Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува Худои муҳаббат аст

Яҳува Худои муҳаббат аст

«Худо муҳаббат аст» (1 ЮҲ. 4:8, 16).

СУРУДҲО: 18, 51

1. Хислати асосии Худо кадом аст ва донистани ин дар шумо чӣ гуна ҳиссиётро бедор мекунад?

ДАР Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:8). Ин чӣ маъно дорад? Муҳаббат на танҳо яке аз хислатҳои олиҷаноби Яҳува мебошад, балки аз ҳама хислати асосӣ ва муҳимтарини Ӯст. Худо на фақат муҳаббат дорад, балки худаш саропо муҳаббат аст. Чӣ қадар миннатдорем мо, ки Офаридгори тамоми даҳр ва тамоми мавҷудоти зинда Худои пур аз меҳру муҳаббат аст! Ӯ ҳама корҳояшро аз муҳаббат иҷро мекунад.

2. Муҳаббати Худо ба мо чӣ гуна дилпурӣ мебахшад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

2 Яҳува нисбати офаридаҳояш меҳрубон аст. Муҳаббати Ӯ ба мо дилпурӣ мебахшад, ки нияти Ӯ нисбати одамизод ба таври беҳтарин иҷро мешавад. Ин ба шахсони итоаткор хушбахтии ҳақиқӣ меорад. Масалан, аз муҳаббат Яҳува «рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад», яъне ба воситаи Исои Масеҳ (Аъм. 17:31). Мо боварии комил дорем, ки ин ҳатман рӯй медиҳад. Барои одамони итоаткор ин маънои ояндаи олиҷаноберо дорад, ки абадан давом хоҳад кард.

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ

3. Агар Худо одамизодро дӯст намедошт, моро чӣ гуна оянда интизор мебуд?

Тасаввур кунед, ки агар Худо одамизодро дӯст намедошт, моро чӣ гуна оянда интизор мебуд. Одамон бар якдигар ҳукмронӣ карда, зери ҳокимияти худои ин ҷаҳон мемонданд, ки ӯ шахси бераҳму бемуҳаббат аст. (1 Юҳ. 5:19; 2 Қӯр. 4:4; Ваҳй 12: 9, 12-ро бихонед.) Агар Худо моро дӯст намедошт, моро ояндаи даҳшатноке интизор буд.

4. Чаро Яҳува роҳ дод, ки бар зидди ҳокимияти Ӯ исён бардошта шавад?

Вақте Шайтон ба муқобили ҳокимияти Яҳува баромад, вай ҳамчунин нахустволидони моро ба исён шарик кард. Вай ҳуқуқи Ҳокими Олам будани Яҳуваро зери шубҳа гузошт. Бо ин Шайтон даъво кард, ки тарзи ҳукмронии вай аз ҳукмронии Офаридгор беҳтар буда метавонад (Ҳас. 3:1–5). Яҳува ба Шайтон вақт дод, то ҳақ будани даъвояшро исбот кунад. Лекин оқибат ба таври равшан маълум шуд, ки на одамон ва на Шайтон ҳокими хуб буда наметавонанд.

5. Таърихи инсоният чиро исбот кард?

5 Сад соли охир зиёда аз 100 миллион одам дар ҷангҳо кушта шуданд. Имрӯз рафтори ҷаҳон торафт бад шуда истодааст. Дар бораи «айёми охир»-и ин тартибот Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар» мегарданд (2 Тим. 3:1, 13). Ҳамчунин Китоби Муқаддас мегӯяд: «Роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирм. 10:23). Таърих ҳақ будани ин суханонро тасдиқ мекунад. Одамизод қобилият ва ҳаққу ҳуқуқи бе роҳбарии Яҳува бар худ ҳукмронӣ карданро надорад.

6. Чаро Худо ба бадӣ роҳ дод?

6 Бо он ки Яҳува як муддати муайян ба бадӣ роҳ дод, Ӯ исбот кард, ки танҳо ҳокимияти Ӯ бомуваффақият буда метавонад. Дар оянда Худо тамоми бадиро нест мекунад. Агар баъд аз ин касе ҳукмронии пурмуҳаббати Ӯро зери шубҳа гузорад, Ӯ дарҳол амал хоҳад кард. Ӯ метавонад таърихи инсониятро истифода барад, то чунин исёнгаронро дарҳол нест кунад ва пеши роҳи бадиро гирад.

