Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо барои гирифтани таъинот дар ҷамъомад ҳаракат мекунед?

Оё шумо барои гирифтани таъинот дар ҷамъомад ҳаракат мекунед?

КОМРОН * ба ҳаяҷон омада буд. Ду пири ҷамъомад мехостанд бо ӯ дар танҳоӣ гап зананд. Баъди якчанд бор ба ҷамъомади онҳо ташриф овардани нозири ноҳиявӣ пирон ба ӯ фаҳмонданд, ки барои дар ҷамъомад масъулияти иловагиро ба дӯш гирифтан ба ӯ чӣ кор кардан даркор аст. Рӯзҳо мегузаштанду Комрон аз худ мепурсид, ки ӯро пири ҷамъомад таъин мекарда бошанд ё не. Ва инак боз нозири ноҳиявӣ ба ҷамъомади онҳо ташриф овард. Ин дафъа пирон ба ӯ чӣ мегуфта бошанд?

Яке аз пирон гап мезаду Комрон гӯш мекард. Бародар ба 1 Тимотиюс 3:1 ишора карда гуфт, ки ба пирони ҷамъомад нома омадааст, то ки Комронро ҳамчун пир таъин кунанд. Комрон ба ҳайрат афтода пурсид: «Нафаҳмидам, чӣ гуфтед?» Вақте бародар гапашро як бори дигар такрор кард, дар чеҳраи Комрон табассум пайдо шуд. Вақте ки ин хабарро дар ҷамъомад эълон карданд, дигарон низ аз шодӣ табассум карданд.

Оё орзу кардани таъинот дар ҷамъомад нодуруст аст? Албатта не. Дар 1 Тимотиюс 3:1 гуфта шудааст: «Агар касе усқуфи [«пири ҷамъомад шудан», ТДН]-ро орзу кунад, кори хубе орзу мекунад». Бисёр мардони масеҳӣ ин маслиҳатро қабул карда, аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ мекунанд, то ки ба талабот оиди гирифтани масъулият мувофиқат кунанд. Дар натиҷа даҳҳо ҳазор пирону ходимони ёвари қобилиятнок дар байни халқи Худо хизмат мекунанд. Аммо аз сабаби торафт зиёд шудани ҷамъомадҳо ба бародароне ки масъулиятро ба дӯш гирифта метавонанд, ниёз бештар шуда истодааст. Чӣ тавр бародарон барои пири ҷамъомад шудан ба таври дуруст кӯшиш карда метавонанд? Ва оё ба онҳо лозим аст, ки монанди Комрон доим дар фикри он бошанд, ки кай онҳоро пир таъин мекунанд?

ҲАРАКАТ КАРДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Ибораи юноние, ки дар 1 Тимотиюс 3:1 «орзу кунад» тарҷума шудааст, маънои «чизеро сахт хостан, муштоқи чизе будан, барои ба даст овардани чизе ҳаракат кардан»-ро дорад. Инро мисоли зерин мефаҳмонад: вақте ки касе меваи ширинеро, ки дар дарахт овезон аст, гирифтан мехоҳад, ӯ қадашро ёзонида, дасташро дароз мекунад, то ки онро гирад. Яъне ин хоҳишу кӯшиши сахти гирифтани он меваро тасвир мекунад. Лекин чи хеле ки кас ҷаҳида меваро канда мегирад, ба гирифтани таъинот набояд чунин муносибат кард, яъне шахс набояд онро ҳарисона орзу кунад. Барои чӣ? Зеро мақсади чунин касон набояд ба даст овардани ягон мартаба, балки аз самими дил ба дигарон хизмат кардан бошад.

