Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ба маънои Навиштаҳо сарфаҳм меравед?

Оё шумо ба маънои Навиштаҳо сарфаҳм меравед?

«Зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд» (ЛУҚ. 24:45).

1, 2. Дар рӯзи эҳё шуданаш чӣ тавр Исо шогирдонашро рӯҳбаланд кард?

ИН ВОҚЕА рӯзи марги Исо рӯй дода буд. Ду шогирди Исо ба тарафи деҳае мерафтанд, ки он аз Ерусалим қариб 11 километр дур буд. Онҳо ғамгину рӯҳафтода буданд, чунки аз эҳёшавии Исо хабардор набуданд ва фикр мекарданд, ки ӯ мурдааст. Ногоҳ Исо пайдо шуду ҳамроҳи онҳо роҳ рафтан гирифт. Баъд аз ин ӯ «аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда, он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод» (Луқ. 24:13–15, 27). Аз шунидани ин дили шогирдонаш ба тапиш омада буд, чунки ӯ бо онҳо аз Навиштаҳо «сухан меронд» ва маънидод мекард (Луқ. 24:32).

2 Бегоҳи ҳамон рӯз он ду шогирд ба Ерусалим баргаштанд. Онҳо ҳаввориёнро ёфта тамоми воқеаро нақл карданд. Ҳанӯз онҳо гап зада истода буданд, ки дар наздашон Исо пайдо шуд. Ҳаввориён аз ин ба тарсу ҳарос афтоданд ва дар дили онҳо шубҳа пайдо шуд. Дар ин маврид Исо чӣ гуна онҳоро қувват бахшид? Китоби Муқаддас мегӯяд: «[Исо] зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд» (Луқ. 24:45).

3. Бо чӣ гуна душвориҳо мо шояд рӯ ба рӯ мешавем ва чӣ ба мо кӯмак мекунад, то хурсандиро аз даст надиҳем?

3 Мо низ ба монанди шогирдони Исо шояд баъзан ғамгин шавем. Гарчанде мо бо кори мавъиза машғулем, баъзан аз он ки натиҷаи онро намебинем, рӯҳафтода шуда метавонем (1 Қӯр. 15:58). Ё шояд ба назарамон чунин намояд, ки касоне ки бо онҳо омӯзиш мекунем, аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ намекунанд. Баъзеи онҳо ҳатто аз Яҳува рӯй мегардонанд. Пас, чӣ тавр мо дар хизмат хурсандиро нигоҳ дошта метавонем? Яке аз чизҳое ки ба мо кӯмак карда метавонад, ин пурра сарфаҳм рафтан ба масалҳои Исо мебошад. Биёед сетои он масалҳоро муҳокима мекунем ва мефаҳмем, ки аз онҳо барои худ кадом дарсҳоро гирифта метавонем.

КОРАНДАЕ КИ ДАР ХОБ АСТ

4. Масали Исо оиди корандае ки дар хоб аст, чӣ маъно дорад?

4 Марқӯс 4:26–29-ро бихонед. Масали Исо дар бораи корандае ки дар хоб аст, чӣ маъно дорад? Дар ин масал корандаи тухм воизони Салтанатро тасвир мекунад. Тухме ки месабзад, инхушхабари Салтанат мебошад, ки ба одамони самимӣ мавъиза карда мешавад. Чун дар ҳаёти ҳаррӯза коранда шаб хоб мераваду рӯз мехезад. Тухм бошад, дар як муддати муайян, яъне аз вақти шинонда шуданаш то айёми дарав нашъунамо меёбад. Чунин нашъунамо «худ аз худ» ва қадам ба қадам ба амал меояд. Ба ҳамин монанд, муносибати шахс бо Яҳува зина ба зина инкишоф меёбад. Вақте ки ӯ худро ба Худо мебахшаду таъмид мегирад, гуфтан мумкин аст, ки ӯ самар меоварад.

5. Чаро Исо масали корандаро овард?

5 Чаро Исо ин масалро овард? Исо мехоҳад, то мо дарк кунем, ки маҳз Яҳува ҳақиқатро дар дили «онҳое, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ моиланд», месабзонад (Аъм. 13:48, ТДН; 1 Қӯр. 3:7). Мо мешинонему об медиҳем, лекин мо нашъунамои тухми ҳақиқатро тезонида наметавонем. Ба монанди марде, ки дар хоб буд, мо аз чӣ тавр нашъунамо ёфтани он хабардор намешавем. Мо бо корҳои худ машғулем ва пай намебарем, ки чӣ тавр тухми ҳақиқат дар дили одамон реша медавонад. Лекин бо гузашти вақт тухми кошташуда меваи худро меоварад ва шавқманди ҳақиқат ҳамимони мо шуда ба мо дар дарави рӯҳонӣ кӯмак мекунад (Юҳ. 4:36–38).

