Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар бораи муҳаббати пойдори Яҳува мулоҳиза ронед

Дар бораи муҳаббати пойдори Яҳува мулоҳиза ронед

«Дар бораи корномаҳои Ту фикру хаёл хоҳам кард» (ЗАБ. 76:13).

СУРУДҲО: 18, 29

1, 2. а) Чаро шумо дилпуред, ки Яҳува халқашро дӯст медорад? б) Одамон ба чӣ ниёз доранд?

ЧАРО шумо боварӣ доред, ки Яҳува халқи худро дӯст медорад? Пеш аз он ки ба ин савол ҷавоб диҳед, ба якчанд воқеа аз ҳаёти ҳамимононамон назар кунед. Тӯли якчанд сол аъзоёни ҷамъомад ба хоҳарамон Талин доимо мегуфтанд, ки нисбати худ ин қадар серталаб набошад. Ӯ мегӯяд: «Агар Яҳува маро дӯст намедошт, Ӯ гаштаву баргашта ба ман чунин маслиҳат намедод». Бриҷит, ки баъд аз марги шавҳараш ду фарзандро танҳо калон кардааст, чунин мегӯяд: «Тарбияи кӯдак дар ин дунёи Шайтон хеле душвор аст, хусусан барои модари танҳо. Лекин ман аз муҳаббати Яҳува дилпурам, чунки ҳар вақте бо оҳу нола аз Ӯ кӯмак мепурсидам, Ӯ ба ман дасти ёрӣ дароз мекард ва намегузошт, ки берун аз қувват озмуда шавам» (1 Қӯр. 10:13). Хоҳари дигаре бо номи Сандра гирифтори бемории табобатнашаванда мебошад. Дар як анҷуман хоҳаре ба ӯ таваҷҷӯҳи шахсӣ нишон дод. Шавҳари Сандра мегӯяд: «Ҳарчанд мо бо ин хоҳар шинос набудем, аз ғамхории самимии ӯ диламон аз хурсандӣ лабрез шуд. Хоҳару бародаронамон ҳатто бо андак таваҷҷӯҳашон метавонанд нишон диҳанд, ки Яҳува моро чӣ қадар дӯст медорад».

2 Одам тавре офарида шудааст, ки муҳаббат зоҳир кунад ва ҳамчунин ӯ худаш ба муҳаббат ниёз дорад. Лекин баъзан аз сабаби беморӣ, душвориҳои пулӣ ё надидани натиҷаи меҳнати худ дар хизмат мо метавонем рӯҳафтода шавем. Агар ягон вақт дар сарамон чунин фикр пайдо шавад, ки Яҳува дигар моро дӯст намедорад, биёед дар хотир дорем, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ аз мо дур нест. Худо гӯё аз дасти рости мо гирифта ба мо кӯмак мекунад, ки душвориҳоро паси сар кунем. Агар мо ба Яҳува вафодор монем, Ӯ ҳаргиз моро фаромӯш намекунад (Иш. 41:13; 49:15).

3. Чӣ моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува моро дӯст медорад?

3 Хоҳару бародароне ки дар боло суханонашонро овардем, боварӣ доранд, ки Худо дар лаҳзаҳои душвори ҳаёташон онҳоро дастгирӣ мекард. Мо низ дилпур буда метавонем, ки Ӯ бо мост (Заб. 117:6, 7). Дар ин мақола мо чор чизеро дида мебароем, ки аз муҳаббати Яҳува шаҳодат медиҳанд: 1) офаридаҳои Ӯ, 2) Каломи Ӯ, 3) дуо ва 4) қурбонии фидия. Мулоҳиза дар бораи ин атоҳои Яҳува миннатдории моро нисбати муҳаббати пойдори Ӯ зиёдтар мегардонад. (Забур 76:12, 13-ро бихонед.)

ДАР БОРАИ ОФАРИДАҲОИ ЯҲУВА МУЛОҲИЗА РОНЕД

4. Аз офаридаҳои Яҳува мо дар бораи Ӯ чӣ мефаҳмем?

