Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба «мусибатҳои бисёр» нигоҳ накарда ба Худо содиқона хизмат кунед

Ба «мусибатҳои бисёр» нигоҳ накарда ба Худо содиқона хизмат кунед

«Мо бояд бо мусибатҳои бисёр дохили Малакути Худо гардем» (АЪМ. 14:22).

1. Чаро ҳангоми дучор шудан бо мусибатҳо ходимони Худо ҳайрон намешаванд?

ПЕШ аз гирифтани мукофоти ҳаёти ҷовидонӣ мо бо «мусибатҳои бисёр» дучор хоҳем шуд. Оё аз ин фикр шумо ба ҳайрат меоед? «Не»,— шояд гӯед шумо. Чунки новобаста аз он ки мо чанд сол боз дар роҳи ҳақиқат ҳастем, мо медонем, ки дар ин ҷаҳони Шайтон аз мушкиливу азобҳо ҷои гурез нест (Ваҳй 12:12).

2. а) Ба ғайр аз проблемаҳое, ки ба сари ҳамаи одамони нокомил меоянд, масеҳиён боз бо кадом душворӣ дучор мешаванд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Кӣ сабабгори асосии таъқиботи мост ва мо инро аз куҷо медонем?

2 Ба ғайр аз «озмоишҳои оддии инсонӣ», ки ба сари ҳама одамони нокомил меоянд, масеҳиён боз бо як навъи дигари мусибат дучор мешаванд (1 Қӯр. 10:13). Он чист? Аз сабаби итоат кардан ба қонунҳои Худо, онҳо ба таъқиботи шадид рӯ ба рӯ мегарданд. Исо ба пайравонаш гуфта буд: «“Ғулом бузургтар аз оғои худ нест”. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард» (Юҳ. 15:20). Сабабгори ҳамаи ин таъқибот кист? Албатта, Шайтон аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ «мисли шери ғуррон гаштугузор карда», аз халқи Худо «касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8). Шайтон барои шикастани беайбии шогирдони Исо ба ҳар кор тайёр аст. Биёед мисоли Павлуси ҳаввориро дида бароем.

МУСИБАТҲО ДАР ЛУСТРА

3–5. а) Павлус дар Лустра бо кадом мусибат дучор шуд? б) Ба кадом маъно хабари ӯ дар бораи мусибатҳои оянда рӯҳбаландкунанда буд?

3 Павлус аз барои ба Худо содиқ буданаш ба таъқиботҳои зиёд дучор мешуд (2 Қӯр. 11:23–27). Боре дар шаҳри Лустра Павлус мардеро, ки аз кӯдакӣ роҳ гашта наметавонист, шифо бахшид. Ин мӯъҷизаро дида, одамони он ҷо Павлус ва Барнабборо худо гуфта болобардор карданд. Ба ин мардон лозим омад, ки мардуми баҳаяҷономадаро аз ин кор боздоранд, чунки одамон мехостанд ба онҳо саҷда кунанд! Аммо дере нагузашта, яҳудиёне, ки ба онҳо муқобилат мекарданд, омада халқро ба шӯр андохтанд. Ва дар як лаҳза воқеа зуд ранги дигар гирифт! Ба тӯҳмати яҳудиён бовар карда, мардуми он ҷо Павлусро сангсор карданд ва ба гумони он ки ӯ мурдааст, ӯро партофта рафтанд (Аъм. 14:8–19).

4 Баъди ташриф овардан ба Дарба Павлус ва Барнаббо аз нав «ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд. Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки “дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисёр дохили Малакути Худо гардем”» (Аъм. 14:21, 22). Шояд аз нигоҳи аввал ин суханон каме бемантиқ тобанд. Охир кас аз фаҳмидани он ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад, хурсанд намешавад, балки зиқу рӯҳафтода мегардад. Пас, чӣ тавр Павлус ва Барнаббо бо хабар додани он ки масеҳиён бо «мусибатҳои бисёр» рӯ ба рӯ мешаванд, онҳоро рӯҳбаланд карданд?