6. Дар мавриди рушди рӯҳонии омӯзандагон мо бояд чиро дарк кунем?

6 Мо аз ин масал чӣ меомӯзем? Якум, мо бояд дарк кунем, ки рушди рӯҳонии омӯзандагони Китоби Муқаддасро тезонида наметавонем. Ҳарчанд мо барои дастгирӣ кардани омӯзанда ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, лекин барои таъмид гирифтан ба ӯ фишор намеорем. Мо бояд бо фурӯтанӣ розӣ шавем, ки фақат худи ӯ метавонад қарор қабул кунад, ки ҳаёташро ба Худо бахшад ё не. Яҳува танҳо он вақт таъмиди шахсро қабул мекунад, агар ӯ ин қарорро аз таҳти дил ва аз муҳаббат ба Ӯ кунад (Заб. 50:14; 53:8; 109:3).

7, 8. а) Аз масали Исо оиди коранда мо боз кадом дарсҳоро меомӯзем? б) Аз ин масал мо дар бораи Яҳува ва Исо чӣ меомӯзем?

7 Дуюм, агар мо дар аввал натиҷаи кори таълимдиҳии худро набинем, мо набояд аз ин рӯҳафтода шавем. Ба мо сабру тоқат лозим аст (Яъқ. 5:7, 8). Ҳатто агар мо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунему тухми коштаамон самар наоварад, мо рӯҳафтода намешавем ва фикр намекунем, ки мо аз ӯҳдаи таълимдиҳӣ намебароем. Яҳува тухми ҳақиқатро танҳо он вақт дар дили шахс месабзонад, агар ӯ фурӯтан бошад ва барои худро дигар кардан кӯшиш кунад (Мат. 13:23). Аз ин рӯ мо набояд чунин фикр кунем, ки муваффақияти мо дар хизмат аз шумораи касоне ки таъмид мегиранд, вобаста аст. Яҳува ба кӯшишҳои мо аз рӯи пешравӣ кардан ё накардани омӯзандагонамон баҳо намедиҳад, балки кӯшишҳои самимии моро қадр мекунад. (Луқо 10:17–20 ва 1 Қӯринтиён 3:8-ро бихонед.)

8 Сеюм, мо на ҳамеша метавонем дигаргуниҳоеро, ки дар дили шахс рӯй медиҳанд, бинем. Мисоли ҳамсароне ки ҳамроҳи як миссионер омӯзиш мекарданд, инро хуб нишон медиҳад. Рӯзе онҳо ба назди он миссионер омада гуфтанд, ки воиз шудан мехоҳанд. Ӯ ба онҳо хотиррасон кард, ки барои ин онҳо бояд аввал одати сигоркашиашонро партоянд. Вақте ки онҳо ба миссионер гуфтанд, ки якчанд моҳ пеш ин одатро партофтанд, ӯ дар ҳайрат монд. Онҳо дарк карданд, ки ҳатто агар дар пинҳонӣ сигор кашанд ҳам, Яҳува инро мебинад ва Ӯ аз дурӯягӣ нафрат дорад. Барои ҳамин, онҳо ба худ шарт гузоштанд, ки ё дар пеши миссионер сигор мекашанд ё умуман ин корро бас мекунанд. Муҳаббати онҳо нисбати Яҳува дар дилашон реша давонда онҳоро барангехт, ки қарори дуруст қабул кунанд. Чуноне ки дидем, бародарамон аз чунин тағйиротҳо бехабар буд ва рушди ин ҳамсарон аз назари ӯ пӯшида монд.

ТӮРИ МОҲИГИРӢ

9. Масал оиди тӯри моҳигирӣ чӣ маъно дорад?

9 Матто 13:47–50-ро бихонед. Масали Исо дар бораи тӯр чӣ маъно дорад? Исо гуфт, ки мавъизаи хушхабари Салтанат мисли ба дарё партофтани тӯри моҳигирӣ аст. Чи тавре ки шумораи зиёди «ҳар навъ моҳӣ» ба тӯри моҳигирӣ дармемонад, ҳамон тавр миллионҳо одамон аз ҳамаи халқҳо ба мавъизаи Салтанат ҷалб мешаванд (Иш. 60:5). Шумораи зиёди шахсоне ки ба анҷуманҳои мо ва ба Шоми ёдбуд ташриф меоранд, ҳақ будани инро исбот мекунад. Баъзе аз ин шахсон ба моҳии «хуб» монанданд ва онҳо қисми ҷамъомади масеҳӣ мегарданд. Дигарон бошанд, ба моҳии «бад» монанданд ва онҳоро Яҳува қабул намекунад.

Баъди хондани Матто 13:47–50. . .

