Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Барои атои бебаҳои Худо миннатдорӣ нишон диҳед

Барои атои бебаҳои Худо миннатдорӣ нишон диҳед

«Худоро шукр бод барои бахшоиши молокалом [баённашаванда]-и Ӯ!» (2 ҚӮР. 9:15).

СУРУДҲО: 53, 18

1, 2. а) Ба «бахшоиши молокалом»-и Худо чӣ дохил мешавад? б) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?

ЯҲУВА Писари азизашро ба замин фиристод ва ҳамин тавр ба мо тӯҳфаи бебаҳое ато кард. Ин бузургтарин нишонаи муҳаббати Ӯст! (Юҳ. 3:16; 1 Юҳ. 4:9, 10). Павлуси ҳавворӣ ин аторо «бахшоиши молокалом», яъне баённашаванда номид (2 Қӯр. 9:15). Чаро ҳавворӣ ин ибораро истифода бурд?

2 Павлус медонист, ки қурбонии Исо кафолати он аст, ки ҳама ваъдаҳои олиҷаноби Худо иҷро мешаванд. (2 Қӯринтиён 1:20-ро хонед.) Ин маънои онро дорад, ки ба «бахшоиши молокалом»-и Худо на танҳо қурбонии Исо, балки муҳаббати пойдори Яҳува ва ҳама корҳои неки Ӯ, ки ба мо мекунад, дохил мешаванд. Ин атои бебаҳоро мо бо сухан пурра тасвир карда наметавонем. Он дар мо чӣ гуна ҳиссиётро бедор мекунад? Чӣ тавр ин ато моро бармеангезад, ки ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ, ки 23-юми марти соли 2016 ҷашн гирифта мешавад, тайёрӣ бинем?

АТОИ БЕБАҲОИ ХУДО

3, 4. а) Вақте ба шумо тӯҳфа медиҳанд, шумо чӣ ҳис мекунед? б) Агар касе барои шумо ҷонашро фидо кунад, ин ба шумо чӣ гуна таъсир мекунад?

Вақте ба мо тӯҳфа медиҳанд, ин ба мо маъқул аст. Лекин баъзе тӯҳфаҳо чунон аҳамияти бузург доранд, ки метавонанд ҳаёти моро дигаргун созанд. Масалан, тасаввур кунед, ки шумо ягон ҷиноят содир кардед ва ҷазои он марг аст. Лекин ногаҳон шумо мефаҳмед, ки шахсе ки шумо ӯро намешиносед, мехоҳад ба ҷойи шумо он ҷазоро гирад. Ӯ тайёр аст, ки барои шумо шуда ҳаёташро аз даст диҳад! Чӣ тавр чунин рафтор ба шумо таъсир мекард?

4 Чунин муҳаббати фидокорона шуморо водор месозад, ки дар бораи рафторатон фикр кунед ва ҳаётатонро тағйир диҳед. Эҳтимол, ин шуморо бармеангезад, ки бештар саховатманду меҳрубон бошед ва онҳоеро ки шуморо хафа кардаанд, бахшед. Ва аз он шахс шумо як умр миннатдор мешавед.

5. Чаро қурбонии фидия аз дигар атоҳои Худо бузургтар аст?

5 Лекин чизе ки Яҳува ба воситаи Масеҳ ба мо дод, аз тӯҳфае ки дар мисоли боло дида баромадем, бениҳоят пурарзиш аст (1 Пет. 3:18). Ҳамаи мо аз Одам гуноҳро мерос гирифтем, ки ҷазои он марг аст (Рум. 5:12). Аз муҳаббат Яҳува Исоро ба замин фиристод, то маргро «барои ҳама бичашад» (Ибр. 2:9). Лекин қурбонии Исо чизи аз ин ҳам бештареро дар бар мегирад. Ба туфайли он марг абадан нест хоҳад шуд! (Иш. 25:7, 8; 1 Қӯр. 15:22, 26). Ҳамаи онҳое ки ба Исо имон меоранд — ҳам тадҳиншудагон ва ҳам тобеони заминии Салтанат — хушбахтона ва дар сулҳу осоиштагӣ ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард (Рум. 6:23; Ваҳй 5:9, 10). Боз кадом баракатҳо ба атои Яҳува дохил мешаванд?

6. а) Кадом баракати Худоро шумо бештар интизор ҳастед? б) Мо дар ин мақола кадом се чизро муҳокима мекунем?

