Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Масеҳ қуввати Худост

Масеҳ қуввати Худост

«Ӯ қуввати... Худост» (1 ҚӮР. 1:24).

1. Чаро Павлус гуфт, ки Масеҳ «қуввати... Худост»?

ЯҲУВА қувваташро борҳои зиёд ба воситаи Исо бо тарзҳои ғайриоддӣ нишон дод. Дар чор китоби Инҷил дар бораи баъзе аз мӯъҷизаҳои Исо нақл карда шудааст. Дар асл, ӯ аз ин ҳам мӯъҷизаҳои зиёдтаре ба амал овардааст. Бо онҳо шинос шуда мо имони худро қавӣ мегардонем (Мат. 9:35; Луқ. 9:11). Ҳақиқатан ҳам, Яҳува ба Исо қудрати бузурге дода буд. Аз ин рӯ Павлуси ҳавворӣ гуфта буд: «Ӯ қуввати... Худост» (1 Қӯр. 1:24). Ин мӯъҷизаҳо ба ҳаёти мо чӣ гуна таъсир мекунанд?

2. Мо аз мӯъҷизаи Исо чӣ мефаҳмем?

Петруси ҳавворӣ гуфта буд, ки Исо мӯъҷизаҳо ба амал меовард (Аъм. 2:22). Мо аз ин мӯъҷизаҳо чӣ мефаҳмем? Онҳо нишон медиҳанд, ки Исо дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи худ чӣ кор хоҳад кард. Дар он вақт аз мӯъҷизаҳои ӯ тамоми замин баҳра хоҳад бурд. Ҳамчунин аз ин мӯъҷизаҳо мо дар бораи шахсияти Исо ва Падари ӯ чизҳои зиёдеро мефаҳмем. Биёед се мӯъҷизаи Исоро дида бароем ва бинем, ки онҳо ба ҳаёти имрӯза ва ояндаи мо чӣ гуна таъсир расонда метавонанд.

МӮЪҶИЗАЕ КИ САХОВАТМАНД БУДАНРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД

3. а) Чаро Исо мӯъҷизаи аввалини худро ба амал овард? б) Чӣ тавр Исо дар шаҳри Қоно саховатмандӣ зоҳир кард?

3 Ҳангоми тӯй дар шаҳри Қонои Ҷалил Исо мӯъҷизаи аввалини худро ба амал овард. Шояд ба тӯй шумораи аз ҳад зиёди меҳмонон ташриф оварда буданд. Аз кадом сабаб ки набошад, шароб тамом шуд. Дар байни меҳмонон модари Исо — Марям низ буд. Дар муддати солҳо Марям, бешубҳа, дар бораи тамоми нубувватҳое ки бо писараш алоқаманд буданд, фикр мекард ва медонист, ки ӯ «Писари Ҳаққи Таоло» хонда хоҳад шуд (Луқ. 1:30–32; 2:52). Оё Марям боварӣ дошт, ки Исо ягон мӯъҷиза ба амал оварда метавонад? Мо инро аниқ намедонем. Ҳаминаш ба мо маълум аст, ки ҳам Марям ва ҳам Исо ба домоду арӯс раҳмашон омад ва хостанд ба онҳо кӯмак кунанд. Исо медонист, ки меҳмонд орӣ қарзи ҳар як соҳибхона аст ва аз он обрӯи хонадон вобаста аст. Барои ҳамин ӯ намехост, ки соҳибони тӯй хиҷил шаванд. Аз ин рӯ Исо 380 литр обро ба «шароби хуб» табдил дод. (Юҳанно 2:3, 6–11-ро бихонед.) Оё Исо вазифадор буд, ки ин мӯъҷизаро ба амал орад? Не. Сабаб дар он буд, ки ӯ ба онҳо раҳмаш омад ва ба Падари осмонии худ пайравӣ карда саховатмандӣ зоҳир кард.

4, 5. а) Мо аз мӯъҷизаи аввалини Исо чӣ мефаҳмем? б) Мӯъҷизае ки Исо дар Қоно ба амал овард, дар бораи зиндагӣ дар дунёи нав чиро нишон медиҳад?

4 Обе ки Исо ба шароб табдил дод, чунон зиёд буд, ки ба ҳама меҳмонон расид. Мо аз ин мӯъҷиза чӣ мефаҳмем? Исо ва Яҳува хасис нестанд, балки хеле саховатманд мебошанд. Ин мӯъҷиза нишон медиҳад, ки Исо ва Падари ӯ дар бораи ҳиссиёти одамон фикр мекунанд. Тасаввур кунед, ки чӣ тавр Яҳува дар дунёи нав барои «ҳамаи қавмон» ба таври фаровон хӯрду хӯрок медиҳад. (Ишаъё 25:6-ро бихонед.)

