Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам»

«Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам»

ТАСАВВУР КУНЕД, ки шабона шумо дар кӯча рафта истодаед. Ногаҳ пай мебаред, ки аз қафоятон касе омада истодааст. Вақте шумо меистед вай ҳам меистад, вақте роҳ мегардед, роҳ мегардад. Агар тез роҳ гардед, вай ҳам тез роҳ мегардад. Ин чизро ҳис карда шумо тез ба хонаи дӯстатон, ки дар наздикӣ ҷойгир аст, медавед. Дӯстатон бошад, дарро кушода шуморо пешвоз мегирад. Он гоҳ шумо оҳи ҷуқур мекашед, чунки аз ҳамон одам халос шудед.

Эҳтимол шумо бо чунин вазъият дучор нашудаед, лекин дар ҳаёт вазъиятҳои дигаре мешаванд, ки моро ташвиш медиҳанд. Масалан, шояд шумо бо ягон камбудиатон, ки онро аз худ дур карданиед, мубориза мебаред, вале боз ҳамон хатогиатонро кардан мегиред? Ё ин ки новобаста аз коркобиатон хело вақт шуд, ки бекоред? Ё шояд шумо ғам мехӯред, ки агар пир шаведу касал шавед, бо шумо чӣ мешавад? Ва ё боз чизҳое дигаре ҳастанд, ки шуморо ташвиш медиҳанд?

Кадом душворие набошад, хуб аст, агар дӯсте дошта бошед, ки шуморо дастгирӣ ва дилбардорӣ мекарда бошад. Чи тавре ки дар Ишаъё 41:8–13 қайд шудааст, Яҳува чуноне ки бо Иброҳим дӯсти наздик буд, бо шумо низ айнан чунин дӯст аст. Дар оятҳои 10 ва 13 мо мебинем, ки Яҳува ба ходимонаш суханони зеринро мегӯяд: «Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини [дасти рости] адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард... Зеро Ман, ки Худованд Худои ту ҳастам, ямини туро гирифта, ба ту мегӯям: “Натарс, Ман туро ёварӣ хоҳам дод”».

ТУРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАМ

Ин суханони Яҳува моро тасаллӣ мебахшанд. Ҳамин тавр не? Ин суханонро Яҳува ба мову шумо гуфта истодааст. Ин гуфтаҳо маънои онро надорад, ки шумо дар бари Яҳува истода дасташро дошта роҳ меравед. Агар шумо дасти Яҳуваро гирифта роҳ мерафтед, пас дасти рости Яҳува дасти чапи шуморо медошт. Баръакси ин Яҳува бо дасти рости «адолати Худ» дастгирӣ мекунад ва дасти рости шуморо медорад, гӯё ки аз вазъиятҳои душвор кашида бароварда истода бошад. Худо дасти шуморо дошта «натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам» гуфта қавӣ мегардонад.

Оё Яҳува бароятон Падар ва дӯсти меҳрубон аст? Оё боварӣ доред, ки Ӯ ба шумо дар вақтҳои тангӣ ёрдам мекунад? Яҳува дар ҳақиқат ҳам нисбати шумо ғамхор аст ва бароятон кӯмак кардан мехоҳад. Вақте шумо аз пушти ягон чиз шуда ғам мехӯред ва ягон душворӣ доред, Яҳува мехоҳад, ки шумо худро дар бехатарӣ ҳис кунед. Чаро? Чунки Ӯ шуморо беҳад дӯст медорад. Ӯ дар ҳақиқат «мададгоре» мебошад, ки «дар тангиҳо зуд пайдо мешавад» (Заб. 45:2).

ҲИССИ ГУНАҲКОРӢ АЗ САБАБИ ХАТОГИҲОИ ПЕШИНА

Баъзеҳо хатоҳои пешинаашонро ба ёд оварда рӯҳафтода мешаванд ва мехоҳанд фаҳманд, ки оё Худо онҳоро бахшидааст ё не. Агар шумо ҳамин хел ҳиссиёт дошта бошед, пас дар бораи марди содиқ — Айюб, фикр кунед. Вай мегӯяд, ки дар ҷавониаш гуноҳ карда буд (Айюб 13:26). Забурнавис Довуд низ ин хел ҳиссиёт дошт ва аз Яҳува чунин тавалло кард: «Хатоҳои ҷавонӣ ва ҷиноятҳои маро ба ёд наор» (Заб. 24:7). Чун одамони нокомил мо «ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум» шудаем (Рум. 3:23).

