Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нисбати Салтанат имони қавӣ дошта бошед

Нисбати Салтанат имони қавӣ дошта бошед

«Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем» (ИБР. 11:1).

1, 2. Чӣ моро боварӣ мебахшад, ки Салтанати Худо ҳатман нияташро оиди инсоният иҷро мекунад ва чаро? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

АЗБАСКИ мо Шоҳидони Яҳува ҳастем, мо ҳамеша мегӯем, ки фақат Салтанати Худо тамоми душвориҳои одамизодро ҳал карда метавонад. Мо сахт мекӯшем, ки диққати одамонро ба ин ҳақиқати ҳаётан муҳими Навиштаҳо равона созем. Умеде ки Салтанат ба мо медиҳад, диламонро ором мекунад. Лекин то чӣ андоза боварии мо қавӣ аст, ки Салтанат дар ҳақиқат нияти аввалаи Яҳуваро иҷро мекунад? Дар кадом асос мо ба Салтанат имони устувор дошта метавонем? (Ибр. 11:1).

2 Салтанати Масеҳоӣ ин сохторест, ки онро Парвардигори олам барои иҷрои нияти худ нисбати офаридаҳояш дорад, барпо кардааст. Таҳкурсии ин Салтанат сусту калаванда нест, балки маҳкаму устувор аст, чунки танҳо Яҳува ҳуқуқи пурраи роҳбарӣ карданро дорад. Ҷонибҳои муҳими ин Салтанат –– Подшоҳи он, ҳамроҳони ӯ, қаламрави ҳукмронии онҳо — ҳамааш қонунан ба воситаи бастани шартномаҳои ҳуқуқӣ ё сохторҳо муқаррар шудаанд. Дар он шартномаҳо ду тараф аҳд мебанданд, ки яке аз тарафҳо ё Худо, ё Писараш Исои Масеҳ, мебошад. Дар бораи ин аҳдҳо мулоҳиза ронда, боварии мо бештар мегардад, ки иродаи Худо ҳатман иҷро мегардад. Ҳамчунин, ин аҳдҳоро дида баромада, мо мебинем, ки ин сохтор то чӣ андоза мустаҳкам аст. (Эфсӯсиён 2:12-ро бихонед.)

3. Дар ин мақола ва дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

3 Шаш аҳди асосие, ки бо Салтанати Масеҳоӣ алоқаманданд, инҳо мебошанд: 1) аҳд бо Иброҳим, 2) аҳди Қонун, 3) аҳд бо Довуд, 4) аҳд оиди чун Малкисодақ коҳин будан, 5) аҳди нав ва 6) аҳд оиди Салтанат. Биёед дида бароем, ки ҳар яки ин аҳдҳо чӣ гуна бо Салтанат алоқаманданд ва чӣ хел онҳо нияти Яҳуваро нисбати замин ва инсоният қадам ба қадам амалӣ мегардонанд. (Ба чорчӯбаи  «Чӣ тавр Худо нияташро амалӣ мегардонад?» нигаред.)

ВАЪДАЕ КИ ЧӢ ТАВР ИҶРО ШУДАНИ НИЯТИ ХУДОРО ОШКОР МЕСОЗАД

4. Мувофиқи суханони китоби Ҳастӣ, Яҳува оиди одамон чӣ гуна қарорҳо баровард?

4 Яҳува баъди он ки сайёраи зебои моро барои зиндагии одамон тайёр кард, оиди одамон се қарор баровард: онҳо ба сурати Ӯ офарида шаванд, тамоми заминро ба биҳишт табдил дода, онро аз одамони росткор пур кунанд, ва аз дарахти маърифати неку бад нахӯранд (Ҳас. 1:26, 28; 2:16, 17). Дигар ба ягон қоидаву қонун ҳоҷат набуд. Инак, одамон офарида шуданд ва акнун барои иҷро шудани нияти Худо танҳо лозим буд, ки онҳо ба ду қарори боқимонда итоат кунанд. Пас, чаро барои бастани аҳдҳои гуногун зарурият пайдо шуд?