4 Оё дар офаридаҳои Яҳува муҳаббати Ӯро дидан мумкин аст? Албатта, зеро ҳама офаридаҳояш аз муҳаббати Ӯ шаҳодат медиҳанд (Рум. 1:20). Масалан, Яҳува заминро тавре сохтааст, ки мо на танҳо зинда монем, балки аз зиндагӣ лаззат барем. Бале, барои зинда мондан мо бояд хӯрок хӯрем, лекин Яҳува ба мо чунон хӯрданиҳои бомазза ва гуногун ато кардааст, то ки мо аз хӯрдан ҳаловат барем (Воиз 9:7). Як хоҳарамон аз Канада, ки Катрин ном дорад, дар фасли фараҳбахши баҳор аз мушоҳида кардани офаридаҳои Худо хурсандӣ мегирад. Ӯ мегӯяд: «Дидани он ки ҳангоми баҳор ҳама чиз гӯё аз рӯи барнома ба амал меояд, маро ба ҳайрат меорад: гулҳо мешукуфанд, паррандагон ба макони худ бармегарданд». Хоҳарамон дар қафои ошхонааш барои паррандагон дон мегузорад. Паррандаи хурде, ки калибри ном дорад, баҳорон ба назди хонаи хоҳарамон бармегардад. Катрин ба чунин хулоса меояд: «Ин атоҳои олиҷаноби Яҳува нишон медиҳанд, ки Ӯ моро хеле дӯст медорад». Падари осмонии мо офаридаҳои худро дӯст медорад ва мехоҳад, ки мо низ аз мушоҳидаи онҳо ҳаловат гирем (Аъм. 14:16, 17).

5. Чӣ тавр муҳаббати Яҳува дар тарзи офарида шудани одамизод аён аст?

5 Яҳува моро тавре офаридааст, ки мо метавонем бо кори самараноке машғул шавем ва аз он хурсандӣ гирем (Воиз 2:24). Ӯ ният дошт, ки одамизод заминро пур созад, онро нигоҳубин кунад ва бар моҳиёни баҳр, паррандагон ва дигар ҷонварон ҳукм ронад (Ҳас. 1:26–28). Ҳамчунин Худо моро бо қобилияти ба Ӯ пайравӣ кардан офаридааст (Эфс. 5:1).

КАЛОМИ ХУДО ПУРАРЗИШ АСТ

6. Чаро мо бояд барои Каломи Худо миннатдор бошем?

6 Аз муҳаббати бузургаш Яҳува ба мо Китоби Муқаддасро дод. Аз он мо дар бораи Худо ва муносибати Ӯ бо одамон мефаҳмем. Масалан, дар Навиштаҳо дар бораи он гуфта шудааст, ки Яҳува нисбати исроилиёни саркаш чӣ гуна муносибат мекард. Дар Забур 77:38 мо мехонем: «Ӯ, ки раҳим аст, гуноҳашонро кафорат намуда, онҳоро нест намекард, балки борҳо қаҳри Худро боздошта, тамоми ғазаби Худро барнаангехтааст». Мулоҳиза оиди ин оятҳо кӯмак мекунад, то бифаҳмед, ки Яҳува шуморо дӯст медорад ва ғами шуморо мехӯрад. Бале, Яҳува ҳар яки моро бениҳоят дӯст медорад. (1 Петрус 5:6, 7-ро бихонед.)

7. Чаро мо бояд Китоби Муқаддасро қадр кунем?

7 Мо бояд Китоби Муқаддасро қадр кунем, чунки маҳз ба воситаи он Худо бо мо гап мезанад. Вақте волидон бо фарзандашон гарму ошкоро муошират мекунанд, ин муносибати онҳоро мустаҳкамтар ва бовариашонро нисбати якдигар зиёдтар мегардонад. Яҳува Падари меҳрубони мо аст. Ҳарчанд мо ҳеҷ гоҳ Ӯро надидаем ва овозашро нашунидаем, Ӯ ба воситаи Каломаш бо мо гап мезанад. Барои овозашро шунидан мо бояд бодиққат Ӯро гӯш кунем (Иш. 30:20, 21). Яҳува мехоҳад, ки моро роҳнамоӣ ва муҳофизат кунад. Худо моро даъват мекунад, ки ба Ӯ такя кунем. (Забур 18:8–12 ва Масалҳо 1:33-ро бихонед.)

Ҳарчанд Еҳу Еҳӯшофотро сарзаниш кард, Яҳува дар Еҳӯшофот чизҳои хубро дид (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред)

8, 9. Мо бояд дар бораи Яҳува чиро донем? Аз Китоби Муқаддас мисол оред.

8 Яҳува мехоҳад, то мо донем, ки Ӯ моро чӣ қадар дӯст медорад. Ӯ доимо дар мо ягон чизи хуб мекобад, барои ҳамин на танҳо хатоҳову нокомилиамонро мебинад (2 Вақ. 16:9). Биёед бинем, ки чӣ тавр Яҳува бо Еҳӯшофот — подшоҳи Яҳудо муносибат кард. Боре ӯ бехирадӣ карда ҳамроҳи подшоҳи Исроил ба Ромӯт-Ҷилъод барои бар зидди арамиён ҷанг кардан рафт. Чорсад пайғамбари бардурӯғ гаштаву баргашта ба Аҳъоб мегуфтанд, ки ӯ ҳатман ғалаба мекунад. Аммо пайғамбари ҳақиқии Яҳува — Микойҳу пешгӯӣ кард, ки ӯ дар ин ҷанг шикаст мехӯрад. Аҳъоб дар ҷанг ҳалок шуд. Еҳӯшофот бошад, қариб буд, ки кушта шавад, лекин ҷон ба саломат бурд. Вақте ки ӯ ба Ерусалим баргашт, Яҳува ба воситаи пайғамбар Еҳу Еҳӯшофотро сарзаниш кард. Сипас ӯ гуфт: «Аммо дар ту аъмоли нек низ ёфт шудааст» (2 Вақ. 18:4, 5, 18–22, 33, 34; 19:1–3).

