Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Эҳёшавии Исо барои мо чӣ аҳамият дорад?

Эҳёшавии Исо барои мо чӣ аҳамият дорад?

«Ӯ... эҳё шуд» (МАТ. 28:6).

1, 2. а) Баъзе роҳбарони динӣ чиро фаҳмидан мехостанд ва Петрус ба онҳо чӣ тавр ҷавоб дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Сабаби нотарсона гап задани Петрус дар чӣ буд?

ЯКЧАНД рӯз пас аз марги Исо Петрус бо гурӯҳи калони мухолифони бахашмомада рӯ ба рӯ шуд. Ин одамон роҳбарони дини яҳудӣ буданд, ки куштори Исоро сарварӣ карданд. Онҳо оиди чизе Петрусро пурсуҷӯ мекарданд. Петрус як ланги модарзодро шифо бахшида буд, барои ҳамин онҳо мехостанд бифаҳманд, ки ӯ ин корро бо қуввати кӣ ё ба исми кӣ кард. Петрус ба онҳо далерона ҷавоб дод: «Ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед, ва Худо Ӯро аз мурдагон эҳё намуд,— оре, ба исми Ӯ ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст» (Аъм. 4:5–10).

2 Лекин каме пештар Петрус аз тарс се бор Исоро инкор кард (Марқ. 14:66–72). Пас аз кадом сабаб ҳоло ӯ дар пеши роҳбарони динӣ нотарсона гап мезад? Як сабабаш кӯмаки рӯҳулқудс буд, сабаби дигар бошад, боварии қавии Петрус ба эҳёшавии Исо. Барои чӣ ӯ ба зиндашавии Исо ин қадар боварӣ дошт? Ва чаро мо низ ба монанди ӯ дилпур буда метавонем?

3, 4. а) Дар замонҳои пеш аз ҳаввориён кадом воқеаҳои эҳёшавӣ ба амал омада буданд? б) Исо киҳоро ба ҳаёт баргардонд?

3 Он ки мурдаҳо ба ҳаёт баргашта метавонанд, барои шогирдони Исо чизи нав набуд. Онҳо медонистанд, ки дар замонҳои пеш чунин воқеаҳо рӯй дода буданд. Онҳо дар бораи он ки Илёс ва Элишоъ бо қуввати Худо чунин мӯъҷизаҳоро ба амал оварда буданд, медонистанд (3 Подш. 17:17–24; 4 Подш. 4:32–37). Ҳатто воқеае маълум аст, ки вақте ҷасади мардеро ба қабри Элишоъ партофтанд, он мурда ба устухонҳои пайғамбар расида зинда гардид (4 Подш. 13:20, 21). Ва чуноне ки мо ба ҳақ будани Каломи Худо боварӣ дорем, масеҳиёни аввалин ҳам ба ин воқеаҳои дар Навиштаҳо зикршуда эътиқод доштанд.

4 Бешубҳа, ҳангоме мо дар бораи чӣ тавр одамонро зинда кардани Исо мехонем, ба ҳаяҷон меоем. Вақте ки Исо писари ягонаи бевазанеро ба ҳаёт баргардонд, бешубҳа, шодии он зан ҳадду канор надошт (Луқ. 7:11–15). Дар мавриди дигар, Исо духтарчаи 12-соларо эҳё кард. Танҳо тасаввур кунед, ки то чӣ андоза хурсанд буданд волидони ғамзада, вақте духтарчаашон аз нав зинда шуд! (Луқ. 8:49–56). Ва чӣ қадар ба ҳайрат афтоданд шоҳидони ин воқеа, вақте аз қабр баромадани Лаъзорро диданд! (Юҳ. 11:38–44).

АЗ КАДОМ ҶИҲАТ ЭҲЁШАВИИ ИСО НОТАКРОР БУД?

5. Чаро гуфтан мумкин аст, ки эҳёшавии Исо мӯъҷизаи бемислу монанд буд?

5 Ҳаввориён медонистанд, ки эҳёшавии Исо аз эҳёшавии шахсоне ки пеш аз ӯ зинда шуда буданд, фарқ мекард. Онҳое ки пештар эҳё шуда буданд, бо тани одамӣ ба ҳаёт баргаштанд ва оқибат мурданд. Исо бошад, бо тани рӯҳии нобуднашаванда зинда шуд. (Аъмол 13:34-ро бихонед.) Петрус навишта буд, ки Исо «ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид». Беш аз ин, ӯ «ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва қудратҳо мутеи Ӯ шудаанд» (1 Пет. 3:18–22). Зинда шудани одами мурда ин худ аз худ як мӯъҷизаи ҳайратангез аст, лекин эҳёшавии Исо мӯъҷизаи бемислу монандест!