5, 6. а) Чӣ тавр Шайтон нияти Худоро вайрон карданӣ шуд? б) Яҳува ба исёне, ки Шайтон бардошт, чӣ гуна муносибат кард?

5 Шайтони бадкор хост, ки ба иҷро шудани нияти Яҳува халал расонад. Ӯ аз ҳама роҳи осонтарини вайрон кардани нияти Худоро интихоб кард. Шайтон диққаташро ба қароре равона кард, ки иҷро шуданаш аз итоаткории одамон вобаста буд. Шайтон зани аввалин Ҳавворо васваса кард, ки аз дарахти маърифати неку бад бихӯрад (Ҳас. 3:1–5, Ваҳй 12:9). Ҳамин тавр, Шайтон ҳуқуқи ба офаридаҳояш ҳукмронӣ кардани Худоро зери шубҳа гузошт. Баъдтар бошад, Шайтон инчунин ходимони содиқи Худоро айбдор карда гуфт, ки онҳо ба Худо аз худхоҳӣ ва ниятҳои нопок хизмат мекунанд (Айюб 1:9–11; 2:4, 5).

6 Яҳува ба исёне ки Шайтон дар боғи Адан бардошт, чӣ гуна ҷавоб дод? Бо нобуд кардани исёнкорон Яҳува метавонист дар ҳақиқат ба исёни онҳо хотима бахшад. Вале агар Ӯ чунин мекард, пас нияти Ӯ оиди пур шудани замин аз насли итоаткори Одаму Ҳавво иҷро шуда наметавонист. Офаридгори хирадманди мо ба ҷои он ки исёнкоронро ҳамон лаҳза нобуд кунад, пешгӯие кард, ки он маънои чуқур дошт. Он пешгӯӣ ҳамчунин аҳд дар боғи Адан ном дорад. Бо ин аҳд Яҳува нишон дод, ки нияташ пурра бояд иҷро шавад. (Ҳастӣ 3:15-ро бихонед.)

7. Ваъдаи дар боғи Адан додашуда оиди мор ва насли он ба мо чӣ гуна боварӣ мебахшад?

7 Ба воситаи аҳди боғи Адан Яҳува ба мор ва насли он ҳукм баровард. Мор Шайтон Иблисро тасвир мекунад ва насли он бошад, ҳамаи онҳоеро ки дар саволи баҳснок оиди ҳуқуқи ҳукмронии Худо тарафи Шайтонро ишғол мекунанд. Худои ҳақиқӣ ба насли «зан»-и осмонӣ қудрати нест кардани Шайтонро додааст. Ҳамин тавр, ваъдаи боғи Адан на танҳо нишон медиҳад, ки бардорандаи исён ва оқибатҳои бади амали ӯ бартараф хоҳанд гашт. Ин ваъда, ҳамчунин нишон медиҳад, ки он бо кадом тарз амалӣ мегардад.

8. Дар бораи шахсияти зан ва насли ӯ чӣ гуфтан мумкин аст?

8 Аммо он насли зан кӣ хоҳад буд? Азбаски Шайтон Иблис махлуқи рӯҳист, он «насл»-е, ки бояд сари морро бикӯбад, яъне «нобуд намояд», низ бояд шахсияти рӯҳӣ бошад (Ибр. 2:14). Пас аз рӯи мантиқ, зане ки он наслро таваллуд мекунад, бояд сиришти рӯҳӣ дошта бошад. Дар сурате ки насли Шайтон торафт сершумор мегашт, кӣ будани зан ва насли ӯ муддати 4000 сол пӯшида буд. Дар муддати ин айём Яҳува якчанд аҳд баст, ки онҳо кӣ будани наслро муайян мекарданд. Он аҳдҳо ба хизматгорони Худо боварӣ мебахшиданд, ки ба воситаи ин насл Яҳува оқибати тамоми корҳои бади Шайтонро, ки дар ҳаққи инсоният кардааст, бартараф хоҳад кард.