9 Чандин сол пеш аз ин воқеа Еҳӯшофот ба сарварон, левизодагон ва коҳинон амр дода буд, ки тамоми шаҳрҳои Яҳудоро гашта Қонуни Яҳуваро ба одамон таълим диҳанд. Ин чунон амали самаранок буд, ки ҳатто халқҳои ҳамсоя аз Яҳува тарс пайдо карданд (2 Вақ. 17:3–10). Бале, Еҳӯшофот кори бехирадона кард, лекин Яҳува корҳои некашро фаромӯш нанамуд. Ин воқеа хеле рӯҳбаландкунанда аст, чунки ҳамаи мо хато мекунем. Лекин, агар мо аз таҳти дил ба Яҳува хизмат кунем, Ӯ корҳои хубамонро фаромӯш намесозад ва ҳеҷ гоҳ аз мо рӯ намегардонад.

ИМКОНИЯТИ ДУО ГУФТАНРО ҚАДР КУНЕД

10, 11. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки дуо атои бебаҳоест аз ҷониби Яҳува? б) Яҳува бо кадом роҳҳо ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

10 Вақте фарзанд бо падараш сӯҳбат кардан мехоҳад, падари меҳрубон барои вай вақт ҷудо мекунад. Падар мехоҳад, ки аз ғаму ташвиши фарзандаш бохабар бошад, чунки ғами ӯро мехӯрад. Дар бораи Падари осмониамон ҳам чунин гуфтан мумкин аст. Вақте ба Яҳува дуо мегӯем, Ӯ моро гӯш мекунад. Сӯҳбат кардан бо Падари осмониамон бароямон имконияти пуршараф аст!

11 Мо метавонем озодона дар ҳар вақту соат ба Яҳува дуо гӯем. Ӯ Дӯсти мост ва барои гӯш кардани дуоҳоямон ҳамеша тайёр аст. Талин, ки дар боло дар борааш гап задем, мегӯяд: «Мо бо Ӯ дар бораи чизе ки хоҳем, гап зада метавонем». Вақте мо ба Яҳува диламонро холӣ мекунем, Ӯ ба мо ба воситаи ягон порча ё ояти Китоби Муқаддас, маҷалла ва ё ягон сухани рӯҳбаландкунандаи бародар ё хоҳар ҷавоб дода метавонад. Яҳува моро мешунавад ва ҳатто агар ягон кас дарди дили моро нафаҳмад ҳам, Ӯ мефаҳмад. Ба дуоҳои мо ҷавоб дода Яҳува нишон медиҳад, ки Ӯ нисбати мо муҳаббати пойдор дорад.

12. Чаро дида баромадани дуоҳое ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, бароямон фоиданок аст? Мисол оред.

12 Аз дуоҳое ки дар Каломи Худо навишта шудаанд, мо чизҳои зиёдеро омӯхта метавонем. Хуб мебуд, ки баъзан дар ибодати оилавӣ ин дуоҳоро дида бароем. Дида баромадани он ки чӣ тавр ходимони Худо дар замонҳои пеш дилашонро ба Яҳува холӣ мекарданд, ба мо фоида меорад. Бо дуоҳои онҳо шинос шуда мо сифати дуоҳоямонро беҳтар карда метавонем. Дуои Юнусро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр ӯ ҳангоми дар шиками моҳӣ буданаш ба Яҳува муроҷиат кард (Юнус 1:17–2:10). Бо дуои самимии Сулаймон ҳангоми ба Яҳува бахшида шудани маъбад шинос шавед (3 Подш. 8:22–53). Дар бораи дуои намунавии Исо мулоҳиза ронед (Мат. 6:9–13). Аз ҳама муҳимаш доимо «хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед». Он гоҳ «осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо... нигоҳ хоҳад дошт» (Флп. 4:6, 7).

БАРОИ ФИДИЯ МИННАТДОР БОШЕД

13. Ба туфайли фидия мо чӣ гуна имконият дорем?