10. Чаро Исо масал оиди тӯри моҳигириро овард?

10 Чаро Исо ин масалро овард? Ҷудокунии рамзӣ гуфта доварии ниҳоие, ки дар мусибати бузург рӯй медиҳад, дар назар дошта нашудааст. Он ба чизе ишора мекунад, ки дар анҷоми ин тартиботи шарирона ба вуқӯъ меояд. Бо ин масал Исо гуфтанӣ буд, ки на ҳар касе ки ба хабари Салтанат гӯш медиҳад, хоҳиши хизматгори Яҳува шуданро пайдо мекунад. Бисёре аз онҳое ки ба вохӯриҳои мо меоянд ё Китоби Муқаддас меомӯзанд, ҳаёти худро ба Яҳува бахшидан намехоҳанд (3 Подш. 18:21). Дигарон ҳатто ба вохӯриҳо омаданро бас мекунанд. Баъзе ҷавонон ҳарчанд дар оилаи масеҳӣ ба воя расанд ҳам, нисбати меъёрҳои Яҳува муҳаббат инкишоф намедиҳанд. Исо қайд намуд, ки ҳар як шахс новобаста аз вазъу шароиташ бояд қарори шахсӣ қабул кунад. Агар мо қарори дуруст қабул кунем, Яҳува ба мо чун ба «неъматҳои ҳамаи халқҳо» нигоҳ мекунад (Ҳаҷ. 2:7).

. . . бинед, ки чӣ тавр онро имрӯз ба кор бурдан мумкин аст

11, 12. а) Аз масал оиди тӯри моҳигирӣ мо чӣ дарс мегирем? б) Мо аз ин масал дар бораи Яҳува ва Исо чӣ мефаҳмем?

11 Мо аз масал оиди тӯри моҳигирӣ чӣ меомӯзем? Вақте ки ягон омӯзандаи Китоби Муқаддас ё фарзандамон ба Яҳува хизмат кардан намехоҳад, донистани ин масал ба мо кӯмак мекунад, ки аз ҳад зиқу рӯҳафтода нашавем. Ҳатто агар мо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем ҳам, ин рӯй дода метавонад. Агар шахс ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуда бошад ё дар роҳи ҳақиқат ба воя расида бошад, ин маънои онро надорад, ки ӯ аллакай дӯсти Яҳува гаштааст. Касоне ки ба қонунҳои Яҳува итоат намекунанд, оқибат аз байни халқи Худо дур карда мешаванд.

Баъзе касоне ки ҳақиқатро дӯст медоранд, хизматгори Яҳува мешаванд (Ба сархатҳои 9–12 нигаред.)

12 Оё ин маънои онро дорад, ки онҳое ки аз роҳи ҳақиқат дур мешаванд, дигар ба ҷамъомад баргашта наметавонанд? Ва ё барои касоне ки ҳоло ҳаёташонро ба Яҳува набахшидаанд, дигар умеде нест? То сар задани мусибати бузург чунин шахсон имконият доранд, ки бо Яҳува дӯст шаванд. Яҳува онҳоро даъват мекунад: «Сӯи Ман баргардед, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт» (Мал. 3:7). Ин фикрро масали Исо оиди писари саркаш тасдиқ мекунад. (Луқо 15:11–32-ро бихонед.)

ПИСАРИ САРКАШ

13. Масали Исо оиди писари саркаш чӣ маъно дорад?

13 Маънои масал оиди писари саркаш дар чист? Дар ин масал падари меҳрубон Яҳува Худоро тасвир мекунад, ки Ӯ Падари осмонии мост. Писаре ки мероси падарашро гирифта онро барбод медиҳад, одамонеро тасвир мекунад, ки аз ҷамъомади масеҳӣ рафтаанд. Онҳо Яҳуваро тарк карда ба «кишвари дурдаст»-е сафар мекунанд, ки он ҷаҳони Шайтонро тасвир мекунад (Эфс. 4:18; Қӯл. 1:21). Баъзеҳо ба худ омада кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки ба назди Яҳува баргарданд. Азбаски онҳо бо фурӯтанӣ ва аз таҳти дил тавба мекунанд, Падари бахшандаву меҳрубони мо онҳоро бо омодагӣ қабул мекунад (Иш. 44:22; 1 Пет. 2:25).

14. Чаро Исо масали писари саркашро овард?

