Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Яҳува ҳаётамро пурбаракат намуд!

Яҳува ҳаётамро пурбаракат намуд!

МАН соли 1927 дар шаҳраке бо номи Вакав, ки дар штати Саскатчевани Канада воқеъ аст, таваллуд шудам. Ман дар оилаи серфарзанд тарбия ёфтам: мо чор писар ва се духтар будем.

Оилаи мо солҳои 1930-юм таъсири бади бӯҳрони иқтисодиро аз сар гузаронид. Ҳарчанд мо бой набудем, он вақт бе ризқу рӯзӣ ҳам намондем. Мо мурғу гов доштем, барои ҳамин доимо дар хонаамон тухм, шир, қаймоқ, панир ва маска буд. Албатта, фаҳмост, ки ҳар як аъзои оилаамон серкор буд.

Аз замони кӯдакиам хотираҳои ширин боқӣ мондаанд. То ҳанӯз бӯи форами себ, ки хонаро пур мекард, ба машомам мерасад. Вақте падарам тирамоҳ барои фурӯхтани ҳосили фермаамон ба шаҳр мерафт, ҳамроҳаш қуттии калони себҳои тару тозаро гирифта меомад. Мо ҳар рӯз аз хӯрдани себи ширини сероб ҳаловат мегирифтем.

ШИНОСОӢ БО ҲАҚИҚАТ

Волидонамон нохушиеро аз сар гузаронида буданд. Модарам писар таваллуд кард ва номашро Ҷонни гузошт. Аммо дере нагузашта ӯ вафот кард. Волидони маъюсу парешонҳоли ман назди рӯҳонии калисо рафта, аз ӯ пурсиданд: «Ҷонни дар куҷост?» Ӯ гуфт, ки, азбаски кӯдак таъмид наёфта буд, рӯҳи ӯ ба осмон нарафтааст. Рӯҳонии калисо гуфт, ки, агар ба ӯ пул диҳанд, ӯ метавонад дуо гӯяд, то рӯҳи кӯдак ба осмон равад. Агар шумо ба ҷои падару модари ман мебудед, ҳамин лаҳза чӣ ҳис мекардед? Волидонам чунон ғамгину рӯҳафтода шуданд, ки бо он рӯҳонӣ дигар ҳеҷ гоҳ гап намезаданд. Онҳо то ҳол дар бораи Ҷонни фикр мекарданд.

Боре, вақте ман шашсола будам, модарам рисолаеро бо номи «Мурдагон дар чӣ ҳолатанд?» ёфт, ки он аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шуда буд. Ӯ бо майли том онро хонда баромад. Вақте падарам ба хона омад, модарам бо ҳаяҷон ба ӯ гуфт: «Ман медонам, ки Ҷонни дар куҷост! Ӯ ҳозир дар хоби марг аст, лекин ба наздикӣ бедор мешавад». Он шом падарам рисоларо пурра хонда тамом кард. Донистани он ки мурдагон дар хоби гаронанд ва ба наздикӣ онҳо зинда мешаванд, ба падару модарам тасаллӣ бахшид (Воиз 9:5, 10; Аъм. 24:15).

Ҳақиқате ки онҳо ёфтанд, ба мо оромӣ ва хушбахтӣ овард. Падару модарам Китоби Муқаддасро бо Шоҳидони Яҳува омӯхтан гирифтанд ва ба вохӯриҳо мерафтанд. Аксари аъзоёни он ҷамъомади хурд, ки дар шаҳри Вакав ҷойгир буд, аслу насабашон аз Украина буд. Дере нагузашта волидонамон дар кори мавъиза иштирок карданро сар карданд.

Каме баъд мо ба Колумбияи Бритонӣ кӯчидем ва ҷамъомади он ҷо моро хуб пазироӣ кард. Ман дар ёд дорам, ки чӣ тавр мо бо завқ ба мутолиаи «Бурҷи дидбонӣ», ки рӯзи якшанбе мегузашт, тайёрӣ медидем. Ҳамаи мо нисбати Яҳува ва ҳақиқати Каломи Ӯ муҳаббати чуқур инкишоф медодем. Яҳува дар ҳақиқат зиндагиамонро пурмазмун ва пурбаракат месохт.

Албатта, барои мо, ки ҳанӯз кӯдак будем, мавъиза кардан осон набуд. Лекин ману хоҳарам Эва пешниҳоди моҳонаро тайёр карда, онро дар вохӯрии хизматӣ намоиш медодем. Ин ба мо кӯмак мекард, чунки мо шарм медоштем бо дигарон дар бораи Китоби Муқаддас гап занем. Ман аз Яҳува хеле миннатдорам, ки Ӯ ба мо тарзи мавъиза карданро таълим медод.