Бисёри талаботҳое, ки барои иҷрои ин «кори хуб» даркоранд, дар 1 Тимотиюс 3:2–7 ва Титус 1:5–9 навишта шудаанд. Рустам, ки тӯли солҳои зиёд пири ҷамъомад аст, оиди он меъёрҳои баланд чунин мегӯяд: «Ба фикрам, аз ҳама муҳим — ин кӣ будани мост. Баромад кардану таълим додан муҳим аст, вале беайб будан, худдорӣ кардан, хайрхоҳ, боисмат, меҳмоннавоз ва бомулоҳиза будан аз ин ҳам муҳимтар аст».

Бо ҷамъомад бо роҳҳои гуногун ҳамкорӣ карда, сӯи мақсадатон ҳаракат кунед

Бародаре ки ба гирифтани масъулият мекӯшад, бояд беайб бошад ва аз ҳар намуди ноинсофию нопокӣ дурӣ ҷӯяд. Агар ӯ дар одатҳояш худдорӣ зоҳир кунад, солимфикр, ботартибу низом ва бомулоҳиза бошад, он гоҳ ҳамимононаш ба роҳнамоии ӯ эътимод пайдо карда, барои гирифтани маслиҳат бо боварӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд. Аз рӯи меҳмоннавозиаш ӯ барои ҷавонон ва онҳое ки нав ба ҳақиқат омадаанд, манбаи рӯҳбаландӣ буда метавонад. Ва аз рӯи некхоҳиаш беморон ва пиронсолонро дастгирӣ карда, ба онҳо тасаллӣ меорад. Ӯ ин хислатҳоро ба манфиати дигарон инкишоф медиҳад, на барои соҳиби таъинот шудан *.

Ҳайати пирон ҳамеша тайёр аст, ки маслиҳату дастурот диҳад ва онҳоро рӯҳбаланд кунад, лекин оё шахс ба он талаботҳо мувофиқат мекунад ё не, асосан аз худи ӯ вобаста аст. Азиз ном пири ботаҷрибае мегӯяд: «Агар шумо ба гирифтани масъулият ҳаракат карда истодаед, бо кӯшишҳои боғайратонаи худ нишон диҳед, ки ба талаботҳо мувофиқат мекунед». Ба Воиз 9:10 ишора карда ӯ мефаҳмонад: «“Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд... [бо тамоми] қуввати худ бикун”. Новобаста аз он ки пирон ба ту чӣ гуна таъинот медиҳанд, онро аз таҳти дил иҷро намо. Чӣ коре, ки дар ҷамъомад ба ту надиҳанд, онро бо омодагӣ иҷро кун, ҳатто агар он шустани фаршҳо ҳам бошад. Як рӯз не як рӯз кӯшишҳои ту аён мегардад». Агар шумо хоҳед, ки ягон вақт чун пири ҷамъомад хизмат кунед, шумо бояд дар ҳар як соҳаи хизмати муқаддаси Яҳува меҳнатдӯст ва боваринок бошед. Бигзор кӯшишу ҳаракати шумо на аз барои ба даст овардани обрӯю эътибор, балки аз рӯи фурӯтанӣ бошад (Мат. 23:8–12).

ФИКРРОНӢ ВА РАФТОРИ НОДУРУСТРО РАД КУНЕД

Баъзе касоне ки дар ҷамъомад соҳиби таъинот шудан мехоҳанд, шояд бо васвасаҳо дучор шаванд. Масалан, дар онҳо хоҳиш пайдо шуда метавонад, ки ба таври кинояомез ба пирон фаҳмонанд, ки онҳо таъинот гирифтан мехоҳанд, ё ки барои дили пиронро ёфтан худро ба онҳо ширин кунанд. Дигарон бошанд, вақте ки пирон ба онҳо маслиҳат медиҳанд, норозигӣ баён мекунанд. Чунин касон бояд аз худ пурсанд: «Оё ман барои баланд бардоштани обрӯи худам пири ҷамъомад шудан мехоҳам ё барои бо фурӯтанӣ ба гӯсфандони Яҳува ғамхорӣ кардан?»

