Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз Яҳува сипосгузор бошед ва соҳиби баракатҳо шавед

Аз Яҳува сипосгузор бошед ва соҳиби баракатҳо шавед

«Яҳуваро сипос гӯед, зеро Ӯ некӯст» (ЗАБ. 106:1, ТДН [105:1]).

1. Чаро мо бояд аз Яҳува сипосгузор бошем?

ЯҲУВА — Атокунандаи «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» сазовори шукргузории мо аст (Яъқ. 1:17). Чун Чӯпони меҳрубон Ӯ нисбати ниёзҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонии мо ғамхорӣ мекунад (Заб. 22:1–3). Ӯ «паноҳгоҳ ва қуввати мост», ки дар вақти душвориҳо ба Ӯ такя карда метавонем (Заб. 45:2). Мо низ бо дилу ҷон бо суханони зерини забурнавис розӣ ҳастем: «Яҳуваро сипос гӯед, зеро Ӯ некӯст; ва муҳаббати пойдори Ӯ ҷовидона аст» (Заб. 106:1, ТДН [105:1]).

Матни солона барои соли 2015: «Яҳуваро сипос гӯед, зеро Ӯ некӯст» (Забур 106:1, ТДН [105:1]).

2, 3. а) Аз кадом сабаб мо носипосу ношукр шуда метавонем? б) Кадом саволҳоро мо дар ин мақола муҳокима мекунем?

2 Барои чӣ миннатдор будан муҳим аст? Чи тавре ки дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, дар рӯзҳои охир одамон торафт кӯрнамак шуда истодаанд (2 Тим. 3:2). Бисёриҳо ба баракатҳои доштаашон чун ба як чизи муқаррарӣ муносибат мекунанд. Ба таъсири таблиғоти ин ҷаҳон дода шуда, одамон бо чизи доштаашон қаноат намекунанд ва чизҳои боз ҳам зиёдтарро ба даст овардан мехоҳанд. Ин рӯҳия ба мо низ таъсир карда метавонад. Бо гузашти вақт чунин шуданаш мумкин аст, ки мо монанди исроилиёни қадим қадр кардани баракатҳо ва муносибатҳои пурқимати бо Яҳува доштаамонро бас мекунем (Заб. 105:7, 11–13).

3 Боз дар бораи он фикр кунед, ки дар вақти бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуданамон бо мо чӣ рӯй дода метавонад. Дар чунин мавридҳо моро ғаму андӯҳ чунон пахш карда метавонад, ки ба назарамон баракатҳои доштаамон наметобанд (Заб. 114:3). Чӣ кор кунем, ки дар чунин мавридҳо рӯҳияи миннатдориро нигоҳ дорем? Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душвориҳои сахт рӯҳияи мусбиро нигоҳ дорем? Биёед инро дида бароем.

«КОРҲОИ ЗИЁДЕ ТУ КАРДАӢ, ЭЙ ХУДОВАНД»

4. Чӣ тавр мо дар худ рӯҳияи миннатдориро нигоҳ дошта метавонем?

4 Агар мо хоҳем, ки шукргузор бимонем, бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Аввал мо бояд дар бораи баракатҳое ки Яҳува шахсан ба мо додааст, фикр кунем. Баъд биандешем, ки чӣ тавр ин баракатҳо аз муҳаббати Ӯ шаҳодат медиҳанд. Вақте забурнавис дар бораи корҳои аҷоиби Яҳува мулоҳиза меронд, ӯ ба ваҷд меомад. (Забур 39:6; 106:43-ро бихонед.)

5. Мо аз намунаи Павлус оиди миннатдор будан чӣ омӯхта метавонем?

5 Дар мавриди миннатдор будан мо метавонем аз Павлуси ҳавворӣ бисёр чизро омӯзем. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки ӯ дар бораи баракатҳои Яҳува андеша меронд, зеро ӯ мунтазам миннатдориашро изҳор мекард. Ӯ дарк менамуд, ки як вақтҳо «куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ буд». Ӯ миннатдор буд, ки новобаста аз гузаштааш Худо ва Масеҳ ба ӯ марҳамат зоҳир карданд ва ба ӯ хизмати муқаддасро супориданд. (1 Тимотиюс 1:12–14-ро бихонед.) Ҳамчунин Павлус ҳамимононашро қадр мекард ва бисёр вақт барои хислатҳои хуб ва хизмати содиқонаи онҳо Яҳуваро шукргузорӣ мекард (Флп. 1:3–5, 7; 1 Тас. 1:2, 3). Вақте Павлус бо вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешуд, ӯ ҳамеша ба Яҳува барои кӯмаки саривақтии ҳамимононаш миннатдорӣ баён мекард (Аъм. 28:15; 2 Қӯр. 7:5–7). Аз ин рӯ, Павлус дигаронро низ ташвиқ кард: «Шукргузор бошед... Якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед» (Қӯл. 3:15–17).

