Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо ҳоло халқи Худо ҳастед

Шумо ҳоло халқи Худо ҳастед

«Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед» (1 ПЕТ. 2:10).

1, 2. Дар Пантикости соли 33-и эраи мо чӣ дигаргуние рӯй дод? Киҳо аъзоёни халқи нави Яҳува гаштанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ПАНТИКОСТИ соли 33-и эраи мо дар таърихи халқи Яҳува рӯйдоди муҳиме буд. Дар он рӯз тағйироте ба амал омад. Яҳува тавассути рӯҳи муқаддасаш халқи наверо ташкил дод, ки Исроили рӯҳонӣ, «Исроили Худо» номида шуд (Ғал. 6:16). Павлус навишт, ки ба ин халқи нав лозим намешавад, ки ба монанди насли Иброҳим худро хатна кунанд, балки хатнаи онҳо «дар дил» ба воситаи рӯҳ аст (Рум. 2:29).

2 Аъзоёни аввалини халқи нав ҳаввориён ва беш аз сад нафар шогирдони Масеҳ буданд, ки дар яке аз болохонаҳои Ерусалим ҷамъ омаданд (Аъм. 1:12–15). Вақте ки Худо рӯҳи муқаддасашро бар онҳо рехт, онҳо писарони рӯҳонии Худо гардиданд (Рум. 8:15, 16; 2 Қӯр. 1:21). Ин далели он буд, ки Яҳува қурбонии Исоро қабул намуд ва аҳди Қонунро бо аҳди нав иваз кард. (Луқ. 22:20; Ибриён 9:15-ро бихонед.) Ин шогирдони тадҳиншуда аъзоёни халқи нави Яҳува гаштанд. Ба туфайли рӯҳи муқаддаси Яҳува онҳо бо забонҳои гуногун гап зада, дар бораи корҳои бузурги Худо шаҳодат медоданд (Аъм. 2:1–11).

ХАЛҚИ НАВИ ХУДО

3–5. а) Дар рӯзи Пантикост Петрус ба ҳаввориён чӣ гуфт? б) Чӣ тавр халқи нав дар давоми солҳои аввали пайдоиши худ сершумор мешуд?

3 Ба воситаи Петруси ҳавворӣ Яҳува яҳудиён ва ғайрияҳудиёнро даъват кард, то аъзои халқи нав, ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда гарданд. Дар рӯзи Пантикост Петрус далерона ба яҳудиён гуфт, ки онҳо бояд Исоро, ки мехкӯб карданд, чун Оғо ва Масеҳи худ қабул кунанд. Вақте мардум пурсиданд, ки барои ин бояд чӣ кор кунанд, Петрус ҷавоб дод: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт» (Аъм. 2:22, 23, 36–38). Он рӯз тақрибан 3000 нафар ба халқи нав — Исроили рӯҳонӣ ҳамроҳ шуданд (Аъм. 2:41). Аз он вақт сар карда мавъизаи боҷидду ҷаҳди ҳаввориён самараи бештар овард (Аъм. 6:7). Қавми нав рӯз аз рӯз сершумор мешуд.

4 Баъдтар шогирдони Исо мавъизаро дар Сомария шурӯъ карданд. Бисёре аз онҳо ҳақиқатро қабул карда таъмид гирифтанд, вале ҳанӯз рӯҳулқудс ба онҳо рехта нашуда буд. Ҳайати роҳбарикунанда аз Ерусалим Петрус ва Юҳаннои ҳаввориро фиристод, то ки онҳо ин бародарону хоҳарони нави сомариро хабар гиранд. Ҳаввориён дастони худро ба он сомариён гузоштанд ва «онҳо Рӯҳулқудсро қабул карданд» (Аъм. 8:5, 6, 14–17). Ҳамин тавр ин сомариён низ аъзоёни нави Исроили рӯҳонӣ гаштанд.