Яке аз хотираҳои ширини замони кӯдакиамон ин ба хонаи мо меҳмон шудани ходимони пурравақт буд. Масалан, вақте нозири ноҳиявӣ Ҷек Нейтон ба ҷамъомади мо ташриф меовард, ӯ дар хонаи мо меистод. Воқеаҳои бешумор ва таърифи самимии ӯ дар диламон хоҳиши ба Яҳува хизмат карданро қавӣ гардонд.

Он вақт ман дар дили худ мегуфтам: «Калон шавам, мисли бародар Нейтон мешавам». Ман он вақт намедонистам, ки намунаи он бародар маро барои хизмати пурравақт тайёр мекунад. Ҳанӯз дар синни 15-солагӣ ман аллакай қарор карда будам, ки ҳаётамро ба Яҳува мебахшам. Соли 1942 ману Эва таъмид гирифтем.

ИМТИҲОНИ ИМОН

Ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон тамоми мамлакатро рӯҳияи ватанпарастӣ фаро гирифта буд. Ду хоҳар ва як бародари маро барои парастиш накардани парчам аз мактаб хориҷ карданд. Ин корро муаллимае бо номи хонум Скотт карда буд, ки ҳисси баланди ватанпарастӣ дошт. Баъд аз хориҷ кардани бародару хоҳарони ман, ӯ аз муаллимаи ман хоҳиш намуд, ки маро низ хориҷ кунанд. Аммо муаллимаам ба ӯ ҷавоб дод: «Мо дар давлати озод зиндагӣ дорем ва ҳар кас ихтиёр дорад, ки аз иштирок дар маросимҳои сиёсӣ дар канор бошад». Ба фишори хонум Скотт нигоҳ накарда муаллимаи ман бо қатъият гуфт: «Ин кори шахсии ман аст».

Хонум Скотт ҷавоб дод: «Не, ин кори шахсии шумо нест. Агар Мелитаро хориҷ накунед, ман аз болои шумо шикоят мекунам». Муаллимаам ба падару модарам фаҳмонд, ки ӯ мефаҳмад, ки хонум Скотт кори нодуруст карда истодааст. Аммо ӯ илоҷи дигар надорад, чунки, агар маро хориҷ накунад, ҷои корашро аз даст медиҳад. Мо китобу дастуротҳоро ба даст оварда, барномаи мактабиро дар хона меомӯхтем. Чанде пас, мо ба хонаи нав кӯчидем, ки аз ҷои пештараамон 32 км дур буд. Дар он ҷо моро ба мактаби нав қабул карданд.

Солҳои ҷанг адабиёти мо манъ карда шуда буд. Барои ҳамин мо вақти мавъизаи хона ба хона танҳо Китоби Муқаддасро истифода мебурдем. Дар натиҷа мо дар истифодаи Навиштаҳо ва ёфтани оятҳо хеле моҳир шудем. Ба туфайли ин мо рӯҳан баркамол гаштем ва дасти пурзӯри Яҳуваро ҳис кардем.

САР КАРДАНИ ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ

Ман дар оро додани мӯй маҳорат пайдо карда соҳиби якчанд мукофот шуда будам

Ману Эва мактабро хатм карда, хизмати пешравиро сар кардем. Дар аввал ман дар мағозаи хӯрокворӣ ба кор даромадам. Азбаски ман ба ороиши мӯй шавқ доштам ва дар хона баъзан бо ин кор машғул мешудам, курси шашмоҳаи ороиши мӯйро хатм кардам. Баъд аз ин ман ба кошонаи ҳусн кор даромада, дар як ҳафта ду рӯз кор мекардам. Ҳамчунин ман дар як моҳ ду бор касбамро ба дигарон таълим медодам. Ҳамин тавр ман зиндагиамро пеш мебурдам ва пурравақт хизмат карда метавонистам.

Соли 1955 ман ба силсилаи анҷуманҳои «Салтанати пирӯз» рафтанӣ шудам. Онҳо дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ва Нюрнберги Олмон баргузор мегардиданд. Ҳамон замон дар шаҳри Ванкувери Канада анҷуман баргузор гардида буд ва ба он ҷо бародар Нейтан Норр ҳамроҳи завҷааш ташриф оварда буд. Ҳангоми ташрифашон аз ман хоҳиш карданд, ки мӯи хоҳарро ороиш диҳам. Кори ман ба бародар Норр маъқул шуд ва ӯ хост бо ман шинос шавад. Ҳангоми сӯҳбат ман гуфтам, ки мехоҳам аввал ба Ню-Йорк ва баъд ба Олмон равам. Ӯ маро даъват кард, ки нӯҳ рӯз дар Байт-Или Бруклин кор кунам.

