус метавонист ба сокинони бутпарасти шаҳри Лустра бигӯяд, ки Худои зинда «бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад» (Аъм. 14:15–17). Магар ин сабаб нест, ки мо Офаридгори Бузурги худро, ки ҳамчунин Атокунандаи неъматҳо мебошад, дӯст дорем? (Воиз 12:1).

10. Барои фароҳам овардани фидия шумо нисбати Яҳува чӣ ҳис мекунед?

10 Худо аз гуноҳ ва марг озод шудани моро имконпазир гардонд (Рум. 5:12). Дар ҳақиқат, «Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:8). Агар мо дар ҳақиқат аз гуноҳҳоямон пушаймон шавем ва ба қурбонии фидияи Исо имон оварем, Худо моро мебахшад. Яҳува моро чунон дӯст медорад, ки Писарашро барои мо дод. Барои ин мо аз Ӯ беандоза миннатдор ҳастем (Юҳ. 3:16).

11, 12. Ба кадом чизҳо Яҳува моро умед бахшидааст?

11 Яҳува ба мо умеде мебахшад, ки он дили моро «аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ» пур мекунад (Рум. 15:13). Маҳз ҳамин умеде, ки аз Худо дорем ба мо кӯмак мекунад, ки дар вақти озмоишҳои имон устувор монем. Тадҳиншудагоне, ки «то дами мамот» содиқ мемонанд, ба ҳаёти абадии осмонӣ умед доранд (Ваҳй 2:10). Дигар хизматгорони содиқи Худо бошанд, умед доранд, ки ҷовидона дар рӯи замин зиндагӣ кунанд (Луқ. 23:43). Аз чунин умеди олиҷаноб шумо чӣ ҳис мекунед? Он ба дили мо хурсандиву осоиштагӣ мебахшад ва муҳаббати моро нисбати Худо — Атокунандаи «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил», зиёд мегардонад (Яъқ. 1:17).

12 Худо ба мо оиди эҳёшавӣ умеди дилгармкунанда додааст (Аъм. 24:15). Вақте ки мо ягон шахси азизамонро аз даст медиҳем ин моро хеле ғамгину рӯҳафтода мекунад. Вале мо «мисли дигарон, ки умед надоранд» аз ҳад зиёд ғамгин намешавем, чунки Яҳува ваъда додааст, ки мурдагонро ба ҳаёт бармегардонад (1 Тас. 4:13). Яҳува Худо он вақтро ҳатто аз мо ҳам зиёдтар интизор аст. Ӯ ҳақиқатан мехоҳад, ки мурдагонро, хусусан Айюб барин хизматгорони содиқашро эҳё кунад (Айюб 14:15). Танҳо тасаввур кунед! Чӣ қадар хурсандиовар хоҳад буд замоне ки мо эҳёшудагонро дар замин вомехӯрем! То чӣ андоза аз Падари осмониамон миннатдор ҳастем, ки Ӯ ба мо умеди аҷоиби эҳёшавиро бахшидааст!

13. Аз куҷо медонем, ки Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхорӣ мекунад?

13 Яҳува дар ҳақиқат ба мо ғамхорӣ мекунад. (Забур 33:7, 19, 20; 1 Петрус 5:6, 7-ро бихонед.) Мо медонем, ки Падари меҳрубонамон ҳамеша тайёр аст онҳоеро ки ба Ӯ содиқанд, дастгирӣ кунад, аз ин сабаб мо худро ҳамчун «гӯсфандони чарогоҳи» Ӯ дар бехатарӣ ҳис мекунем (Заб. 78:13). Беш аз ин, муҳаббати Худо дар корҳое аён хоҳад гашт, ки Ӯ тавассути Салтанати Масеҳоӣ барои мо ба анҷом мерасонад. Баъди он ки Подшоҳи интихобшудаи Худо — Исои Масеҳ заминро аз бадӣ ва зулму ситам тоза мекунад, одамони итоаткор аз сулҳи пойдор баҳра бурда, дар серию пурӣ зиндагӣ хоҳанд кард (Заб. 71:7, 12–14, 16). Мулоҳиза оиди ин ваъдаҳо моро бармеангезад, ки Худои ғамхорамонро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми қувват ва бо тамоми ақли худ дӯст дорем (Луқ. 10:27).

14. Худо ба мо кадом имтиёзи бузургро додааст?