Петрус ба Корнилюс ва хонаводаи ӯ шаҳодат дод (Ба сархати 5 нигаред)

5 Соли 36-и эраи мо Худованд боз ба воситаи Петрус гурӯҳи нави одамонро даъват кард, ки ба халқи нави Ӯ ҳамроҳ шаванд. Петрус назди мирисади лашкари Рум рафт ва ба хешовандон ва дӯстони ӯ мавъиза кард (Аъм. 10:22, 24, 34, 35). Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ин суханон ҳанӯз бар забони Петрус буд, ки Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони [ғайрияҳудӣ]... нозил шуд, ва имондорони махтун, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, дар ҳайрат афтоданд, ки атои Рӯҳулқудс ба ғайрияҳудиён низ ҷорӣ шудааст» (Аъм. 10:44, 45). Аз ҳамон вақт сар карда ғайрияҳудиёни хатнанашуда метавонистанд қисми Исроили рӯҳонӣ гарданд.

ҚАВМЕ КИ ИСМИ ХУДОРО БАР ХУД ДОШТ

6, 7. Чӣ тавр аъзоёни халқи нав нишон доданд, ки номи Худованд бар онҳост?

6 Соли 49-и эраи мо дар вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи масеҳиёни асри як Яъқуби ҳавворӣ чунин гуфт: «Шимъӯн [Петрус] фаҳмонда дод, ки чӣ гуна Худо аввал ба ғайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад» (Аъм. 15:14). Ин халқи наве ки номи Худоро бар худ дошт, ҳам аз яҳудиён ва ҳам аз ғайрияҳудиён иборат буд (Рум. 11:25, 26а). Баъдтар Петрус навишт: «Шумо... як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед». Ӯ фаҳмонд, ки барои чӣ Яҳува онҳоро ҷамъ овардааст: «Шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед» ( 1 Пет. 2:9, 10). Онҳо далерона дар бораи Яҳува шаҳодат медоданд ва дар назди ҳама Ҳокими Олам будани Ӯро эълон мекарданд.

7 Суханоне ки Яҳува ба Исроили қадим гуфта буд, ба Исроили рӯҳонӣ низ дахл доранд: «Ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам, то ҳамду санои Маро бихонанд» (Иш. 43:21). Дурӯғин будани худоёни дигарро фош карда, онҳо далерона шаҳодат медоданд, ки Яҳува Худои ягонаи ҳақиқӣ аст (1 Тас. 1:9). Онҳо дар бораи Яҳува ва Исо «дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё» шаҳодат медоданд (Аъм. 1:8; Қӯл. 1:23).

8. Павлуси ҳавворӣ дар асри як ба халқи Худо чӣ гуна огоҳӣ дод?

8 Яке аз шоҳидони нотарси Яҳува Павлуси ҳавворӣ буд. Дар назди файласуфони бутпараст истода ӯ дар бораи бузургии Яҳува — «Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, Худованди осмону замин» далерона шаҳодат медод (Аъм. 17:18, 23–25). Дар охири сафари сеюми миссионериаш Павлус аъзоёни ҷамъомади масеҳиро огоҳ карда гуфт: «Ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо хоҳанд омад, ки ба рама раҳме нахоҳанд кард; аз миёни худатон низ шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд» (Аъм. 20:29, 30). Ва дар ҳақиқат аллакай дар охири асри як осиён зиёд шуда буданд (1 Юҳ. 2:18, 19).

9. Баъди марги ҳаввориён бо халқи Худо чӣ рӯй дод?

9 Баъд аз марги ҳаввориён осият торафт авҷ гирифт ва калисоҳои ҷаҳони масеҳият пайдо шуданд. Ба ҷои он ки халқе бо номи Худо бошанд, ин масеҳиёни дурӯғин номи Худоро аз бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас гирифтанд. Онҳо ҳамчунин бо рафтори бадахлоқонаашон Худоро бадном мекарданд. Ин масеҳиён урфу одати бутпарастонро қабул карданд ва фикру ақидаҳоеро, ки бар Навиштаҳо асос намеёфтанд, таълим медоданд. Онҳо ҷангҳои худро «муқаддас» меномиданд ва мегуфтанд, ки гӯё барои Худо меҷанганд. Асрҳо пас аз сар задани осият шумораи ками масеҳиёни ҳақиқӣ боқӣ монда буд, ки он шахсони алоҳидаро ташкилоти Худо номидан мумкин набуд.

ТАВЛИДИ ХАЛҚИ НАВ

10, 11. а) Дар масали худ оиди гандум ва мастакҳо Исо чиро пешгӯӣ кард? б) Ин масал баъди соли 1914 чӣ тавр иҷро шуд?