Суханони тасаллибахши Ишаъё боби 41 дар ҳаққи исроилиён навишта шуда буд. Яҳува қарор кард, ки онҳоро ҷазо медиҳад ва мегузорад, ки Бобил онҳоро ба асирӣ барад. Зеро гуноҳи онҳо хеле ҷиддӣ буд (Иш. 39:6, 7). Ҳамзамон Худо ваъда дод, ки шахсони тавбакардаро озод мекунад ва ба наздаш бармегардонад (Иш. 41:8, 9; 49:8). Имрӯзҳо низ Яҳува ба касоне ки самимона тавба карда писанди Ӯ шудан мехоҳанд, лутфу марҳамат ва раҳмдилӣ зоҳир менамояд (Заб. 50:3).

Биёед мисоли Алишерро * дида мебароем. Вай кӯшиш мекард, ки одати нопокаш, яъне тамошои порнография ва мастурбатсияро партояд. Лекин баъзан вай бо ин одатҳояш мубориза бурда наметавонист ва аз ин сахт ғамгин мешуд. Алишер чӣ ҳис мекард? Ӯ мегӯяд: «Ман худро тамоман одами паст ҳис мекардам, лекин вақте дар дуо ба Яҳува кӯмак пурсида бахшиш мепурсидам, Ӯ намемонд, ки афтам». Яҳува ин корро чӣ хел мекард? Ба воситаи пирони ҷамъомад. Онҳо ба Алишер гуфтанд, ки ҳар вақте ки вай ин одаташро такрор мекунад ба онҳо занг занад. Алишер мегӯяд: «Барои ман осон набуд, ки ҳамон лаҳзаҳо ба онҳо занг занам, вале вақте ман занг мезадам, қувват мегирифтам». Баъдтар пирон ғамхорӣ карданд, то нозири ноҳиявӣ ба хабаргирии Алишер равад. Нозири ноҳиявӣ ба Алишер гуфт: «Ман пеши ту беҳуда наомадам. Маро пирон ба наздат фиристоданд. Онҳо хостанд, ки айнан туро хабар гирам». Алишер мегӯяд: «Ман як шахси гунаҳкор бошам ҳам, Яҳува ба воситаи пирон ба ман ёрдам кард». Дар натиҷа Алишер одатҳои бадашро партофт ва пешрави доимӣ шуд. Ҳоло бошад, дар яке аз филиалҳои мо хизмат мекунад. Чи хеле ки Худо ба Алишер ёрдам кард, ба шумо ҳам ёрдам мекунад, то ки наафтед.

ҒАМУ ТАШВИШ ДАР БОРАИ КОР

Бекорӣ одамро бисёр ташвиш медиҳад. Баъзеҳо корашонро аз даст додаанд ва кори дигар ёфта наметавонанд. Тасаввур кунед, ки шуморо аввал аз як кор, баъд аз дигар кор пеш мекунанд. Баъди чунин ҳодисаҳо баъзеҳо худро одами нодаркорӣ ҳис мекунанд. Чӣ хел дар ин маврид Яҳува ба шумо кӯмак карда метавонад? Албатта, вай дарҳол ба шумо кори зӯр ёфта намедиҳад, вале Ӯ метавонад суханони зерини подшоҳ Довудро ба шумо ёдрас кунад: «Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад, ва наслаш нон мепурсида бошанд» (Заб. 36:25). Бале, шумо дар назари Яҳува қиматбаҳоед ва Ӯ ба шумо дасти рости адолаташро дароз мекунад, то ки шумо дар хизмати Ӯ чизҳои лозима дошта бошед.

Агар коратонро аз даст диҳед, чӣ тавр Яҳува ба шумо ёрдам мекунад?

