Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз масал оиди талантҳо мо чӣ меомӯзем?

Аз масал оиди талантҳо мо чӣ меомӯзем?

«Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як [дод]» (МАТ. 25:15).

1, 2. Чаро Исо масал оиди талантҳоро овард?

ДАР масал оиди даҳ талант Исо фаҳмонд, ки ба дӯши пайравони тадҳиншудааш кадом вазифа гузошта шудааст. Мо бояд маънои ин масалро фаҳмем, чунки он ба ҳама масеҳиён дахл дорад, ҳам ба тадҳиншудагон, ҳам ба касоне ки умеди заминӣ доранд.

2 Исо ин масалро кай гуфт? Вақте шогирдонаш аз ӯ дар бораи аломати Подшоҳ гаштанаш ва сар шудани охирзамон пурсиданд (Мат. 24:3). Аз ин бармеояд, ки ин масал яке аз аломатҳои ҳузур доштани Исо мебошад ва он дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст.

3. Дар бобҳои 24 ва 25-и китоби Матто кадом масалҳо оварда шудаанд?

3 Ба ғайр аз масал оиди даҳ талант Исо ба саволи шогирдонаш ҷавоб дода се масали дигар овард: дар бораи ғуломи мӯътамад ва доно, даҳ бокира ва бузону гӯсфандон. Онҳо дар Китоби Матто 24:45–25:46 навишта шудаанд. Ҳамаи ин масалҳо ба замони ҳузур доштани Исо дахл доранд ва дар онҳо оиди он гап меравад, ки дар замони охир пайравони Масеҳро чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст. Масал оиди ғулом, бокираҳо ва талантҳо дар бораи масеҳиёни тадҳиншуда мебошанд. Дар масал оиди ғуломи мӯътамад Исо қайд мекунад, ки дар замонҳои охир ниёз ба гурӯҳи хурди масеҳиёни тадҳиншуда пайдо мешавад, то онҳо аъзои хонаводаро бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин кунанд. Исо онҳоро огоҳ мекунад ки оқил ва содиқ бошанд. Дар масал оиди бокираҳо Исо мегӯяд, ки ба масеҳиёни тадҳиншуда лозим аст, ки тайёр ва ҳушёр бошанд, зеро медонанд, ки Исо меояд, лекин вақту соати омаданашро намедонанд. Дар масал оиди талантҳо бошад, Исо қайд кард, ки бояд масеҳиён вазифаи худро аз таҳти дил иҷро кунанд. Охирон масали худро, яъне масал оиди гӯсфандон ва бузонро Исо ба масеҳиёне равона мекунад, ки умеди заминӣ доранд. Дар ин масал Исо мегӯяд, ки онҳо бояд содиқ бошанд ва бародарони тадҳиншудаи худро дастгирӣ кунанд *. Ҳозир бошад, биёед масали талантҳоро дида бароем.

ОҒО БА ҒУЛОМОНАШ МОЛУ МУЛК МЕДИҲАД

4, 5. Оғое ки дар масал дар борааш нақл карда мешавад, кист ва қимати як талант чӣ қадар буд?

4 Матто 25:14–30-ро бихонед. Дар адабиёти мо борҳои зиёд гуфта мешуд, ки оғо ин Исо мебошад ва сафари ӯ ба кишвари дурдаст ба он ки ӯ соли 33-и эраи мо ба осмон сууд кард, ишора мекунад. Дар масали пешин Исо мефаҳмонад, ки мақсад аз сафари ӯ ин ба даст овардани салтанат мебошад (Луқ. 19:12). Аммо вақте ки Исо ба осмон сууд кард, ӯ худи он замон Салтанатро ба даст наовард *. Он замон ӯ танҳо аз тарафи рости Худо бинишаст ва интизори он буд, ки «душманонаш зери пои Ӯ андохта шаванд» (Ибр. 10:12, 13).