5 Агар ба суханони Павлус нағз диққат диҳем, ҷавоби ин саволро фаҳмида метавонем. Павлус нагуфт, ки мо бояд «ба мусибатҳои бисёр тоқат кунем», балки чунин гуфт: «Мо бояд бо мусибатҳои бисёр дохили Малакути Худо гардем». Яъне Павлус шогирдонро на бо хабар оиди мусибатҳо, балки бо натиҷаи мусбие, ки сабру тоқат ба онҳо меорад, рӯҳбаланд кард. Ин мукофот орзуву хаёли хом набуд. Худи Исо дар ин бора гуфта буд: «Ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Мат. 10:22).

6. Онҳоеро ки то охир сабр мекунанд, чӣ интизор аст?

6 Агар мо то охир ба мусибатҳо тоқат кунем, мукофотро ба даст хоҳем овард. Барои масеҳиёни тадҳиншуда ин мукофот ҳаёти бефаноӣ ва дар осмон ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ кардан аст. Барои «гӯсфандони дигар» ин ҳаёти ҷовидонӣ дар замин мебошад, ки дар он ҷо «адолат сокин хоҳад буд» (Юҳ. 10:16; 2 Пет 3:13). Лекин чуноне ки Павлус қайд намуд, то он дам мо бо мусибатҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавем. Биёед ду намуди озмоишеро, ки бо он дучор шуда метавонем, дида бароем.

ҲАМЛАИ РӮИРОСТ

7. Чӣ гуна мусибатро ҳамлаи рӯирост номидан мумкин аст?

7 Исо пешгӯӣ карда буд: «Шуморо ба маҳкамаҳо хоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна хоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад» (Марқ. 13:9). Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе масеҳиён бо таъқиботе дучор хоҳанд шуд, ки онро ҳамлаи рӯирости Шайтон номидан мумкин аст. Таъқибот метавонад аз тарафи роҳбарони динӣ ё сиёсӣ ба амал ояд (Аъм. 5:27, 28). Биёед, боз ба намунаи Павлус нигарем. Оё ӯ аз донистани он ки ба чунин уқубат дучор мешавад, ба тарсу ларз меафтид? Ягон зарра. (Аъмол 20:22, 23-ро бихонед.)

8, 9. Аз куҷо мо медонем, ки Павлус бо азми қавӣ ба мусибатҳо тоб меовард ва чӣ тавр баъзеҳо дар рӯзҳои мо ба ӯ пайравӣ мекунанд?

8 Павлус, ки ба ҳамлаҳои рӯирости Шайтон далерона мубориза мебурд, чунин гуфт: «Ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он хизматеро, ки Исо... ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам» (Аъм. 20:24). Равшан аст, ки Павлус аз таъқиботи дарпешбуда ба воҳима намеафтод. Баръакс, ӯ азми қавӣ дошт, ки ба ҳама мушкилӣ то охир тоб орад. Ӯ танҳо дар бораи як чиз ғам мехӯрд, ки ба мусибатҳо нигоҳ накарда дар бораи хушхабари Салтанат шаҳодат диҳад.

9 Дар замонҳои мо низ бисёр бародарону хоҳарон чунин азми қавӣ доранд. Масалан, дар як мамлакат баъзе Шоҳидон бе мурофиаи судӣ ҳабс карда шудаанд. Қариб 20 сол мешавад, ки онҳо дар ҳабсанд. Чаро? Чунки онҳо дар корҳои сиёсӣ иштирок карданро рад мекунанд. Ба оилаву наздикони онҳо ҳатто иҷозат дода намешавад, ки ба хабаргириашон раванд. Дар он ҷо онҳо бераҳмона латукӯб гардида бо роҳҳои гуногун сахт азоб дода мешаванд.

10. Чаро мо набояд аз мусибатҳои ногаҳонӣ ба тарс оем?