6. Эҳёшавии Исо чӣ тавр ба шогирдонаш таъсир кард?

6 Эҳё шудани Исо ба шогирдонаш таъсири сахт расонд. Исо, чуноне ки душманони ӯ гумон мекарданд, дигар дар хоби марг набуд. Акнун ӯ ҳамчун офаридаи пурқуввати рӯҳӣ зинда шуда буд ва ба вай ягон одам зарар расонда наметавонист. Эҳёшавии Исо исбот кард, ки ӯ Писари Худост ва аз фаҳмидани ин дили андӯҳгини шогирдонаш аз шодӣ лабрез шуд. Эҳёшавии Исо дар иҷрошавии нияти Яҳува ва дар мавъиза кардани хушхабари Салтанат нақши муҳим мебозид.

7. Исо имрӯз бо чӣ кор машғул аст ва дар алоқамандӣ бо ин кадом саволҳо ба миён меоянд?

7 Чун хизматгорони Яҳува мо ба хубӣ медонем, ки Исо танҳо як марди бузург набуд. Ӯ ҳозир зинда аст ва кореро роҳбарӣ мекунад, ки ба ҳаёти ҳар як инсон таъсир мерасонад. Ҳамчун подшоҳи Салтанати осмонии Худо Исои Масеҳ ба қарибӣ заминро аз бадӣ пок карда онро ба биҳиште табдил медиҳад, ки одамон дар он то абад зиндагӣ хоҳанд кард (Луқ. 23:43). Агар Исо эҳё намешуд, ин корҳо ҳеҷ гоҳ амалӣ намегаштанд. Лекин, чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки ӯ аз мурдагон эҳё шуд? Эҳёшавии ӯ барои мо чӣ аҳамият дорад?

ЯҲУВА БАР МАРГ ҚУДРАТ ДОШТАНАШРО НИШОН МЕДИҲАД

8, 9. а) Чаро роҳбарони дини яҳудӣ мехостанд, ки қабри Исо ба хубӣ назорат карда шавад? б) Вақте ки занон ба назди қабр омаданд, чӣ рӯй дод?

8 Баъди он ки Исо кушта шуд, саркоҳинону фарисиён назди Пилотус омада гуфтанд: «Эй оғо! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, вақте ки зинда буд, гуфта буд, ки “пас аз се рӯз эҳё хоҳам шуд”; пас бифармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба қавм нагӯянд, ки аз мурдагон эҳё шуд; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад». Дар ҷавоб Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, посбонӣ кунед». Онҳо рафта маҳз ҳамин хел карданд (Мат. 27:62–66).

9 Онҳо ҷасади Исоро дар қабре ҷойгир карданд, ки дар даруни кӯҳпора тарошида шуда буд ва даҳони онро бо санги калоне пӯшониданд. Рӯҳониёни яҳудӣ мехостанд, ки ҷасади Исо то абад дар ҳамон қабр бимонад. Аммо Яҳува нияти дигар дошт. Вақте ки Марями Маҷдалия ва Марями дигарӣ рӯзи сеюм ба назди қабр омаданд, онҳо диданд, ки санг яктарафа карда шудааст ва фариштае ба болои он нишастааст. Фаришта ба онҳо гуфт: «Ӯ дар ин ҷо нест, зеро... эҳё шуд» (Мат. 28:1–6). Исо зинда буд!

10. Чӣ тавр Павлус шаҳодат дод, ки Исо дар ҳақиқат эҳё шудааст?

10 Воқеаҳое ки дар давоми чил рӯзи пас аз зиндашавии Исо рӯй доданд, оиди эҳёшавии Исо ҳама шубҳаҳоро бартараф карданд. Ба ин ишора карда Павлуси ҳавворӣ ба қӯринтиён навишт: «Дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд, ва Ӯ дафн карда шуд ва мувофиқи Навиштаҳо, дар рӯзи сеюм эҳё шуд, ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд; пас аз он ба зиёда аз панҷсад нафар бародарон дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе вафот кардаанд; пас аз он ба Яъқуб, инчунин ба ҳамаи ҳаввориён зоҳир шуд; ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гӯё тифли хоме будам, зоҳир шуд» (1 Қӯр. 15:3–8).

ЧАРО МО БА ЭҲЁШАВИИ ИСО БОВАРӢ ДОРЕМ?

11. Ба кадом маъно эҳёшавии Исо «мувофиқи Навиштаҳо» ба амал омад?