5 Марде ки дар масал дар борааш нақл карда мешавад, дорои ҳашт талант буд, ки дар он замон пули хеле калон ба ҳисоб мерафт *. Пеш аз он ки ба кишвари дигар сафар кунад, ӯ талантҳояшро ба ғуломонаш тақсим мекунад, ба умеде ки онҳо то омаданаш аз онҳо фоида ба даст меоваранд. Ба монанди он мард Исо як чизи пурқимате дошт. Он чӣ буд? Ҷавоб ба ин савол бо ҳаёти Исо алоқаманд аст.

6, 7. Талантҳо ба чӣ ишора мекунанд?

6 Исо мавъизаи хушхабарро ҳамеша муҳим мешуморид. (Луқо 4:43-ро бихонед.) Ба туфайли мавъиза ӯ гӯё замини серҳосилеро тайёр кард. Каме пеш ӯ ба шогирдонаш чунин гуфта буд: «Чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст» (Юҳ. 4:35–38). Дарав гуфта ӯ ҷамъоварии одамони самимӣ ва аз онҳо шогирд сохтанро дар назар дошт. Азбаски Исо деҳқони хуб буд, ӯ киштзорро беназорат нагузошт. Каме баъд аз эҳёшавиаш, пеш аз он ки ба осмон сууд кунад, ӯ ба шогирдонаш супориши хеле муҳиме дод: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» (Мат. 28:18–20). Ҳамин тавр Исо ба онҳо боигарӣ ё як чизи пурқимате дод, ки он кори мавъиза мебошад (2 Қӯр. 4:7).

7 Бо он ки Исо ба шогирдонаш супориши мавъизаи хушхабарро дод, ӯ гӯё дороӣ ё талантҳои худро ба онҳо супурд (Мат. 25:14). Талантҳо ба супориши мавъиза кардан ва шогирд тайёр намудан ишора мекунанд.

8. Оғо аз ҳар як ғулом чӣ интизор буд?

8 Дар масал гуфта мешавад, ки оғо ба як ғуломаш панҷ талант, ба дигаре ду ва ба сеюмӣ як талант дод (Мат. 25:15). Ҳарчанд ҳар як ғулом миқдори гуногуни талант гирифт, оғояшон аз ҳамаи онҳо интизор буд, ки пули гирифтаашонро бо ғайрат истифода мебаранд, яъне дар хизмат ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд (Мат. 22:37; Қӯл. 3:23). Аз Пантикости соли 33-и эраи мо сар карда масеҳиёни асри як талантҳои худро ба кор бурдан гирифтанд. Дар бораи кори шогирдсозӣ ва мавъизаи онҳо дар китоби Аъмол пурра навишта шудааст * (Аъм. 6:7; 12:24; 19:20).

ГИРИФТАНИ ФОИДА АЗ ТАЛАНТҲО ДАР ЗАМОНИ ОХИР

9. а) Ду ғуломи аввал талантҳояшонро чӣ тавр истифода бурданд ва мо аз ин чӣ меомӯзем? б) «Гӯсфандони дигар» кадом кори муҳимеро мекунанд?

9 Дар рӯзҳои охир, хусусан аз соли 1919 инҷониб масеҳиёни тадҳиншуда талантҳои Оғояшонро кор фармуда, фоида ба даст меоварданд. Ба монанди ду ғуломи аввал, бародарон ва хоҳарони тадҳиншуда аз чизи доштаашон ба таври беҳтарин истифода бурданд. Тахмин кардани он ки кадоме аз масеҳиён панҷ талант гирифт ва кадоме ду талант бефоида аст. Дар масал ҳар ду ғулом сахт меҳнат карданд ва чизи гирифтаашонро дучанд гардонданд. Дар ин кор, яъне кори мавъиза масеҳиёне ки умеди заминӣ доранд, кадом нақшро мебозанд? Нақши хеле муҳимро! Масали Исо оиди бузҳо ва гӯсфандҳо нишон медиҳад, ки гӯсфандони дигар низ имконияти пуршараф доранд, ки ҳамроҳи тадҳиншудагон дар кори мавъиза ва таълимдиҳӣ иштирок кунанд. Дар ин рӯзҳои охир онҳо чун як рама бо ҷидду ҷаҳд дар кори шогирдсозӣ иштирок мекунанд (Юҳ. 10:16).

