Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Қавме ки Яҳува Худои он аст

Қавме ки Яҳува Худои он аст

«Хушо қавме ки... [Яҳува] Худои ӯст!» (ЗАБ. 143:15).

1. Бисёриҳо дар бораи парастандагони Худо чӣ фикр доранд?

БИСЁРИҲО имрӯз фикр мекунанд, ки динҳои асосии ҷаҳон ба манфиати одамон хизмат намекунанд. Ба ақидаи онҳо Худо ибодати одамони хубро, новобаста аз он ки ба кадом дин тааллуқ доранд, қабул мекунад. Оё ин рост аст? Ё Худо аз ин одамон талаб мекунад, ки барои Ӯро ибодат кардан дини дурӯғро тарк намоянд? Биёед таърихи мухтасари ходимони ҳақиқии Яҳуваро дида мебароем ва ба ин савол ҷавоб меёбем.

АҲДИ ХУДО БО ХАЛҚАШ

2. Кӣ халқи Яҳува гашт ва онҳо аз дигар халқҳо бо чӣ фарқ мекарданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

2 Тақрибан 4000 сол пеш Яҳува гурӯҳи одамонеро чун халқи худ интихоб кард. Иброҳим-пайғамбар, ки дар Китоби Муқаддас «падари ҳамаи имондорон» номида шудааст, сардори оилаи бузурге буд, ки шуморааш ба садҳо нафар мерасид (Рум. 4:11; Ҳас. 14:14). Ҳокимони Канъон ба ӯ «амир» гуфта муроҷиат менамуданд ва ӯро иззату эҳтиром мекарданд (Ҳас. 21:22; 23:6). Яҳува бо Иброҳим ва насли ӯ аҳд баст (Ҳас. 17:1, 2, 19). Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин аст аҳди Ман, ки риоя хоҳед кард дар миёни Ман ва шумо, ва насли ту баъд аз ту: ҳар наринаи шумо хатна карда шавад... то аломати аҳде бошад, ки дар миёни Ман ва шумост» (Ҳас. 17:10, 11). Мувофиқи ин аҳд Иброҳим ва аҳли хонаводааш хатна шуданд (Ҳас. 17:24–27). Хатна нишон медод, ки насли Иброҳим ягона халқест, ки Худо бо он аҳд бастааст.

3. Чӣ тавр аз Иброҳим халқ ба вуҷуд омад?

3 Набераи Иброҳим, Яъқуб, 12 писар дошт (Ҳас. 35:10, 22б–26). Баъдтар онҳо сардори 12 қабилаи Исроил гаштанд (Аъм. 7:8). Аз боиси қаҳтӣ Яъқуб ҳамроҳи аҳли хонаводааш замини худро тарк карда ба Миср кӯчид. Дар он ҷо яке аз писаронаш, Юсуф, дасти рости фиръавн ва сардори захираҳои хӯроквории Миср буд (Ҳас. 41:39–41; 42:6). Насли Яъқуб сершумор шуда ба «қавмҳои зиёде» табдил ёфт. (Ҳас. 48:4; Аъмол 7:17-ро бихонед.)

ЯҲУВА ХАЛҚАШРО НАҶОТ МЕДИҲАД

4. Муносибати мисриён бо насли Яъқуб дар аввал чӣ гуна буд?

4 Насли Яъқуб беш аз дусад сол дар Миср, дар замини Ҷӯшан, зиндагӣ мекард (Ҳас. 45:9, 10). Тахминан 100 сол онҳо бо мисриён дар сулҳу оромӣ зиндагӣ карда дар шаҳрчаҳое, ки фиръавн ба онҳо дода буд, бо чӯпонӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Фиръавн, ки Юсуфро медонисту эҳтиром мекард, хонаводаи ӯро бо омодагӣ ба замини худ қабул кард (Ҳас. 47:1–6). Мисриён аз касоне ки бузу гӯсфандро нигаҳбонӣ мекарданд, нафрат доштанд, лекин ба ин нигоҳ накарда онҳо маҷбур буданд, ки ҳамсоягони нави худро тоқат кунанд (Ҳас. 46:31–34).

5, 6. а) Чӣ тавр ҳаёти халқи Худо дар Миср тағйир ёфт? б) Чӣ тавр Мусо аз марг наҷот ёфт ва Яҳува барои тамоми халқаш чӣ кор кард?