6 Ба туфайли қурбонии Исо замин ба биҳишт табдил меёбад, тамоми бемориҳо аз байн мераванд ва мурдагон аз нав зинда мешаванд (Иш. 33:24; 35:5, 6; Юҳ. 5:28, 29). Мо Яҳува ва Писари Ӯро, ки барои мо ин атои бебаҳоро доданд, хеле дӯст медорем. Мо бояд дар бораи саволи зерин фикр кунем: «Муҳаббати Худо моро ба чӣ бармеангезад?» Биёед дида бароем, ки чӣ тавр муҳаббати Худо моро бармеангезад, ки 1) ҳар чи бештар ба Исои Масеҳ пайравӣ кунем, 2) муҳаббатамонро ба ҳамимононамон нишон диҳем ва 3) дигаронро аз таҳти дил бахшем.

«МУҲАББАТИ МАСЕҲ МОРО ВОДОР МЕНАМОЯД»

7, 8. Мо дар ҷавоби муҳаббати Масеҳ чӣ ҳис мекунем ва ин моро ба чӣ бармеангезад?

7 Якум, мо барангехта мешавем, ки минбаъд барои Исои Масеҳ зиндагӣ кунем. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд» (2 Қӯринтиён 5:14, 15-ро хонед.) Павлус медонист, ки агар муҳаббати Масеҳ ба мо таъсир кунад, мо кӯшиш мекунем, ки барои ӯ зиндагӣ кунем. Бале, вақте мо мефаҳмем, ки Яҳува бароямон кадом корҳоро кардааст, муҳаббати Ӯ моро бармеангезад, то тавре зиндагӣ кунем, ки ба Исо маъқул аст. Чӣ тавр?

8 Муҳаббат ба Яҳува моро бармеангезад, ки пурра ба намунаи Масеҳ пайравӣ кунем ва аз пайи қадамҳои ӯ равем (1 Пет. 2:21; 1 Юҳ. 2:6). Ба Худо ва Масеҳ итоат карда мо ба онҳо муҳаббати худро нишон медиҳем. Исо гуфт: «Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад; ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Ман вайро дӯст хоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт» (Юҳ. 14:21; 1 Юҳ. 5:3).

9. Мо бо чӣ гуна фишор рӯ ба рӯ мешавем?

9 Дар арафаи Шоми ёдбуд хуб мебуд, ки дар бораи тарзи ҳаётамон фикр кунем. Аз худ бипурсед: «Дар кадом соҳаҳои ҳаёт ман аллакай ба намунаи Исои Масеҳ пайравӣ карда истодаам? Аз кадом ҷиҳат ман бояд беҳтар шавам?» Чунин худтафтишкунӣ хеле муҳим аст, чунки ин ҷаҳон мехоҳад, ки мо аз паи он равона шавем (Рум. 12:2). Агар эҳтиёт нашавем, мо метавонем ба фишори ин ҷаҳон дода шавем ва ба донишмандон, одамони машҳур ва қаҳрамонҳои варзиш пайравӣ кунем (Қӯл. 2:8; 1 Юҳ. 2:15–17). Чӣ тавр мо ба ин гуна фишорҳо муқобилият карда метавонем?

10. Дар арафаи Шоми ёдбуд мо бояд кадом саволҳоро ба худ диҳем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

10 Мо метавонем дар арафаи Шоми ёдбуд вақт ҷудо кунем, то дар бораи тарзи либоспӯшӣ, филмҳо ва мусиқии дӯстдоштаамон фикр кунем. Ҳамчунин хуб мебуд, то тафтиш кунем, ки дар компютер, телефон ва планшетамон чӣ дорем. Аз худ бипурсед: «Агар Исо дар ин ҷо мебуду маро медид, оё ман аз либоспӯшии худ шарм мекардам? (1 Тимотиюс 2:9, 10-ро хонед.) Оё тарзи либоспӯшии ман нишон медиҳад, ки ман пайрави Масеҳам? Оё филмҳоеро, ки ман тамошо мекунам, Исо тамошо мекард? Оё мусиқиҳоеро, ки ман гӯш мекунам, ӯ гӯш мекард? Агар Исо телефон ё планшети маро мегирифт, ман аз он чизҳое ки ӯ мебинад, шарм медоштам? Оё ман ба осонӣ фаҳмонда метавонам, ки барои чӣ ин бозиҳои компютерӣ ба ман маъқуланд?» Муҳаббат ба Яҳува моро бармеангезад, то аз ҳар чизе ки барои масеҳиён норавост, даст кашем ва ба арзиши он нигоҳ накунем (Аъм. 19:19, 20). Вақте мо ҳаётамонро ба Яҳува бахшидем, мо ваъда додем, ки минбаъд барои худамон неву барои Масеҳ зиндагӣ мекунем. Барои ҳамин мо бояд ҳар чизеро ки барои пайравӣ кардан ба Масеҳ ба мо халал мерасонад, аз худ дур созем (Мат. 5:29, 30; Флп. 4:8).