10 Дар масали худ оиди гандум ва мастакҳо Исо пешгӯӣ кард, ки замони торикии рӯҳонӣ фаро мерасаду осият паҳн мешавад. Ӯ гуфт, ки «вақте ки мардум дар хоб буданд», Иблис омада дар киштзоре ки Писари Одам гандум кошта буд, мастак пошид. Мастакҳо ва гандум бояд то «анҷоми олам» якҷоя месабзиданд. Исо фаҳмонд, ки «тухми некӯ» «писарони Малакут»-ро тасвир мекунад, «мастакҳо» бошанд, «писарони иблис»-ро. Мувофиқи ин пешгӯӣ дар охирзамон Писари Одам бояд «даравгарон», яъне фариштагонро мефиристод, то ки гандумро аз мастакҳо ҷудо кунанд. Дар он вақт фариштагон бояд «писарони Малакут»-ро ҷамъ меоварданд (Мат. 13:24–30, 36–43). Ин пешгӯии Исо чӣ тавр ба амал омад? Ва чӣ тавр ба воситаи ин Яҳува халқи худро аз нав дар рӯи замин ташкил кард?

11 «Анҷоми олам» соли 1914 сар шуд. Дар давоми ҷанге ки ҳамон сол рӯй дод, якчанд ҳазор масеҳиёни тадҳиншуда, «писарони малакут», аз ҷиҳати рӯҳонӣ дар асирии Бобил қарор доштанд. Соли 1919 Яҳува онҳоро озод кард ва байни масеҳиёни ҳақиқӣ ва бардурӯғ фарқият баръало маълум гашт. Ӯ «писарони малакут»-ро ҷамъ карда халқи муттаҳид сохт ва ҳамин тавр пешгӯии пайғамбар Ишаъё иҷро шуд: «Оё мамлакате дар як рӯз таваллуд меёбад? Оё халқе якбора зоида мешавад? Зеро ки Сион, дарди зоишро ҳис кардан замон, писарони худро зоидааст» (Иш. 66:8). Сион ин созмонест, ки онро фариштагони Яҳува ташкил медиҳанд. Ин созмон ба маънои рамзӣ гурӯҳи писарони тадҳиншудаи Худоро таваллуд кард.

12. Чӣ тавр тадҳиншудагон худро чун қавме ки исми Яҳуваро бар худ дорад, нишон доданд?

12 Чун масеҳиёни асри як тадҳиншудагон бояд шоҳидони Яҳува мегаштанд. (Ишаъё 43:1, 10, 11-ро бихонед.) Онҳо бояд бо рафтори худ ва бо мавъизаи хушхабари Салтанат ба «ҳамаи халқҳо» аз дигарон фарқ мекарданд (Мат. 24:14; Флп. 2:15). Ҳамин тавр, онҳо ба миллионҳо одамон кӯмак карданд, ки бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф диҳанд. (Дониёл 12:3-ро бихонед.)

«БО ШУМО МЕРАВЕМ»

13, 14. Касоне ки ба Исроили рӯҳонӣ тааллуқ надоранд, барои ибодат кардани Яҳува бояд чӣ кор кунанд? Чӣ тавр ин дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд?

13 Аз мақолаҳои гузашта фаҳмидем, ки дар Исроили қадим ғайрияҳудиён низ метавонистанд ба Худо ибодат кунанд, агар ба халқе ки Яҳува бо он аҳд баста буд, ҳамроҳ мешуданд (3 Подш. 8:41–43). Имрӯз низ касоне ки ба Исроили рӯҳонӣ тааллуқ надоранд, бояд ҳамроҳи тадҳиншудагон Яҳуваро ибодат кунанд.

14 Ба ибодати ҳақиқӣ рӯ овардани одамон ва ба халқи Яҳува ҳамроҳ шудани онҳоро ду пайғамбари Худо дар замонҳои қадим пешгӯӣ карда буданд. Масалан, Ишаъё пешгӯӣ карда буд: «Қавмҳои бисёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: “Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем. Зеро шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад”» (Иш. 2:2, 3). Закарё бошад, пешгӯӣ карда буд, ки «қавмҳои бисёр ва халқҳои азим хоҳанд омад, то ки Худованди лашкарҳоро дар Ерусалим биталабанд, ва ба ҳузури Худованд илтиҷо намоянд». Ӯ онҳоро чун «даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо» тасвир мекунад, ки гӯё домани Исроили рӯҳониро дошта мегӯянд: «Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост» (Зак. 8:20–23).

