Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед»

«Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед»

«Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро... таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (МАТ. 28:19, 20).

СУРУДҲО: 47, 17

1, 2. Баъди хондани суханони Исо аз Матто 24:14 кадом саволҳо пайдо мешаванд?

БИСЁРИ одамон Шоҳидони Яҳуваро аз рӯи мавъизакуниашон мешиносанд. Шояд шумо дар хизмат касонеро вомехӯред, ки бо ақидаҳои мо розӣ нестанд, лекин барои кори мавъизаамон моро эҳтиром мекунанд. Исо пешгӯӣ карда буд, ки хушхабари Салтанат дар тамоми олам мавъиза карда мешавад (Мат. 24:14). Лекин мо аз куҷо медонем, ки пешгӯии ӯро иҷро карда истодаем? Оё мавъизаи мо ҳамон чизест, ки Исо пешгӯӣ карда буд?

2 Пайравони динҳои бисёр гумон мекунанд, ки онҳо Инҷил, яъне хушхабарро мавъиза мекунанд. Лекин онҳо танҳо дар калисо, ба воситаи барномаҳои телевизионӣ ё Интернет мавъиза мекунанд. Ҳамчунин баъзан онҳо ба одамони алоҳида дар бораи Исо нақл мекунанд. Дигарон бошанд, фикр мекунанд, ки чун духтурон ва муаллимони ихтиёрӣ хизмат кардан низ як роҳи мавъизакунӣ мебошад. Лекин оё ин ҳамон мавъизаест, ки Исо дар борааш пешгӯӣ карда буд?

3. Мувофиқи Матто 28:19, 20 пайрави Исо бояд чӣ кор кунад?

3 Оё шогирдони Исо интизор мешуданд, ки кай одамон назди онҳо меоянд? Не. Баъди эҳёшавиаш ӯ ба садҳо шогирдони худ чунин амр дод: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро... таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд» (Мат. 28:19, 20). Исо чор чизро номбар кард. Мо бояд шогирд созем, онҳоро таъмид ва таълим диҳем. Аммо пеш аз ҳама чӣ кор бояд кард? Исо гуфт: «Биравед»! Як олими Китоби Муқаддас дар бораи ин амр чунин гуфт: «Ҳар як имондор бояд ба ин амр итоат кунад, хоҳ ба ӯ барои шогирдсозӣ ба кӯчаи дигар рафтан лозим шавад, хоҳ аз уқёнус гузаштан» (Мат. 10:7; Луқ. 10:3).

4. Барои «сайёди мардум» шудан чӣ лозим аст?

4 Исо аз шогирдонаш чӣ интизор буд? Оё ӯ мехост, ки ҳар як пайраваш дар алоҳидагӣ хушхабарро мавъиза кунад? Азбаски як нафар худаш «ҳамаи халқҳо»-ро шогирд сохта наметавонад, кӯшиши гурӯҳи муттаҳиди одамон лозим аст. Исо мавъизаро бо моҳигирӣ муқоиса карда ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо бояд «сайёди мардум» шаванд. (Матто 4:18–22-ро хонед.) Исо ин ҷо дар бораи моҳигирии муқаррарӣ гап намезанад. Ӯ дар назар надошт, ки шахс худаш танҳо ба моҳигирӣ раваду шастро ба об партофта, пояшро дароз карда шинад, ки кай моҳӣ ба дом меафтад. Не, ин ҷо гап дар бораи моҳигирӣ бо тӯр меравад, ки аксар вақт меҳнату машаққати бисёрро талаб мекард. Дар чунин тарзи моҳигирӣ баъзан ҳатто ёрдами бисёриҳо даркор буд (Луқ. 5:1–11).

5. Мо ба кадом чор савол бояд ҷавоб ёбем ва чаро?

5 Барои фаҳмидани он ки кӣ имрӯз пешгӯии Исоро иҷро карда истодааст, биёед ба чор савол ҷавоб ёбем:

  • Кадом хабар бояд мавъиза карда шавад?

  • Мо бояд бо кадом ният мавъиза кунем?

  • Кадом тарзҳоро бояд истифода барем?

  • Кори мавъиза бояд дар кадом миқёс паҳн шавад ва чӣ қадар давом ёбад?

Ба ин саволҳо ҷавоб ёфта мо мефаҳмем, ки дар рӯзҳои мо кӣ ин кори ҳаётан муҳимро мекунад. Ҳамчунин дида баромадани ин мақола хоҳиши мавъизакунии моро зиёдтар месозад (1 Тим. 4:16).

