Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо бояд дар тамоми рафторамон муқаддас бошем

Мо бояд дар тамоми рафторамон муқаддас бошем

«Худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед» (1 ПЕТ. 1:15).

1, 2. а) Яҳува аз халқи худ чӣ интизор аст? б) Ин мақола ба кадом саволҳо ҷавоб медиҳад?

ЗЕРИ илҳоми илоҳӣ Петруси ҳавворӣ суханони китоби Ибодатро дар бораи муқаддас будан ба кор бурда фаҳмонд, ки масеҳиён низ ба монанди исроилиён бояд муқаддас бошанд. (1 Петрус 1:14–16-ро бихонед.) Худои муқаддас, Яҳува, ҳам аз тадҳиншудагон ва ҳам аз «гӯсфандони дигар» талаб мекунад, ки онҳо дар тамоми рафтори худ поку муқаддас бошанд, на фақат дар баъзе мавридҳо (Юҳ. 10:16).

2 Дида баромадани фикрҳои муфид аз китоби Ибодат ба мо кӯмак мерасонад, ки талаботҳои Яҳуваро оиди покӣ фаҳмида, онҳоро дар зиндагиамон ба кор барем. Дар ин мақола мо саволҳои зеринро муҳокима мекунем: нисбати ҷиддӣ иҷро кардани принсипҳои Китоби Муқаддас мо бояд чӣ гуна назар дошта бошем? Дар бораи дастгирӣ кардани ҳокимияти Яҳува мо аз китоби Ибодат чӣ мефаҳмем? Аз қурбониҳое ки исроилиён меоварданд, мо чӣ меомӯзем?

ПРИНСИПҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАСРО ПОЙМОЛ НАСОЗЕД

3, 4. а) Чаро масеҳиён бояд нисбати принсипу қонунҳои Китоби Муқаддас бепарвоӣ накунанд? б) Барои чӣ мо бояд аз қасдгирӣ ва кина дурӣ ҷӯем?

3 Агар ба Яҳува писанд омадан хоҳем, мо бояд бо ҷону дил принсипу қонунҳои Ӯро риоя кунем, нисбати онҳо бепарво набошем ва ҳеҷ гоҳ ба рафтори нопок роҳ надиҳем. Гарчанде мо зери қонуни Мусо нестем, оиди талаботҳои он мулоҳиза ронда, мо бештар мефаҳмем ки чӣ ба Яҳува писанд аст ва чӣ не. Масалан, ба исроилиён чунин амр дода шуда буд: «Аз фарзандони қавми худ интиқом накаш ва кина ба дил нагир, ва ёратро мисли худат дӯст дор. Ман Худованд ҳастам» (Ибд. 19:18).

4 Яҳува мехоҳад, ки мо аз қасдгирӣ ва кина дурӣ ҷӯем (Рум. 12:19). Агар мо принсипҳои Худоро поймол кунем, номи Яҳуваро доғдор ва Шайтонро хурсанд месозем. Ҳатто агар касе моро барқасд хафа кунад ҳам, биёед бикӯшем, ки дар диламон ба кинаву хафагӣ ҷой надиҳем. Китоби Муқаддас моро ба «зарфҳои гилин»-е, ки ганҷҳоро дар онҳо мегузоранд, монанд мекунад. Ва ин ганҷ хизмати мо аст (2 Қӯр. 4:1, 7). Мо набояд дар ин зарфҳо заҳри кинаро нигоҳ дорем!

5. Аз мисоли Ҳорун ва марги писарони ӯ мо чӣ меомӯзем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Дар Ибодат 10:1–11 воқеаи ғамангезе, ки бо оилаи Ҳорун рӯй дода буд, навишта шудааст. Вақте ки аз осмон оташ омада писарони Ҳорун, Нодоб ва Абиҳуро, несту нобуд кард, ин барои оилаи ӯ хеле дардовар буд. Илова бар ин онҳо бояд барои мурдагон гиряву нола намекарданд. Бешубҳа, ин барои имони онҳо озмоиши сахт буд! Оё мо низ барои дар назди Яҳува пок мондан аз муошират бо дӯстону наздикони аз ҷамъомад хориҷшудаамон канорагирӣ мекунем? (1 Қӯринтиён 5:11-ро бихонед.)

6, 7. а) Вақте ки мо қарор қабул мекунем, ки дар тӯе иштирок мекунем ё не мо бояд оиди чӣ фикр кунем? (Ба эзоҳ нигаред.) б) Чӣ тавр мо фаҳмонда метавонем, ки чаро дар тӯе ки он баъзе урфу одати диниро дар бар мегирад, иштирок намекунем?