Ин сафар ҳаёти маро дигаргун сохт. Дар Ню-Йорк ман бо бародари ҷавоне бо номи Теодор Ярач шинос шудам. Каме пас аз шиносоиамон ӯ ногаҳ аз ман пурсид: «Ту пешравӣ?» Ман ҷавоб додам: «Не». Дугонаам Лавон ин суханонро шунида ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ва гуфт: «Ҳа, ӯ пешрав аст». Теодор ҳайрон шуда пурсид: «Хӯш, ман ба кадоме аз шумо бовар кунам?» Ман ба ӯ фаҳмондам, ки ман пешрав будам ва мақсад дорам, ки баъд аз анҷуман баргашта, хизмати пурравақтамро давом диҳам.

ИЗДИВОҶ БО ШАХСИ РӮҲАН БАРКАМОЛ

Теодор соли 1925 дар шаҳри Кентукки (ИМА) ба дунё омад. Ӯ дар синни понздаҳсолагӣ худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифт. Ҳарчанд аз оилаи ӯ ҳеҷ каси дигар ба ҳақиқат наомад, Теодор ғайраташро аз даст надод ва ду сол пас пешрави доимӣ гардид. Ӯ тахминан 67 соли ҳаёташро дар хизмати пурравақт гузаронд.

Июли соли 1946, дар синни 20-солагӣ Теодор Мактаби Ҷилъодро тамом кард. Баъд аз ин ӯ чун нозири сайёр дар Кливленд, иёлоти Оҳайё хизмат кард. Тахминан чор сол пас ӯро нозири филиали Австралия таъин карданд.

Теодор низ ба анҷумане ки дар Нюрнберг баргузор шуд, рафт ва мо якҷоя вақт гузаронидем. Мо ба якдигар дил бастем. Ман хурсанд будам, ки бо шахсе вохӯрдам, ки Яҳуваро бо дилу ҷон дӯст медораду хизмати Ӯ дар ҷойи аввали ҳаёташ аст. Теодор дар азми худ қавию ҷиддӣ ва дар муносибат мушфиқу меҳрубон буд. Ман медидам, ки чӣ тавр ӯ беҳбудии дигаронро аз беҳбудии худ боло мегузошт. Баъди анҷуман Теодор ба Австралия баргашт, ман бошам, ба Ванкувер. Лекин мо мунтазам ба якдигар нома менавиштем.

Тахминан баъди панҷ соли дар Австралия хизмат карданаш Теодор ба Иёлоти Муттаҳида баргашт ва дар Ванкувер чун пешрав хизмат кард. Ман хурсанд будам, ки ӯ ба аъзоёни оилаам сахт маъқул шуд. Одатан, вақте бародари калониам Майкл медид, ки бародарони ҷавон нисбати ман таваҷҷӯҳ мекунанд, ӯ маро муҳофизат мекард. Лекин Теодор ба ӯ дарҳол маъқул шуд. Боре ӯ ба ман гуфт: «Мелита, ту инсони хуберо ёфтаӣ. Бо ӯ хуб муомила кун ва эҳтиёт шав, ки ӯро аз даст надиҳӣ».

Соли 1956 мо хонадор шудем ва аз солҳои дарози дар хизмати пурравақт гузаронидаамон хушбахт будем

Ба ман ҳам Теодор сахт маъқул буд. Мо 10-уми декабри соли 1956 хонадор шудем. Мо якҷоя дар Ванкувер ва баъдтар дар Калифорния чун пешрав хизмат кардем. Сипас Теодорро дар Миссурӣ ва Арканзас нозири ноҳиявӣ таъин карданд ва ман ӯро ҳамроҳӣ мекардам. Тӯли тақрибан 18 сол мо дар саросари ИМА сафар карда, ҳар ҳафта дар хонаҳои гуногун меистодем. Мо хотираҳои зиёде аз хизмат ва муошират бо бародару хоҳарон дорем. Шодие ки мо аз ин мегирифтем, тамоми душвориҳои кӯчманчигиро рӯпӯш мекард.