ХАБАР

6. Чаро боварӣ дошта метавонем, ки Шоҳидони Яҳува хабареро паҳн мекунанд, ки Исо гуфта буд?

6 Луқо 4:43-ро хонед. Исо «аз Малакути Худо башорат» медод ва интизор аст, ки шогирдонаш ҳам чунин кунанд. Пайравони кадом дин имрӯз ин хабарро ба «ҳамаи халқҳо» мавъиза карда истодааст? Танҳо Шоҳидони Яҳува! Ҳатто баъзе одамоне ки ба мо муқобиланд, инро тан мегиранд. Масалан, як коҳини миссионер дар мамлакатҳои гуногун аз Шоҳидони Яҳува мепурсидааст, ки онҳо кадом хабарро мавъиза мекунанд. Онҳо чӣ ҷавоб медоданд? Коҳин мегӯяд: «Онҳо аз беақлӣ ҳамаашон як хел ҷавоб медоданд: “Хушхабари Салтанатро”». Ин албатта, на беақлӣ, балки якдилу якзабон будани моро нишон медиҳад. Масеҳиёни ҳақиқӣ маҳз ҳамин тавр бояд рафтор кунанд (1 Қӯр. 1:10). Салтанати Худо ҳамчунин мавзӯи асосии маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ. Салтанати Яҳуваро эълон мекунад» мебошад. Ин маҷалла ба 254 забон тарҷума мешавад ва ҳар як шумораи он қариб 59 миллион нусха чоп мешавад. Он паҳншудатарин маҷалла дар тамоми ҷаҳон мебошад.

7. Аз куҷо медонем, ки масеҳиёни ин ҷаҳон хабареро ки Исо гуфта буд, мавъиза намекунанд?

7 Ҷаҳони масеҳият хабари Салтанати Худоро мавъиза намекунад. Вақте онҳо дар бораи Салтанати Худо гап мезананд, мегӯянд, ки он ҳолати дарунии инсон аст. Онҳо ба одамон намефаҳмонанд, ки Худо дар осмон Салтанат дорад, подшоҳи он Исои Масеҳ аст ва он ба наздикӣ бадиро аз замин решакан карда тамоми душвориҳои инсониятро ҳал мекунад (Ваҳй 19:11–21). Онҳо Исои Масеҳро танҳо ҳангоми маросими мавлуди ӯ ба хотир меоранд. Онҳо хабар надоранд, ки вақте Исо ҳокими замин мешавад, чӣ кор мекунад. Ҷаҳони масеҳият хабареро ки Исо гуфта буд, аз ёд баровардааст. Аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки ҳангоми таълим додан дилу нияташон пок нест.

НИЯТИ МО

8. Бо кадом ният мавъиза кардан нодуруст аст?

8 Барои чӣ мо мавъиза мекунем? Барои он ки пул ҷамъ кунем ва иморатҳои боҳашамат созем? Не, Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Муфт ёфтаед, муфт диҳед» (Мат. 10:8). Каломи Худо набояд воситаи пулкоркунӣ бошад (2 Қӯр. 2:17). Касоне ки хушхабарро мавъиза мекунанд, набояд ғами кисаи худро хӯранд. (Аъмол 20:33–35-ро хонед.) Ба ин дастуроти аниқу равшан нигоҳ накарда ҳушу ёди масеҳиёни ин ҷаҳон ба ҷамъ кардани пулу мол аст. Онҳо дар фикри онанд, ки чӣ тавр рӯҳониёни беҳисобро таъмин кунанд. Дар натиҷа, пешвоёни бисёри ҷаҳони масеҳият барои худ молу мулки зиёде ҷамъ оварданд (Ваҳй 17:4, 5).

9. Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува нишон доданд, ки онҳо аз дилу нияти пок мавъиза мекунанд?

9 Оё Шоҳидони Яҳува дар Толори Салтанат ё анҷуманҳо пул ҷамъ мекунанд? Не. Кори онҳо ба воситаи хайрияҳо дастгирӣ карда мешавад (2 Қӯр. 9:7). Танҳо соли гузашта Шоҳидони Яҳува тақрибан ду миллиард соатро барои мавъизаи хушхабар сарф карданд ва ҳар моҳ зиёда аз нӯҳ миллион омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронданд. Онҳо аз кори худ фахр намекунанд, балки хурсанданд, ки кори мавъизаро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекунанд. Як тадқиқотчӣ дар бораи фаъолияти Шоҳидони Яҳува чунин гуфт: «Мақсади асосии онҳо таълимдиҳист... Дар ташкилоти онҳо рӯҳониёне нестанд, ки маош мегирифта бошанд». Пас, бо кадом мақсад мо мавъиза мекунем? Сабаб дар он аст, ки мо Яҳува ва одамонро дӯст медорем. Мо инро бо хоҳиши худ мекунем. Чунин фидокорӣ нишон дода мо пешгӯии Забур 109:3-ро иҷро мекунем. (Оятро хонед.)