11 Сабаби якум ин аст, ки эҳёшавии Исо «мувофиқи Навиштаҳо» ба амал омадааст. Оиди ин дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд. Масалан, Довуд навишта буд, ки «Қуддус»-и Худо дар қабр гузошта нахоҳад шуд. (Забур 15:10-ро бихонед.) Рӯзи Пантикости соли 33-и эраи мо Петруси ҳавворӣ ин суханонро ба Исо нисбат дониста гуфт: «[Довуд] дар бораи эҳёи Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дӯзах намонд ва ҷисми Ӯ фаноро надид» (Аъм. 2:23–27, 31).

12. Исои эҳёшуда ба кӣ зоҳир шуд?

12 Сабаби дуюм, ки чаро мо ба эҳёшавии Исо боварӣ дорем, ин шаҳодати шоҳидони бисёр аст. Дар муддати 40 рӯз Исои эҳёшуда дар боғи назди қабр, дар роҳе ки ба деҳаи Аммоус мебурд ва ҳамчунин дар дигар ҷойҳо ба шогирдони худ зоҳир шуд (Луқ. 24:13–15). Он вақт ӯ бо одамони алоҳида, аз ҷумла бо Петрус ва бо гурӯҳи одамон сӯҳбат мекард. Боре ӯ ҳатто ба тӯдаи одамони иборат аз 500 нафар зоҳир шуд! Бешубҳа, шаҳодати ин қадар шоҳидони зиёдро сарфи назар кардан мумкин нест.

13. Чӣ тавр ғайрати шогирдони Исо нишон медод, ки онҳо ба эҳё шудани устодашон боварӣ доранд?

13 Сабаби сеюм, ки чаро мо ба эҳёшавии Исо боварӣ дорем, ин ғайратест, ки шогирдонаш дар мавъиза кардани эҳёшавии ӯ нишон медоданд. Дар бораи эҳёшавии Масеҳ далерона шаҳодат дода онҳо бо таъқибот, азобу шиканҷа ва марг дучор мешуданд. Агар ин овозаи дурӯғ мебуд, пас чаро Петрус ҳаёти худро зери хатар гузошта ба кушандагони Исо дар бораи эҳё шудани ӯ эълон мекард? Чунки Петрус ва дигар шогирдони Исо боварии комил доштанд, ки Исо зинда аст ва мехоҳад, ки хости Худо иҷро карда шавад. Беш аз ин эҳёшавии Исо пайравонашро боварӣ мебахшид, ки онҳо ҳам эҳё мешаванд. Маҳз барои ҳамин Истефануси содиқ пеш аз марг боварии комил дошт, ки ӯ эҳё мешавад (Аъм. 7:55–60).

14. Чаро шумо боварӣ доред, ки Исо зинда аст?

14 Сабаби чорум, ки чаро мо ба эҳёшавии Исо боварӣ дорем, ин аст, ки ӯ имрӯз чун Подшоҳ ва Сарвари ҷамъомади масеҳӣ амал мекунад. Маҳз аз ин сабаб масеҳияти ҳақиқӣ рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Оё бе роҳбарии Исо ин кор имконпазир мешуд? Ҳақиқатан ҳам, агар Исо зинда намешуд, мо эҳтимол дар бораи ӯ намефаҳмидем. Лекин мо боварии комил дошта метавонем, ки Исо зинда аст ва ӯ ҳоло моро роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекунад, то хушхабарро дар тамоми ҷаҳон мавъиза намоем.

ЭҲЁШАВИИ ИСО БАРОИ МО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

15. Аз кадом ҷиҳат эҳёшавии Исо ба мо далерӣ мебахшад?

15 Эҳёшавии Исо барои мавъиза кардани хушхабар ба мо далерӣ мебахшад. Муддати ду ҳазор сол душманони Худо ҳар навъ яроқро бар зидди мо истифода мебурданд, то ки ба мавъизаи хушхабар халал расонанд, аз он ҷумла: осият, масхара, ҳамлаву лату кӯб, манъ кардани фаъолият, азобу шиканҷа ва ҳатто қатл. Лекин чӣ «олате ки бар зидди» мо сохта нашуда буд, кори мавъизаи хушхабари Салтанат ва шогирдсозиро боздошта натавонист (Иш. 54:17). Мо аз пайравони Шайтон наметарсем, чунки Исо ваъда дода буд, ки бо мо хоҳад буд (Мат. 28:20). Ин моро боварӣ мебахшад, ки чи қадаре ки душманон накӯшанд ҳам, моро хомӯш карда наметавонанд!

Эҳёшавии Исо ҳангоми мавъиза ба мо далерӣ мебахшад (Ба сархати 15 нигаред)

16, 17. а) Чӣ тавр эҳёшавии Исо ҳақ будани тамоми таълимоти ӯро исбот намуд? б) Мувофиқи Юҳанно 11:25 Худо ба Исо чӣ гуна қудрат дод?