10. Чӣ исботи ҳузури Исо аст?

10 Мисли он оғо, Исо низ интизори он аст, ки мо самара меоварем. Чи хеле ки гуфтем, пайравони содиқи ӯ дар асри як талантҳои ӯро афзун карданд. Дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин аст? Ходимони содиқ ва заҳматкаши Масеҳ бузургтарин кори мавъиза ва шогирдсозиро ба пеш бурданд. Ба туфайли кӯшиши якҷояи онҳо ҳар сол ба қатори воизони Салтанат садҳо ҳазор одамони нав ҳамроҳ мешаванд. Ин исботи ҳузури Исо мебошад. Бешак, Оғоямон аз меҳнати ходимонаш розист!

Масеҳ ба пайравонаш масъулияти пурарзиши кори мавъизаро бовар кард (Ба сархати 10 нигаред.)

КАЙ ОҒО БАРОИ ТАЛАБ КАРДАНИ ҲИСОБОТ МЕОЯД?

11. Аз куҷо мо медонем, ки Исо ҳангоми мусибати бузург меояд?

11 Исо барои ҳисобот талаб кардан, дар охири мусибати бузург меояд, ки он ҳоло дар пеш аст. Чаро чунин хулоса баровардан мумкин аст? Дар пешгӯии худ, ки дар бобҳои 24 ва 25-и китоби Матто навишта шудаанд, Исо борҳои зиёд ба омадани худ ишора мекунад. Дар бораи доварӣ ҳангоми мусибати бузург гап зада, ӯ мегӯяд, ки одамон Писари Одамро хоҳанд дид, ки «бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд». Ӯ ба он пайравонаш, ки дар замони охир зиндагӣ хоҳанд кард, муроҷиат карда мегӯяд: «Бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд». Ӯ ҳамчунин гуфт: «Тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд» (Мат. 24:30, 42, 44). Барои ҳамин омада ҳисобот талаб кардани оғо ба замони мусибати бузург ишора мекунад, яъне ба вақте ки Исо барои доварӣ кардани ҷаҳон меояд * (Мат. 25:19).

12, 13. а) Оғо ба ду ғуломи аввал чӣ гуфт ва барои чӣ? б) Кай тадҳиншудагон мӯҳри охирини худро мегиранд? (Ба чорчӯбаи « Супоридани ҳисобот ҳангоми марг» нигаред.) в) Онҳое ки чун «гӯсфандон» дониста мешаванд, кадом мукофотро ба даст меоранд?

12 Чи хеле ки дар масал гуфта шудааст, ҳангоме оғо аз сафар бармегардад, ӯ мебинад, ки ду ғулом, оне ки панҷ талант дошту оне ки ду, пули худро дучанд кардаанд. Оғояшон онҳоро таъриф карда мегӯяд: «Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисёр бигуморам» (Мат. 25:21, 23). Пас, мо чиро интизор шуда метавонем, вақте ки Оғои мо — Исо дар ҷалоли худ барои доварӣ кардан меояд?

13 Он тадҳиншудагоне ки ба ду ғуломи аввал, ба ду ғуломи содиқу заҳматкаш монанданд, пеш аз сар задани мусибати бузург мӯҳри охиринашонро мегиранд (Ваҳй 7:1–3). Пеш аз Ҳармиҷидӯн Исо ба онҳо мукофоти осмониашонро медиҳад. Аммо дар бораи онҳое ки умеди заминӣ доранд ва бародарони Масеҳро дар кори мавъиза дастгирӣ мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо чун «гӯсфандон» дониста мешаванд ва таҳти роҳбарии Салтанати Худо зиндагӣ хоҳанд кард (Мат. 25:34).

ҒУЛОМИ ШАРИР ВА ТАНБАЛ

14, 15. Оё Исо дар назар дошт, ки бисёре аз тадҳиншудагон шариру танбал мешаванд? Фаҳмонед.