ТАРЗҲОИ МАВЪИЗАКУНӢ

Мо дар ҳама ҷое ки одамонро ёфтан мумкин аст, мавъиза мекунем (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Исо ва шогирдонаш бо кадом тарзҳо мавъиза мекарданд?

10 Исо ва шогирдонаш бо кадом тарзҳо мавъиза мекарданд? Онҳо бо одамон дар ҳама ҷо ҳамсӯҳбат мешуданд: дар кӯчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳо. Онҳо барои одамони сазоворро ёфтан хона ба хона мегаштанд (Мат. 10:11; Луқ. 8:1; Аъм. 5:42; 20:20). Ин нишон медод, ки Исо ва шогирдонаш кӯшиш мекарданд, ки бо ҳама одамон сӯҳбат кунанд ва ҳамин тавр рӯйбин набуданашонро нишон медоданд.

11, 12. Масеҳиёни ин ҷаҳон чӣ тавр мавъиза мекунанд? Шоҳидони Яҳува-чӣ?

11 Дар бораи масеҳиёни ин ҷаҳон чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо фикр мекунанд, ки мавъиза кори ходимони калисо мебошад, чунки онҳо барои ин маош мегиранд. Аммо он ходимон бошанд, ба ҷои ҷалб кардани одамони нав кӯшиш мекунанд, ки аъзоёни аллакай доштаашонро аз даст надиҳанд. Баъзан рӯҳониён аъзоёни калисоҳоро ба башоратдиҳӣ бармеангезанд. Масалан, соли 2001-ум Попи Рум Иоанн Павели II дар яке аз мактубҳои худ чунин навишт: «Ман гаштаву баргашта одамонро ба мавъиза кардан даъват мекардам. Имрӯз ҳам даъватамро такрор мекунам... Мо бояд дар худ рӯҳияи Павлуси ҳаввориро инкишоф диҳем, ки гуфта буд: “Вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам!”». Попи Рум илова намуд, ки мавъиза кардан «набояд танҳо бар ӯҳдаи ходимони калисо, балки вазифаи ҳама аъзоёни халқи Худо бошад». Аммо ин даъватро одамони хеле каме қабул карданд.

12 Акнун биёед намунаи Шоҳидони Яҳуваро дида бароем. Танҳо онҳо мавъиза мекунанд, ки аз соли 1914 Масеҳ подшоҳӣ карда истодааст. Ба амри Исо гӯш карда онҳо ба кори мавъиза хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд (Марқ. 13:10). Дар китоби «Сутунҳои имон — ҷамъомадҳои Амрико ва ҳамкорони онҳо» гуфта мешавад, ки барои Шоҳидони Яҳува кори мавъиза хеле муҳим аст. Дар он ҳамчунин гуфта шудааст: «Вақте онҳо одамони гурусна, танҳо ва ё касалро меёбанд, кӯшиш мекунанд ба онҳо кӯмак расонанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд, ки мақсади асосиашон дар бораи анҷоми ин дунё ва наҷот мавъиза кардан аст». Шоҳидони Яҳува паҳн кардани ин хабарро давом медиҳанд ва ба тарзи мавъиза кардани Исову шогирдонаш пайравӣ мекунанд.

МИҚЁС ВА ДАВОМНОКӢ

13. Хушхабар бояд дар куҷо паҳн карда шавад?

13 Исо гуфт, ки хушхабар «дар тамоми олам» мавъиза мешавад (Мат. 24:14). Пайравони Исо бояд «ҳамаи халқҳо»-ро шогирд месохтанд (Мат. 28:19, 20). Аз ин оятҳо бармеояд, ки кори мавъиза бояд кори умумиҷаҳонӣ бошад.

14, 15. Боз чӣ тавр мавъизаи Шоҳидони Яҳува нишон медиҳад, ки онҳо пешгӯии Исоро иҷро карда истодаанд? (Ба расмҳои аввали мақола нигаред.)

