Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Барои саховатмандии Яҳува миннатдор бошед

Барои саховатмандии Яҳува миннатдор бошед

ЯҲУВА Худои саховатманду дасткушод аст (Яъқ. 1:17). Аз осмони пурситора сар карда то табиати сабзу зебои замин ҳама чиз аз саховатмандии Яҳува шаҳодат медиҳад (Заб. 64:13, 14; 146:7, 8; 148:3, 4).

Забурнавис аз Офаридгори худ чунон миннатдор буд, ки дар васфи Ӯ таронаи зебое эҷод кард. Суханоне ки дар таронаи 103-юми Забур навишта шудааст, ба дили мо наздиканд. Забурнавис мегуфт: «Тамоми умри худ дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд; то даме ки вуҷуд дорам, Худои худро хоҳам сароид» (Заб. 103:33). Оё шумо низ чунин хоҳиш доред?

БЕҲТАРИН НИШОНАИ САХОВАТМАНДӢ

Яҳува мехоҳад, ки мо аз Ӯ ибрат гирем ва саховатманд бошем. Ӯ ҳамчунин ба мо мефаҳмонад, ки чаро мо бояд саховатманд бошем. Ба суханони Павлуси ҳавворӣ аҳамият диҳед: «Сарватдорони ин дунёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад; бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки ҳаёти ҷовидониро аз они худ созанд» (1 Тим. 6:17–19).

Вақте Павлус номаи дуюми худро ба ҷамъомади шаҳри Қӯринт навишт, ӯ масеҳиёни он ҷойро барангехт, ки дасткушод бошанд. Павлус гуфт: «Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад» (2 Қӯр. 9:7). Сипас ӯ қайд кард, ки аз саховатмандии як шахс ҳам касе ки мегирад, хурсанд мешавад, ҳам касе ки медиҳад. Шахси гиранда барои он ки соҳиби чизе мешавад, диҳанда барои он ки баракати Худоро соҳиб мешавад (2 Қӯр. 9:11–14).

Дар охири номааш Павлус дар бораи беҳтарин нишонаи саховатмандии Худо навишт: «Худоро шукр бод барои бахшоиши молокаломи Ӯ!» (2 Қӯр. 9:15). Ба бахшоиш ё атои Яҳува ҳама корҳои неке ки Ӯ ба воситаи Исои Масеҳ барои халқаш кардааст, дохил мешавад. Ин атои Яҳува чунон аҳамияти бузург дорад, ки онро бо сухан фаҳмондан душвор аст.

Чӣ тавр мо барои ҳама корҳое ки Яҳува ва Исо баҳри мо карданд ва дар оянда мекунанд, миннатдор буда метавонем? Масалан, мо метавонем вақт, қувват ва дороии худро барои ибодати пок саховатмандона сарф кунем, новобаста аз он ки он кам аст ё бисёр (1 Вақ. 22:14; 29:3–5; Луқ. 21:1–4).