Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо сӯи камолот мешитобед?

Оё шумо сӯи камолот мешитобед?

«Ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем» (ЭФС. 4:13).

СУРУДҲО: 11, 26

1, 2. Ҳар як масеҳӣ бояд сӯи кадом мақсад шитобад? Мисол оред.

ВАҚТЕ соҳибхона аз бозор мева мехарад, ӯ ба чӣ нигоҳ мекунад? Албатта, вай пеш аз ҳама ба ҳаҷм ё нархи он нигоҳ намекунад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки меваи хушмазаву хушбӯй ва ширину серобро интихоб кунад. Ӯ мехоҳад, ки меваи пухта расидагиро харад.

2 Ҳатто баъди таъмид гирифтанаш ҳам, шахс бояд муносибаташро бо Яҳува инкишоф додан гирад. Ӯ бояд кӯшиш кунад, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пухта расад, яъне рӯҳан баркамол шавад. Павлуси ҳавворӣ низ ба масеҳиёни Эфсӯс чунин навишт: «Ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил [баркамол], ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем» (Эфс. 4:13).

3. Вазъият дар ҷамъомади Эфсӯс бо вазъияти халқи имрӯзаи Худо чӣ монандӣ дорад?

Вақте ки Павлус номаашро навишт, ҷамъомади Эфсӯс якчанд сол боз фаъолият дошт. Дар он ҷамъомад бисёриҳо аллакай рӯҳан баркамол буданд. Аммо баъзеҳо ҳанӯз аз ҷиҳати рӯҳонӣ хом буданд. Имрӯзҳо дар байни Шоҳидони Яҳува низ вазъият чунин аст. Бисёри бародару хоҳарони мо солҳои дароз ба Яҳува хизмат мекунанд ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамоланд. Аммо дар бораи ҳама чунин гуфтан мумкин нест. Масалан, ҳар сол ҳазорҳо нафар таъмид мегиранд, барои ҳамин онҳо бояд аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд кунанд. Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? (Қӯл. 2:6, 7).

РУШД НАМОЕД

4, 5. Аз кадом ҷиҳатҳо масеҳиёни баркамол аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳамзамон байни онҳо чӣ умумияте ҳаст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

4 Ҳангоми интихоб кардани мева шумо мебинед, ки ҳамаи меваҳои пухта як хел нестанд. Лекин ҳарчанд онҳо аз якдигар фарқ мекунанд, ҳамаашон дорои хусусиятҳое мебошанд, ки аз рӯи он пухта будани онҳоро муайян кардан мумкин аст. Мисли ин масеҳиёни аз ҷиҳати рӯҳонӣ пухта ё баркамол аз якдигар фарқ мекунанд. Масалан, онҳо миллату маданият, тарбия, саломатӣ, синну сол ва таҷрибаи гуногун доранд. Ҳамчунин онҳо дорои хислат ва одатҳои гуногунанд. Лекин масеҳиёни аз ҷиҳати рӯҳонӣ пухта хислатҳоеро зоҳир мекунанд, ки баркамол будани онҳоро нишон медиҳанд. Баъзе аз ин хислатҳо кадоманд?

5 Масеҳиёни баркамол ба намунаи Исо пайравӣ мекунанд ва «аз паи Ӯ равона» мешаванд (1 Пет. 2:21). Барои Исо чӣ аз ҳама муҳим буд? Ӯ гуфт, ки шахс бояд Яҳуваро бо тамоми дил, ҷон ва ҳуш дӯст дорад ва дигаронро мисли худ дӯст дорад (Мат. 22:37–39). Масеҳии рӯҳан баркамол кӯшиш мекунад, ки мувофиқи ин маслиҳат зиндагӣ кунад. Чунин тарзи ҳаёт нишон медиҳад, ки шахс муносибати бо Яҳува доштаашро дар ҷои аввал мегузорад ва нисбати дигарон муҳаббати самимӣ зоҳир мекунад.

Масеҳиёни пиронсол бо дастгирӣ кардани ҷавононе ки нав масъулиятро ба ӯҳда гирифтаанд, фурӯтанӣ нишон медиҳанд (Ба сархати 6 нигаред.)

6, 7. а) Баъзе аз хислатҳое ки масеҳии баркамол будани шахсро нишон медиҳанд, кадоманд? б) Мо бояд ба худ чӣ гуна савол диҳем?