16 Эҳёшавии Исо кафолати ҳақ будани таълимоти ӯст. Павлуси ҳавворӣ навишта буд, ки агар Масеҳ эҳё нашуда бошад, имон ва мавъизаи мо беҳуда аст. Як тадқиқотчии Китоби Муқаддас навиштааст: «Агар Масеҳ эҳё нашуда бошад... пас масеҳиён одамони зудбовару бечораанд, ки ба овозаи дурӯғ бовар карда ба доми макру фиреб афтодаанд». Дар ҳақиқат, агар Исо эҳё нашуда бошад, он чизе ки дар Инҷил навишта шудааст, қуввату аҳамияти худро гум мекунад. Он танҳо ба қиссаи ғамангезе табдил меёбад, ки дар охираш марди некӯву хирадмандро душманонаш ба қатл мерасонанд. Лекин Масеҳ эҳё шуд ва ҳақ будани суханони худро исбот кард, аз он ҷумла чизҳоеро, ки дар бораи оянда гуфта буд. (1 Қӯринтиён 15:14, 15, 20-ро бихонед.)

17 Исо гуфта буд: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд» (Юҳ. 11:25). Ин суханони таъсирбахши Исо бе шакку шубҳа иҷро хоҳанд шуд. Яҳува ба Исо қудрат додааст, ки на танҳо ҳазорон нафарро ба ҳаёти осмонӣ эҳё кунад, балки миллиардҳо одамони дигарро низ, ки умеди ҷовидона дар замин зиндагӣ карданро доранд. Ба туфайли қурбонии фидия ва эҳёшавии Исо марг дигар нахоҳад буд. Оё донистани ин имони шуморо мустаҳкам намесозад, то ҳар гуна душвориро паси сар кунед ва ҳатто ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо марг далериро аз даст надиҳед?

18. Эҳёшавии Исо кафолати чист?

18 Эҳёшавии Исо моро боварӣ мебахшад, ки сокинони замин аз рӯи меъёрҳои одилонаи Худо доварӣ карда мешаванд. Ба гурӯҳи одамони шаҳри Атино муроҷиат карда Павлуси ҳавворӣ гуфт: «[Худо] рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ӯро аз мурдагон эҳё кард» (Аъм. 17:31). Бале, Исоро Худо ҳамчун Довар таъин кардааст ва мо боварӣ дошта метавонем, ки доварии ӯ одилона ва аз рӯи муҳаббат хоҳад буд. (Ишаъё 11:2–4-ро бихонед.)

19. Чӣ тавр имон ба эҳёшавии Масеҳ ба мо таъсир мекунад?

19 Боварӣ ба эҳёшавии Исо моро бармеангезад, ки иродаи Худоро ба ҷо орем. Агар Исо ҷони худро барои мо фидо намекард ва эҳё намешуд, мо то ҳол дар банди гуноҳу марг мебудем (Рум. 5:12; 6:23). Дар ин ҳолат мо ҳам чунин мегуфтем: «Бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!» (1 Қӯр. 15:32). Лекин мо аз паи қонеъ кардани хоҳишҳои худ нестем, балки умеди эҳёшавиро қадр мекунем ва дар ҳар соҳаи ҳаётамон ба Яҳува такя мекунем ва роҳнамоии Ӯро меҷӯем.

20. Чӣ тавр эҳёшавии Исо бузургии Худоро нишон дод?

20 Эҳёшавии Исо ба таври равшан исбот мекунад, ки Яҳува Худои Бузургест, ки «ба толибони Худ мукофот хоҳад дод» (Ибр. 11:6). Бешак Яҳува ҳангоми ба ҳаёти бефаноӣ бозгардонидани Исо хираду қудрати бепоёнашро ба таври беҳтарин нишон дод! Беш аз ин, бо ин роҳ Худо нишон дод, ки барои иҷро кардани тамоми ваъдаҳояш қудрат дорад. Яке аз ваъдаҳои Ӯ — ин пайдо шудани «насл»-е буд, ки бояд дар барпо кардани ҳокимияти умумиҷаҳонӣ нақши муҳим мебозид. Барои иҷро шудани ин ваъда Исо бояд мемурду ба ҳаёт баргардонида мешуд (Ҳас. 3:15).

21. Умеди эҳёшавӣ барои шумо чӣ маъно дорад?

21 Оё мо аз Яҳува барои ин умеди олиҷаноб миннатдор нестем? Навиштаҳо ваъда медиҳанд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд; ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт». Ин ваъдаи ҳаяҷоновар ба ҳаввории Юҳанно дар ваҳй кушода шуда буд. Ба ӯ чунин гуфта шуд: «Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост». Лекин ӯ ин ваҳйро аз кӣ гирифта буд? Аз Исои Масеҳи эҳёшуда! (Ваҳй 1:1; 21:3–5).