5 Лекин баъдтар ҳаёти исроилиён тамоман ранги дигар гирифт. Дар ин бора Китоби Муқаддас мегӯяд: «Подшоҳи наве бар Миср бархост, ки Юсуфро намешинохт, ва ба қавми худ гуфт: “Инак, қавми банӣ-Исроил аз мо сершумортар ва пурзӯртаранд”». Дар натиҷа мисриён исроилиёнро бо зулму зӯрӣ кор мефармуданд ва онҳоро ба меҳнати сахти хиштрезӣ ва кори саҳро маҷбур мекарданд. Мисриён ба онҳо чун ба ғуломон муносибат карда зиндагиашонро талх мегардониданд (Хур. 1:8, 9, 13, 14).

6 Фиръавн ҳатто фармон баровард, ки ҳамаи писарбачагоне ки дар оилаи исроилиён таваллуд мешаванд, бояд кушта шаванд (Хур. 1:15, 16). Дар он вақт Мусо таваллуд шуд. Вақте ки Мусо семоҳа буд, модараш ӯро дар алафзори дарёи Нил пинҳон кард. Аз он ҷо духтари фиръавн ӯро ёфт ва писархонд кард. Худо тавре роҳбарӣ кард, ки Мусоро модари асосиаш, ки зани худотарс буд, тарбия кунад. Дар натиҷа Мусо чун ходими вафодори Яҳува ба воя расид (Хур. 2:1–10; Ибр. 11:23–25). Яҳува азобу уқубати халқашро дида Мусоро фиристод, то онҳоро аз Миср барорад (Хур. 2:24, 25; 3:9, 10). Ҳамин тавр Яҳува халқашро «раҳо кард». (Хур. 15:13; Такрори Шариат 15:15-ро бихонед.)

ИСРОИЛИЁН ҚАВМИ МУТТАҲИД ШУДАНД

7, 8. Чӣ тавр қавми Яҳува халқи муқаддас гашт?

7 Ҳарчанд исроилиён ҳоло халқи алоҳида набуданд, Яҳува онҳоро қавми худ мешуморид. Барои ҳамин Ӯ ба Мусо ва Ҳорун дастур дод, ки ба фиръавн чунин гӯянд: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: “Қавми Маро равона кун, то ки барои Ман дар биёбон ид кунанд”» (Хур. 5:1).

8 Баъди овардани даҳ бало Яҳува фиръавн ва лашкари ӯро дар Баҳри Сурх нест кард. Ҳамин тавр халқи Исроил аз зулми фиръавн ва ғуломӣ озод шуд (Хур. 15:1–4). Тақрибан се моҳ пас Яҳува бо исроилиён аҳд баст ва дар кӯҳи Сино ба онҳо гуфт: «Агар шумо ба овози Ман ба яқин гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд... шумо барои Ман... халқи муқаддас хоҳед буд» (Хур. 19:5, 6).

9, 10. а) Мувофиқи Такрори Шариат 4:5–8 исроилиён аз халқҳои дигар бо чӣ фарқ мекарданд? б) Чӣ тавр исроилиён нишон дода метавонистанд, ки «қавми муқаддас»-и Яҳува ҳастанд?

9 Пеш аз ғулом шуданашон халқи Исроилро сардорони қабилаҳо сарварӣ мекарданд, ки гоҳо чун коҳин, ҳоким, ё довар хизмат мекарданд. Дар Миср ҳам чунин тарзи роҳбарӣ амал мекард (Ҳас. 8:20; 18:19; Айюб 1:4, 5). Баъдтар бошад, Яҳува ба воситаи Мусо ба онҳо Қонуни худро дод ва бо ин исроилиён аз дигар халқҳо фарқ мекарданд (Такрори Шариат 4:5–8-ро бихонед; Заб. 147:8, 9). Мувофиқи Қонун як гурӯҳи одамон чун коҳинон ва пироне, ки дар байни мардум чун шахсони бофаҳму хирадманд шинохта мешуданд, чун доварон таъин мегардиданд (Такр. Ш. 25:7, 8). Қонун ҳаёти ҳаррӯза ва тарзи ибодати исроилиёнро ба тартибу низом медаровард.

10 Чанде пеш аз он ки исроилиён ба замини ваъдашуда дароянд, Яҳува Қонунро ба онҳо такрор кард. Мусо ба онҳо гуфт: «Худованд имрӯз туро эътироф намуд, то ки ту қавми гузини Ӯ бошӣ, чунон ки Ӯ ба ту гуфтааст, ва тамоми аҳкоми Ӯро риоя намоӣ, ва Ӯ туро дар ҷалол, шӯҳрат ва шавкат бар ҳамаи халқҳое ки Ӯ офаридааст, баланд гардонад, ва ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас бошӣ, чунон ки Ӯ гуфтааст» (Такр. Ш. 26:18, 19).