МУЛОҲИЗАРОНӢ ВА ДУО БАРОИ МИННАТДОР БУДАН КӮМАК МЕКУНАД

6. Барои кадом баракатҳояш шумо аз Яҳува миннатдоред?

6 Чӣ тавр мо ба намунаи Павлус пайравӣ карда метавонем? Ба мо лозим аст, ки дар бораи он чизҳое ки Яҳува шахсан барои мо кардааст, андеша ронем (Заб. 115:3). Агар касе аз шумо пурсад, ки барои кадоме аз баракатҳои Яҳува миннатдоред, шумо чӣ ҷавоб медодед? Оё шумо муносибатҳои пурқимати бо Яҳува доштаатонро номбар мекардед? Ё фидияи Масеҳро, ки ба туфайли он бахшиши гуноҳҳоро ба даст овардед? Оё бародарону хоҳаронеро ки ҳангоми душвориҳо ҳамроҳатон буданд, фаромӯш намекардед? Оё шумо ҳамсару фарзандони азизатонро ба ёд меовардед? Албатта, барои аз Яҳува миннатдор будан мо сабабҳои аз ин ҳам зиёде дорем. Барои ҳамин вақт ҷудо кунед, то дар бораи он баракатҳое ки Яҳува ба шумо ато кардааст, мулоҳиза ронед. Ин шуморо бармеангезад, ки ҳар рӯз ба Ӯ шукр гӯед. (Забур 91:2, 3-ро бихонед.)

7. а) Чаро мо бояд дар дуоҳоямон ба Яҳува раҳмат гӯем? б) Шумо аз дуоҳои миннатдорӣ чӣ гуна манфиат мегиред?

Вақте ки мо дар бораи ҳама баракатҳои доштаамон мулоҳиза мекунем, дар диламон хоҳиши ба Яҳува миннатдорӣ баён кардан пайдо мешавад (Заб. 94:2; 99:4, 5). Бисёри одамон ба Худо танҳо барои пурсидани чизе дуо мегӯянд. Лекин мо медонем, ки ба Яҳува дуоҳои миннатдорӣ писанд аст. Дар Китоби Муқаддас бисёре аз намунаҳои хизматгорони Худо ҳастанд, ки дар дуоҳояшон Яҳуваро шукргузорӣ мекарданд, масалан Ҳанно ва Ҳизқиё (1 Подш. 2:1–10; Иш. 38:9–20). Ба рӯҳияи миннатдории онҳо пайравӣ кунед ва ба Яҳува барои корҳои кардааш раҳмат гӯед (1 Тас. 5:17, 18). Он гоҳ шумо қуввати тоза ҳис мекунед, муҳаббататон ба Худо зиёд мегардад ва шумо ба Ӯ боз ҳам наздиктар мешавед (Яъқ. 4:8).

Шумо барои кадоме аз баракатҳои Яҳува миннатдор ҳастед? (Ба сархатҳои 6 ва 7 нигаред.)

8. Аз кадом сабаб мо носипос шуда метавонем?

8 Агар эҳтиёткор набошем, мо метавонем носипос шавем. Чаро? Зеро мо нокомилем ва рӯҳияи носипосиро аз нахустволидонамон мерос гирифтаем. Яҳува Одаму Ҳавворо дар биҳишт ҷойгир кард ва ҳама ниёзҳояшонро қонеъ мекард. Онҳо метавонистанд абадан орому осуда зиндагӣ кунанд (Ҳас. 1:28). Лекин онҳо баракатҳои доштаашонро қадр накарданд. Онҳо ҳарисона чизҳои бештарро хостанд ва оқибат ҳама чизи доштаашонро аз даст доданд (Ҳас. 3:6, 7, 17–19). Ба одамони гирду атрофамон ҳамранг шуда, мо низ носипос шуда метавонем. Бо мо чунин шуда метавонад, ки бо Яҳува танҳо бо мақсади ба даст овардани чизе дӯстӣ инкишоф медиҳем. Шояд чунин шавад, ки мо дигар имконияти қисми бародарияти умумиҷаҳонӣ буданамонро қадр накунем. Мо метавонем ба чизҳои ин дунёи гузарон дил бандем (1 Юҳ. 2:15–17). Барои аз ин дом даргурез будан, мо бояд дар бораи баракатҳои доштаамон мулоҳиза ронем ва ба Яҳува барои имконияти аъзои халқи Ӯ буданамон мунтазам миннатдорӣ баён кунем. (Забур 26:4-ро бихонед.)