Инчунин онҳое ки ба таъинот мекӯшанд, набояд фаромӯш кунанд, ки пирон бояд «ба рама намунаи ибрат» бошанд (1 Пет. 5:1–3). Касе ки барои ҷамъомад намунаи ибрат аст, аз ҳар гуна фикру амали маккорона дурӣ меҷӯяд. Новобаста аз он ки ӯро ба наздикӣ пири ҷамъомад таъин карданианд, ё не, ӯ дар худ сабру тоқатро инкишоф медиҳад. Пири ҷамъомад шудан худ аз худ камбудиву норасоиҳои шахсро бартараф намекунад (Ад. 12:3; Заб. 105:32, 33). Ҳамчунин бародар шояд «дар худ айбе» набинад, лекин дигарон дар бораи ӯ ақидаи манфӣ дошта метавонанд (1 Қӯр. 4:4). Барои ҳамин агар пирони ҷамъомад ба шумо дар асоси Китоби Муқаддас ягон маслиҳат диҳанд, кӯшиш кунед, ки маслиҳатро бе турш кардани рӯятон гӯш кунед. Сипас маслиҳати онҳоро дар ҳаётатон ба кор баред.

АГАР ТАЪИНОТ ЗУД НАОЯД-ЧӢ?

Муддати вақте ки баъзе бародарон пир таъин шуданашонро интизор мешаванд, ба назарашон дурудароз тофта метавонад. Агар шумо таъинотеро солҳои дароз интизор бошед-чӣ? Оё аз ин рӯҳафтода мегардед? Агар ин тавр бошад, пас ба ин суханони илҳомбахшида аҳамият диҳед: «Умедвории дуру дароз дилро бемор мекунад, вале муроде ки ҳосил шуда бошад, дарахти ҳаёт аст» (Мас. 13:12).

Вақте ки орзуи шахс дер боз ҷомаи амал намепӯшад, ӯ зиқу ноумед шуда метавонад. Бо Иброҳим чунин шуда буд. Яҳува ба ӯ писаре ваъда кард, лекин солҳо паи ҳам мегузаштанд ва Иброҳиму Соро то ҳол бефарзанд буданд (Ҳас.12:1–3, 7). Дар пиронсолӣ Иброҳим ба Худо нола карда гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам... Инак, ба ман насл надодӣ». Яҳува ӯро боварӣ бахшид, ки ваъдаи Ӯ албатта иҷро мешавад ва Иброҳим ҳатман фарзанддор мешавад. Лекин то иҷро шудани суханони Ӯ камаш 14 сол гузашт (Ҳас. 15:2–4; 16:16; 21:5).

Оё Иброҳим дар он муддати интизориаш хурсандиро дар хизмати Худо гум кард? Не. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба ваъдаи Худо шубҳа накард. Вай интизор шуданро давом дод ва боварӣ дошт, ки оқибат ҳамааш хуб мешавад. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гардид» (Ибр. 6:15). Дар натиҷа Худои Қодир он марди содиқро аз чизи интизор будааш ҳам бештар баракат дод. Шумо аз мисоли Иброҳим барои худ чӣ дарс гирифта метавонед?

Агар шумо чун пири ҷамъомад хизмат кардан хоҳеду ин таъинотро солҳои зиёд интизор бошед, ба Яҳува такя карданро давом диҳед. Хурсандиро дар хизмат гум накунед. Умед ном бародар, ки барои рӯҳан рушд кардани бисёр бародарон кӯмак кардааст, мефаҳмонад: «Вақт лозим аст, то ки шахс рӯҳан пешравӣ карда, ба талаботҳо оиди пирон мувофиқат кунад. Бо гузашти вақт, қобилият ва рӯҳияи бародар оҳиста-оҳиста равшан месозад, ки ӯ ба худаш ва иҷрои супоришҳояш чӣ гуна муносибат мекунад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки онҳо танҳо ҳамон вақт дар хизмати Яҳува шахси комёб ҳисоб меёбанд, агар ба ин ё он таъинот соҳиб шаванд. Чунин тарзи фикрронӣ хато аст. Агар одам чунин ақида дошта бошад, ҳушу хаёлаш побанди ин фикр шуда метавонад. Шуморо танҳо ҳамон вақт шахси комёб гуфтан мумкин аст, агар ба Яҳува содиқ бошед, новобаста аз он ки дар куҷо ва ба кадом намуди хизмат машғулед».