10 Дар дигар ҷойҳо бародарони мо ба мусибатҳое, ки ногаҳон рӯй медиҳанд, тоб меоранд. Агар бо шумо низ чунин шавад, ба тарс дода нашавед. Дар бораи Юсуф фикр кунед. Гарчанд ӯ ба ғуломӣ фурӯхта шуда буд, Яҳува ӯро «аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод» (Аъм. 7:9, 10). Яҳува барои шумо ҳам чунин корро карда метавонад. Фаромӯш накунед, ки Яҳува «медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад» (2 Пет. 2:9). Боварии комил дошта бошед, ки Яҳува барои паси сар кардани озмоишҳо ва дар душвориҳо устувор мондан ба шумо кӯмак мекунад. Дилпур бошед, ки Ӯ шуморо аз ин дунёи шарир наҷот дода, бароятон зиндагии ҷовидониро ато хоҳад кард (1 Пет. 5:8, 9).

ҲАМЛАИ НИҲОНӢ

11. Ҳамлаҳои ниҳонии Шайтон аз ҳамлаҳои рӯиросташ бо чӣ фарқ мекунанд?

11 Боз як намуди мусибате, ки бо мо рӯй дода метавонад, ин ҳамлаи ниҳонии Шайтон мебошад. Аммо ҳамлаи пинҳонӣ аз ҳамлаи рӯирост бо чӣ фарқ мекунад? Ҳамлаи рӯирост мисли тундбодест, ки ногаҳон ба шаҳр вазида хонаатонро дар як лаҳза несту нобуд месозад. Ҳамлаи ниҳонӣ бошад, бештар монанди он аст, ки термитҳо (як навъи мӯрчаҳои сафед) дар даруни тахтаҳои хона ҷо шуда, онро аз дарун оҳиста-оҳиста мехӯранд. Шумо аз ин хатар то даме ки хонаатон чаппа нашавад, хабардор намешавед. Ба мисли ин, ҳамлаи ниҳонӣ аз назари шумо пинҳон монда метавонад. Шумо аз он танҳо вақте бохабар мешавед, ки аллакай дер шудааст.

12. а) Яке аз ҳамлаҳои ниҳонии Шайтон кадом аст ва чаро он таъсири калон дорад? б) Чӣ тавр Павлус аз рӯҳафтодагӣ азоб мекашид?

12 Шайтон хоҳ ба воситаи таъқиботҳои рӯирост бошад, хоҳ бо истифодаи ҳамлаи ниҳонӣ, мехоҳад имони шуморо торафт суст карда, сипас муносибататонро бо Яҳува вайрон кунад. Яке аз тарзҳои айёрона ҳамла кардани Шайтон ин рӯҳафтода кардани шахс мебошад. Павлуси ҳавворӣ низ баъзан гирифтори рӯҳафтодагӣ мешуд. (Румиён 7:2124-ро бихонед.) Чаро Павлус, ки «паҳлавони рӯҳонӣ» буд ва эҳтимол аъзои ҳайати роҳбарикунандаи асри як буд, худро «шахси мискин» меномид? Чуноне ки худи ӯ гуфт, сабаби ин нокомилиҳояш буданд. Гарчанде ӯ ҳамеша мехост кори хуб кунад, ӯ ҳис мекард, ки як қувваи дигаре ба ӯ муқобилият мекунад. Агар шумо вақт аз вақт бо чунин ҳиссиёт мубориза баред, шуморо донистани он тасаллӣ дода метавонад, ки ҳатто Павлус чунин мушкилӣ дошт.

13, 14. а) Аз кадом сабабҳо хизматгорони Худо рӯҳафтода мегарданд? б) Кӣ мехоҳад, ки мо имони худро гум кунем ва чаро?

13 Баъзан бисёри бародару хоҳарон худро рӯҳафтода, хавотир ва ҳатто беқадру нодаркор ҳис мекунанд. Мисоли як пешрави боғайратеро, ки шартан номашро Фарида мегӯем, дида мебароем. Ӯ мегӯяд: «Ҳар дафъае, ки хатои пештараамро ба хотир меорам, ман худро бадтару бадтар ҳис мекунам. Вақте ки ман дар бораи тамоми корҳои нодурустам фикр мекунам, ман гумон мекунам, ки гӯё ҳеҷ гоҳ касе маро дӯст дошта наметавонад, ҳатто Яҳува ҳам».