БА ХАЛҚИ ХУДО ҲАМРОҲ ШУДАНИ ҒАЙРИЯҲУДИЁН

11–13. а) Кӣ ба халқи интихобшудаи Яҳува ҳамроҳ шуд? б) Ғайриисроилие ки ба Яҳува ибодат кардан мехост, бояд чӣ кор мекард?

11 Ҳарчанд исроилиён халқи интихобкардаи Яҳува буданд, Ӯ мегузошт, ки дигар халқҳо ба онҳо ҳамроҳ шаванд. Ҳангоми аз Миср баромадани исроилиён «издиҳоми гуногунқабилаи зиёд»-и ғайрияҳудиён, аз он ҷумла мисриён бо онҳо буданд (Хур. 12:38). Эҳтимол дар байни онҳо баъзе аз хизматгорони фиръавн низ буданд, ки ҳангоми балои ҳафтум ба огоҳии Мусо гӯш доданд (Хур. 9:20).

12 Чанде пеш аз он ки исроилиён аз дарёи Ӯрдун гузаранд ва замини Канъонро соҳиб шаванд, Мусо гуфт, ки онҳо бояд ғарибонеро ки дар байнашон буданд, дӯст доранд (Такр. Ш. 10:17–19). Агар ғарибону бегонагон талаботҳои асосии Қонуни Мусоро иҷро мекарданд, он гоҳ халқи интихобшудаи Худо онҳоро дар байни худ қабул мекард (Ибд. 24:22). Баъзе аҷнабиён, ба монанди Рути мӯобӣ, бо мақсади ибодат кардани Яҳува хизматгори Ӯ гаштанд. Рут ба хушдоманаш Ноомӣ, ки зани исроилӣ буд, чунин гуфт: «Қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд» (Рут 1:16). Барои ба халқи Худо ҳамроҳ шудан ғайрияҳудиён бояд хатна мешуданд (Хур. 12:48, 49). Яҳува бо хурсандӣ онҳоро чун қисми халқи интихобкардааш қабул намуд (Ад. 15:14, 15).

Исроилиён халқҳои дигарро дӯст медоштанд (Ба сархатҳои 11–13 нигаред)

13 Яке аз дуоҳое ки Сулаймон гуфта буд нишон медиҳад, ки Яҳува ибодати ғайриисроилиёнро қабул менамуд. Ҳангоми ба Яҳува бахшида шудани маъбад Сулаймон чунин дуо гуфт: «Ҳамчунин аҷнабиро, ки аз ҷумлаи қавми Ту Исроил набошад, вале ба хотири исми бузурги Ту ва дасти қавии Ту ва бозуи тӯлонии Ту аз замини дурдасте омада бошад, ва омада, сӯи ин хона дуо гӯяд,— Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав, ва ҳар он чиро, ки он аҷнабӣ сӯи Ту хонда дархост намояд, ба амал овар, то ки ҳамаи қавмҳои замин исми Туро бишносанд, ва аз Ту мисли қавми Ту Исроил ҳаросон бошанд, ва бидонанд, ки исми Ту бар ин хонае ки ман бино кардаам, хонда шудааст» (2 Вақ. 6:32, 33). Ҳатто дар рӯзҳои Исо шахсе ки мехост Яҳуваро ибодат кунад, бояд ба халқи интихобшудаи Ӯ ҳамроҳ мешуд (Юҳ. 12:20; Аъм. 8:27).

ХАЛҚЕ КИ ДАР БОРАИ ЯҲУВА ШОҲИДӢ МЕДОД

14–16. а) Чӣ тавр исроилиён шоҳидони Яҳува шуда метавонистанд? б) Имрӯз Яҳува аз халқи худ чӣ талаб мекунад?

14 Исроилиён Худои худ Яҳуваро ибодат мекарданд, халқиятҳои дигар бошанд, худоёни худро. Дар замонҳои Ишаъё-пайғамбар Яҳува вазъияти дунёро бо мурофиаи судӣ муқоиса намуд. Яҳува худоёни халқҳои дигарро гӯё ба ин мурофиа даъват карда аз онҳо талаб намуд, ки ҳаққонияти худро исбот кунанд. Ӯ гуфт: «Бигзор ҳамаи халқҳо бо ҳам фароҳам оянд, ва қабилаҳо ҷамъ шаванд. Кист аз миёни [худоёни] онҳо, ки инро баён намоянд, ва паёмҳои пешинаро ба мо бирасонад? Бигзор шоҳидони худро биёранд, то ки худро сафед кунанд, ва ё он шоҳидон бишнаванд ва бигӯянд: “Ҳақ асту рост!”» (Иш. 43:9).

