Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

АЗ ХАЗИНАИ МО

Ӯ дид, ки ошхона пур аз муҳаббат буд

Ӯ дид, ки ошхона пур аз муҳаббат буд

ВАҚТЕ мо дар анҷуманҳо дар сари мизи Яҳува ҷамъ мешавем, мо аз ин шодии зиёде мегирем. Дар ин зиёфати рӯҳонӣ хӯроки аслӣ низ шодии иловагӣ медиҳад.

Сентябри соли 1919 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар Сидар-Пойнт (Оҳаё, ИМА) анҷумани ҳаштрӯза гузарониданд. Меҳмонхонаҳо бояд барои ташрифовардагон ҷойи зист фароҳам меоварданд, лекин ин дафъа одамон аз ҳарвақта бештар омаданд. Пешхизматҳо одамони бисёрро дида маҷбур шуданд, ки ба муддати кӯтоҳе корро бас кунанд. Нозири ошхона хавотир шуда аз ҳозирон пурсид, ки оё ягон кас кӯмак карда метавонад ё не. Воизони бисёр бо омодагӣ розӣ шуданд. Сэди Грин, ки яке аз онҳо буд, ба хотир меорад: «Ин бори аввал буд, ки ман пешхизмат шуда кор кардам ва ин ба ман хеле маъқул шуд».

Серра-Леоне (соли 1982)

Соли дигар ба туфайли чорабиниҳои махсус ихтиёриёни зиёд имконият пайдо карданд, ки ба бародару хоҳарони худ хизмат кунанд. Ҳамчунин баъзе ҷавонон бо ҳамимонон ҳамкорӣ карда дар пеши худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоштанд. Глэдис Болтон яке аз онҳое буд, ки дар анҷумани соли 1937 дар ошхона хизмат карда буд. Ӯ нақл мекунад: «Дар он ҷо ман одамонро аз ҷойҳои гуногун вомехӯрдам ва мешунидам, ки чӣ тавр онҳо бо душвориҳояшон мубориза мебаранд. Маҳз дар ҳамон вақт ман дар пеши худ мақсад гузоштам, ки пешрав мешавам».

Беула Кове, ки дар он анҷуманҳо иштирок карда буд, чунин мегӯяд: «Коргарон бо ҷидду ҷаҳд мисли ақрабаки соат беист кор мекарданд». Лекин ин кор душвориҳои худро дошт. Анҷелу Манера — яке аз ташрифовардагон ба анҷумани соли 1969 дар Лос-Анҷелес (Калифорния) мегӯяд, ки танҳо баъд аз омаданаш фаҳмид, ки барои кӯмак кардан дар ошхона таъин шудааст. Ӯ мегӯяд, ки вақте аз ин хабардор шуд, ҳуш аз сараш канд. Кор дар ошхона меҳнати зиёдро талаб мекард. Масалан, барои бо газ таъмин кардани ошхона 0,4 км роҳи зеризаминӣ канданд.

Франкфурт (соли 1951)

Дар Серра-Леоне соли 1982 бародарони заҳматкаш аввал ҷойро барои ошхона тоза намуда, баъд аз маҳсулоти ба онҳо дастрас ошхона месохтанд. Дар Франкфурт (Олмон) соли 1951 бародарони зирак локомотивро иҷора гирифтанд, ки он 40-то дегро бо буғ таъмин мекард. Дар як соат барои 30 000 нафар хӯрок оварда мешуд. Барои осон кардани кори 576 коргар ташрифоварандагон ҳамроҳи худ қошуқу вилка меоварданд. Дар Янгон (Мянма) ошпазони бофаҳм ба хӯроке ки барои ташрифоварандагони дигар мамлакатҳо тайёр мешуд, ба хӯрок камта́р тезӣ меандохтанд.