6 Муҳаббат танҳо яке аз хислатҳоест, ки баркамол будани шахсро нишон медиҳад (Ғал. 5:22, 23). Доштани хислатҳои дигар мисли фурӯтанӣ, парҳезгорӣ ва пурсабрӣ низ хеле муҳим аст. Ба туфайли ин хислатҳо шахс дар вазъиятҳои душвор ба хашм намеояд ва ба душвориҳое ки метавонанд рӯҳафтодаю дилшикаста созанд, тоб меорад ва ноумед намешавад. Агар шахс омӯзиши шахсӣ дошта бошад ва принсипҳои Китоби Муқаддасро таҳқиқ намояд, ин ба ӯ кӯмак мерасонад, ки бадро аз нек фарқ кунад. Аз ин рӯ қарорҳои ӯ пухта буданашро нишон медиҳанд. Ӯ ба овози виҷдони дар асоси Навиштаҳо таълимёфтааш гӯш медиҳад. Масеҳии баркамол фурӯтан аст, чунки дарк мекунад, ки роҳҳо ва меъёрҳои Яҳува ҳамеша аз меъёрҳои ӯ беҳтаранд *. Ӯ боғайратона хушхабарро мавъиза мекунад ва барои нигоҳ доштани ягонагии ҷамъомад саҳми худро мегузорад.

7 Новобаста аз он ки мо чанд сол боз ба Яҳува хизмат мекунем, ҳар яки мо бояд аз худ бипурсем: «Оё ман барои боз ҳам хубтар пайравӣ кардан ба Исо дар ҳаётам дигаргунӣ дароварда метавонам? Аз кадом ҷиҳатҳо ман бояд беҳтар шавам?»

«ҒИЗОИ САХТ БАРОИ КАСОНЕСТ, КИ БА КАМОЛ РАСИДААНД»

8. Исо Навиштаҳоро то чӣ андоза хуб медонисту мефаҳмид?

8 Исои Масеҳ Каломи Худоро хуб медонист. Ҳатто ҳангоми 12-солагиаш ӯ дар маъбад бо муаллимон дар асоси Навиштаҳо сӯҳбат карда буд. «Ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд» (Луқ. 2:46, 47). Баъдтар, ҳангоми мавъиза карданаш, ӯ Каломи Худоро чунон моҳирона истифода бурд, ки душманонаш дар ҷавоб хомӯш монданд (Мат. 22:41–46).

9. а) Барои шахсе ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол будан мехоҳад, доштани чӣ гуна одат муҳим аст? б) Мақсади омӯзиши Китоби Муқаддас дар чист?

9 Шахсе ки мехоҳад масеҳии баркамол шавад, ба намунаи Исо пайравӣ мекунад ва бо дониши доштааш қаноат намекунад. Ӯ мунтазам Китоби Муқаддасро меомӯзад, чунки мефаҳмад, ки «ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд» (Ибр. 5:14). Масеҳии рӯҳан баркамол мехоҳад, ки дар бораи Китоби Муқаддас дониши аниқ дошта бошад (Эфс. 4:13). Аз худ бипурсед: «Оё ман ҳар рӯз Китоби Муқаддасро мехонам? Оё ман омӯзиши шахсии мунтазам дорам? Оё ман ҳар ҳафта ибодати оилавӣ мегузаронам?» Ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас ба он принсипҳое аҳамият диҳед, ки ба шумо барои беҳтар фаҳмидани тарзи фикрронӣ ва ҳиссиёти Яҳува кӯмак мекунанд. Сипас кӯшиш кунед, ки ин принсипҳоро ҳангоми қабули қарорҳо ба кор баред. Ба туфайли ин шумо ба Яҳува боз ҳам наздиктар мешавед.

10. Дониши масеҳии баркамол ба ҳаёти ҳаррӯзаи ӯ чӣ гуна таъсир мекунад?

10 Масеҳии баркамол дарк мекунад, ки танҳо донистани принсипу қонунҳои Худо кам аст. Ӯ бояд ҳамчунин гуфтаҳои Худоро дӯст дорад. Чӣ тавр ӯ инро нишон дода метавонад? Масалан, бо он ки иҷро кардани хости Худоро аз майлу хоҳишҳои худ боло гузорад. Ба ӯ лозим аст, ки ба тарзи ҳаёт, фикрронӣ ва рафтораш дигаргунӣ дарорад. Илова бар ин ӯ бояд шахсияти навро дар бар кунад, ки «ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст». (Эфсӯсиён 4:22–24-ро бихонед.) Китоби Муқаддас зери таъсири рӯҳи муқаддаси Худо навишта шудааст. Вақте масеҳӣ донишу муҳаббаташро нисбати Китоби Муқаддас зиёд кардан мегирад, ӯ мегузорад, ки рӯҳи муқаддас ба ақлу дили ӯ бештар таъсир кунад. Ҳамин тавр шахс рӯҳан рушд мекунад.