15 Худоёни қавмҳои дигар ҳақиқӣ будани худро исбот карда натавонистанд. Он бутҳои беҷону безабон худашон мӯҳтоҷи он буданд, ки касе онҳоро ба ҳаракат дарорад ё бардошта гардад (Иш. 46:5–7). Яҳува бошад, ба халқи худ Исроил гуфт: «Шумо... шоҳидони Ман мебошед, то шумо бидонед ва ба Ман имон оваред ва дарк намоед, ки ин Ман ҳастам, ва пеш аз Ман Худое набуд, ва баъд аз Ман нахоҳад буд. Ман, Ман Худованд ҳастам, ва ғайр аз Ман Наҷотдиҳандае нест... Шумо шоҳидони Ман мебошед... ва Ман Худо ҳастам!» (Иш. 43:10–12).

16 Дар ин мурофиаи судии умумиҷаҳонӣ саволи «Худои ҳақиқӣ кист?» бардошта шуд. Халқи интихобшудаи Яҳува бояд бо овози баланд шаҳодат медод, ки Яҳува Худои ягонаи ҳақиқист. Ӯ дар бораи онҳо гуфт: «Ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам, то ҳамду санои Маро бихонанд» (Иш. 43:21). Исроилиёнро чун халқи Яҳува мешинохтанд. Яҳува халқашро аз Миср берун овард ва онҳо вазифадор буданд, ки ба қонунҳояш итоат кунанд ва Ӯро чун Ҳокими худ ҷалол диҳанд. Пайғамбар Мико дар бораи рӯҳияе, ки онҳо бояд зоҳир мекарданд, чунин гуфт: «Ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд, вале мо ба исми Худованд Худои худ то абад равона хоҳем шуд» (Мик. 4:5). Маҳз чунин рӯҳияро халқи имрӯзаи Яҳува зоҳир мекунад.

ХАЛҚИ ИСЁНКОР

17. Чаро Яҳува Исроилро ба токи бесамар монанд кард?

17 Сад афсӯс ки Исроил ба Яҳува хиёнат кард. Исроилиён ба халқҳои бутпараст, ки худоёнашон аз чӯбу санг буданд, пайравӣ карда барои парастиши худоёни бардурӯғ ибодатгоҳҳо сохтанд. Дар асри ҳашти то эраи мо пайғамбар Ҳушаъ халқи Исроилро ба токи бесамаре монанд карда илова намуд: «Исроил... қурбонгоҳҳои зиёде сохтааст... Дили онҳо пур аз тамаллуқ аст, акнун гирифтори ҷазо хоҳанд шуд» (Ҳуш. 10:1, 2). Тақрибан баъди 150 сол Ирмиё низ нисбати исроилиёни исёнкор ин мисолро истифода бурд. Ӯ онҳоро ба токи хубе монанд кард, ки оқибат бесамару бекора гашт. Ба воситаи Ирмиё Яҳува гуфт: «Пас, худоёни ту, ки барои худ сохтаӣ, куҷоянд? Бигзор онҳо бархезанд, агар туро дар вақти мусибатат наҷот дода тавонанд... Қавми Ман... Маро фаромӯш карданд» (Ирм. 2:21, 28, 32).

18, 19. а) Яҳува дар бораи халқи наве ки номи Ӯро бар худ дошт, чӣ пешгӯӣ кард? б) Дар мақолаи оянда мо чиро муҳокима мекунем?

18 Исроил меваи бад ба бор овард, зеро Яҳуваро бо тарзи дуруст ибодат намекард. Ба ҷои он ки шоҳидони Ӯ бошанд, онҳо ба бутпарастӣ дода шуданд. Бинобар ин Исо ба роҳбарони риёкори динии замони худ гуфт: «Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад» (Мат. 21:43). Танҳо ҳамон шахсоне ки Яҳува интихоб мекард, қисми халқи нав — Исроили рӯҳонӣ шуда метавонистанд. Яҳува бояд бо онҳо «аҳди нав» мебаст. Ӯ дар бораи онҳо чунин гуфт: «Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд» (Ирм. 31:31–33).

19 Баъди хиёнаткор шудани исроилиён Яҳува дар асри як халқи нав — Исроили рӯҳониро интихоб намуд. Вале имрӯз халқи Яҳува кист? Чӣ тавр одамони самимӣ халқи Худоро шинохта метавонанд? Ин саволҳоро дар мақолаи оянда муҳокима мекунем.