6 Мо шояд ба мисли Ҳорун ва оилаи ӯ бо чунин озмоиши сахти имон рӯ ба рӯ нашавем. Лекин агар яке аз хешовандонамон моро ба тӯе даъват кунад, ки он баъзе урфу одати диниро дар бар мегирад, он гоҳ-чӣ? Дар ин ҳолат мо чӣ кор мекунем? Китоби Муқаддас оиди чунин маврид рӯирост чизе намегӯяд, вале дар он принсипҳое ҳастанд, ки ба мо ёрӣ расонда метавонанд *.

7 Қароре ки мо барои дар назари Яҳува муқаддас мондан қабул мекунем, метавонад хешу таборамонро рӯҳафтода ё хафа созад (1 Пет. 4:3, 4). Албатта мо онҳоро ранҷонидан намехоҳем, лекин вақте мо дар ин бора бо онҳо мулоим ва ҳамзамон рӯирост гап мезанем, ин натиҷаи хуб меорад. Хуб мебуд, ки онҳоро пешакӣ хабардор созем. Аввал мо метавонем ба онҳо барои таклифашон миннатдорӣ баён кунем. Сипас фаҳмонем, ки азбаски мо дар маросимҳои динӣ иштирок намекунем, инро дида табъи онҳо ва меҳмонҳояшон хира шуда метавонад. Аммо мо намехоҳем, ки базми онҳо вайрон шавад, балки хоҳиш дорем, ки он бо хушиву хурсандӣ гузарад. Бо ин роҳ мо нишон медиҳем, ки нисбати принсипҳои Каломи Худо ҷиддӣ муносибат мекунем.

МАВҚЕИ ЯҲУВАРО ЭҲТИРОМ НАМОЕД

8. Дар китоби Ибодат оиди ҳокимияти Яҳува чӣ гуфта шудааст?

8 Китоби Ибодат ба Ҳокими Олам будани Яҳува ва бузургии Ӯ ишора мекунад. Дар китоби Ибодат беш аз 30 маротиба қайд карда шудааст, ки қонунҳои дар ин китоб навишташуда аз тарафи Яҳува мебошанд. Мусо инро ба хубӣ дарк мекард ва ҳар он чиро ки Худо ба ӯ мегуфт, иҷро мекард (Ибд. 8:4, 5). Мо низ ба монанди Мусо ҳар он чиро ки Яҳува ба мо амр мефармояд, бояд иҷро намоем. Дар ин ба мо бародарият ва хӯроки рӯҳоние, ки ташкилотамон ба мо медиҳад, кӯмак мерасонад. Лекин чунин шуда метавонад, ки имони мо дар вақти танҳо буданамон озмуда мешавад, ҳамон тавре ки Исо ҳангоми дар биёбон танҳо буданаш ба озмоиш дучор шуд (Луқ. 4:1–13). Агар ба Худо такя кунем ва мавқеи Ӯро эҳтиром намоем, мо ҳеҷ гоҳ ба фишори дигарон дода шуда қонун ва принсипҳои Яҳуваро поймол намесозем (Мас. 29:25).

9. Чаро мо бо нафрату бадбинӣ рӯ ба рӯ мешавем?

9 Азбаски мо пайравони Масеҳ ва Шоҳидони Яҳува ҳастем, дар куҷое ки зиндагӣ накунем, бо таъқиботҳо рӯ ба рӯ мешавем. Ва мо аз ин ҳайрон намешавем, чунки Исо гуфта буд: «Шуморо ба шиканҷаҳо таслим карда, хоҳанд кушт; ва ҳамаи қавмҳо аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт» (Мат. 24:9). Ба нафрати ҷаҳон нигоҳ накарда, мо мавъиза карданро бас намекунем ва покии худро назди Яҳува нигоҳ медорем. Мо одамони боинсоф ва аз ҷиҳати ахлоқиву ҷисмонӣ поку тоза ҳастем. Мо нисбати қонуни давлат итоаткорем. Пас барои чӣ баъзе одамон аз мо нафрат доранд? (Рум. 13:1–7). Барои он ки мо фақат Яҳуваро Ҳокими Олам мешуморем. Мо «танҳо Ӯро» ибодат мекунем ва кӯшиш мекунем, ки аз таҳти дил қонунҳову принсипҳояшро риоя кунем (Мат. 4:10).