5 Танҳо тасаввур кунед! Ба қарибӣ Яҳува ба мо чизҳоеро ки мо ба онҳо дар ҳақиқат ниёз дорем, медиҳад. Он гоҳ ҳар як инсон соҳиби хонаву дар ва хӯроки фаровон мешавад. Бигзор ҳар яки мо бесаброна интизори он замон бошем, ки аз баракатҳои беҳисоби Яҳува дар Биҳишти рӯи замин баҳра гирем.

Ҳангоме ки мо вақти худро барои кӯмак ба дигарон дареғ намедорем, мо ба саховатмандии Исо пайравӣ карда метавонем (Ба сархати 6 нигаред.)

6. Исо қувваи худро барои кӣ истифода мебурд ва чӣ тавр мо дар ин ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

6 Ҷолиби диққат аст, ки вақте Шайтон Исоро васваса кард, ки ӯ сангҳоро ба нон табдил диҳад, Исо розӣ нашуд. Исо ҳеҷ гоҳ қувваи худододашро барои қонеъ кардани хоҳишҳои худ истифода намебурд (Мат. 4:2–4). Лекин барои дигарон бошад, ӯ бо омодагӣ қувваташро ба кор мебурд. Чӣ тавр мо ба рӯҳияи ӯ пайравӣ карда метавонем? Худи Исо моро даъват мекунад: «Бидиҳед» (Луқ. 6:38). Масалан, шумо метавонед дигаронро ба меҳмонӣ таклиф кунед. Шояд ягон бародар баромад дорад ва онро машқ кардан мехоҳад. Агар лозим бошад, шумо метавонистед баъди вохӯрӣ нишаста гӯш кунед, ки чӣ тавр ӯ нутқашро машқ мекунад. Ё шояд ба ягон кас, ки ба кӯмак дар мавъиза мӯҳтоҷ аст, ёрии амалӣ расонед. Агар мо алоқадри қувват ба дигарон аз ҷиҳати моддӣ ва рӯҳонӣ кӯмак кунем, ба саховатмандии Исо пайравӣ мекунем.

«ҲАМА ХӮРДАНДУ СЕР ШУДАНД»

7. Дар ин ҷаҳони Шайтон аз чӣ ҷои гурез нест?

7 Камбағалон ҳама вақт буданд. Яҳува ба халқи Исроил гуфта буд, ки камбағалон ҳамеша дар байни онҳо хоҳанд буд (Такр. Ш. 15:11). Асрҳо пас Исо гуфт: «Мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд» (Мат. 26:11). Оё Исо гуфтанӣ буд, ки дар рӯи замин камбағалӣ ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад? Не, Исо дар назар дошт, ки то даме ин ҷаҳони нопоку шарир вуҷуд дорад, камбағалон низ хоҳанд буд. Лекин дар дунёи наве ки дар пеш аст, вазъият тамоман дигар хел мешавад. Дар он вақт камбағалӣ дигар намешавад ва ҳама аз сериву пурӣ баҳра мебаранд!

8, 9. а) Барои чӣ Исо ҳазорҳо одамонро сер кард? б) Ин воқеа дар шумо чӣ гуна ҳиссиётро бедор мекунад?

8 Забурнавис дар бораи Яҳува гуфта буд: «Дасти Худро мекушоӣ ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунӣ» (Заб. 144:16). Вақте Исо дар рӯи замин буд, ӯ ба таври комил ба Падараш пайравӣ мекард ва бисёр вақт нисбати ниёзҳои дигарон ғамхорӣ менамуд. Ӯ ин корро фақат барои нишон додани қувваташ намекард. Ӯ ғами одамонро мехӯрд ва дилаш ба онҳо месӯхт. Биёед воқеаи дар Матто 14:14–21 навишташударо дида мебароем. (Оятро хонед.) Боре одамони бисёр аз шаҳрҳои дигар омада, аз паи Исо рафтанд (Мат. 14:13). Бегоҳии он рӯз шогирдони Исо хавотир шуданд, ки одамон хаставу гуруснаанд. Барои ҳамин онҳо аз Исо хоҳиш карданд, ки одамонро ҷавоб диҳад, то ки рафта барои худашон хӯрок харанд. Исо чӣ кор кард?