ЧӢ ТАВР ХУДО МУҲАББАТАШРО НИШОН ДОД?

7, 8. Баъзе аз роҳҳое ки Яҳува муҳаббати бузургашро ба мо нишон дод, кадоманд?

7 Яҳува муҳаббати бузургашро бо роҳҳои гуногун нишон медиҳад. Масалан, дар бораи ҳаҷму андоза ва зебогии коинот фикр кунед. Дар он миллиардҳо галактикаҳо ҳастанд, ки ҳар яки онҳо миллиардҳо ситора ва сайёраҳоро дар бар мегирад. Дар галактикаи мо — Роҳи Каҳкашон яке аз ин ситораҳо Офтоб мебошад. Бе Офтоб дар рӯи замин ҳаёт буда наметавонад. Ҳамаи ин аз қувват хирад ва муҳаббати Офаридгорамон шаҳодат медиҳад. Бале, «моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст» (Рум. 1:20).

8 Худо дар замин ҳама чизро барои ҳаёт тайёр кардааст. Ӯ ба одамон боғи зебо ва тану ақли комил барои абадан зистан ато карда буд. (Ваҳй 4:11-ро бихонед.) Ғайр аз ин «Ӯ ба тамоми башар ризқу рӯзӣ медиҳад, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст» (Заб. 135:25).

9. Баъзан Яҳува чӣ ҳис мекунад ва чаро?

9 Ҳарчанд Худо муҳаббат аст, Ӯ аз бадӣ нафрат дорад. Масалан, китоби Забур 5:5–7 дар бораи Яҳува чунин мегӯяд: «Ту Худои шароратхоҳ нестӣ: назди Ту бадкеш сокин нахоҳад шуд... аз ҳамаи бадкирдорон нафрат дорӣ». Илова бар ин: «Худованд аз хунхӯр ва маккор кароҳат [нафрат] дорад»

БА ҚАРИБӢ БАДӢ НЕСТ МЕШАВАД

10, 11. а) Одамони бадро чӣ интизор аст? б) Яҳува ба одамони итоаткор чӣ гуна мукофот медиҳад?

10 Яҳува дар вақти мувофиқ бадиро аз рӯи олам нест мекунад, зеро Ӯ Худои муҳаббат аст ва аз бадӣ нафрат дорад. Каломи Худо ваъда медиҳад: «Бадкешон маҳв хоҳанд шуд, валекин умедворони Худованд вориси замин хоҳанд буд. Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд». Душманони Худованд «мисли дуд фано хоҳанд шуд» (Заб. 36:9, 10, 20).

11 Каломи Худо инчунин ваъда медиҳад: «Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Заб. 36:29). Росткорон «аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд» (Заб. 36:11). Зеро Худои пурмуҳаббати мо медонад, ки барои ходимони содиқаш чӣ беҳтар аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:4).Чӣ ояндаи дурахшон интизор аст, онҳоеро ки ба Яҳува итоат карда муҳаббати Ӯро қадр мекунанд!

12. Шахси беайб кист?

12 Каломи Худо мегӯяд: «Ба беайб назар андоз ва росткорро бубин, зеро ки оянда ба шахси сулҳҷӯ тааллуқ дорад, ва ҷинояткорон аз як сар маҳв хоҳанд шуд; фарҷоми шарирон нест шудан аст» (Заб. 36:37, 38). Шахси беайб кист? Касе ки дар бораи Яҳува ва Писари Ӯ дониш мегирад ва бо итоаткорӣ хости Худоро ба ҷо меорад. (Юҳанно 17:3-ро бихонед.) Чунин шахсон ба суханони 1 Юҳанно 2:17 ҷиддӣ муносибат мекунанд: «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист». Анҷоми ин дунё наздик аст, барои ҳамин хеле муҳим аст, ки ба Яҳува умед бандем ва «тариқи Ӯро риоя» намоем (Заб. 36:34).

БУЗУРГТАРИН НИШОНАИ МУҲАББАТИ ХУДО

13. Бузургтарин нишонаи муҳаббати Худо чист?