10. Бо як бародаре ки мавқеи бетарафиро нигоҳ надошт, чӣ шуд?

10 Мо аз ин ҷаҳон нестем, барои ҳамин дар корҳои сиёсӣ ва ҷангҳо иштирок намекунем. (Юҳанно 15:18–21 ва Ишаъё 2:4-ро бихонед.) Аммо мутаассифона баъзе масеҳиёни таъмидёфта мавқеи бетарафиро нигоҳ надоштанд. Аксари онҳо оқибат тавба карда муносибати худро бо Яҳува барқарор карданд (Заб. 50:19). Лекин на ҳамаи онҳо тавба карданд. Масалан, ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Венгрия бисёр бародаронро ноҳақ ба зиндон партофтанд. Ҳокимиятдорон 160 нафари онҳоро ки синнашон аз 45 поён буд, дар як шаҳрак ҷамъ карданд. Аз бародарон талаб карда шуд, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳамроҳ шаванд. Аксари он бародарон итоат накарданд, лекин нӯҳ нафари онҳо қасам ёд карда либоси ҳарбӣ пӯшиданд. Ду сол пас чунин рӯй дод, ки ба яке аз он хоинон фармон дода шуд, ки як гурӯҳи Шоҳидони содиқро қатл кунад. Дар байни онҳо бародари худаш низ буд. Хушбахтона ҳукми қатл ба амал оварда нашуд.

БА ЯҲУВА ЧИЗИ БЕҲТАРИНРО ДИҲЕД

11, 12. Мо аз қурбониҳое ки дар Исроили қадим оварда мешуданд, чӣ меомӯзем?

11 Қонун муқаррар карда буд, ки қурбонӣ чӣ гуна бояд бошад (Ибд. 9:1–4, 15–21). Қурбонӣ бояд беайб мебуд, зеро он ба қурбонии комили Исо ишора мекард. Ҳамчунин барои ҳар як ҳадия талаботи махсус буд. Барои мисол дида мебароем, ки зан баъди фарзанд ба дунё оварданаш бояд чӣ кор мекард. Дар китоби Ибодат 12:6 дар ин бора гуфта шудааст: «Чун рӯзҳои покияш барои писар ё духтар пур шавад, вай бояд барраи яксола барои қурбонии сӯхтанӣ ва чӯҷаи кабӯтар ё фохта барои қурбонии гуноҳ назди дари хаймаи ҷомеъ ба коҳин биёрад». Гарчанде Яҳува дар ҳар маврид талаботи муайян дошт, аз Қонун маълум мешавад, ки Ӯ меҳрубон ва бомулоҳиза аст. Масалан, агар модари тифли навзод шароит намедошт, ки барраеро чун қурбонӣ орад, ӯ метавонист ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтарро пешкаш кунад (Ибд. 12:8). Ҳарчанд он зан мисли дигарон қурбонӣ оварда наметавонист, аз ин қадру қимати ӯ дар назари Яҳува паст намешуд. Мо аз ин чӣ меомӯзем?

12 Павлуси ҳавворӣ ҳамимононашро ташвиқ кард, ки ба Худо «қурбонии шукрона» оранд (Ибр. 13:15). Мо бояд бо лабҳои худ номи муқаддаси Яҳуваро дар назди ҳама эълон кунем. Бародарону хоҳарони ношунаво бошанд, бо имову ишораи дастонашон Худоро ҳамду сано мегӯянд. Баъзе масеҳиён аз хона баромада наметавонанд, лекин онҳо ба воситаи номаҳо ва телефон шаҳодат медиҳанд ва ба касоне ки наздашон ташриф меоранд, мавъиза мекунанд. Ҳамин тавр онҳо номи Яҳуваро ҷалол медиҳанд. Чӣ қадар дар ин кор иштирок карданамон, аз саломатӣ ва шароитамон вобаста аст, лекин он чӣ мо ба Яҳува медиҳем, бояд чизи беҳтаринамон бошад (Рум. 12:1; 2 Тим. 2:15).

13. Барои чӣ мо ҳисобот месупорем?