Як хислати Теодор ба ман хеле маъқул буд. Дӯстӣ бо Яҳува барояш хеле азиз буд ва ӯ онро як чизи муқаррарӣ намешумурд. Ӯ хизмати муқаддаси худро ба Бузургтарин Шахсияти олам бисёр қадр мекард. Мо якҷоя Китоби Муқаддасро мехондем ва меомӯхтем. Пеш аз хоб ӯ барои ҳардуямон дуо мегуфт. Баъд ҳар яки мо дар алоҳидагӣ дуо мегуфтем. Агар Теодор аз чизе сахт хавотир мебуд, ман инро мефаҳмидам, чунки ӯ дар чунин ҳолатҳо аз ҷойи хобаш хеста хомӯшона ва дурудароз дуо мегуфт. Ба ман сахт маъқул буд, ки ӯ оиди масъалаҳои хурду калон ба Яҳува дуо мегуфт.

Якчанд сол пас аз издивоҷ Теодор ба ман гуфт, ки ӯ мехоҳад аз рамзҳо қабул карданро сар кунад. Ӯ гуфт: «Ман дар ин бора ба Яҳува дурудароз дуо гуфтам ва ҳозир боварии комил дорам, ки Ӯ аз ин корам розист». Ман ҳайрон нашудам, ки шавҳарам бо рӯҳи муқаддас тадҳин шудааст. Барои ман дастгирӣ кардани бародари Масеҳ имконияти пуршараф буд (Мат. 25:35–40).

ТАЪИНОТИ НАВ

Соли 1974 як воқеаи аҷоибе рӯй дод. Теодорро даъват карданд, ки чун аъзои Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува хизмат кунад. Бо гузашти вақт моро барои хизмат дар Байт-Или Бруклин даъват карданд. Теодор чун аъзои Ҳайати роҳбарикунанда хизмат мекарду ман бо рӯбучин ва ороиши мӯй машғул будам.

Ташрифорӣ ба филиалҳои гуногун қисми масъулияти Теодор буд. Ӯ дар фикри он буд, ки кори мавъиза дар мамлакатҳое ки фаъолиятамон дар он ҷойҳо манъ аст, чӣ гуна сурат мегирад. Хусусан ӯ дар бораи мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ фикр мекард, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ дохил мешуданд. Боре, ҳангоми рухсатиамон дар Шветсия, ки дер боз онро интизор будем, ӯ ба ман гуфт: «Мелита, кори мавъиза дар Полша манъ шудааст ва ман сахт мехоҳам ба бародарони он ҷо кӯмак расонам». Ҳамин тавр мо барои сафари худ виза тайёр карда, ба Полша рафтем. Теодор бо баъзе бародароне ки кори мавъизаро дар он ҷо роҳбарӣ мекарданд, вохӯрд. Онҳо пиёда ба ҷои дур рафтанд, то ки ҳеҷ кас гуфтугӯяшонро нашунавад. Бародарон дар муддати чор рӯз зуд-зуд вохӯрда масъалаҳои гуногунро муҳокима мекарданд. Ҳарчанд ин кори хастакунанда буд, ман аз дидани он ки Теодор аз кӯмак ба бародарон хурсандӣ мегирад, хушҳол мешудам.

Соли 1977 мо бори дуюм ба Полша омадем. Дар он ҷо бародар Френс, Дэниел Сидлик ва Теодор чун аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда ба Полша ташриф оварданд. Ҳарчанд фаъолияти мо ҳанӯз манъ буд, аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда тавонистанд ба шаҳрҳои гуногун ташриф оварда, бо нозирон, пешравон ва Шоҳидоне ки солҳои дароз дар ҳақиқат буданд, сӯҳбат кунанд.

Теодор ва дигарон дар Вазорати адлияи шаҳри Маскав аз паи бақайдгирии ташкилотамон

Соли навбатӣ вақте Милтон Ҳеншел ҳамроҳи Теодор ба Полша ташриф оварданд, онҳо бо ҳокимиятдорон вохӯрданд, ки муносибаташон нисбати мо беҳтар шуда буд. Соли 1982 ҳукумати Полша ба мо иҷозат дод, ки анҷуманҳои якрӯзаро гузаронем. Соли 1983 бошад, мо анҷуманҳои калонтар гузарондем. Барои гузаронидани онҳо бародарон аксар вақт толорҳои калонро иҷора мегирифтанд. Соли 1985, нигоҳ накарда ба он ки фаъолияти мо ҳанӯз манъ буд, ба мо иҷозат доданд, ки чор анҷуманамонро дар майдонҳои варзишии калон гузаронем. Моҳи майи соли 1989 бошад, вақте бародарон нақша доштанд, ки анҷуманҳои боз ҳам калонтар гузаронанд, ҳокимияти Полша ташкилоти Шоҳидони Яҳуваро расман ба қайд гирифт. Он вақт хурсандии Теодор ҳадду канор надошт!