Бародаре пеш аз он ки ӯро пир таъин кунанд, зиёда аз даҳ сол интизор шуд. Ӯ ба ояти ба ҳама шинос, аз боби якуми китоби Ҳизқиёл ишора карда мегӯяд: «Яҳува аробаи худ — ташкилоташро бо кадом суръате ки хоҳад, ҳаракат медиҳад. Муҳимаш на вақти мо, балки вақти Яҳува аст. Дар хусуси хоҳиши чун пири ҷамъомад хизмат кардан гуфта метавонам, ки хоҳиши ман ё кӣ будани ман на он қадар муҳим аст. Шояд он чизе ки ман ҳозир мехоҳам, бароям лозим набошад. Яҳува бошад, медонад, ки ман дар асл ба чӣ ниёз дорам».

Агар шумо ягон рӯз пири ҷамъомад шудан хоҳед, кӯшиш кунед, ки ба хушбахт будани ҷамъомад мусоидат намоед. Агар ба назаратон вақт оҳиста гузарад, бо ҳисси ғамгинӣ мубориза баред ва пуртоқат бошед. Рустам, ки дар борааш аллакай гуфта будем, қайд мекунад: «Мансабхоҳӣ душманӣ қаноатмандист. Касе ки доим дар бораи гирифтани таъинот ғам мехӯрад, худро аз хурсандие, ки хизмат ба Яҳува меорад, маҳрум месозад». Дар худ хислатҳои самараи рӯҳ, хусусан пурсабриро инкишоф диҳед. Бо омӯзиши чуқури Навиштаҳо рӯҳонияти худро беҳтар гардонед. Дар мавъиза кардани хушхабар ва таълим додани Китоби Муқаддас ба шавқмандон бештар иштирок кунед. Ба оилаатон дар фаъолиятҳои рӯҳонӣ ва ибодати оилавӣ ёрӣ расонед. Аз ҳар як имконияти бо бародару хоҳарон будан баҳра баред. Ин тавр карда шумо пеш аз ба «манзили» худ расидан, аз сафар ҳаловат хоҳед гирифт.

Имкониятеро ки Яҳува ба шумо барои беҳтар кардани хислатҳои масеҳии худ ва ёрӣ расондан ба ҷамъомад медиҳад, қадр кунед. На Яҳува ва на ташкилоташ намехоҳанд, ки шумо ҳангоми ин сафар ғамгину бадбахт бошед. Худо ҳар як шахсеро, ки ба Ӯ аз дили соф хизмат мекунад, дастгирӣ менамояд. Дар ҳақиқат, ягон баракати Яҳува «ғаму ғуссае бо худ намеоварад» (Мас. 10:22).

Ҳатто агар муддати дароз аз болои худ кор карда истода бошед ҳам, дар хотир доред, ки шумо боз ҳам беҳтар шуда метавонед. Хислатҳои лозимаро бештар инкишоф диҳед, дар ҷамъомад боғайратона меҳнат кунед ва ҳамзамон оилаи худро низ фаромӯш насозед. Ва боварӣ дошта бошед, ки Яҳува заҳмати шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Новобаста аз он ки ба шумо кадом таъинотро медиҳанд, бигзор хизмат ба Яҳува ҳамеша дилатонро шод гардонад.

^ сарх. 2 Дар ин мақола номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 8 Принсипҳое, ки дар ин мақола муҳокима мешаванд, на танҳо барои пирон, балки барои ходимони ёвар низ муфид буда метавонанд. Талаботҳо барои онҳо дар 1 Тимотиюс 3:8–10, 12, 13 навишта шудаанд.