13 Мо қурбониҳои шукронаро бо ихтиёри худ меорем, чунки Яҳуваро дӯст медорем (Мат. 22:37, 38). Лекин дар ин кори ихтиёрӣ аз мо талаб карда мешавад, ки ҳисобот супорем. Муносибати мо нисбат ба ин бояд чӣ гуна бошад? Ҳисоботе ки мо ҳар моҳ месупорем, садоқатмандии моро нишон медиҳад (2 Пет. 1:7). Мо набояд фикр кунем, ки танҳо барои дар ҳисобот ҳар чӣ бисёртар соат навиштан бояд зиёдтар хизмат кунем. Агар воиз аз сабаби пирӣ ё беморӣ дар давоми моҳ ҳатто 15 дақиқа хизмат кунад ҳам, ӯ метавонад онро дар ҳисоботаш нависад. Яҳува ин дақиқаҳоро қадр мекунад, чунки ин чизи беҳтаринест, ки ин воизон ба Ӯ дода метавонанд. Яҳува медонад, ки онҳо Ӯро дӯст медоранд ва имконияти хизматгори Ӯ буданро қадр мекунанд. Ба монанди исроилиёне ки барои овардани қурбонии гаронбаҳо шароит надоштанд, ходимони имрӯзаи Яҳува аз чизи каме ки дода метавонанд, шоданд. Ҳисоботи ҳар яки мо ба ҳисоботи умумиҷаҳонӣ ҳамроҳ мешавад. Аз рӯи он ташкилот ниёзи ҳар як маҳалро ба назар гирифта нисбати ояндаи кори мавъизаи Салтанат нақшаҳо мекашад. Маҳз барои ҳамин аз мо талаб карда мешавад, ки вақти дар хизмат гузарондаамонро дар ҳисобот нависем.

ОМӮЗИШ ВА ҚУРБОНИИ ШУКРОНАИ МО

14. Фаҳмонед, ки чаро мо бояд одати омӯзиш карданамонро тафтиш кунем.

14 Баъди дида баромадани баъзе дарсҳои қиматбаҳо аз китоби Ибодат шумо акнун беҳтар мефаҳмед, ки чаро он ба қатори китобҳои Каломи илҳомбахшидаи Худо дохил шудааст (2 Тим. 3:16). Оё акнун шумо барои худро пок нигоҳ доштан кӯшиши бештар ба харҷ медиҳед? Яҳува интизор аст, ки ба Ӯ аз ҳама чизи беҳтаринамонро диҳем ва Ӯ сазовори ин аст. Шояд дар шумо хоҳиши Китоби Муқаддасро чуқуртар омӯхтан зиёдтар гардид. (Масалҳо 2:1–5-ро бихонед.) Бо дуо сифати омӯзиши шахсиатонро дида бароед. Аз худ бипурсед: «Оё ман ба Яҳува чизи аз ҳама беҳтаринамро медиҳам? Оё ман ба барномаҳои телевизионӣ, бозиҳои компютерӣ, машғулиятҳои варзишӣ ё кори дӯстдоштаам мегузорам, ки маро аз рушди рӯҳонӣ боздоранд?» Агар ин тавр бошад, дар бораи суханони Павлус, ки дар китоби Ибриён навишта шудаанд, фикр кунед.

Оё шумо ба омӯзиши Китоби Муқаддас ва ибодати оилавӣ ҷиддӣ муносибат мекунед? (Ба сархати 14 нигаред)

15, 16. Барои чӣ Павлус бо масеҳиёни ибрӣ рӯирост сухан гуфт?

15 Павлус дар номаи худ ба масеҳиёни ибрӣ ба таври ошкоро гап зад. (Ибриён 5:7, 11–14-ро бихонед.) Ӯ кӯшиш накард, ки фикрашро бо мулоимӣ баён кунад, балки рӯирост ба онҳо гуфт: «Гӯшҳои шумо вазнин шудааст». Чаро ӯ бо онҳо бо чунин тарз сухан ронд? Павлус чун Яҳува онҳоро дӯст медошт. Ӯ аз ҳолати рӯҳонии масеҳиёни ибрӣ хавотир буд, зеро онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ тифлони ширхор буданд ва танҳо бо таълимоти асосии ҳақиқат зиндагӣ мекарданд. Гарчанде донистани таълимоти асосӣ муҳим аст, бе «ғизои сахт», яъне бе дониши чуқури ҳақиқат онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол шуда наметавонистанд.