14 Худо ба мо марҳамат намуда имконияти бебаҳо додааст, ки чун Шоҳидони Ӯ хизмат кунем (Иш. 43:10–12). Мо Худоро дӯст медорем, зеро ки Ӯ ба мо имконият додааст, ки ҳокимияташро дастгирӣ кунем ва ба онҳое, ки ранҷу азоб мекашанд, умеди ҳақиқӣ орем. Мо оиди ин умед бо имон ва боварӣ гап мезанем, чунки он бар ваъдаҳое, ки дар Каломи Худо навишта шудаанд, асос ёфтааст ва Худо бошад, ваъдаҳояшро ҳамеша иҷро мекунад. (Еҳушаъ ибни Нун 21:45; 23:14-ро бихонед.) Албатта, баракатҳои Яҳува ва сабабҳое, ки мо Ӯро дӯст медорем, бешуморанд. Вале мо ин муҳаббатамонро ба Ӯ чӣ тавр нишон дода метавонем?

ЧӢ ТАВР МО НИШОН ДОДА МЕТАВОНЕМ, КИ ХУДОРО ДӮСТ МЕДОРЕМ?

15. Омӯхтан ва ба кор бурдани Каломи Худо чӣ тавр ба мо кӯмак карда метавонад?

15 Каломи Худоро боғайратона омӯзед ва ба кор баред. Бо ин корамон мо нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем ва ҳақиқатан мехоҳем, ки Каломи Ӯ ба роҳи мо равшанӣ андозад (Заб. 118:105). Агар мо душвориҳоро аз сар гузаронида истода бошем, пас аз суханони боварибахши зерин тасаллӣ ёфта метавонем: «Дили шикаста ва залилро [ғамзадаро] Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид». «Эҳсони Ту, эй Худованд, маро дастгирӣ мекард. Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад» (Заб. 50:19; 93:18, 19). Яҳува ва Исо нисбати онҳое, ки ранҷу азоб мекашанд, меҳрубонанд (Иш. 49:13; Мат. 15:32). Дар вақти омӯзиши Китоби Муқаддас мо ба хубӣ дарк карда метавонем, ки Яҳува моро дӯст медорад. Ва ин дар навбати худ муҳаббати моро ба Ӯ боз ҳам зиёд мегардонад.

16. Чӣ тавр дуоҳои мунтазам муҳаббати моро ба Худо қавӣ мегардонанд?

16 Мунтазам дуо гӯед. Вақте ки мо ба Худо дуо мегӯем ва мебинем, ки чӣ тавр Ӯ ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад, муҳаббати мо ба Ӯ зиёд мегардад (Заб. 64:3). Масалан, мо шояд дидаем, ки Ӯ намегузорад, то мо аз қувват берун озмуда шавем (1 Қӯр. 10:13). Агар мо ғамгин бошем ва самимона дар дуо кӯмак пурсем, мо метавонем «осоиштагии Худо»-ро ҳис кунем. Ин осоиштагӣ оромии ботиниест, ки танҳо Яҳува онро дода метавонад (Фил. 4:6, 7). Баъзан шояд мо мисли Наҳемё дар даруни диламон дуо мегӯем ва баъдтар ҳис мекунем, ки Яҳува дуои моро шунидааст (Наҳ. 2:1–6). Вақте ки мо «ҳамеша дуо» мегӯему ба онҳо ҷавоб додани Яҳуваро мушоҳида мекунем, муҳаббати мо ба Ӯ зиёдтар мегардад. Ва мо боварии бештар пайдо мекунем, ки Ӯ ҳангоми озмоишҳои оянда низ ба мо кӯмак хоҳад кард (Рум. 12:12).

17. Агар мо Худоро дӯст дорем, ба ҷамъомад чӣ гуна муносибат хоҳем кард?

17 Ба вохӯриҳои масеҳӣ ва анҷуманҳо мунтазам ташриф оред (Ибр. 10:24, 25). Исроилиён мунтазам бо ҳам ҷамъ меомаданд, то ки дар бораи Яҳува шунаванд ва таълим гиранд. Ин ба онҳо кӯмак мекард, ки Ӯро бо эҳтироми чуқур ибодат намоянд ва Қонунашро риоя кунанд (Такр. Ш. 31:12). Агар мо ба Худо муҳаббати ҳақиқӣ дошта бошем, иҷрои иродаи Ӯ бароямон гарон нахоҳад буд. (1 Юҳанно 5:3-ро бихонед.) Барои ҳамин, биёед ҳаргиз ба вохӯриҳо хунукназарона муносибат накунем. Биёед ҳеҷ кори дигареро аз онҳо муҳимтар нашуморем. Бешубҳа, мо намехоҳем, то чизе сабабгори он шавад, ки муҳаббати аввалаи ба Яҳува доштаамонро гум кунем (Ваҳй 2:4).

18. Муҳаббат ба Худо моро ба кардани кадом кор бармеангезад?