14 Чаро баъзе ходимони содиқи Яҳува ба монанди Фарида ба чунин ҳиссиёти дардовар дода мешаванд? Баъзеҳо аз рӯи одат ба худ баҳои паст медиҳанд ва ба вазъияти зиндагиашон бо назари бад менигаранд (Мас. 15:15). Дар дигарон бошад, ин гуна ҳиссиёт аз сабаби бемории ҷисмонӣ пайдо мешавад. Ба ҳар ҳол, новобаста аз он ки бо кадом сабаб ин ҳиссиёт пайдо мешавад, мо бояд донем, ки кӣ онро бар зидди мо истифода мебарад. Ба фикратон, кӣ хоҳони он аст, ки мо дилшикаста гашта, мағлуб шавем? Албатта, Шайтон. Ӯ худаш ба марг маҳкум шудааст ва мехоҳад, ки шумо низ ягон умеде дар зиндагӣ надошта бошед (Ваҳй 20:10). Хоҳ Шайтон рӯирост ба мо ҳамла кунад, хоҳ ба таври ниҳонӣ, мақсади ӯ ҳамеша як чиз аст. Ӯ мехоҳад, ки халқи Худо рӯҳафтода шавад, ҷидду ҷаҳдашро гум карда ба Худо хизмат карданро бас кунад. Дар ҳақиқат ҳам мо ҳозир дар ҷанги рӯҳонӣ иштирок карда истодаем!

15. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки зери бори гарони рӯҳафтодагӣ намонем?

15 Таслим нашавед! Бо азми қавӣ амал намуда муборизаро давом диҳед. Ҳамеша ба мукофот назар дӯзед. Ин ба шумо ёрӣ медиҳад, ки зери бори гарони рӯҳафтодагӣ намонед. Павлус ҳавворӣ ба масеҳиёни Қӯринт чунин навишта буд: «Мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад. Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад» (2 Қӯр. 4:16, 17).

АЗ ҲОЗИР БА МУСИБАТ ТАЙЁР ШАВЕД!

Масеҳиёни пиру ҷавон барои дар бораи имони худ шаҳодат додан худро тайёр мекунанд (Ба сархати 16 нигаред)

16. Чаро мо бояд аз худи ҳозир ба мусибатҳо тайёр шавем?

16 Чи хеле ки дида баромадем, Шайтон «дасисаҳо», яъне ҳилаю найранги зиёдеро истифода мебарад (Эфс. 6:11). Ҳар яки мо бояд ба огоҳии дар 1 Петрус 5:9 навишташуда гӯш диҳем: «Ба вай [Шайтон] бо имони қавӣ муқобилат кунед». Барои ин мо бояд ақлу дили худро омода созем, то ки аз худи ҳозир барои кардани кори дуруст тайёр бошем. Мисоле меорем: аскарон ҳатто пеш аз он ки хатари ҷанг пайдо шавад, зуд-зуд машқҳои вазнини ҳарбиро мегузаранд, то ки ҳама вақт ба ҷанг тайёр бошанд. Ҳолати аскарони рӯҳонии Яҳува низ ба ин монанд аст. Мо пешакӣ намедонем, ки моро дар оянда кадом «ҷанг» интизор аст. Барои ҳамин, аз рӯи хирад мебуд, ки ҳоло дар замони нисбатан тинҷ худро ба мусибатҳои оянда тайёр кунем. Павлус ба масеҳиёни Қӯринт навишта буд: «Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед» (2 Қӯр. 13:5).

1719. а) Оиди кадом чизҳо мо худро тафтиш карда метавонем? б) Чӣ тавр ҷавонон барои имони худро дар мактаб ҳимоя кардан тайёр шуда метавонанд?

17 Як роҳи худтафтишкунӣ, ин ба худ додани саволҳои зерин мебошад: «Оё ман пайваста дуо мегӯям? Ҳангоми дучор шудан бо фишори ҳамсолон ман аз Худо бисёртар метарсам ё аз одамон? Оё ман мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меорам? Оё ман бо далерӣ дар бораи имонам гап мезанам? Оё ман хатогиҳои ҳамимононамро ба зудӣ мебахшам, чуноне ки мехостам дигарон маро бахшанд? Оё ман ба пирони ҷамъомади маҳаллӣ ва онҳое ки кори умумиҷаҳониро роҳбарӣ мекунанд, итоат мекунам?»