13 Нигоҳ накарда ба нокомилиамон мо ба Яҳува итоат карда метавонем. Қурбонии фидяи Исо — бузургтарин нишонаи муҳаббати Худо ба мо имконият медиҳад, ки бо Яҳува муносибати наздик пайдо кунем. Ба туфайли ин қурбонӣ одамон аз гуноҳу марге ки аз Одам мерос гирифта буданд, озод шуда метавонанд. (Румиён 5:12; 6:23-ро бихонед.) Исо солҳои бешумор дар осмон ба Падараш содиқ буд, бинобар ин Яҳува боварии комил дошт, ки писараш дар замин ҳам содиқиашро нигоҳ медорад. Ҳамчун Падари меҳрубон ба Яҳува дидани он ки чӣ тавр одамони бад писари Ӯро азоб медиҳанд, дардовар буд. Лекин Исо содиқона ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кард ва нишон дод, ки одами комил ҳатто ҳангоми душвориҳои сахттарин ба Яҳува вафодор монда метавонад.

Аз муҳаббат Яҳува Писарашро ба замин фиристод (Ба сархати 13 нигаред.)

14, 15. Марги Исо барои инсоният чиро имконпазир сохт?

14 Исо зери озмоишҳои сахттарин, ҳатто то дами марг ба Яҳува содиқ монд ва ҳокимияти Ӯро дастгирӣ кард. Қурбонии Исо ба мо имконият медиҳад, ки дар дунёи нави Худо абадан зиндагӣ кунем. То чӣ андоза миннатдорем мо барои ин! Павлуси ҳавворӣ дар бораи муҳаббати Яҳува ва Исо чунин мегӯяд: «Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанӯз суст будем, дар вақти муқарраршуда барои осиён мурд. Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад. Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:6–8). Юҳаннои ҳавворӣ навишта буд: «Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем. Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод» (1 Юҳ. 4:9, 10).

15 Исо гуфт: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Яҳува Писарашро чун қурбонӣ пешкаш кард, нигоҳ накарда ба он ки ин барояш хеле дардовар буд. Ин нишон медиҳад, ки то чӣ андоза Яҳува одамонро дӯст медорад. Муҳаббати Ӯ пойдор аст. Павлус навишта буд: «Ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на маъбадҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар... Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад» (Рум. 8:38, 39).

САЛТАНАТИ ХУДО ҲУКМРОНӢ КАРДА ИСТОДААСТ

16. Салтанат чист ва киро Яҳува Ҳокими он интихоб кард?

16 Салтанати Масеҳоӣ низ нишонаи муҳаббати Худо нисбати одамизод аст. Аз кадом ҷиҳат? Яҳува ҳокимеро таъин кард, ки одамонро дӯст медорад ва дар роҳбарӣ кардан таҷриба дорад (Мас. 8:31). Худо 144 000 одамро интихоб кард, то бо Исо дар осмон роҳбарӣ кунанд (Ваҳй 14:1). Салтанат мавзӯи асосии таълими Исо буд ва ӯ ба шогирдонаш таълим медод, ки ба ин мазмун дуо гӯянд: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Мат. 6:9, 10). Мо бесаброна интизори он замонем, ки Салтанати Худо бар инсоният баракатҳои зиёд орад!

17. Фарқи байни ҳукмронии Исо ва ҳукмронии одамонро фаҳмонед.

17 Ҳукмронии пурмуҳаббати Исо аз ҳукмронии одамон сахт фарқ мекунад. Ҳукмронии одамон сабабгори ҷангҳои зиёд шуд, ки дар натиҷа миллионҳо одамон ҳаёташонро аз даст доданд. Лекин Исо моро дӯст медорад ва ба хислатҳои олиҷаноби Худо, хусусан ба муҳаббати Ӯ пайравӣ мекунад (Ваҳй 7:10, 16, 17). Исо гуфт: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст» (Мат. 11:28–30). Чӣ ваъдаи муҳаббатомезе!

18. а) Аз соли 1914 инҷониб чӣ рӯй дода истодааст? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

18 Пешгӯии Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ҳукмронии Салтанати Худо соли 1914 дар осмон сар шуд. Аз он вақт инҷониб ҷамъоварии шахсоне ки дар осмон ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ мекунанд ва «анбӯҳи бузурги мардум», ки ҳангоми нестшавии ҷаҳони Шайтон наҷот ёфта, ба дунёи нав дохил мешаванд, давом дорад (Ваҳй 7:9, 13, 14). Шумораи «анбӯҳи бузург» чӣ қадар аст? Аз онҳое ки ба ин гурӯҳ дохил мешаванд, чӣ талаб карда мешавад? Ин саволҳоро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.