18 Бо ҷидду ҷаҳд ҳақиқатро мавъиза кунед (Ғал. 2:5). Муҳаббат ба Худо моро бармеангезад, ки ба дигарон дар бораи Салтанати Масеҳоии Писари азизи Ӯ нақл кунем. Исо, ки Подшоҳи таъинкардаи Худо аст, дар Ҳармиҷидӯн ҷанг карда, ҳуқуқи ҳукмронӣ кардани Яҳуваро ҳимоя хоҳад кард (Заб. 44:5; Ваҳй 16:14, 16). То чӣ андоза хурсандиовар аст, ки мо дар кори шогирдсозӣ иштирок карда, ба одамон кӯмак мекунем, ки дар бораи муҳаббати Худо ва дунёи нави ваъдакардаи Ӯ бифаҳманд! (Мат. 28:19, 20).

19. Барои чӣ мо бояд пирони ҷамъомадро қадр кунем?

19 Чӯпонони дар ҷамъомад таъинкардаи Худоро қадр кунед (Аъм. 20:28). Пирони масеҳӣ ато аз ҷониби Яҳува мебошанд, ки ҳамеша бар манфиати мо амал мекунанд. Пирон «мисли паноҳгоҳе аз бод ва ниҳонгоҳе аз тӯфон, мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои хушк, мисли сояи кӯҳпораи бузург дар замини бемаҷол» мебошанд (Иш. 32:1, 2). Бешубҳа, мо паноҳгоҳеро, ки моро аз шамоли сахт ё борони шадид муҳофизат мекунад, қадр мекунем! Ва ҳангоми дар офтоби сӯзон хастаю бемаҷол шудан, мо албатта ягон ҷои сояро меҷӯем! Ба ҳамин монанд, пирон ба мо кӯмаки лозимаи рӯҳонӣ мерасонанд ва моро рӯҳбаландиву тароват мебахшанд, то ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, хизмати Яҳуваро давом диҳем. Онҳо «бахшоишҳо», яъне тӯҳфаҳо аз ҷониби Яҳува мебошанд. Ва мо ба онҳо итоат карда, муҳаббати ба Яҳува Худо ва Исо — сарвари ҷамъомад доштаамонро нишон медиҳем! (Эфс. 4:8; 5:23; Ибр. 13:17).

Яҳува чӯпононеро таъин кардааст, ки ба мо таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекунанд (Ба сархати 19 нигоҳ кунед)

БИГЗОР МУҲАББАТИ ШУМО БА ХУДО БОЗ ҲАМ БИАФЗОЯД

20. Агар мо Худоро дӯст дорем, ба суханони Яъқуб 1:22–25 чӣ гуна муносибат мекунем?

20 Яҳува ба мо «шариати комил», яъне Каломашро додааст, ки дар он ҳамаи талаботҳои Ӯ навишта шудаанд (Яъқуб 1:22–25-ро бихонед.) Агар шумо бо Яҳува муносибатҳои наздик доштан хоҳед, шумо «на фақат шунаванда», балки «иҷрокунандагони калом»-и Ӯ хоҳед буд (Заб. 18:8–12). Шумо бояд мувофиқи чизҳои омӯхтаатон амал кунед. Масалан, аз муҳаббат ба Худо шумо кӯшиш хоҳед кард, ки дар бораи Ӯ ба дигарон нақл кунед ва дар вохӯриҳои ҷамъомад бо шарҳҳои худ Ӯро ҷалол диҳед.

21. Дуоҳои самимии шуморо ба чӣ монанд кардан мумкин аст?

21 Муҳаббат ба Яҳува Худо шуморо бармеангезад, ки зуд–зуд бо дуоҳои самимӣ ба Ӯ муроҷиат кунед. Дар Исроили қадим коҳинон ҳар рӯз барои Яҳува бухур месӯзонданд. Шоҳ Довуд дуоҳои худро ба бухур монанд карда, чунин месуруд: «Бигзор дуоям ба ҳузури Ту [Яҳува] мисли бухур мақбул афтад, ва боло кардани кафҳоям мисли ҳадияи шом» (Заб. 140:2; Хур. 30:7, 8). Яҳува дуоҳои Довудро мешунид. Бигзор хоҳишҳои фурӯтанона, зориву илтиҷоҳои самимӣ, ҳамду санои софдилона ва миннатдориҳои шумо низ ба Яҳува чун бӯи форами бухур мақбул афтанд (Ваҳй 5:8).

22. Дар мақолаи оянда мо кадом намуди муҳаббатро муҳокима мекунем?

22 Исо гуфт, ки мо бояд Худоро дӯст дорем, вале ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки ёри худро дӯст дорем (Мат. 22:37–39). Муҳаббат ба Яҳува ва принсипҳои Ӯ ба мо кӯмак мекунанд, ки бо одамон муносибати хуб кунем ва ба онҳо муҳаббат зоҳир кунем. Мақолаи оянда ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.