11. а) Чӣ тавр дар кори мавъиза мо муҳаббатамонро ба Яҳува ва Исо нишон дода метавонем? б) Чӣ тавр муҳаббат моро бармеангезад, ки ба аъзоёни ҷамъомадамон кӯмак кунем?

11 Муҳаббат ба Исо моро бармеангезад, ки боғайратона мавъиза кунем ва таълим диҳем (Мат. 28:19, 20; Луқ. 4:43). Оё шумо метавонед корҳоятонро тавре ҷо ба ҷо кунед, то дар арафаи Шоми ёдбуд чун пешрави ёвар 30 ё 50 соат дар мавъиза иштирок кунед? Бародари 84-солае ки ҳамсарашро аз даст додааст, фикр мекард, ки аз сабаби пиронсолӣ ва саломатӣ чун пешрави ёвар хизмат карда наметавонад. Лекин пешравони маҳаллаш мехостанд, ки ба ӯ ёрӣ расонанд. Онҳо ба ӯ нақлиёт пешкаш карданд ва барои мавъиза маҳалли мувофиқро интихоб намуданд, то бародар 30 соат хизмат карда тавонад. Оё шумо ба ягон аъзои ҷамъомадатон кӯмак карда метавонед, то ӯ дар моҳи март ё апрел чун пешрави ёвар хизмат кунад? Албатта, ҳар яки мо чун пешрав хизмат карда наметавонем, лекин мо метавонем вақту қувватамонро барои хизмати Яҳува сарф кунем. Ҳамин тавр мо мисли Павлус нишон медиҳем, ки моро ба ин кор муҳаббат ба Масеҳ бармеангезад. Муҳаббат ба Худо моро боз ба кадом кор бармеангезад?

МО БОЯД ЯКДИГАРРО ДӮСТ ДОРЕМ

12. Муҳаббати Худо моро ба чӣ бармеангезад?

12 Дуюм, муҳаббати Худо моро бармеангезад, ки бародаронамонро дӯст дорем. Юҳаннои ҳавворӣ навишта буд: «Эй маҳбубон! Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем» (1 Юҳ. 4:7–11). Агар мо хоҳем, ки Худо моро дӯст дорад, мо бояд ҳамимононамонро дӯст дорем (1 Юҳ. 3:16). Чӣ тавр мо муҳаббатамонро ба онҳо нишон дода метавонем?

13. Исо ба мо чӣ гуна намуна гузошт?

13 Намунаи Исоро дида мебароем. Ҳангоми дар замин хизмат карданаш ӯ ба одамон кӯмак мекард, хусусан ба шахсони одӣ. Ӯ беморон, лангон, нобиноён, ношунавоён ва гунгонро сиҳат мекард (Мат. 11:4, 5). Шахсоне ки дар бораи Худо фаҳмидан мехостанд, аз таълими Исо баҳра мебурданд. Пешвоёни динӣ бошанд, онҳоро «малъун», яъне лаънатзада меномиданд (Юҳ. 7:49). Ӯ ин одамони одиро дӯст медошт ва сахт кӯшиш мекард, то ба онҳо ёрӣ расонад (Мат. 20:28).

Оё шумо ба бародарону хоҳарони пиронсол дар хизмат кӯмак расонда метавонед? (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Чӣ тавр шумо ба ҳамимононатон муҳаббат зоҳир карда метавонед?

14 Ҳамчунин дар арафаи Шоми ёдбуд мо метавонем дар бораи он фикр кунем, ки чӣ тавр ба хоҳару бародарони ҷамъомадамон, хусусан ба пиронсолон кӯмак намоем. Оё шумо ба хабаргирии онҳо рафта метавонед? Оё шумо метавонед вақт ҷудо кунед, то барои онҳо хӯрок оред, дар корҳои хона ва барои ба вохӯриҳо рафтан ёрӣ расонед ё онҳоро ба хизмат таклиф намоед? (Луқо 14:12–14-ро хонед.) Мо бояд гузорем, то муҳаббати Худо моро барангезад, ки ба бародару хоҳаронамон муҳаббат зоҳир кунем.

МО БОЯД РАҲМДИЛ БОШЕМ

15. Мо бояд чиро дарк кунем?