АЗ САР ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМОИШҲО

9. Ҳангоми аз сар гузаронидани озмоишҳои сахттарин чаро мо бояд оиди баракатҳои доштаамон мулоҳиза ронем?

9 Рӯҳияи миннатдорӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар озмоишҳои сахттарин истодагарӣ кунем. Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо вазъиятҳои душвори ҳаётӣ, мисли хиёнати ҳамсар, бемории ҷиддӣ, марги шахси наздик ё офатҳои табиӣ мо рӯҳафтодаву дилшикаста шуда метавонем. Дар чунин ҳолатҳо мулоҳиза оиди баракатҳои доштаамон моро тасаллӣ ва қувват мебахшанд. Баъзе мисолҳоро дида мебароем.

10. Мулоҳизаронӣ оиди баракатҳои доштааш ба Ирэн чӣ гуна манфиат меорад?

10 Ирэн * ном пешрави доимӣ аз Америкаи Шимолӣ бо як пири ҷамъомад оила барпо карда буд. Лекин баъдтар шавҳараш ба ӯ хиёнат кард ва ӯву фарзандонашро партофта рафт. Чӣ ба Ирэн кӯмак кард, ки хизмати содиқонаашро давом диҳад? Ӯ мегӯяд: «Ман аз Яҳува миннатдорам, ки ба ман таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир мекунад. Ҳар рӯз баракатҳои Яҳуваро ҳисоб карда ман дарк мекунам, ки бо чунин Падари меҳрубон муносибатҳои наздик доштан шарафи бузургест. Ман боварӣ дорам, ки Ӯ маро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад». Ҳарчанд Ирэн дар ҳаёташ бисёр вазъиятҳои душворро аз сар гузаронд, рӯҳияи мусбӣ ба ӯ кӯмак мерасонад, ки ҳам худаш устувор бимонад ва ҳам дигаронро рӯҳбаланд созад.

11. Чӣ ба Кён-сук кӯмак кард, ки ба касалии сахт тоб орад?

11 Кён-сук, ки дар Осиё зиндагӣ мекунад, беш аз 20 сол ҳамроҳи шавҳараш чун пешрав хизмат мекард. Рӯзе ӯ фаҳмид, ки гирифтори саратони шуш аст ва ба ӯ гуфтанд, ки аз се то шаш моҳ зиндагӣ карда метавонаду халос. Ҳарчанд ӯ ва шавҳараш пастиву баландиҳои зиндагиро аз сар гузаронда буданд, онҳо аз саломатии худ ҳамеша дилпур буданд. Ӯ мегӯяд: «Ин касалӣ бароям як зарбаи сахте буд. Ман гумон мекардам, ки ҳама чизро аз даст додам ва маро тарсу ваҳм фаро гирифт». Чӣ ба хоҳар кӯмак кард, ки ба ин вазъият тоб орад? Ӯ мефаҳмонад: «Ҳар шаб пеш аз хоб ман ба боми хона мебаромадам ва бо овоз дуо мегуфтам. Дар дуо ман миннатдориамро барои панҷ чиз баён мекардам. Баъд ман оромӣ ҳис намуда муҳаббатамро дар дуо ба Яҳува изҳор мекардам». Аз ин дуоҳои шабона Кён-сук чӣ манфиат гирифт? Ӯ мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки дар вақти тангӣ Яҳува моро дастгирӣ мекунад ва дар ҳаёти мо баракатҳо аз душвориҳо дида зиёдтаранд».

Бо бародари наҷотёфтааш Ҷон (Ба сархати 13 нигаред.)

12. Чӣ тавр Ҷейсон баъди марги ҳамсараш тасаллӣ ёфт?

12 Ҷейсон, ки ҳоло дар филиали Африқо хизмат мекунад, беш аз 30 сол дар хизмати пурравақт иштирок мекард. Ӯ мегӯяд: «Ҳафт сол пеш ман ҳамсарамро аз даст додам ва ин то ҳол бароям дардовар аст. Вақте ба хотир меорам, ки чӣ тавр завҷаи азизам бо касалиаш мубориза мебурд, дилам реш-реш мешавад». Чӣ ба Ҷейсон кӯмак кард, ки ба дарду алам дода нашавад? «Боре, як лаҳзаи ширини ҳаёти якҷояамон ба хотирам омад ва ман барои ин хотира дар дуо ба Яҳува раҳмат гуфтам. Сипас ман як сабукие ҳис кардам. Баъд аз ин воқеа, ман доимо ба Яҳува дуо карда барои чунин хотираҳои ширин ба Ӯ раҳмат мегуфтам. Миннатдориро инкишоф дода фикррониам тамоман дигар шуд. Гарчанд захми дилам ҳанӯз шифо наёфтааст, ман доимо дар дуо ба Яҳува шукргузорӣ мекунам, ки хизматгори Ӯ ҳастам ва як замоне дар издивоҷ хушбахт будам. Доштани чунин назар ба ман хеле кӯмак мекунад».