14 Танҳо Шоҳидони Яҳува пешгӯии Исоро иҷро карда хушхабарро дар тамоми олам паҳн мекунанд. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Масалан, дар ИМА 600 000 ходими калисоҳои гуногун вуҷуд дорад. Шоҳидони Яҳува бошанд, дар он мамлакат тақрибан 1 200 000 нафар мебошанд. Дар тамоми ҷаҳон калисои католикӣ 400 000 коҳин дорад. Шумораи Шоҳидони Яҳува бошад, дар тамоми олам қариб ба ҳашт миллион нафар мерасад! Ҳамаи онҳо мавъизагарони ихтиёрианд, ки дар 240 мамлакати дунё хизмат мекунанд. Ин кори умумиҷаҳонӣ номи бузурги Яҳуваро ҷалол медиҳад! (Заб. 33:2; 50:17).

15 Мо, Шоҳидони Яҳува, мехоҳем, ки то омадани анҷом ба шумораи ҳар чӣ бештари одамон хушхабарро расонем. Барои ҳамин мо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро тарҷума ва нашр мекунем. Мо миллионҳо китоб, маҷалла, рисола ва даъватномаҳо ба анҷуман ва Шоми ёдбуд бепул тақсим мекунем. Инчунин мо адабиёти гуногунро ба зиёда аз 700 забон нашр менамоем. Беш аз 200 миллион нусхаи Тарҷумаи дунёи нави Навиштаҳо ба зиёда аз 130 забон чоп шуд. Танҳо соли гузашта мо қариб чору ним миллиард нусхаи адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро чоп кардем. Вебсайти расмии мо ба зиёда аз 750 забон дастрас аст. Магар ягон ташкилоти динии дигар ин корро мекунад?

16. Мо аз куҷо медонем, ки Шоҳидони Яҳува рӯҳи муқаддаси Худоро доранд?

16 Кори мавъиза чӣ қадар бояд давом кунад? Исо гуфта буд, ки он то замонҳои охир давом мекунад ва «он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид». Кадом гурӯҳи динӣ то ин замонҳои охир мавъиза карда истодааст? Баъзе одамоне ки мо дар хизмат вомехӯрем, чунин мегӯянд: «Мо рӯҳи муқаддас дорем, лекин мавъизаро шумо мекунед». Лекин оё ин аз рӯи мантиқ аст? Магар мо бе кӯмаки рӯҳи муқаддас ин корро карда метавонистем? (Аъм. 1:8; 1 Пет. 4:14). Вақт аз вақт баъзе динҳо кӯшиш карданд, ки мисли Шоҳидони Яҳува кори мавъизаро ташкил кунанд, лекин оқибат аз ӯҳдаи ин кор набаромаданд. Дигарон бошанд, муддате бо кори миссионерӣ машғул мешаванду баъд ба зиндагии муқаррарии худ бармегарданд. Баъзеҳо хона ба хона мераванд, лекин онҳо хушхабарро мавъиза намекунанд. Бешубҳа, ҳеҷ як ташкилоти динӣ ба ғайр аз Шоҳидони Яҳува кори Исоро давом надода истодааст.

КӢ ИМРӮЗ ХУШХАБАРРО МАВЪИЗА МЕКУНАД?

17, 18. а) Чаро мо дилпурем, ки имрӯз танҳо Шоҳидони Яҳува хушхабарро мавъиза мекунанд? б) Чӣ ба мо кӯмак расонда метавонад, ки кори мавъизаро давом диҳем?

17 Кӣ имрӯз хушхабари Салтанатро мавъиза карда истодааст? Шоҳидони Яҳува. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Чунки мо ба амри Исо гӯш дода хушхабари Салтанатро мавъиза мекунем, на чизи дигареро. Мо бо тарзи дуруст мавъиза мекунем, чунки худамон назди одамон меравем. Мо ин корро бо нияти дуруст — аз рӯи муҳаббат мекунем, на барои пулу мол. Мо хушхабарро дар миқёси бузургтарин паҳн мекунем, зеро ба одамони ҳама халқу забон шаҳодат медиҳем. Ҳамчунин мо то омадани анҷом кори худро давом медиҳем ва хушхабарро беист мавъиза мекунем.

18 Коре ки халқи Яҳува дар ин замонҳои охир карда истодааст, дар ҳақиқат ҳайратовар аст. Лекин ҳамаи ин ба туфайли чӣ имконпазир шуд? Павлуси ҳавворӣ ба ин савол ҷавоб медиҳад: «Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад» (Флп. 2:13). Бигзор Яҳува минбаъд низ ба ҳамаи мо қуввати лозима диҳад, то мо супоришеро ки Исо ба мо додааст, боғайратона иҷро кардан гирем (2 Тим 4:5).