БА ЯГОНАГӢ МУСОИДАТ КУНЕД

11. Ҳангоми дар замин буданаш Исо бо чӣ рӯ ба рӯ мешуд?

11 Дар замин Исои комил дар байни одамони нокомил зиндагӣ мекард. Волидон ва хоҳару бародаронаш низ нокомил буданд. Ҳатто шогирдони наздикаш ҳавобаландӣ ва худпарастӣ зоҳир мекарданд. Масалан, шаби пеш аз марги Исо пайравонаш байни худ баҳс карданд, ки «кадоме аз онҳо... бузургтар» аст (Луқ. 22:24). Ба ин нигоҳ накарда Исо дилпур буд, ки шогирдони нокомилаш метавонанд шахсони рӯҳан баркамол шаванд ва ҷамъомади муттаҳидро ташкил диҳанд. Худи ҳамон шаб Исо дуо гуфт, ки дар байни пайравонаш ягонагӣ бошад. Ӯ аз Падари осмониаш илтимос кард: «Чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд... то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем» (Юҳ. 17:21, 22).

12, 13. а) Ходимони Худо чӣ гуна мақсад доранд? б) Як бародар дар бораи нигоҳ доштани ягонагӣ дар ҷамъомад чӣ фаҳмид?

12 Масеҳиёни рӯҳан баркамол ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунанд. (Эфсӯсиён 4:1–6, 15, 16-ро бихонед.) Чун ходимони Худо мо мақсад дорем, ки «мустаҳкам ва пайваст шуда» бо якдигар дар ягонагӣ ҳамкорӣ кунем. Барои ба даст овардани чунин ягонагӣ мо бояд фурӯтан бошем. Масеҳии фурӯтан ҳатто ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо нокомилии дигарон кӯшиш мекунад, ки ягонагиро дар ҷамъомад нигоҳ дорад. Аз ин рӯ аз худ бипурсед: «Вақте ягон бародар ё хоҳар маро хафа мекунад, ман чӣ гуна рафтор мекунам? Оё ман одатан бо чунин шахс қаҳрӣ мешавам? Ё ман кӯшиш мекунам, ки муносибатҳои хубро бо ӯ нигоҳ дорам?» Масеҳии баркамол ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо дигарон муросо кунад.

13 Мисоли бародарамон Уверо дида мебароем. Пештар нокомилии хоҳару бародарон ӯро рӯҳафтода месохт. Баъд ӯ қарор дод, ки бо ёрии Китоби Муқаддас ва «Назари амиқ ба Навиштаҳо» ҳаёти Довудро меомӯзад. Чаро маҳз Довудро? Уве мефаҳмонад: «Довуд шоҳиди он буд, ки чӣ тавр баъзе аз ҳамимононаш дидаву дониста бо ӯ тавре рафтор мекарданд, ки бархилофи гуфтаҳои Худо буд. Масалан, подшоҳ Шоул қасди куштани ӯро дошт. Дигарон бошанд, ӯро сангсор кардан мехостанд. Боре ҳатто зани худаш ӯро масхара кард (1 Подш. 19:9–11; 30:1–6; 2 Подш. 6:14–22). Лекин Довуд ҳеҷ гоҳ намегузошт, ки рафтори дигарон муҳаббати ӯро нисбати Яҳува камтар созад. Ҳамчунин Довуд раҳмдил буд ва ба ман низ инкишоф додани ин хислат лозим буд. Он чизе ки ман дар рафти омӯзиш фаҳмидам, назари маро нисбати нокомилии ҳамимононам дигар кард. Ман акнун хатогиҳои дигаронро дар хотир гирифта намегардам. Ман барои нигоҳ доштани ягонагӣ дар ҷамъомад ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам». Оё шумо низ чунин мақсад доред?

АЗ БАЙНИ ХАЛҚИ ХУДО ДӮСТ ИНТИХОБ КУНЕД

14. Исо киро барои худ дӯст интихоб мекард?