16 Ба ҷои фақат дигаронро таълим додан, онҳо бояд худашон аз касе таълим мегирифтанд. Барои чӣ? Барои он ки онҳо «ғизои сахт»-ро истеъмол намекарданд. Аз худ бипурсед: «Оё ман нисбати таълимоти чуқури Китоби Муқаддас муносибати дуруст дорам? Оё ман онро бо омодагӣ меомӯзам? Оё ман нисбати дуогӯӣ ва омӯзиш ҷиддӣ муносибат мекунам? Агар не, оё яке аз сабабҳо ин надоштани одати омӯзиши чуқур аст?» Вазифаи мо на танҳо ба одамон мавъиза кардан аст, балки ҳамчунин таълим додан ва шогирд сохтан (Мат. 28:19, 20).

17, 18. а) Барои чӣ мо бояд «ғизои сахт»-ро мунтазам истеъмол кунем? б) Оё пеш аз ҷамъомад нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ мумкин аст?

17 Гузаронидани омӯзиши шахсӣ ё ибодати оилавӣ барои бисёриҳо осон нест. Яҳува моро маҷбур намекунад, ки Каломашро омӯзем. Лекин хоҳ мо солҳои дароз дар ҳақиқатем, хоҳ нав таъмид гирифта бошем, мо бояд мунтазам «ғизои сахт»-ро истеъмол кунем. Танҳо бо ин роҳ мо муқаддас монда метавонем.

18 Барои муқаддас мондан мо бояд Навиштаҳоро бодиққат омӯзем ва чизеро ки Худо аз мо талаб мекунад, ба пуррагӣ иҷро кунем. Писарони Ҳорун Нодоб ва Абиҳу эҳтимол барои он ки дар ҳолати мастӣ барои Худо бухур сӯзонданӣ буданд, ҷазо дода шуданд (Ибд. 10:1, 2). Аҳамият диҳед, ки Худо дар ин бора ба Ҳорун чӣ гуфта буд. (Ибодат 10:8–11-ро бихонед.) Оё ин порчаи Китоби Муқаддас маънои онро дорад, ки пеш аз ҷамъомад нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ мумкин нест? Мо дар зери қонуни Мусо нестем (Рум. 10:4). Дар баъзе ҷойҳо бародарон пеш аз ба ҷамъомад омадан, бо хӯрок камакак шароб менӯшанд. Ва дар ин ягон нодурустие нест. Ҳангоми иди Фисҳ чор ҷоми шароб истифода шуд. Исо дар вақти ҷорӣ кардани Шоми ёдбуд ҳамроҳи шогирдонаш шароб нӯшид, ки он рамзи хуни ӯ буд (Мат. 26:27). Лекин Китоби Муқаддас бадмастӣ ва истеъмоли бемеъёри нӯшокиҳои спиртиро маҳкум мекунад (1 Қӯр. 6:10; 1 Тим. 3:8). Ба бисёри масеҳиён виҷдонашон намегузорад, ки пеш аз ба ҷамъомад рафтан нӯшокии спиртӣ истеъмол кунанд. Гарчанде дар ҳар ҷой вазъият ҳар хел буда метавонад, мо бояд чизи нопокро аз муқаддас фарқ карда тавонем, то ки дар назари Яҳува муқаддас монда, дили Ӯро шод созем.

19. а) Дар бораи омӯзиши шахсӣ ва ибодати оилавӣ чиро бояд дар хотир дошта бошем? б) Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки бо азми қавӣ худро поку муқаддас нигоҳ доштанием?

19 Агар мо омӯзиши чуқури Каломи Худоро давом диҳем, ганҷҳои рӯҳонии боз ҳам зиёдтаре хоҳем ёфт. Аз маводҳои дастрас истифода бурда омӯзиши шахсӣ ва ибодати оилавиатонро рангорангу пурмаъно гардонед. Дар бораи Яҳува ва ниятҳояш дониши худро зиёд кунед ва ба Ӯ наздик шуданро давом диҳед (Яъқ. 4:8). Ба монанди забурнавис аз Худо дар дуо бипурсед: «Чашмони маро воз кун, то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам» (Заб. 118:18). Ҳеҷ гоҳ нисбати принсипҳои Каломи Худо бепарвоӣ накунед. Бо омодагӣ ба қонунҳои Худои муқаддас — Яҳува итоат намоед ва боғайратона дар кори мавъизаи хушхабар иштирок кунед (1 Пет. 1:15; Рум. 15:16). Дар ин замонҳои сахту ноором поку муқаддас бошед. Бигзор ҳар яки мо дар тамоми рафторамон ба Худованди пок пайравӣ карда ҳокимияти Ӯро дастгирӣ кунем.

^ сарх. 6 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи соли 2002 (рус.), рубрикаи «Саволҳои хонандагон» нигаред.