14 Дар масал ҳамчунин оиди ғуломе гуфта шудааст, ки як талант дошт. Ӯ таланташро зиёд накард ё барои ба даст овардани фоида ба бонк надод. Ба ҷои ин ӯ талантҳоро дар замин гӯр кард. Оғояш ӯро шариру танбал номид ва талантро аз дасти ӯ гирифта ба ғуломи аввал дод. Сипас, ғуломи шарирро гирифта ба зулмот, ки «дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон» буд, партофт (Мат. 25:24–30; Луқ. 19:22, 23).

15 Оё вақте Исо гуфт, ки яке аз ғуломон шариру танбал аст, ӯ дар назар дошт, ки сеяки ҳамаи тадҳиншудагон ҳам мисли ин ғулом мешаванд? Не. Биёед контексти ин матнро дида мебароем. Дар масал оиди ғуломи мӯътамад ва доно Исо дар бораи ғуломи шарире гап зад, ки ғуломони дигарро азоб медод. Исо нагуфт, ки дар оянда синфи ғуломи шарир пайдо мешавад. Ин суханонаш танҳо огоҳӣ буданд, то ки ғуломи вафодор хислатҳои ба ғуломи шарир хосро зоҳир накунад. Ба ин монанд, дар масал оиди даҳ бокира, Исо дар назар надошт, ки нисфи ходимони тадҳиншудааш ба монанди бокираҳои бехирад мешаванд. Ӯ пайравони тадҳиншудаашро огоҳ кард, то ки онҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд ва барои омадани ӯ тайёр бошанд *. Дар ин масал ҳам, он ки яке аз ғуломон танбал ва шарир баромад, маънои онро надорад, ки шумораи зиёди масеҳиёни тадҳиншуда танбал ва шарир мешавад. Дар ин ҷо Исо тадҳиншудагонро танҳо огоҳӣ медиҳад, ки талантҳои худро ба фоида диҳанд ва мисли он ғуломи шарир нашаванд (Мат. 25:16).

16. а) Аз масал оиди талантҳо мо кадом дарсҳоро меомӯзем? б) Чӣ тавр ин мақола дар фаҳмидани масал оиди талантҳо ба мо кӯмак кард? (Ба чорчӯбаи « Фаҳмиши мо оиди масал дар бораи талантҳо» нигаред.)

16 Аз ин масал мо кадом дарсҳоро меомӯзем? Якум, Исо ба масеҳиёни тадҳиншуда ганҷи бебаҳо –– масъулияти ҷиддии кори мавъиза ва шогирдсозиро супорид. Дуюм, Исо аз ҳамаи мо интизор аст, ки аз таҳти дил супориши худро иҷро кунем. Агар мо дар ин кор содиқ, ҳушёр ва итоаткор бошем, мо боварӣ дошта метавонем, ки ҳангоми омадани Исо мукофоти худро хоҳем гирифт (Мат. 25:21, 23, 34).

^ сарх. 3 Кӣ будани ғуломи мӯътамад дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июли с. 2013 [bw-536], саҳ. 21, 22, сарх. 8–10 фаҳмонда шудааст. Дар бораи кӣ будани даҳ бокира дар яке аз мақолаҳои маҷаллае ки дар даст дорем, маълумот дода шудааст. Масал дар бораи гӯсфандон ва бузҳо дар мақолаи навбатии ҳамин маҷалла ва «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 октябри с. 1995, саҳ. 23–28 фаҳмонда шудааст.

^ сарх. 5 Дар рӯзҳои Исо қимати як талант ба 6000 динор баробар буд. Коргари оддӣ, ки дар як рӯз тахминан як динор кор мекард, барои ин пулро кор кардан бояд 20 сол меҳнат мекард.

^ сарх. 8 Чанде пас аз марги ҳаввориён осият дар тамоми ҷамъомадҳо паҳн шуд. Дар давоми асрҳои зиёд қариб ҳеҷ кас бо кори мавъиза ва шогирдсозӣ машғул набуд. Лекин вазъият дар мавсими дарав, яъне охирзамон дигар шуд (Мат. 13:24–30, 36–43). Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июли соли 2013 [bw-536] саҳ. 9–12 нигаред.

^ сарх. 15 Ба сархати 13-и мақолаи «Оё шумо ҳушёру бедор ҳастед?»-и ҳамин маҷалла нигаред.