«Ман аз Яҳува миннатдорам, ки Ӯ Худои ман аст» (Шерил).

13. Чӣ ба Шерил кӯмак кард, ки баъди марги наздиконаш ба ғаму андӯҳ тоб оварад?

13 Соли 2013, вақте ки тӯфони азиме бо номи Ҳайан ба қисми марказии Филиппин зарба зад, Шерили 13-сола қариб ҳама чизро аз даст дод. Ӯ мегӯяд: «Ман хона ва қариб ҳамаи наздиконамро аз даст додам». Падару модари ӯ, ҳамчунин бародару хоҳаронаш ҳангоми ин офат вафот карданд. Чӣ ба Шерил кӯмак кард, ки ба ин душвориҳо тоб овараду аз ҳаёт дилхунук нашавад? Ӯ рӯҳияи миннатдорӣ зоҳир менамояд ва ба ин ҳодиса нигоҳ накарда, баракатҳои доштаашро қадр мекунад. Шерил боз мегӯяд: «Ман дидам, ки чӣ тавр бародарону хоҳарон одамони ҷабрдидаро рӯҳбаланд ва дастгирӣ менамуданд. Ман медонистам, ки бародарону хоҳарон аз тамоми ҷаҳон барои ман дуо мегӯянд». Ӯ гапашро давом медиҳад: «Ман аз Яҳува миннатдорам, ки Ӯ Худои ман аст. Ӯ ба мо ҳамеша чизи лозимаро медиҳад». Давои беҳтарини ғаму андӯҳ ин қадр кардани баракатҳои доштаамон мебошад. Миннатдорӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо вазъиятҳои душвор ба ғаму андӯҳ дода нашавем (Эфс. 5:20; Филиппиён 4:6, 7-ро бихонед.)

«ВАЛЕ МАН ДАР ХУДОВАНД ШОД ХОҲАМ БУД»

14. Чӣ рӯйдоди ҳаяҷоноваре моро интизор аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

14 Тӯли таърих халқи Яҳува нисбати баракатҳои доштааш миннатдор буд. Баъди он ки исроилиён дар назди Баҳри Сурх аз дасти фиръавн ва лашкари ӯ халосӣ ёфтанд, онҳо хурсандиашонро бо шеъру суруд ва шукргузорӣ ба Яҳува баён намуданд (Хур. 15:1–21). Яке аз баракатҳои имрӯзаи мо ин умеди халосӣ ёфтан аз ҳар гуна ранҷу азоб мебошад (Заб. 36:9–11; Иш. 25:8; 33:24). Ба наздикӣ Яҳува ҳамаи душманонашро нест карда моро ба дунёи наве ки дар он сулҳу амонӣ пойдор мешавад, роҳнамоӣ мекунад. Танҳо тасаввур кунед, ки то чӣ андоза хурсандибахш хоҳад буд он замон! Он рӯз рӯзи бузурги шукргузорӣ хоҳад буд! (Ваҳй 20:1–3; 21:3, 4).

15. Дар давоми соли 2015 шумо чӣ кор карданиед?

15 Мо бо умед ба пеш менигарем ва интизорем, ки дар соли 2015 Яҳува ба мо баракатҳои бешумори рӯҳонӣ ато хоҳад кард. Албатта мо медонем, ки бо душвориҳо низ рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Лекин чизе ки моро дар пеш интизор набошад ҳам, мо медонем, ки Яҳува моро ҳаргиз тарк намекунад (Такр. Ш. 31:8; Заб. 9:10, 11). Ӯ ба мо ҳама чизи лозимаро медиҳад, то ки ба Ӯ содиқона хизмат карда тавонем. Пас бигзор рӯҳияи ҳар яки мо ба монанди рӯҳияи Ҳабаққуқ бошад, ки гуфта буд: «Агарчи дарахти анҷир гул накунад, ва токҳо бор наоварад, ва меваи зайтун мувофиқи чашмдошт набошад, ва киштзорҳо ҳосил надиҳад, ва гӯсфандон аз қӯра талаф шавад, ва говҳо дар оғил мавҷуд набошад,— вале ман дар Худованд шод хоҳам буд, ва дар Худои наҷоти худ ба ваҷд хоҳам омад» (Ҳаб. 3:17, 18). Биёед дар давоми ин сол дар бораи баракатҳои Яҳува андеша намуда мувофиқи матни солона рафтор кунем: «Яҳуваро сипос гӯед, зеро Ӯ некӯст» (Заб. 106:1, ТДН [105:1]).

^ сарх. 10 Баъзе номҳо иваз шудаанд.