Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Пирон ва ходимони ёвар чӣ тавр таъин карда мешаванд?

Дар асри яки эраи мо Павлуси ҳавворӣ ба пироне ки дар ҷамъомади Эфсӯс хизмат мекарданд, чунин гуфт: «Нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед» (Аъм. 20:28). Дар таъин кардани пирон ва ходимони ёвар рӯҳи муқаддас имрӯз чӣ нақшро мебозад?

Якум, рӯҳи муқаддас нависандагони Китоби Муқаддасро барангехт, то ки барои пирон ва ходимони ёвар талаботҳои махсусро нависанд. Дар 1 Тимотиюс 3:1–7 барои пирон шонздаҳ талаботи гуногун навишта шудааст. Дигар талаботҳоро дар Титус 1:5–9 ва Яъқуб 3:17, 18 дида метавонем. Оиди талаботҳо барои ходимони ёвар аз 1 Тимотиюс 3:8–10, 12, 13 фаҳмидан мумкин аст. Дуюм, касоне ки бародарро таъин мекунанд ё ӯро тавсия медиҳанд, дар дуо аз Яҳува рӯҳи муқаддас мепурсанд. Рӯҳи муқаддас ба онҳо кӯмак мекунад, то муайян намоянд, ки оё бародар ба қадри кофӣ ба талаботҳои номбурда ҷавобгӯ аст ё не? Сеюм, касе ки барои таъиншавӣ пешниҳод карда мешавад, бояд самари рӯҳи Худоро зоҳир кунад (Ғал. 5:22, 23). Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки рӯҳи Худо дар ҳама ҷониби ин кор нақши муҳим мебозад.

Аммо кӣ ин бародаронро таъин мекунад? Дар гузашта оиди масъалаҳои таъинот ба филиали маҳаллӣ тавсиянома навишта касеро пешниҳод мекарданд. Дар филиал бародароне ки аз тарафи Ҳайати роҳбарикунанда таъин карда шудаанд, тавсияву пешниҳодҳоро дида баромада, оиди таъин кардан ё накардани бародар қарор мебароварданд. Баъд аз ин, филиал дар бораи қарори баровардаи худ ба ҳайати пирон хабар медод. Пирон дар навбати худ бародарро аз таъиноти гирифтааш огоҳ карда аз ӯ мепурсиданд, ки оё ӯ барои ба ӯҳда гирифтани масъулияти нав хоҳиш дорад ва ба таъинот ҷавобгӯ аст ё не. Дар охир ба тамоми ҷамъомад дар бораи таъиноти бародар эълон карда мешуд.

Дар асри як ҳаввориён баъзан ба бародарон вазифаҳои махсус медоданд. Масалан, дар Китоби Муқаддас дар бораи он гуфта шудааст, ки боре ҳафт нафарро барои тақсим кардани хӯроки ҳаррӯзаи бевазанон вазифадор карданд (Аъм. 6:1–6). Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳаввориён пирон ва ходимони ёварро низ таъин менамуданд, зеро он мардон пеш аз гирифтани ин таъиноти иловагӣ шояд аллакай чун пирон хизмат мекарданд. Пас, дар асри як пирону ходимони ёварро чӣ тавр таъин менамуданд?

Гарчанде мо ба пуррагӣ намедонем, ки дар асри як пирону ходимони ёвар чӣ гуна таъин мешуданд, аз маълумоте ки дар Навиштаҳо оварда шудааст, дар ин бора каме тасаввурот пайдо мекунем. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки вақте Павлусу Барнаббо аз сафари якуми миссионерии худ ба хона бармегаштанд, онҳо дар ҳар ҷамъомад «пиронро таъин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд» (Аъм. 14:23). Солҳо баъд Павлуси ҳавворӣ ба ҳамсафари худ Титус чунин навишт: «Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонӣ ва дар ҳамаи шаҳрҳо пиронро таъин намоӣ, чунон ки ба ту амр фармудаам» (Тит. 1:5). Ба ин монанд, ба Тимотиюс, ки дар сафарҳои бисёри Павлус ӯро ҳамроҳӣ мекард, чунин масъулият дода шуда буд (1 Тим. 5:22). Пас маълум мешавад, ки ин на вазифаи ҳаввориён ё пирони Ерусалим, балки нозирони сайёр буд.