Анҷумани вилоятӣ дар Полша

БАД ШУДАНИ САЛОМАТӢ

Соли 2007 мо ба кушодашавии филиали Африқои Ҷанубӣ рафтанӣ будем. Вақте мо ҳанӯз дар Англия будем, духтур ба Теодор тавсия дод, ки ҳозир ба сафар наравад, чунки фишори хунаш баланд аст. Теодор табобат гирифта, ба Иёлоти Муттаҳида баргашт. Лекин баъди якчанд ҳафта ӯ сактаи мағзи сарро аз сар гузаронд ва тарафи росташ аз кор монд.

Саломатии Теодор дер барқарор мешуд ва ӯ ба ҷои кораш рафта наметавонист. Аммо мо хурсанд будем, ки ӯ гап зада метавонист. Ба маҳдудиятҳои худ нигоҳ накарда ӯ кӯшиш мекард, ки бо корҳои ҳаррӯзааш машғул шавад ва ба воситаи телефон дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Ҳайати роҳбарикунанда иштирок мекард.

Шавҳари азизам барои табобате ки дар Байт-Ил мегирифт, хеле миннатдор буд. Ба туфайли ин табобат ӯ оҳиста-оҳиста ба ҳаракат даромад. Акнун ӯ метавонист баъзе масъулиятҳояшро дар ҷамъомад иҷро кунад. Ба бемории ҷиддӣ нигоҳ накарда ӯ ҳеҷ гоҳ хурсандиро аз даст намедод.

Се сол пас ӯ дуюмбора сактаи майнаро аз сар гузаронд ва 9-уми июни соли 2010 аз олам чашм пӯшид. Ман медонистам, ки як рӯз не як рӯз Теодор ҳаёти заминии худро ба поён мерасонад. Аммо ман чунон дарди ҷонкоҳеро ҳис кардам, ки сухан аз тасвири он оҷиз аст. Ман ӯро сахт ёд мекунам ва ҷои ӯ ҳанӯз холист. Ман ҳар рӯзи ҳаёт Яҳуваро шукр мегӯям, ки ба ман имконият дод, ки ҳамдаму ҳамсафари Теодор бошам. Мо тӯли 53 сол якҷоя пурравақт хизмат кардем. Теодор ба ман кӯмак кард, ки ба Падари осмониам наздиктар шавам. Барои ин ман аз Яҳува хеле миннатдорам. Ман боварии пурра дорам, ки ӯ аз таъиноти ҳозирааш хурсандӣ ва қаноатмандӣ мегирад.

ДУШВОРИҲОИ ДИГАР

Ман аз он ки дар кошонаи ҳусни Байт-Ил кор мекардаму дигаронро таълим медодам, ҳаловат мегирифтам

Баъди солҳои зиёди пур аз меҳнату хушбахтӣ, ки бо ҳамсарам гузаронда будам, ба душвориҳои ҳозира мутобиқ шудан бароям осон нест. Ману Теодор пешвоз гирифтани меҳмононро дар Байт-Ил ва дар Толори Салтанат хеле дӯст медоштем. Акнун ки Теодор ҳамроҳи ман нест ва қуввати пештараам маро тарк кардааст, дигар мисли пеш бо одамони зиёд муошират карда наметавонам. Ба ин нигоҳ накарда ман хеле хурсандам, ки дар байни бародару хоҳарон дар Байт-Ил ва ҷамъомад ҳастам. Ҳарчанд реҷаи Байт-Ил осон нест, ин хизмат бароям сарчашмаи хурсандӣ мебошад. Бо гузашти солҳо муҳаббати ман нисбати мавъиза хомӯш нашудааст. Ҳозир ман бисёр роҳ гашта наметавонам ва зуд монда мешавам, лекин мавъиза дар кӯча ва гузаронидани омӯзишҳо ба ман шодии зиёде мебахшад.

Вақте ман воқеаҳои нохуши ҷаҳонро мебинам, шукр мегӯям, ки ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонам ҳаётамро дар хизмат ба Яҳува гузаронидаам. Дар ҳақиқат, Яҳува ҳаётамро пурбаракат намуд! (Мас. 10:22).

Тарҷумаи ҳоли Ҷек Нейтон дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 сентябри соли 1990, саҳ. 10–14 нашр шудааст.