14 Исои Масеҳ бо дигарон меҳрубон буд. Дар ҳузури ӯ хурду калон ва пиру ҷавон худро озод ҳис мекарданд. Лекин дар интихоби дӯстон ӯ эҳтиёткор буд. Ӯ ба ҳаввориёни вафодораш гуфта буд: «Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред» (Юҳ. 15:14). Исо дӯстони наздикашро аз байни касоне интихоб мекард, ки содиқона ӯро пайравӣ менамуданду аз таҳти дил ба Яҳува хизмат мекарданд. Оё шумо низ кӯшиш мекунед, ки дӯстони худро аз байни ходимони содиқи Яҳува интихоб кунед? Чаро ин хеле муҳим аст?

15. Чӣ тавр дӯстӣ бо масеҳиёни баркамол барои ҷавонон фоидабахш аст?

15 Бисёре аз меваҳо дар гармии офтоб хубтар мепазанд. Мисли ин муҳити гарми бародарият барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ пухта расидан кӯмак мекунад. Шояд шумо ҳоло ҷавонед ва дар фикри интихоби роҳи ҳаёт мебошед. Дар ин сурат хуб мебуд дӯстонеро интихоб кунед, ки дар давоми солҳо содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд ва ба ягонагӣ дар ҷамъомад мусоидат менамоянд. Ин масеҳиён бо пастиву баландиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ шуда, душвориҳои зиёдеро паси сар кардаанд. Онҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки роҳи беҳтарини ҳаётро интихоб кунед. Ба туфайли муоширати наздик бо чунин хоҳару бародарон шумо қабул кардани қарорҳои оқилонаро ёд мегиред ва рӯҳан рушд мекунед. (Ибриён 5:14-ро бихонед.)

16. Чӣ тавр ба як хоҳарамон дӯстони калонсолаш кӯмак расонданд?

16 Хоҳарамон Ҳелга ба хотир меорад, ки дар соли охири мактабхониаш ҳамсинфонаш дар бораи мақсадҳои ояндаашон гап мезаданд. Ба фикри онҳо маълумоти олӣ дар зиндагӣ барояшон роҳ кушода, барои ёфтани ҷои кори хуб кӯмак мерасонад. Ҳелга дар ин бора бо дӯстонаш дар ҷамъомад гап зад. Ӯ дар бораи дӯстони худ чунин мегӯяд: «Дар байни онҳо бисёрашон аз ман калонтар буданд ва муҳокима кардани ин масъала бо онҳо ба ман кӯмаки зиёд расонд. Онҳо маро барангехтанд, ки хизмати пурравақтро пеша кунам. Ман маслиҳати онҳоро қабул намудам ва панҷ сол чун пешрав хизмат кардам. Ҳозир бошад, ман ба қафо нигариста, аз он ки солҳои ҷавониамро дар хизмат ба Яҳува гузарондам, хушбахтии зиёд ҳис мекунам. Ман заррае ҳам пушаймон нестам!»

17, 18. Дар кадом ҳолат мо ба Яҳува чизи беҳтаринамонро дода метавонем?

17 Вақте мо ба намунаи Исо пайравӣ мекунем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки рӯҳан баркамол шавем. Мо ба Яҳува боз ҳам наздиктар мешавем ва хоҳиши ба Ӯ хизмат карданамон зиёдтар мегардад. Масеҳӣ танҳо он вақт чизи беҳтаринро ба Худо дода метавонад, агар аз ҷиҳати рӯҳонӣ пурра пухта бошад, яъне шахси баркамол шуда бошад. Исо ба шогирдонаш чунин насиҳат дод: «Бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд» (Мат. 5:16).

18 Чи хеле ки дар боло гуфта шуд, масеҳии баркамол ба ҷамъомад кӯмаки хеле зиёд расонда метавонад. Ҳамчунин масеҳӣ бо он ки чӣ тавр виҷдони худододашро ба кор мебарад, баркамол будани худро нишон медиҳад. Чӣ тавр виҷдонамон ба мо кӯмак расонда метавонад, ки қарорҳои дуруст қабул кунем? Чӣ тавр нисбати виҷдони дигарон эҳтиром зоҳир кунем? Инро мо аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем.

^ сарх. 6 Масалан, баъзан аз бародарони пиронсолу ботаҷриба хоҳиш карда мешавад, ки ягон масъулияташонро монда бародарони ҷавонеро, ки онро мегиранд, дастгирӣ намоянд.