15. Ба кадом маъно «гӯсфандони дигар» ҳамроҳи Исроили рӯҳонӣ мераванд?

15 Ба кадом маъно «гӯсфандони дигар» ҳамроҳи Исроили рӯҳонӣ мераванд? Онҳо дар мавъизаи хушхабари Салтанат бо тадҳиншудагон ҳамкорӣ мекунанд (Марқ. 13:10). «Гӯсфандони дигар» қисми халқи Худо гаштаанд. Онҳо дар якҷоягӣ бо тадҳиншудагон «як рама»-ро ташкил медиҳанд ва ба онҳо «чӯпони нек», Исои Масеҳ, ғамхорӣ мекунад. (Юҳанно 10:14–16-ро бихонед.)

ДАР БАЙНИ ХАЛҚИ ХУДО ПАНОҲ ЁБЕД

16. Яҳува дар охири «мусибати бузург» чӣ гуна амал хоҳад кард?

16 Баъди несту нобуд шудани Бобили бузург халқи Худо бо ҳамлаи пуршиддате рӯ ба рӯ мешавад. Дар он замон ба мо ҳимояи Яҳува лозим мешавад. Дар вақти лозима Яҳува вазъияти ҷаҳониро тавре роҳбарӣ мекунад, ки халқаш ба ҳамла дучор шавад. Бо ин қисми охири «мусибати бузург» сар мешавад, ки он Ҳармиҷидӯн ном дорад (Мат. 24:21; Ҳиз. 38:2–4). Дар он замон Ҷуҷ «ба қавми аз миёни халқҳо ҷамъомада»-и Яҳува ҳамла меорад (Ҳиз. 38:10–12). Дарҳол баъд аз ин Яҳува амал хоҳад кард. Ӯ бар зидди Ҷуҷ ва лашкари ӯ ҷангида халқи худро наҷот хоҳад дод. Ӯ номи худро ҷалол дода шӯҳрати худро эълон хоҳад намуд. Яҳува мегӯяд: «Ман дар пеши назари халқҳои бисёр... шӯҳрат пайдо хоҳам кард, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам» (Ҳиз. 38:18–23).

Дар давоми мусибати бузург мо бояд бо ҷамъомадҳои маҳаллӣ алоқаи наздик дошта бошем (Ба сархатҳои 16–18 нигаред)

17, 18. а) Вақте ки Ҷуҷ ба халқи Яҳува ҳамла меорад, ба он чӣ гуна дастурот дода мешавад? б) Агар дар паноҳи Яҳува мондан хоҳем, мо бояд чӣ кор кунем?

17 Вақте ки Ҷуҷ ҳамлаи худро сар мекунад, Яҳува ба хизматгоронаш чунин амр медиҳад: «Эй қавми ман, биёед, ба ҳуҷраҳои худ дароед, ва дарҳои худро аз қафои худ бибандед, як лаҳзае пинҳон шавед, то даме ки ғазаб бигзарад» (Иш. 26:20). Дар он айёми душвор Яҳува ба мо барои наҷот ёфтанамон дастуроти лозима медиҳад. «Ҳуҷраҳо»-е, ки дар оят оиди онҳо гуфта шудааст, бо ҷамъомадҳоямон алоқаманд буда метавонанд.

18 Аз ин рӯ агар мо хоҳем, ки ҳангоми «мусибати бузург» наҷот ёбем, мо бояд эътироф кунем, ки Яҳува ҳоло дар рӯи замин халқи худро дорад ва он ба ҷамъомадҳо тақсим шудааст. Мо бояд бо халқи Яҳува якҷоя буда бо ҷамъомади маҳаллиамон алоқаи наздик дошта бошем. Бигзор рӯҳияи ҳар яки мо монанди забурнавис бошад, ки гуфта буд: «Наҷот аз Худованд аст. Баракати Ту бар қавми Туст» (Заб. 3:9).