9 Исо бо панҷ бурдаи нон ва ду моҳӣ зиёда аз панҷ ҳазор мардон ва зану кӯдаки бисёреро сер кард. Барои чӣ ӯ ин мӯъҷизаро ба амал овард? Барои он ки ӯ одамонро дӯст медошт ва ғами онҳоро мехӯрд. Исо ба ҳамаи онҳо ба таври кофӣ хӯрок дод. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки он рӯз «ҳама хӯрданду сер шуданд». Ин хӯрок ба онҳо қувват бахшид ва онҳо роҳи дурударозро тай карда, ба хонаҳои худ баргаштанд (Луқ. 9:10–17). Вақте ки ҳама сер шуданд, дувоздаҳ сабад хӯрок боқӣ монд!

10. Ба наздикӣ бо қашшоқӣ чӣ рӯй медиҳад?

10 Имрӯз аз сабаби чашмгуруснагии ҳокимиятдорони ришвахӯр миллионҳо нафар дар қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳатто баъзе бародару хоҳарони мо низ ба серӣ хӯрок намехӯранд. Ба наздикӣ ҳокимияти адолатпарвари Худо порахӯрӣ ва қашшоқиро аз байн мебарад. Агар аз дастатон меомад, магар шумо эҳтиёҷоти инсонҳоро қонеъ намекардед? Худои Қодир барои қонеъ кардани ниёзҳои одамон ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Ва ба қарибӣ Ӯ ин корро хоҳад кард! (Забур 71:16-ро бихонед.)

11. Чаро шумо дилпуред, ки Масеҳ ба қарибӣ қувваташро бар манфиати одамизод истифода мебарад ва ин шуморо ба чӣ бармеангезад?

11 Вақте Исо дар рӯи замин буд, ӯ дар маҳалли хурде танҳо дар муддати сею ним сол хизмат кард (Мат. 15:24). Лекин вақте ки ӯ Подшоҳ мешавад, бар тамоми замин ҳукмронӣ мекунад (Заб. 71:8). Мӯъҷизаҳои Исо моро боварӣ мебахшанд, ки ӯ хоҳиши сахт дорад, то қувват ва қудрати худро бар манфиати инсоният истифода барад. Ҳарчанд мо мисли Исо мӯъҷиза карда наметавонем, як чиз аз дастамон меояд. Мо метавонем диққати одамонро ба пешгӯиҳои Каломи Худо равона кунем ва фаҳмонем, ки моро ояндаи олиҷанобе интизор аст. Чун хизматгорони Яҳува мо вазифадорем, ки ба одамон дар бораи ин хушхабар гап занем (Рум. 1:14, 15). Вақте ки мо дар бораи он фикр мекунем, ки ҳукмронии Исо ба наздикӣ чӣ баракатҳо меорад, мо барангехта мешавем, ки дар ин бора ба дигарон нақл кунем (Заб. 44:2; 48:4).

ЯҲУВА ВА ИСО БАР ҚУВВАҲОИ ТАБИАТ ҚУДРАТ ДОРАНД

12. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Исо бо муҳити замин хуб шинос аст?

12 Вақте Худо замин ва чизҳои дар он бударо офарид, Исо ба Ӯ кӯмак мекард (Мас. 8:22, 30, 31; Қӯл. 1:15–17). Аз ин рӯ Исо муҳити заминро хуб медонад. Ӯ медонад, ки чӣ тавр боигарии заминро ба тарзи дурусту одилона истифода барад ва тақсим кунад.

Оне ки Исо қуввати худро бо кадом мақсад истифода мебурд, ба шумо чӣ гуна таъсир мекунад? (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.)

13, 14. Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр Исо қудрати бузург дорад.

13 Вақте ки Исо дар рӯи замин буд, вай қувваҳои табиатро идора мекард ва ҳамин тавр нишон медод, ки ӯ «қуввати... Худост». Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр Исо тундбоди шадидро идора кард. (Марқӯс 4:37–39-ро бихонед.) Як олими Китоби Муқаддас мегӯяд, ки калимаи юнонии «тундбод», ки дар Марқӯс 4:37 омадааст, ҳамчун боди шадид ва ё тӯфон маънидод карда мешавад. Ҳангоми тундбод на танҳо боди шадид мевазад, балки раъду барқ ба амал меояд ва борон меборад. Тундбод чунон сахт аст, ки ҳама чизро чаппаву роста мекунад.

14 Ҳолати зеринро тасаввур кунед: Исо дар давоми рӯз хеле хаста шудааст. Баҳри ноором мавҷҳои худро ба киштӣ мезад ва ба даруни он об мепошид. Лекин ба калавидани киштӣ ва садои тӯфон нигоҳ накарда Исо аз хоб бедор намешавад. Тани хастаи ӯ ба истироҳат ниёз дорад. Шогирдон аз тарс Исоро бедор карда мегӯянд: «[Мо] ҳалок мешавем»! (Мат. 8:25). Исо дар ин ҳолат чӣ кор кард? Вай аз ҷояш хеста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав ва ором бош»! (Марқ. 4:39). Тӯфон хомӯш шуд ва «оромии том барқарор гардид». Ин мисол нишон медиҳад, ки Исо дорои қувваи бузург мебошад ва ӯ қувваҳои табиатро идора карда метавонад.