15 Сеюм, муҳаббати Яҳува моро бармеангезад, ки ҳамимононамонро бахшем. Мо аз Одам гуноҳу маргро мерос гирифтем, барои ҳамин ҳеҷ яке аз мо чунин гуфта наметавонад: «Ман ба фидия мӯҳтоҷ нестам». Ҳатто агар хизматгори содиқи Яҳува бошем ҳам, мо ба атои фидя ниёз дорем. Ҳар яки мо бояд дарк кунем, ки Яҳува қарзи калонеро ба мо бахшидааст. Чаро ин хеле муҳим аст? Яке аз масалҳои Исо ба ин савол ҷавоб медиҳад.

16, 17. Мо аз масали Исо оиди подшоҳ ва ғулом чӣ меомӯзем?

16 Исо мисоли подшоҳеро овард, ки 10 000 талант ё 60 000 000 динор қарзи ғуломашро бахшид. Аммо ин ғулом қарзи рафиқи худро, ки танҳо 100 динор буд, набахшид. Марҳамати подшоҳ бояд ӯро водор мекард, ки қарзи рафиқашро бахшад. Вақте подшоҳ фаҳмид, ки ин ғулом қарзи ночизи рафиқи худро набахшидааст, ба ғазаб омада гуфт: «Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос кардӣ; оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?» (Мат. 18:23–35). Ба монанди ин подшоҳ Яҳува қарзи калони моро бахшидааст. Муҳаббат ва раҳмдилии Яҳува моро ба чӣ водор мекунад?

17 Ҳангоми тайёрӣ ба Шоми ёдбуд мо ба худ чунин савол дода метавонем: «Оё маро ягон бародар ё хоҳаре хафа кардааст? Оё ба ман бахшидани ӯ осон аст?» Агар чунин бошад, мо бояд ба намунаи Яҳува, ки ҳамеша ба бахшидан тайёр аст, пайравӣ кунем (Наҳемё 9:17; Заб. 85:5). Агар раҳмдилии Яҳуваро қадр кунем, мо дигаронро аз таҳти дил мебахшем. Агар мо ҳамимононамонро дӯст надорем ва онҳоро набахшем, оё мо метавонем интизор шавем, ки Яҳува моро дӯст дорад ва гуноҳҳоямонро бахшад? (Мат. 6:14, 15). Агар мо дигаронро бахшем, ин гузаштаро дигар карда наметавонад, лекин ин ба мо кӯмак мерасонад, ки ояндаи хуб дошта бошем.

18. Чӣ тавр муҳаббати Яҳува ба як хоҳар ёрдам кард, ки ба нокомилии хоҳари дигар аҳамият надиҳад?

18 Ба нокомилии бародару хоҳаронамон аҳамият надодан душвор буда метавонад. (Эфсӯсиён 4:2, 32-ро хонед.) Масалан, Лили ном хоҳари муҷарраде ба хоҳари бевазане, ки Кэрол [1] ном дорад, ғамхорӣ мекард. Ӯ Кэролро ба ҷои даркорӣ мебурд, бозорӣ ва дигар корҳои ӯро иҷро мекард. Лекин ба ҳамаи некиҳои Лили нигоҳ накарда Кэрол доимо ӯро танқид мекард. Барои ҳамин баъзан ба Лили душвор мешуд, ки ба Кэрол кӯмак кунад. Аммо ӯ диққаташро ба хислатҳои хуби Кэрол равона мекард. Ӯ дар давоми якчанд сол, то дами марги Кэрол ӯро нигоҳубин кард. Лили мегӯяд: «Ман бесаброна интизори эҳёшавии Кэрол ҳастам. Ман мехоҳам ҳангоми комил шуданаш бо ӯ муошират кунам». Бале, муҳаббати Худо моро бармеангезад, ки нисбати бародару хоҳаронамон пуртоқат бошем ва замонеро интизор шавем, ки дигар нокомилӣ нахоҳад буд.

19. Атои бебаҳои Худо моро ба чӣ бармеангезад?

19 Дар ҳақиқат, Яҳува ба мо атои бебаҳое додааст! Чаро мо бояд онро ҳамеша қадр кунем? Арафаи Шоми ёдбуд барои фикр кардан оиди ҳама корҳое ки Яҳува ва Исо барои мо кардаанд, вақти муносиб аст. Бигзор муҳаббати онҳо моро барангезад, то ҳар чи бештар ба Исои Масеҳ пайравӣ кунем ва бародару хоҳаронамонро аз таҳти дил бахшем.

^ [1] (сархати 18) Дар ин мақола баъзе номҳо иваз шудаанд.