АҲДЕ КИ БА ШИНОХТАНИ НАСЛ КӮМАК МЕКУНАД

9. Яҳува бо Иброҳим оиди чӣ аҳд баст ва он кай ба амал шурӯъ кард?

9 Аз замоне, ки Яҳува ба Шайтон ҳукм баровард, ду ҳазор сол гузашт. Яҳува ба Иброҳим амр дод, ки хонаи худро, ки дар шаҳри Ур буд, тарк карда, ба замини Канъон равад (Аъм. 7:2, 3). Яҳува ба ӯ чунин гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав. Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам: ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд. Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд, ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд; ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост» (Ҳас. 12:1–3). Ин аввалин ҷоест, ки дар Навиштаҳо дар бораи аҳд бо Иброҳим гуфта шудааст. Аниқ маълум нест, ки ин аҳд кай баста шуд. Лекин ҳаминаш маълум аст, ки он аҳд соли 1943 то эраи мо ба қувваи қонунии худ даромад, яъне вақте ки Иброҳим дар синни 75-солагиаш Ҳорронро тарк карда аз дарёи Фурот гузашт.

10. а) Чӣ тавр Иброҳим ба ваъдаҳои Худо имони устувор зоҳир кард? б) Яҳува дар бораи насли зан кадом чизҳоро оҳиста-оҳиста ошкор намуд?

10 Яҳува ваъдаашро гаштаву баргашта ба Иброҳим такрор карда, ҳар дафъа оиди иҷрошавии он чизҳои бештарро ошкор мекард (Ҳас. 13:15–17; 17:1–8, 16). Иброҳим ба ваъдаҳои Яҳува имони қавӣ зоҳир карда, писарашро бо омодагӣ ба қурбонӣ пешкаш намуд. Бинобар ин, Яҳува бори дигар ваъдаашро такрор карда, барои иҷрои он қасам хӯрд. (Ҳастӣ 22:1518 ва Ибриён 11:17, 18-ро бихонед.) Вақте ки ваъдаи ба Иброҳим додаи Яҳува ба иҷрошавӣ сар кард, Яҳува оҳиста-оҳиста дар бораи насли зан чизҳои нави муҳимро ошкор кардан гирифт: он насл бояд аз авлоди Иброҳим пайдо мешуд, шуморааш зиёд мебуд, вазифаи подшоҳиро иҷро мекард, тамоми душманонашро несту нобуд мекард ва ба бисёриҳо баракат меовард.

Иброҳим-пайғамбар ба ваъдаҳои Худо имони устувор зоҳир кард (Ба сархати 10 нигаред)

11, 12. Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки аҳди бо Иброҳим басташуда дар миқёси калонтар иҷро мегардад ва ин барои мо чӣ аҳамият дорад?

11 Вақте ки насли Иброҳим ба Замини ваъдашуда даромад, аҳди бо Иброҳим бастаи Яҳува ба маънои аслӣ иҷро шуд. Лекин Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки он аҳд бояд ба маънои васеътар, яъне аз ҷиҳати рӯҳонӣ низ иҷро шавад (Ғал. 4:22–25). Чи тавре ки Павлуси ҳавворӣ зери илҳоми илоҳӣ фаҳмонд, қисми асосии насли Иброҳим ин Масеҳ аст ва қисми дуюмдараҷаи онро бошад, 144 000 нафар масеҳиёни тадҳиншуда ташкил медиҳанд (Ғал. 3:16, 29; Ваҳй 5:9, 10; 14:1, 4). Зане ки насл бояд аз он ба вуҷуд меомад, «Ерусалими арши аъло», яъне қисми осмонии ташкилоти Худо аст. Онро офаридаҳои содиқи рӯҳӣ ташкил медиҳанд (Ғал. 4:26; 31). Чӣ хеле ки Яҳува ҳангоми бо Иброҳим аҳд бастанаш ваъда дода буд, насли он зан ба тамоми инсоният баракат хоҳад овард.

