Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо «ёри худро мисли худ дӯст» медоред?

Оё шумо «ёри худро мисли худ дӯст» медоред?

«Ёри худро мисли худ дӯст бидор» (МАТ. 22:39).

СУРУДҲО: 25, 36

1, 2. Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки доштани муҳаббат муҳим аст?

МУҲАББАТ хислати асосии Яҳува аст (1 Юҳ. 4:16). Нахустин офаридаи Ӯ — Исо солҳои бешумор дар осмон аз Яҳува хислати муҳаббатро меомӯхт (Қӯл. 1:15). Дар ҳаёти заминиаш ӯ ба пуррагӣ муҳаббати Яҳуваро зоҳир мекард. Аз ин рӯ мо боварии комил дорем, ки Яҳува ва Исо ҳамеша бо муҳаббат роҳбарӣ мекунанд.

Вақте аз Исо пурсиданд, ки бузургтарин аҳком кадом аст, ӯ гуфт: «“Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор”. Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин; ва дуюмаш монанди он аст: “Ёри худро мисли худ дӯст бидор”» (Мат. 22:37–39).

3. Ёри мо кист?

3 Исо гуфт, ки дӯст доштани ёри худ баъди дӯст доштани Яҳува муҳимтарин ҳукм аст. Аз ин рӯ мо бояд дар муносибат бо одамон муҳаббат зоҳир кунем. Лекин ёри мо кист? Агар оиладор бошем, ёр ё шахси наздиктарини мо ҳамсарамон аст. Ҳамимононамон низ барои мо ёру дӯстони наздик мебошанд. Ҳамчунин касоне ки мо дар хизмат вомехӯрем, ёрони моянд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр мо ба ёри худ муҳаббат зоҳир карда метавонем.

ҲАМСАРИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕД

4. Чӣ тавр нигоҳ накарда ба нокомилӣ оилаҳо хушбахт буда метавонанд?

4 Яҳува Одаму Ҳавворо офарид ва онҳоро ба ҳам пайваст. Ин аввалин оила буд. Ӯ мехост, ки онҳо хушбахт бошанд ва заминро аз насли худ пур кунанд (Ҳас. 1:27, 28). Лекин вақте онҳо ба Яҳува беитоатӣ карданд, оилаи онҳо зарар дид ва гуноҳу марг ба мо гузашт (Рум. 5:12). Нигоҳ накарда ба ин имрӯз оилаҳо хушбахт буда метавонанд. Яҳува — Асосгузори оила барои ҳамсарон маслиҳати беҳтарин медиҳад. (2 Тимотиюс 3:16, 17-ро бихонед.)

5. Доштани муҳаббат дар оила то чӣ андоза муҳим аст?

5 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки муҳаббат ин ҳисси меҳру дилбастагист, ки бе он инсон хушбахт буда наметавонад. Дар оила ҳам доштани ин хислат муҳим аст. Павлуси ҳавворӣ муҳаббати ҳақиқиро чунин тасвир кард: «Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» (1 Қӯр. 13:4–8). Вақте мо дар бораи ин суханон фикр мекунему онро ба кор мебарем, ин оилаи моро хушбахт мегардонад.

Каломи Худо ба мо нишон медиҳад, ки барои хушбахт будани оила чӣ лозим аст (Ба сархатҳои 6 ва 7 нигаред.)

6, 7. а) Китоби Муқаддас дар бораи сарварӣ чӣ мегӯяд? б) Шавҳари масеҳӣ бояд ба занаш чӣ тавр муносибат кунад?

6 Яҳува муайян кардааст, ки дар оила кӣ бояд сарвар бошад. Павлуси ҳавворӣ фаҳмонд: «Мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост» (1 Қӯр. 11:3). Лекин Яҳува аз шавҳарон интизор аст, ки бо муҳаббат сарварӣ кунанд ва асло бераҳму аз ҳад сахтгир набошанд. Худи Яҳува сарвари меҳрубон ва фидокор аст. Исо барои сарварии меҳрубононаи Худо миннатдор буд. Ӯ гуфт: «Ман Падарро дӯст медорам» (Юҳ. 14:31). Агар Яҳува бо Исо дағалона муносибат мекард, ӯ ҳеҷ гоҳ чунин муҳаббат намедошт.

7 Ҳарчанд мард сарвари зан аст, Китоби Муқаддас ба ӯ мефармояд, ки зани худро эҳтиром кунад (1 Пет. 3:7). Яке аз роҳҳое ки мард ба занаш ҳурмат нишон дода метавонад, ба назар гирифтани ниёзҳо ва майлу хоҳишҳои ӯст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо [«ҷамъомад», ТДН] муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд» (Эфс. 5:25). Бале, Исо ҳаёташро барои пайравонаш қурбон кард. Вақте шавҳар ба тарзи сарварии Исо пайравӣ мекунад, он гоҳ ба зан осонтар мешавад, ки ба шавҳараш муҳаббату эҳтиром нишон диҳад ва қарорҳои ӯро дастгирӣ кунад. (Титус 2:3–5-ро бихонед.)

ҲАМИМОНОНИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕД

8. Мо бояд ба ҳамимононамон чӣ гуна муносибат кунем?

8 Имрӯз миллионҳо ҳамимононамон дар саросари ҷаҳон ба Яҳува хизмат мекунанд. Мо бояд ба якдигар чӣ тавр муносибат кунем? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ». (Ғал. 6:10; Румиён 12:10-ро бихонед.) Петруси ҳавворӣ навишта буд: «Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред». Петрус ҳамчунин ба ҳамимононаш гуфта буд: «Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед» (1 Пет. 1:22; 4:8).

9, 10. Чаро халқи Худо муттаҳид аст?

9 Ташкилоти умумиҷаҳонии мо беҳамто аст. Чаро? Зеро мо хоҳару бародаронамонро аз таҳти дил дӯст медорем. Беш аз ин азбаски мо Яҳуваро дӯст медорему ба қонунҳояш итоат мекунем, Ӯ моро ба воситаи бузургтарин қувва дар ҷаҳон — рӯҳи муқаддас дастгирӣ мекунад. Ба туфайли ин мо бо бародарияти умумиҷаҳонӣ дар ягонагӣ мебошем. (1 Юҳанно 4:20, 21-ро бихонед.)

10 Китоби Муқаддас дар бораи муҳаббате, ки бояд дар байни масеҳиён бошад, чунин мегӯяд: «Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:32). Ҳамчунин Павлуси ҳавворӣ гуфта буд: «Марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед, ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст [«пайванд медиҳад ва комилан муттаҳид месозад», ТҶФ]» (Қӯл. 3:12, 14). Мо миннатдорем, ки нигоҳ накарда ба аслу насаб ва миллатамон дар байни мо муҳаббате ки «пайванд медиҳад ва комилан муттаҳид месозад», ҳукмфармост!

11. Муҳаббат ва ягонагӣ дар байни халқи Яҳува чиро нишон медиҳад?

11 Муҳаббати самимӣ ва ягонагӣ дар байни халқи Яҳува нишон медиҳад, ки онҳо парастандагони ҳақиқии Худо ҳастанд. Исо гуфта буд: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34, 35). Юҳаннои ҳавворӣ низ гуфта буд: «Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад. Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дорем» (1 Юҳ. 3:10, 11). Муҳаббат ва ягонагӣ дар байни Шоҳидони Яҳува нишон медиҳад, ки онҳо пайравони ҳақиқии Масеҳанд, касоне ки хушхабари Салтанатро дар саросари ҷаҳон мавъиза мекунанд (Мат. 24:14).

ҶАМЪОВАРИИ «АНБӮҲИ БУЗУРГ»

12, 13. Аъзоёни «анбӯҳи бузург» имрӯз чӣ кор мекунанд ва онҳоро чӣ гуна оянда интизор аст?

12 Аксарияти ходимони Яҳува ба «анбӯҳи бузург» дохил мешаванд. Онҳо аз ҳар гӯшаву канори дунё мебошанд ва нишон медиҳанд, ки Салтанатро дастгирӣ мекунанд. Онҳо «аз азоби азим омадаанд... либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд», яъне ба қурбонии Исо имон доранд. Ин масеҳиён Яҳува ва Писарашро дӯст медоранд ва «шабу рӯз» Ӯро ибодат мекунанд (Ваҳй 7:9, 14, 15).

13 Ба қарибӣ дар «мусибати бузург» Худо ҷаҳони Шайтонро несту нобуд мекунад. (Мат. 24:21; Ирмиё 25:32, 33-ро бихонед.) Лекин Яҳува хизматгоронашро муҳофизат менамояд ва онҳоро ба дунёи нав роҳнамоӣ мекунад, чунки дӯсташон медорад. Тахминан 2000 сол пеш Ӯ ваъда дода буд, ки «ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд». Оё шумо он замонеро ки дар он дигар бадӣ, дарду азоб ва марг намешавад, тасаввур мекунед? (Ваҳй 21:4).

14. «Анбӯҳи бузург» чӣ қадар аст?