«ОНҲО РОСТ ИСТОДА ХӮРОК МЕХӮРДАНД»

Соли 1950 вақте хоҳарамон Ани Поггензи дар офтоби сӯзон барои гирифтани хӯрок дар навбат рост меистод, шоҳиди як гуфтугӯе шуд, ки ба ӯ таъсир расонд. Ӯ мегӯяд: «Диққати маро сӯҳбати ду хоҳаре ки аз Аврупо ба воситаи киштӣ омада буданд, ҷалб кард». Ҳар яки ин хоҳарон нақл мекарданд, ки чӣ тавр Яҳува ба онҳо барои ба ин анҷуман омаданашон кӯмак кардааст. Ӯ аз шунидани сӯҳбати хоҳарон хеле рӯҳбаланд шуд. Ани давом медиҳад: «Шунидан баробар кас фикр мекард, ки аз он хоҳарон хушбахттар касе нест. Онҳо ба интизории дурударози навбат ва гармии ҳаво аҳамияте намедоданд».

Сеул (соли 1963)

Дар баъзе анҷуманҳои калон дар ошхонаҳои калони хаймамонанд мизҳои бекурсӣ қатор-қатор ҷойгир буданд. Ин барои он карда шуда буд, то ки ташрифовардагон зудтар хӯрокашонро хӯрда барои дигарон мизҳоро холӣ кунанд. Танҳо бо ин роҳ ҳазорон нафарро сер кардан мумкин буд. Як марде ки Шоҳиди Яҳува набуд, инро дида чунин гуфт: «Ин чӣ дини аҷоиб будааст, ки пайравонаш рост истода хӯрок мехӯранд».

Ҳам шаҳрвандон ва ҳам роҳбарони ҳарбӣ аз дидани чунин тартибу интизом сахт ҳайрон мешуданд. Баъди дидани ошхонаи мо дар стадиони Янки, Ню-Йорк коргарони қӯшунҳои Иёлоти Муттаҳида Майор Фолкнерро аз Шӯъбаи ҳарбии Бритониё водор карданд, ки омада он ҷоро худаш нағзакак аз назар гузаронад. Ва ӯ ҳамин тавр ҳам кард. Соли 1955 ӯ ҳамроҳи занаш ба Твикенҳами Англия, ба анҷумани «Салтанати пирӯз» ташриф овард. Ӯ гуфт, ки ба назараш чунин намуд, ки ошхонаи онҳо пур аз муҳаббат аст.

Солҳои дароз коргарони бо ҷидду ҷаҳд касонеро ки ба анҷуманҳо ташриф меоварданд, бо хӯроки серғизову на он қадар қимат сер мекарданд. Азбаски ин кор вақту қуввати зиёдро талаб мекард, бисёр вақт, қисми зиёди коргарон соатҳои дароз кор карда, ба ягон қисм ва ё ҳатто тамоми барнома ташриф оварда наметавонистанд. Аз соли 1970 сар карда дар бисёр ҷойҳо чорабиниҳои бо хӯрок алоқаманд сода карда шуданд. Баъд аз соли 1995 аз ҳамаи ташрифоварандагон хоҳиш карда мешуд, ки хӯрокашонро ҳамроҳи худ оранд. Ба туфайли ин касоне ки хӯрок тайёр мекарданд ва онро ба пеши одамон меоварданд, акнун метавонистанд аз барномаи рӯҳонӣ ва муошират бо бародарону хоҳарон ҳаловат баранд *.

Бешубҳа, Яҳува меҳнати онҳоеро ки барои ҳамимонони худ ин қадар кор мекарданд, қадр мекунад. Шояд баъзеҳо он рӯзҳо ва ошхонаро ёд кунанд. Лекин чизи асосии анҷуманҳои мо то ҳол боқӣ мондааст, ки он муҳаббат аст (Юҳ. 13:34, 35).

^ сарх. 12 Албатта, дар рӯзҳои мо низ имконият барои чун коргари ихтиёрӣ дар шӯъбаҳои дигар кӯмак кардан боқӣ мондааст.