12 Аҳди бо Иброҳим басташуда ба он ишора мекард, ки аз насли ӯ подшоҳон ба вуҷуд меоянд. Ин ба маънои рӯҳонӣ ба Подшоҳи Салтанати Худо ва ҳамроҳони ӯ ишора мекард. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки он аҳд ба барпо шудани Салтанати осмонӣ асоси қонунӣ мебахшид (Ибр. 6:13–18). Дар бораи мӯҳлати давомнокии он аҳд чӣ гуфтан мумкин аст? Дар Ҳастӣ 17:17 гуфта мешавад, ки он «аҳди ҷовидонӣ» аст. Он аҳд то вақте амал хоҳад кард, ки Салтанати Масеҳоӣ пурра душманони Худоро несту нобуд карда, тамоми халқҳои рӯи заминро баракат диҳад (1 Қӯр. 15:23–26). Яъне одамоне ки он вақт дар замин зиндагӣ мекунанд, соҳиби баракатҳои ҷовидона мешаванд. Аҳди бо Иброҳим бастаи Яҳува ба таври равшан нишон медиҳад, ки Худо бо азми қавӣ аз паи иҷрои нияташ аст, то ки одамони росткор «заминро пур» кунанд (Ҳас. 1:28).

АҲДЕ КИ АБАДАН ҲУКМРОНӢ КАРДАНИ САЛТАНАТРО КАФОЛАТ МЕДИҲАД

13, 14. Аҳде ки Яҳува бо Довуд баст, оиди ҳукмронии Масеҳоӣ чиро кафолат медиҳад?

13 Ваъдаи боғи Адан ва аҳд бо Иброҳим мавриди муҳимеро қайд мекунад, ки ҳокимияти Яҳува ё худ Салтанати Масеҳоӣ бар меъёрҳои одилонаи Худо асос ёфтааст (Заб. 88:15). Оё чунин шуданаш мумкин аст, ки Салтанати Масеҳоӣ бо сабаби шикаст хӯрданаш аз байн равад? Аҳди дигаре кафолат медиҳад, ки ин ҳеҷ гоҳ ба амал нахоҳад омад.

14 Биёед бубинем, ки Яҳува тавассути аҳд бо Довуд чӣ ваъда дод. (2 Подшоҳон 7:12, 16-ро бихонед.) Яҳува бо Довуд ҳангоми дар Ерусалим ҳукм ронданаш аҳд баст ва ба ӯ ваъда дод, ки Масеҳ аз насли ӯ пайдо мешавад (Луқ. 1:30–33). Яъне, ҳангоми бастани ин аҳд, Яҳува насабномаи он наслро аниқтар карда гуфт, ки вориси Довуд ҳуқуқи бар тахти Салтанати Масеҳоӣ нишастанро хоҳад дошт (Ҳиз. 21:25−27). Ба воситаи Исо подшоҳии Довуд «то абад қоим хоҳад буд». Дар ҳақиқат, насли Довуд «то абад хоҳад буд, ва тахти ӯ мисли офтоб» (Заб. 88:35–38). Бале ҳукмронии Масеҳ ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад ва корҳое ки ӯ мекунад, ба тобеони худ то абад фоида меорад.

АҲД ОИДИ КАҲОНАТИ ОСМОНӢ

15–17. Мувофиқи аҳд оиди чун Малкисодақ коҳин будан, насл боз кадом вазифаро иҷро хоҳад кард ва чаро?

15 Аҳд бо Иброҳим ва аҳд бо Довуд ба он ишора мекард, ки насли зан вазифаи подшоҳиро иҷро хоҳад кард. Вале барои он ки одамони тамоми халқҳо соҳиби баракат гарданд, иҷро кардани танҳо он нақш кам аст. Барои дар ҳақиқат соҳиби баракат шудан, онҳо бояд аз ҳолати гунаҳкориашон озод гардида, ба оилаи муттаҳиди Яҳува бипайванданд. Барои қонеъ кардани ин талабот, насли зан инчунин бояд чун коҳин хизмат кунад. Офаридгори бохирад барои қонунан амалӣ гардондани ин, боз як аҳди дигаре бастааст. Ин аҳд оиди чун Малкисодақ коҳин будан аст.