15. Мо аз куҷо медонем, ки Худои Қодир қувваҳои табиатро идора карда метавонад?

15 Кӣ ба Исо чунин қудрати бузургро ато карда буд? Яҳува. Барои ҳамин мо боварӣ дошта метавонем, ки Худои Қодир қувваҳои табиатро идора карда метавонад. Биёед якчанд мисолро аз гузашта ба хотир меорем. Масалан, пеш аз Тӯфон Яҳува гуфт: «Баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам» (Ҳас. 7:4). Ҳамчунин дар Хуруҷ 14:21 мо мехонем: «Худованд баҳрро бо боди шарқии сахте... ба ҳаракат даровард». Дар Юнус 1:4 навишта шудааст: «Худованд боди тунде бар баҳр бархезонд ва тӯфони бузурге дар баҳр ба амал омад ва киштӣ ба шикастан наздик буд». Донистани он ки ояндаи мо дар дасти чунин Худои пурқудрат аст, моро хотирҷамъ ва дилпур мекунад.

16. Чаро донистани он ки Яҳува ва Исо бар қувваҳои табиат қудрат доранд, тасаллибахш аст?

16 То чӣ андоза рӯҳбаландкунанда аст донистани он ки Яҳува ва Исо бар қувваҳои табиат қудрат доранд! Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ одамон дар бехатарӣ зиндагӣ мекунанд. Офатҳои табиӣ дигар ба амал нахоҳанд омад. Дигар лозим намешавад, ки мо аз тӯфон, сунами, вулқонҳо ё заминҷунбиҳо дар тарс бошем. Танҳо тасаввур кунед, ки он замон қувваҳои табиат дигар ба ҳеҷ кас зарар намерасонанд, чунки «хаймаи Худо бо одамон» хоҳад буд! (Ваҳй 21:3, 4). Мо метавонем дилпур бошем, ки Яҳува ба Исо қудрат додааст, ки дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолааш қувваҳои табиатро идора кунад.

АЗ ҲОЗИР БА ХУДО ВА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

17. Як роҳи худи ҳозир ба Худо ва ба Масеҳ пайравӣ кардан кадом аст?

17 Албатта, мо пеши роҳи офатҳои табииро гирифта наметавонем. Танҳо Яҳува ва Исо ба ин кор қодиранд. Лекин ба ҳар ҳол як чиз аз дастамон меояд. Дар ин бора дар Масалҳо 3:27 навишта шудааст. (Оятро хонед.) Вақте бародарони мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, мо аз ҷиҳати моддӣ, эмотсионалӣ ва рӯҳонӣ кӯмак расонида метавонем (Мас. 17:17). Масалан, баъди рӯй додани ягон офати табиӣ мо ба бародару хоҳарони ҷабрдида дасти ёрӣ дароз карда метавонем. Як хоҳари бевазане мегӯяд: «Ман аз ташкилоти Яҳува бениҳоят миннатдорам. Бародарон ба ман на танҳо аз ҷиҳати моддӣ, балки аз ҷиҳати рӯҳонӣ низ кӯмак карданд». Хонаи хоҳари муҷарраде дар натиҷаи офати табиӣ зарар дида буд. Ӯ аз ин рӯҳафтода буд ва ба назараш чунин менамуд, ки ягон умеде нест. Лекин вақте ҳамимонон ба хоҳарамон кӯмак расониданд, ӯ аз ин хурсанд шуд. Ӯ мегӯяд: «Ман ҳатто тасвир карда наметавонам, ки то чӣ андоза хурсандам... Раҳмат, Яҳува!» Мо хеле шодем, ки бародару хоҳаронамон нисбати ниёзҳои дигарон ғамхорӣ мекунанд. Ҳамчунин мо миннатдорем, ки Яҳува ва Исо ғами моро мехӯранд.

18. Исо аз кадом сабаб мӯъҷиза ба амал меовард?

18 Дар давоми хизмати заминиаш Исо нишон дод, ки ӯ «қуввати... Худост». Лекин Исо бо кадом сабаб мӯъҷиза ба амал меовард? Албатта, ӯ қувваи худро барои худнамоӣ ё манфиати худ истифода намебурд. Баръакс, бо ин роҳ ӯ муҳаббати худро нисбати одамон нишон дод. Инро мо дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.