Инро ба назар гирифта Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува ба тарзи таъин кардани пирони ҷамъомад ва ходимони ёвар дигаргунӣ дароварда ба намунае, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудааст мувофиқ намуд. Аз якуми сентябри соли 2014 сар карда бародарон ба тартиби зерин таъин карда мешаванд: аввал нозири ноҳиявӣ пешниҳодҳои дар маҳаллааш бударо бодиққат дида мебарояд. Дар вақти ташрифаш нозир кӯшиш мекунад, ки бо бародарони тавсияшуда хубтар шинос шавад ва, агар имкон бошад, бо онҳо аз наздик ҳамкорӣ кунад. Баъди муҳокима кардани масъала бо ҳайати пирони маҳаллӣ, нозир метавонад дар ноҳияи худ пирон ё ходимони ёварро таъин кунад. Ин тарзи таъинкунӣ ба намунаи масеҳиёни асри як наздиктар мебошад.

Пирон бо нозири ноҳиявӣ дар бораи ба талаботи Навиштаҳо мувофиқат кардани бародар сӯҳбат карда истодаанд (Малави).

Биёед дида бароем, ки дар ин кор кӣ кадом вазифаро иҷро мекунад? Чуноне ки мо медонем, бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин кардани аҳли хонавода ин вазифаи «ғуломи мӯътамад ва доно» мебошад (Мат. 24:45–47). Онҳо Навиштаҳоро бо ёрии рӯҳи муқаддас тадқиқ карда, тарзи дурусти истифодаи принсипҳои Китоби Муқаддасро муайян мекунанд, ки ин ба фаъолияти имрӯзаи ташкилот таъсир мерасонад. Имрӯз ҷамъомадҳои масеҳӣ дар тамоми ҷаҳон маҳз аз рӯи ҳамин принсипҳо амал мекунанд. Таъин кардани нозирони ноҳиявӣ ва аъзоёни Кумитаи филиал низ бар дӯши ғуломи мӯътамад аст. Кумита бошад, дар навбати худ барои ба кор бурдани дастуроти аз тарафи Ҳайати роҳбарикунанда додашуда ёрии амалӣ мерасонад. Ҳайати пирон бародаронеро ки барои гирифтани таъинот пешниҳод мекунад, як ба як дида мебарояд, ки оё онҳо ба талаботҳои дар Навиштаҳо овардашуда ҷавобгӯ ҳастанд ё не? Ҳар як нозири ноҳиявӣ масъулияти ҷиддиеро бар дӯш дорад, ки оиди тавсияву пешниҳодҳои пирон бо дуо мулоҳиза карда баъд бародаронеро, ки ба талабот мувофиқат менамоянд, таъин кунад.

Вақте ки мо тарзи таъин кардани пирону ходимони ёварро беҳтар мефаҳмем, нақши рӯҳи муқаддаси Худоро дар ин кор бештар дарк мекунем. Дар натиҷа эҳтиром ва боварии мо нисбати онҳое ки дар ҷамъомади масеҳӣ таъин карда мешаванд, зиёд мешавад (Ибр. 13:7, 17).

Ду шоҳиде ки дар бораашон дар боби 11-и китоби Ваҳй гуфта шудааст, киҳоянд?

Дар китоби Ваҳй 11:3 дар бораи ду шоҳиде гуфта шудааст, ки дар муддати 1260 рӯз нубувват мекунанд. Дар он ҷо гуфта шудааст, ки ҳайвони ваҳшие «бар онҳо ғолиб хоҳад омад, ва онҳоро хоҳад кушт». Аммо баъди «се ва ним рӯз» чизе рӯй медиҳад, ки бисёриҳоро ба ҳайрат меорад. Онҳо аз нав зинда карда мешаванд (Ваҳй 11:7, 11).