16 Яҳува тавассути шоҳ Довуд маълум сохт, ки Ӯ бо Исо шахсан аҳде хоҳад баст, ки он ду мақсадро иҷро мекунад: мувофиқи он аҳд Исо мебоист 1) то дами мутеъ сохтани душманонаш аз тарафи дасти рости Худо нишинад ва 2) «то абад, ба монанди Малкисодақ» чун коҳин хизмат мекард. (Забур 109:1, 2, 4-ро бихонед.) Ба кадом маъно Исо «ба монанди Малкисодақ» аст? Малкисодақ подшоҳи шаҳри Салим буд. Ӯ дар он замоне, ки ҳоло ягон насли Иброҳим ба Замини ваъдашуда дохил нашуда буд, чун «коҳини Худои Таоло» хизмат мекард (Ибр. 7:1–3). Яҳува худаш ӯро бевосита коҳин таъин карда буд. Малкисодақ ягона шахсест, ки дар Навиштаҳои Ибронӣ ҳам чун подшоҳ ва ҳам чун коҳин тасвир шудааст. Азбаски ӯ ин вазифаро на аз касе мерос гирифта буд ва баъди ӯ ягон кас вориси он нашуда буд, гуфтан мумкин аст, ки ӯ «ба сурати абадӣ коҳин» мондааст.

17 Исоро ҳам худи Яҳува коҳин таъин намуд. Яҳува бо Исо аҳд баста ба ӯ гуфт, ки вай «то абад, ба монанди Малкисодақ» коҳин хоҳад монд (Ибр. 5:4–6). Ин аҳд низ равшан нишон медиҳад, ки Яҳува қонунан худро вазифадор кардааст, ки бо истифодаи Салтанати Масеҳоӣ нияти аввалаи худро оиди инсоният ва замин амалӣ гардонад.

АҲДҲО БА БАРПО ШУДАНИ САЛТАНАТ АСОСИ ҚОНУНӢ МЕБАХШАНД

18, 19. а) Аҳдҳое ки мо дар боло муҳокима кардем, дар бораи Салтанат чиро нишон медиҳанд? б) Кадом савол боқӣ мемонанд?

18 Аз аҳдҳое ки дар боло муҳокима шуданд, мо дида метавонем, ки чӣ тавр онҳо бо Салтанати Масеҳоӣ алоқаманданд. Ҳамчунин аз ин фаҳмидан мумкин аст, ки чӣ тавр сохтори Салтанат бар шартномаҳои қонунӣ асос ёфтааст. Масалан, бо ваъдаи дар боғи Адан додааш Яҳува худро ӯҳдадор гардондааст, ки нияти худро оиди замин ва одамон ба воситаи насли зан ҳатман амалӣ мегардонад. Аҳд бо Иброҳим бошад, нишон медод, ки он насл аз кӣ ба дунё меояд ва кадом вазифаро иҷро мекунад.

19 Аҳд бо Довуд аниқ сохт, ки қисми асосии он насл, яъне Исо аз кадом сулолаи подшоҳӣ ба дунё меояд. Ҳамчунин, он аҳд нишон медод, ки ба он насл ҳуқуқи бар замин подшоҳӣ кардан дода мешавад ва баракатҳое, ки Салтанати ӯ меорад, абадӣ хоҳанд буд. Аҳд оиди чун Малкисодақ коҳин будан бар он асоси қонунӣ мебахшад, ки насл чун коҳин хизмат хоҳад кард. Лекин, Исо як худаш инсониятро ба комилият намерасонад. Боз дигар шахсон ҳастанд, ки барои чун подшоҳон ва коҳинон хизмат кардан тадҳин карда шудаанд. Онҳо киҳоянд ва аз куҷо гирифта хоҳанд шуд? Муҳокимаи ин саволҳоро ба мақолаи навбатӣ боқӣ мегузорем.