14 Чаро Исо ин масалро овард? Исо бо ин масал нишон доданӣ буд, ки Яҳува аз таҳти дил мехоҳад, то касоне ки Ӯро тарк кардаанд, ба наздаш баргарданд. Падари он писари саркаш ҳамеша умедвор буд, ки писараш бармегардад. Вақте ки падар аз дурӣ назар андохта писарашро дид, ӯ давида ба пешвози писараш баромад. Ин намунаи таъсирбахш бешубҳа касонеро ки аз ҳақиқат рафтаанд, водор мекунад, ки ҳарчи зудтар ба сӯи Яҳува бозгарданд. Чунин касон аз ҷиҳати рӯҳонӣ хаставу бемадор гаштаанд ва шояд ба ҷамъомад баргаштан барояшон душвор бошад. Вале вақте онҳо бармегарданд, аз ин Яҳува, Исо ва фариштагон шод мешаванд (Луқ. 15:7).

15, 16. а) Аз масали Исо дар бораи писари саркаш мо чӣ меомӯзем? Мисол оред. б) Аз он мо дар бораи Яҳува ва Исо чӣ мефаҳмем?

15 Аз масал оиди писари саркаш мо чӣ омӯхта метавонем? Мо бояд ба намунаи Яҳува пайравӣ кунем. Мо набояд «аз ҳад зиёд одил» бошем, то андозае, ки гунаҳкорони тавбакардаро пешвоз нагирем. Ин ба дӯстии мо бо Яҳува таъсири бад расонида метавонад (Воиз 7:16). Аз ин масал мо боз як дарси дигарро омӯхта метавонем. Мо бояд ба чунин касон ҳамчун ба «гӯсфандони гумшуда» нигоҳ кунем, на чун ба гӯсфандони аздастрафта (Заб. 118:176). Агар мо масеҳиеро вохӯрем, ки аз чамъомад дур шудаасту лекин хориҷ нашудааст, оё мо ба ӯ меҳрубонона кӯмаки амалӣ мерасонем, то ки баргардад? Лекин хоҳ ӯ хориҷ шуда бошад, хоҳ не, оё мо ба пирони чамъомад хабар медиҳем, то ки ба ӯ ёрдам кунанд? Агар мо ба маънои масали Исо сарфаҳм рафта онро дар ҳаётамон ба кор бурданӣ бошем, мо айнан ҳамин тавр рафтор хоҳем кард.

16 Касоне ки ба ҷамъомад баргаштанд, аз Яҳува барои марҳаматаш ва муҳаббату дастгирии халқи Ӯ миннатдоранд. Бародаре ки тӯли 25 сол аз ҷамъомад хориҷ шуда буд, чунин мегӯяд: «Хурсандии ман аз баргаштан ба ҷамъомад зиёд шудан мегирифт, чунки Яҳува ба ман “айёми фароғат” ато карда буд (Аъм. 3:20). Ҳама дар ҷамъомад меҳрубон ва ба кӯмак тайёранд. Ман хушбахтам, ки аъзои чунин оилаи олиҷанобам!» Хоҳари ҷавоне ки аз Яҳува дур шуда буду муддати панҷ сол ғайрифаъол буд, баъди ба ҷамъомад баргаштанаш гуфт: «Ман он муҳаббатеро ки Исо дар борааш гуфта буд, дар худ ҳис кардам. Ман ҳатто барои тасвир кардани он сухан намеёбам! Қисми ташкилоти Яҳува будан як имконияти бебаҳоест!»

17, 18. а) Аз се масале ки дар ин мақола дида баромадем, мо барои худ кадом дарсҳоро гирифта метавонем? б) Мо ба кардани кадом кор бояд азми қавӣ дошта бошем?

17 Аз се масале, ки дида баромадем, мо чӣ гуна дарс гирифтем? Якум, мо бояд дарк кунем, ки мо рушди рӯҳонии одамонро тезонида наметавонем. Ин кори Яҳува аст. Дуюм, мо набояд интизор бошем, ки ҳама омӯзандагонамон ва касоне ки бо онҳо дар бораи Китоби Муқаддас гап мезанем, ҳақиқатро қабул карда ҳаёташонро ба Яҳува мебахшанд. Охирон дарс ин аст, ки агар касе Яҳуваро тарк кунаду аз ҳақиқат равад, мо ҳамеша бояд умедвор бошем, ки ӯ як рӯз не як рӯз бармегардад. Агар чунин шахс гашта ба ҷамъомад ояд, мо бояд ба монанди Яҳува бо муҳаббат ӯро қабул кунем.

18 Биёед ҳар яки мо ҷустуҷӯи дониш, фаҳмиш ва хирадро давом диҳем. Ҳангоми хондани масалҳои Исо аз худ бипурсед: «Ин масал чӣ маъно дорад? Чаро он дар Китоби Муқаддас навишта шудааст? Чӣ тавр ман дарсҳои аз ин масал гирифтаамро дар ҳаёти худ ба кор бурда метавонам? Ман аз ин масал дар бораи Яҳува ва Исо чӣ меомӯзам?» Ҳамин тавр карда мо нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат ба маънои суханони Исо сарфаҳм меравем.