Сара, ки дар Колумбия зиндагӣ мекунад, дасти бузурги Яҳуваро дар ҳаёташ ҳис кард. Вай пештар дар як ширкати номдору обрӯманд рӯзи дароз кор мекард. Лекин вай мехост, ки дар хизмати Яҳува бештар иштирок кунад. Барои ҳамин аз кораш рафт ва пешрав шуд. Вале барояш кори нимрӯза ёфтан душвор шуд. Сара дӯкончаи яхмосфурӯшӣ кушод, лекин оҳиста-оҳиста пулаш тамом шуд ва ӯ маҷбур шуд, ки дӯкончаашро маҳкам кунад. Сара мегӯяд: «Се сол бароям хеле дуру дароз гузашт, вале шукри Яҳува, ки бо ёрдами Ӯ ин рӯзҳоро паси сар карда тавонистам». Сара фаҳмид, ки дар асл ба чӣ ниёз дорад ва дар бораи рӯзи дигар ташвиш нахӯрданро ёд гирифт (Мат. 6:33, 34). Дар натиҷа раиси кори пештарааш ба вай занг зада ӯро ба кори аввалааш таклиф кард. Сара гуфт, ки танҳо ба коре розӣ мешавад, ки нимрӯза бошад ва имконияти ба хизмат ва ҷамъомад иштирок карданро диҳад. Ҳарчанд Сара мисли пештара пули бисёр кор накунад ҳам, вай чун пешрав хизмат карда метавонад. Ӯ мегӯяд, ки дар вақти мушкилиҳо вай дасти Яҳуваро ҳис кард.

ҒАМУ ТАШВИШ ДАР БОРАИ ПИРОНСОЛӢ

Бисёриҳо аз сабаби он ки пир шуда истодаанду ба қарибӣ ба нафақа мебароянд, дар ташвишанд. Онҳо дар бораи он ғам мехӯранд, ки оё барои ҳаёти осуда пул ёфта метавониста бошанд ё не. Ҳамчунин онҳо ғам мехӯранд, ки дар оянда саломатиашон бад шуда метавонад. Довуд низ дар ин бора ғам мехӯрд ва аз Яҳува чунин илтиҷо кард: «Маро дар замони пирӣ партоб накун; вақте ки қувватам кам шавад, маро тарк накун» (Заб. 70:9, 18).

Пас, чӣ тавр пиронсолон нисбати ояндаашон дилпур буда метавонанд? Ба онҳо лозим аст, ки имонашонро ба Худо қавӣ нигоҳ доранд ва боварӣ дошта бошанд, ки Яҳува ҳама чизи лозимаро ба онҳо медиҳад. Лекин ба онҳое, ки пештар пули бисёр доштанду аз шароити хеле нағз лаззат мебурданд, шояд лозим ояд, ки хоксорона зиндагӣ карданро ёд гиранд ва ба чизҳои доштагиашон қаноат кунанд. Онҳо шояд ҳис кунанд, ки назар ба «гӯшти охурӣ» хӯрдани «сабзавот» барои саломатиашон фоиданок аст (Мас. 15:17). Агар шумо диққати худро ба хизмати Яҳува равона кунед, Ӯ дар вақти пиронсолӣ чизи лозимаро бароятон медиҳад.

Хосе ва Роз бо Тони ва Уенди

Дар бораи Хосе ва Роз, ки беш аз 65 сол ба Яҳува пурравақт хизмат карданд, фикр кунед. Дар давоми хизматашон онҳо бо бисёр душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ба падари Роз, ки шабу рӯз ба кӯмак мӯҳтоҷ буд ғамхорӣ мекарданд. Ҳамчунин Хосе бояд ҷарроҳии саратон ва химиятерапияро аз сар мегузаронд. Магар Яҳува дасташро ба ин ҳамсарон дароз кард? Албатта, лекин чӣ тавр? Вай онҳоро ба воситаи дигар ҳамсарон, Тони ва Уенди, дастгирӣ кард. Тони ва Уенди хонае доштанд, ки онро ба пешравони доимӣ бе ягон иҷорапулӣ доданӣ буданд. Тони ба ёд меорад, ки вақте ӯ дар мактаб таҳсил мекард, аз тирезаи мактаб медид, ки чӣ хел Хосе ва Роз доимо ба хизмат мераванд. Ӯ онҳоро барои боғайратиашон дӯст медошт ва ин рӯҳияи онҳо ба Тони таъсири калон расонд. Азбаски Хосе ва Роз пурра ҳаёташонро ба хизмати Яҳува бахшиданд, Тони ва Уенди ин хонаашонро ба онҳо пешкаш карданд. Муддати 15 соли охир онҳо ба Хосе ва Роз, ки ҳоло қариб 85 сола мебошанд, кӯмак мерасонанд. Хосе ва Роз ин ҳамсаронро ҳадия аз тарафи Яҳува мешуморанд.

Яҳува ба шумо ваъда медиҳад: «Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам». Ӯ дасти рости адолаташро сӯи шумо дароз мекунад. Оё шумо дасти Ӯро меқапед?

^ сарх. 11 Баъзе номҳо иваз шудаанд.