13 Барои он ки «ҳаёт ёбем», Яҳува ба мо атои қиматбаҳо — фидияро дод (1 Юҳ. 4:9). Ин нишонаи беҳтарини муҳаббати Яҳува мебошад. Павлуси ҳавворӣ дар ин бора чунин мегӯяд: «Масеҳ... дар вақти муқарраршуда барои осиён мурд. Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад. Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:6–8). Ба туфайли фидия мо бо Яҳува муносибати наздик дошта метавонем.

14, 15. а) Ба туфайли фидия масеҳиёни тадҳиншуда чӣ гуна имконият доранд? б) Масеҳиёни дигар-чӣ?

14 Як гурӯҳи хурди масеҳиён муҳаббати Яҳуваро ба таври махсус ҳис мекунанд (Юҳ. 1:12, 13; 3:5–7). Азбаски Яҳува онҳоро бо рӯҳи муқаддас тадҳин кардааст, онҳо «фарзандони Худо» шуданд (Рум. 8:15, 16). Дар бораи масеҳиёни тадҳиншуда Павлус гуфта буд, ки Худо онҳоро эҳё мекунад ва онҳо ҳамроҳи Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ мекунанд (Эфс. 2:6). Яҳува ба онҳо умеди ҷовидона дар осмон зиндагӣ карданро медиҳад (Эфс. 1:13, 14; Қӯл. 1:5).

15 Оё онҳое ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин нашудаанд, дӯсти Яҳува буда метавонанд? Албатта, агар ба қурбонии Исо имон оранд. Онҳо имконият доранд, ки ба фарзандхондагӣ қабул шаванд ва дар Биҳишти рӯи замин абадан зиндагӣ кунанд. Пас, ба воситаи фидия Яҳува муҳаббаташро ба тамоми инсоният нишон дод (Юҳ. 3:16). Агар содиқона ба Худо хизмат кунем, Ӯ ба мо имконият медиҳад, ки дар дунёи нав зиндагӣ кунем. То чӣ андоза ҳаяҷонбахш аст донистани ин! Аз ин рӯ биёед нисбати фидия, ки нишонаи беҳтарини муҳаббати Худост, миннатдор бошем.

БА ЯҲУВА МУҲАББАТИ ХУДРО НИШОН ДИҲЕД

16. Мулоҳиза кардан дар бораи муҳаббати Яҳува моро ба чӣ бармеангезад?

16 Яҳува бо тарзҳои беҳисоб муҳаббаташро ба мо нишон медиҳад. Довуд дар ҳаққи Яҳува чунин суруда буд: «Чӣ гуна гаронбаҳост барои ман андешаҳои Ту, эй Худо, чӣ гуна бузург аст миқдори онҳо! Агар онҳоро дар шумор оварам, аз рег зиёдтар аст» (Заб. 138:17, 18). Мо бояд дар бораи баракатҳои сершумори Яҳува мулоҳиза кунем. Ин моро бармеангезад, ки Ӯро бо дилу ҷон дӯст дорем ва чизи беҳтаринамонро ба Ӯ диҳем.

17, 18. Баъзе аз роҳҳое ки мо муҳаббатамонро ба Яҳува нишон дода метавонем, кадоманд?

17 Мо бо роҳҳои гуногун муҳаббати худро ба Яҳува нишон дода метавонем. Масалан, дар мавъизаи хушхабари Салтанат бо ҷидду ҷаҳд иштирок карда мо нишон медиҳем, ки Худо ва одамонро дӯст медорем (Мат. 24:14; 28:19, 20). Ҳамчунин муҳаббати мо дар он зоҳир мешавад, агар мо дар озмоишҳо истодагарӣ кунем. (Забур 83:12 ва Яъқуб 1:2–5-ро бихонед.) Ҳатто агар бо озмоишҳои сахт рӯ ба рӯ шавем ҳам, биёед дилпур бошем, ки Яҳува аз дарду азоби мо бохабар аст. Биёед ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки мо дар назари Ӯ пурқиматем ва Ӯ ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад (Заб. 55:9).

18 Муҳаббат ба Яҳува моро бармеангезад, ки дар бораи чизҳои аҷоибе ки Ӯ офаридааст, мулоҳиза ронем. Ҳамчунин мо муҳаббатамонро бо қадр кардани Каломи Ӯ ва омӯзиши боғайратонаи он нишон медиҳем. Барои бо Яҳува муносибати наздик доштан, мо бояд мунтазам ба Ӯ дуо гӯем. Вақте мо дар бораи арзиши фидия фикр мекунем, муҳаббатамон ба Худо бештар мегардад (1 Юҳ. 2:1, 2). Ин танҳо қатраест аз баҳри беканори муҳаббати Яҳува!