14 Соли 1914, ҳангоми сар шудани охирзамон, дар тамоми ҷаҳон танҳо якчанд ҳазор ходими ҳақиқии Худо буд. Аз муҳаббат ба одамон ва бо ёрдами рӯҳи муқаддас онҳо нигоҳ накарда ба душвориҳо хушхабари Салтанатро мавъиза мекарданд. Ин чӣ натиҷа овард? Имрӯз тахминан 8 000 000 Шоҳиди Яҳува дар 115 400 ҷамъомади дунё фаъолият доранд, ки аксари онҳо аз «анбӯҳи бузург» мебошанд. Шумораи мо рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, дар соли хизматии 2014 зиёда аз 275 500 нафар таъмид гирифт, ки ин ба ҳисоби миёна дар як ҳафта 5300 нафарро ташкил медиҳад.

15. Дар бораи паҳншавии хушхабар дар рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин аст?

15 Имрӯз хушхабари Салтанат дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда истодааст. Адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта ба зиёда аз 700 забон чоп мешавад. Маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» паҳншудатарин маҷаллаи дунё мебошад. Он ҳар моҳ бо теъдоди 52 000 000 нусха ба 247 забон чоп мешавад. Китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», ки ба воситаи он мо бо одамон омӯзиш мегузаронем, қариб ба 250 забон тарҷума шудааст, ки теъдоди он ба зиёда аз 200 000 000 нусха расидааст.

16. Сабаби пешравии ташкилоти мо дар чист?

16 Ташкилоти мо пешравӣ карда истодааст, чунки мо ба Худо имон дорем ва Китоби Муқаддасро Каломи Ӯ мешуморем (1 Тас. 2:13). Ба муқобилияту нафрати «худои ин дунё» — Шайтон нигоҳ накарда мо аз баракатҳои Яҳува баҳра мебарем (2 Қӯр. 4:4).

БА ДИГАРОН ДОИМО МУҲАББАТ НИШОН ДИҲЕД

17, 18. Ходимони Худо ба дигар одамон бояд чӣ гуна муносибат дошта бошанд?

17 Ба хабари мо одамон ба таври гуногун муносибат мекунанд. Баъзеҳо хабари моро гӯш мекунанд, дигарон бошанд, аз он нафрат доранд. Лекин новобаста аз муносибати онҳо мо мувофиқи маслиҳати зерини Каломи Худо амал мекунем: «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (Қӯл. 4:6). Вақте мо дар назди дигарон имони худро ҳимоя мекунем, мехоҳем ин корро «бо фурӯтанӣ ва эҳтиром» кунем, чунки одамонро дӯст медорем (1 Пет. 3:15).

18 Баъзан дар вақти мавъиза одамон бо қаҳру ғазаб ба мо ҷавоб медиҳанд ва хабари моро рад мекунанд. Ҳатто дар чунин ҳолатҳо мо аз Исо ибрат гирифта нисбати одамон муҳаббат нишон медиҳем. Исо «гирифтори бадгӯӣ гардида... ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил [Яҳува] месупурд» (1 Пет. 2:23). Хоҳ ҳамроҳи ҳамимононамон бошем, хоҳ ҳамроҳи дигарон, мо фурӯтанӣ нишон медиҳем ва аз рӯи маслиҳати зерин рафтор мекунем: «Дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед» (1 Пет. 3:8, 9).

19. Мо бояд бо душманони худ чӣ гуна рафтор кунем?

19 Фурӯтаниро нигоҳ дошта ходимони Яҳува ба маслиҳати хеле муҳиме гӯш медиҳанд. Ин маслиҳатро Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ ба забон ронда буд: «Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед, то ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад» (Мат. 5:43–45). Чун ходимони Худо мо бояд душманони худро дӯст дорем, новобаста аз он ки онҳо бо мо чӣ гуна муносибат мекунанд.

20. Чаро дар дунёи нав ҳамаи одамон Худо ва ёри худро дӯст хоҳанд дошт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

20 Мо бояд дар ҳар маврид нишон диҳем, ки Яҳува ва одамонро дӯст медорем. Ҳатто агар одамоне ки хабари моро қабул намекунанд ба кӯмак мӯҳтоҷ бошанд, мо ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунем. Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст. Зеро ки аҳкоми: “Зино накун”, “Қатл накун”, “Дуздӣ накун”, “Шаҳодати дурӯғ надеҳ”, “Тамаъ накун” ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи: “Ёратро мисли худат дӯст дор” ҷамъбаст карда шудааст. Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст» (Рум. 13:8–10). Дар ин дунёи пур аз ҷудоӣ, зӯроварӣ ва бадӣ, ки зери ҳукмронии Шайтон аст, ходимони Худо нисбати одамон муҳаббати самимӣ доранд (1 Юҳ. 5:19). Пас аз он ки Яҳува Шайтону девҳои ӯ ва ин ҷаҳони шарирро нест мекунад, дунё аз муҳаббат пур мешавад. Ба наздикӣ ҳама одамони рӯи замин ҳам Худо ва ҳам ёри худро дӯст хоҳанд дошт!