Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро шумо бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:

Оё барои масеҳиён сӯзондани ҷасади шахси мурда раво аст?

Оиди сӯзонидан ё насӯзонидани ҷасади шахси вафоткарда ҳар шахс худаш қарор мебарорад. Дар Навиштаҳо оиди ин мавзӯъ маълумоти аниқ нест, лекин дар он нақл карда мешавад, ки чӣ тавр ҷасади шоҳ Шоул ва писараш Йӯнотонро сӯзониданд ва сипас гӯр карданд (1 Подш. 31:2, 8–13). (w14 15.6. [bw 547] саҳ. 7.)

Воизон дар маҳалле ки он ҷо ниёзи бештар вуҷуд дорад, бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

Се душворӣ вуҷуд дорад: 1) мутобиқ шудан ба тарзи ҳаёти дигар, 2) ёд кардани хона ва наздикон ва 3) пайдо кардани дӯстон аз байни хоҳару бародарони маҳаллӣ. Бисёре аз онҳое ки ин душвориҳоро паси сар карданд, баракатҳои зиёд ба даст оварданд. (w14 15.7. [bw 548] саҳ. 4, 5.)

Чаро гуфтан мумкин аст, ки рисолаҳои нав натиҷабахшанд ва дар истифодабарӣ қулай мебошанд?

Ҳамаи онҳо сохти якхела доранд. Саволи саҳифаи аввали рисоларо хонда ба ҷавоби соҳибхона гӯш медиҳем. Новобаста аз он ки соҳибхона чӣ ҷавоб медиҳад, мо метавонем даруни онро кушода ба ӯ нишон диҳем, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд. Ин рисолаҳоро истифода бурда мо метавонем барои боздид саволе гузорем. (w14 15.8. [bw 549] саҳ. 12–14.)

Агар ҳамаи адабиётҳои ташкилотамон ба забони шумо дастрас набошанд, магар ин маънои онро дорад, ки шумо ба серӣ ғизои рӯҳонӣ намехӯред?

Албатта, не. Ба баъзе ходимони Яҳува дар баъзе маврид аз дигарон дида хӯроки рӯҳонии зиёдтар дастрас аст. Масалан, гарчанде ҳаввориён назар ба дигар шогирдони асри як дастуроти бештар мегирифтанд, гуфтан мумкин набуд, ки дигар шогирдон аз хӯроки рӯҳонӣ танқисӣ мекашиданд (Эфс. 4:20–24; 1 Пет. 1:8). Агар ба забони шумо адабиёти зиёд набошад, маводҳоеро, ки бо забонатон дастрасанд, омӯзед, ва агар имкон бошад, ба вохӯриҳое, ки бо забони ба шумо фаҳмо мегузаранд, равед. Яҳува медонад, ки мо ба чӣ ниёз дорем ва Ӯ барои рӯҳан бақувват монданамон моро ба серӣ ғизо медиҳад (Мат. 6:8). (w14 15.8. [bw 549] саҳ. 5.)

Волидон барои чӯпонӣ кардани фарзандони худ чӣ кор карда метавонанд?

Барои кӯдакони худро хубтар шинохтан онҳоро бодиққат гӯш диҳед. Кӯшиш кунед, ки онҳоро доимо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғизо диҳед. Дар лаҳзаҳои душвор, масалан вақте ки онҳо бо шакку шубҳаи худ оиди чизҳои рӯҳонӣ мубориза мебаранд, онҳоро меҳрубонона роҳнамоӣ кунед. (w14 15.9. [bw 550] саҳ. 18–20.)

Мувофиқи 1 Тимотиюс 3:1 орзу кардани таъинот чӣ маъно дорад?

Ибораи юноние, ки дар ин оят чун «орзу кунад» тарҷума шудааст, маънои «чизеро сахт хостан, муштоқи чизе будан, барои ба даст овардани чизе ҳаракат кардан»-ро дорад. Инро мисоли зерин мефаҳмонад: вақте ки касе меваи ширинеро, ки дар дарахт овезон аст, гирифтан мехоҳад, ӯ қадашро ёзонида, дасташро дароз мекунад, то ки онро гирад. Мақсади шахсе ки сӯи таъинот мекӯшад, набояд ба даст овардани ягон мартаба, балки аз самими дил ба дигарон хизмат кардан бошад. (w14 15.9. [bw 550] саҳ. 3, 4.)

Чӣ ба одамони дигар асоси қонунӣ медиҳад, ки бо Исо якҷоя ҳукмронӣ кунанд?

Баъди он ки Исо шоми охирони Фисҳро ҳамроҳи пайравонаш хӯрд, ӯ бо шогирдони вафодораш аҳде баст, ки онро аҳд оиди Салтанат меномем (Луқ. 22:28–30). Ба туфайли ин аҳд онҳо боварӣ дошта метавонистанд, ки ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ хоҳанд кард. (w14 15.10. [bw 551] саҳ. 16, 17.)

Мувофиқи Аъмол 15:14 киҳо ба халқи наве ки номи Худоро бар худ дошт, дохил мешуданд?

Ин халқ аз имондорони яҳудӣ ва ғайрияҳудӣ иборат буд. Худо онҳоро барои он интихоб карда буд, то аз корҳои бузурги Ӯ дар ҳама ҷой шаҳодат диҳанд (1 Пет. 2:9, 10). (w14 15.11. [bw 552] саҳ. 24, 25.)