18 Аҳамият диҳед, ки аз саволҳои дар боло овардашуда дутоаш оиди далерона шаҳодат додан ва ба фишори ҳамсолон тоб овардан буд. Ба бисёр бародарону хоҳарони ҷавон дар мактаб инро кардан лозим меояд. Онҳо ҳангоми дар бораи имони худ гап задан шарм намекунанд ва наметарсанд. Чӣ ба ин ҷавонон ёрӣ медиҳад, ки далерона гап зананд? Оиди шаҳодатдиҳӣ дар мактаб дар маҷаллаҳоямон маслиҳатҳои муфид чоп гардидаанд. Онҳо аз он маслиҳатҳо истифода мебаранд. Масалан, дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи с. 2013 маслиҳат дода мешавад, ки чӣ тавр ҷавонон бо истифода бурдани саволҳо ба ҳамсинфони худ оиди имонашон бо боварии бештар гап зада метавонанд. Волидон, бо фарзандонатон ҳолатҳоеро, ки онҳо дар мактаб рӯ ба рӯ мешаванд, дида бароед, то ки онҳо ба фишори ҳамсолон муқобилат карда тавонанд.

19 Албатта, дар бораи имони худ гап задан ва иҷро кардани чизҳои дигаре, ки Яҳува аз мо талаб мекунад, на ҳама вақт осон аст. Баъди рӯзи дарози корӣ бароямон шояд ба ҷамъомад рафтан душвор бошад. Саҳар аз хоб, аз ҷойгаҳи гарму нарм хеста, ба хизмат рафтан шояд бароямон мушкил бошад. Лекин дар ёд доред: агар шумо ҳозир реҷаи хуби рӯҳонӣ дошта бошед, ҳангоми дар оянда бо озмоишҳои душвортар рӯ ба рӯ шудан, тайёр хоҳед буд.

20, 21. а) Чӣ тавр мулоҳизаи чуқур оиди фидия барои бо ҳиссиёти манфӣ мубориза бурдан ба мо ёрдам мерасонад? б) Мо бояд ба чӣ азми қавӣ дошта бошем?

20 Дар бораи ҳамлаҳои ниҳониву айёрона чӣ гуфтан мумкин аст? Масалан, барои мубориза бурдан бо ҳиссиёти рӯҳафтодагӣ мо чӣ кор карда метавонем? Яке аз беҳтарин роҳҳо ин дар бораи фидия мулоҳиза кардан аст. Павлуси ҳавворӣ маҳз ҳамин тавр мекард. Баъзан ӯ худро шахси бадбахт ҳис мекард. Аммо ӯ медонист, ки Масеҳ на барои одамони комил, балки барои шахсони монанди ӯ гунаҳкор мурдааст. Ӯ навишт: «Бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард» (Ғал. 2:20). Бале, Павлус фидияро қабул кард. Ӯ дарк кард, ки фидия шахсан барои ӯ пардохта шудааст.

21 Агар шумо ҳам ба фидия чун атое, ки Яҳува шахсан ба шумо тӯҳфа кардааст, нигаред, ин ба шумо ёрдами хеле калон хоҳад расонд. Лекин ин маънои онро надорад, ки рӯҳафтодагӣ дар як лаҳза нест мешавад. Ба баъзеи мо шояд лозим ояд, ки то фаро расидани дунёи нав бо ин ҳиссиёт мубориза барем. Лекин дар хотир дошта бошед, ки касе то охир сабр кунад, мукофотро ба даст хоҳад овард. Мо ҳоло ба рӯзе ки Салтанати Худо сулҳро пойдор мекунад, беш аз ҳарвақта наздикем. Дар он вақт ҳамаи ходимони содиқи Худо ба комилият мерасанд. Биёед бо азми қавӣ ба Салтанати Худо дохил шавем, ҳатто агар аз мусибатҳои зиёде гузаштан лозим ояд.