Ин ду шоҳид кистанд? Биёед якчанд мавридҳои ин воқеаро дида баромада, кӣ будани онҳоро фаҳмем. Якум, мавриди ҷолиби диққат ин аст, ки дар китоби Ваҳй ин ду шоҳид ҳамчун «ду дарахти зайтун ва ду чароғдон» тасвир шудаанд (Ваҳй 11:4). Ин ба ёди мо пешгӯии китоби Закарёро меоварад, ки дар он ҷо низ дар бораи чароғдон ва ду дарахти зайтун навишта шудааст. Он ду дарахти зайтун ба ду тадҳиншуда ишора мекунанд, ки «ба ҳузури Молики тамоми ҷаҳон» ҳоким Зарубобил ва саркоҳин Еҳушаъ истодаанд (Зак. 4:1–3, 14). Дуюм, дар ин ҷо тасвир шудааст, ки ин ду шоҳид мӯъҷизаҳои ба Мусо ва Илёс монандро ба амал меоварданд. (Ваҳй 11:5, 6-ро бо Ададҳо 16:1–7, 28–35 ва 3 Подшоҳон 17:1; 18:41–45 муқоиса кунед.)

Ин ду воқеа байни ҳам чӣ алоқамандӣ доранд? Дар ҳар ду воқеа гап дар бораи тадҳиншудагони Худо меравад, ки дар вақти душвори озмоишу имтиҳон роҳбариро ба ӯҳда гирифтанд. Чи хеле ки дар боби 11-и китоби Ваҳй пешгӯӣ шуда буд, бародарони тадҳиншуда, ки роҳбариро ба ӯҳда гирифтанд, аз вақти барпошавии Салтанати Худо дар осмон, аз соли 1914 сар карда дар давоми севу ним сол «палос» пӯшида мавъиза менамуданд.

Дар охири мӯҳлати «палос» дар тан мавъиза кардани ин тадҳиншудагон, онҳоро ба маънои рамзӣ куштанд. Ин маънои ба мӯҳлати кӯтоҳ, яъне севу ним рӯз ба зиндон партофта шудани онҳоро дорад. Дар назари душманони халқи Худо кори онҳо гӯё кушта шуд, ва ин сабаби хурсанд шудани он душманон гардид (Ваҳй 11:8–10).

Лекин, мувофиқи пешгӯӣ баъд аз севу ним рӯз ин ду шоҳид аз нав зинда карда шуданд, яъне тадҳиншудагон аз маҳбас озод шуданд. Агар онҳо минбаъд низ содиқ мемонданд, аз Худо ба воситаи Ҳазраташон Исои Масеҳ таъиноти махсус мегирифтанд. Соли 1919 онҳо дар қатори баъзе бародарони дигар чун «ғуломи мӯътамад ва доно» таъин гардиданд, то ки дар давоми рӯзҳои охир оиди ниёзҳои рӯҳонии халқи Худо ғамхорӣ кунанд (Мат. 24:45–47; Ваҳй 11:11, 12).

Ҷолиби диққат аст, ки Ваҳй 11:1, 2 ин ду воқеаро бо вақти санҷида баромадани маъбади рӯҳонӣ алоқаманд мекунад. Ба ҳамин монанд, дар китоби Малокӣ низ дар бораи тафтиш ё тоза кардани маъбади рӯҳонӣ гуфта шудааст (Мал. 3:1–4). Ин тафтиш ё тозакунӣ чӣ қадар давом кард? Он аз соли 1914 то аввали соли 1919 тӯл кашид. Ин айём ба 1260 рӯз (42 моҳ)-и аслӣ ва севу ним рӯзи рамзӣ баробар аст, ки дар бораашон дар боби 11-и китоби Ваҳй навишта шудааст.

Мо хушбахтем, ки Яҳува ба воситаи ин тафтиш ё поксозии рӯҳонӣ барои Худ қавми махсусе интихоб кард, то ки ба аъмоли нек тайёр бошад (Тит. 2:14). Мисоли масеҳиёни тадҳиншуда, ё худ ду шоҳиди рамзӣ, ки ҳангоми тафтишкунӣ роҳбариро ба ӯҳда гирифтанд, барои мо намунаи ибрат аст *.

^ сарх. 18 Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июли с. 2013 [bw536] саҳ. 22, сарх. 12 нигаред.