Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат карда рӯҳан солим монед

Дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат карда рӯҳан солим монед

«Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштаам» (ЗАБ. 118:11).

СУРУДҲО: 18, 47

1–3. а) Мо бояд чиро дар ҷойи аввал монем? б) Онҳое ки забони навро меомӯзанд, бо чӣ хел душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва кадом саволҳо ба миён меоянд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ИМРӮЗ ҳазорҳо Шоҳидони Яҳува «ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва қавм» хушхабарро мерасонанд (Ваҳй 14:6). Оё шумо низ дар қатори онҳоед? Ё шояд шумо миссионеред ё дар мамлакати дигар, ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, хизмат мекунед? Ва ё дар маҳаллатон ба ҷамъомади хориҷизабон меравед?

2 Мо чун ходимони Худо бояд аввал дар бораи саломатии рӯҳонии худамон ва оилаамон ғамхорӣ намоем (Мат. 5:3). Лекин баъзан аз сабаби сахт банд буданамон гузаронидани омӯзиши шахсӣ бароямон душвор буда метавонад. Касоне ки дар ҷамъомадҳои хориҷизабон хизмат мекунанд, боз бо душвориҳои дигар рӯ ба рӯ мешаванд.

3 Ғайр аз омӯхтани забон ба воизоне, ки дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат мекунанд, лозим аст, ки мунтазам ғизои рӯҳонӣ хӯрда истанд (1 Қӯр. 2:10). Вале, агар онҳо забони омӯхтаистодаашонро пурра нафаҳманд, чӣ хел ин корро карда метавонанд? Ва чаро волидоне ки дар чунин ҷамъомадҳо хизмат мекунанд, бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки Каломи Худо ба дили фарзандонашон таъсир карда истодааст?

ЗАРАРИ РӮҲОНӢ

4. Ба муносибати мо бо Худо чӣ зарар расонида метавонад? Мисол оред.

4 Ба забони дигар Каломи Худоро фаҳмида натавонистан ба муносибати шахс бо Худо зарари ҷиддӣ расонда метавонад. Вақте халқи Исроил аз асирии Бобил баргашт, кӯдакони онҳо бо забони ибрӣ гап зада наметавонистанд, барои ҳамин Наҳемё аз ин хавотир шуд. (Наҳемё 13:23, 24-ро хонед.) Ин кӯдакон ба Яҳува имон надоштанд, чунки ба маънои Каломи Ӯ пурра сарфаҳм намерафтанд (Наҳемё 8:2, 8).

5, 6. Дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат карда баъзе волидон чиро пай бурданд ва чаро?

5 Баъзе волидоне, ки дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат мекунанд, пай бурданд, ки имони фарзандонашон суст шудааст. Зеро онҳо дар ҷамъомад на ҳама чизро мефаҳманд ва ба дилашон фикрҳои гуфташуда таъсир намерасонанд. Пэдро [1], ки бо оилааш аз Амрикои Ҷанубӣ ба Австралия кӯчидааст, мегӯяд, ки одам бояд ҳақиқатро дӯст дорад ва чизи хондаашро чунон фаҳмад, ки онро истифода бурдан хоҳад (Луқ. 24:32).

Вақте мо чизеро ба забони модариамон мехонем, ин ба диламон сахттар таъсир мерасонад. Беш аз ин, вақте шумо ба дигар забон фикратонро нағз фаҳмонда наметавонед, зиқ мешавед. Ин ҳатто ба муносибатамон бо Худо таъсир карда метавонад. Барои ҳамин дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат карда мо набояд дар бораи саломатии рӯҳониамон фаромӯш кунем (Мат. 4:4).

ОНҲО РӮҲАН СОЛИМ МОНДАНД

7. Чӣ тавр бобилиён Дониёлро ба дину маданияти худ дароварданӣ шуданд?

Вақте Дониёл бо рафиқонаш дар асирӣ буд, бобилиён кӯшиш карданд, ки ба онҳо забони худро ёд дода онҳоро ба маданияташон дароранд. Ғайр аз ин сардори хоҷасароён ба онҳо номи бобилӣ дод (Дон. 1:3–7). Масалан, ба Дониёл номе доданд, ки бо худояшон вобаста буд. Аз афташ шоҳ Набукаднесар ба Дониёл нишон додан мехост, ки гӯё худои Бобил, бар Яҳува ғолиб омадааст (Дон. 4:5).

8. Чӣ ба Дониёл ёрдам дод, ки дар мусофирӣ рӯҳан солим монад?

8 Ба Дониёл пешниҳод карданд, ки аз суфраи подшоҳ хӯрад, ӯ бошад, ин пешниҳодро рад кард, чунки «дар дили худ аҳд кард... ки палид нашавад» (Дон. 1:8). Ӯ дар мамлакати бегона бошад ҳам, ба забони модариаш омӯхтани «китобҳои муқаддас»-ро давом медод (Дон. 9:2). Ҳамин тавр, тахминан баъд аз гузаштани 70 соли мусофирӣ дар Бобил, Дониёлро ҳоло ҳам бо номи иброниаш мешинохтанд (Дон. 5:13).

9. Чӣ тавр таронасаро таъсири Каломи Худоро дар Забур 118 қайд кард?

9 Нависандаи таронаи 118-уми Забур барои дар ҳама маврид устувор мондан аз Навиштаҳо қувват мегирифт. Ӯ муносибати бади баъзе одамони дарбори шоҳро бояд тоқат мекард (Заб. 118:23, 61). Нигоҳ накарда ба ин ӯ гузошт, ки гуфтаҳои Худо ба дилаш сахт таъсир кунанд. (Забур 118:11, 46-ро хонед.)

РӮҲАН СОЛИМ МОНЕД

10, 11. а) Дар вақти хондани Каломи Худо мақсади мо бояд чӣ бошад? б) Мо чӣ тавр ба мақсадамон расида метавонем? Мисол оред.

10 Ҳарчанд мо дар ҷамъомад ва оила ӯҳдадориҳои бисёр дошта бошем ҳам, бояд барои ибодати оилавӣ ва омӯзиши шахсӣ вақт ҷудо кунем (Эф. 5:15, 16). Вале мақсади мо набояд танҳо якчанд саҳифаи муайянро хондан ё танҳо барои шарҳ додан ба ҷамъомадҳо тайёрӣ дидан бошад. Мо мехоҳем ба Каломи Худо роҳ диҳем, ки ба диламон таъсир расонда имонамонро қавӣ гардонад.

11 Барои рӯҳан солим мондан, мо на танҳо ниёзҳои рӯҳонии дигарон, балки ниёзҳои рӯҳонии худамонро низ бояд фаромӯш накунем (Флп. 1:9, 10). Дар ҳақиқат, ҳангоми ба хизмат, ҷамъомад ё нутқ тайёрӣ дидан мо шояд чизи хондаамонро ба худ нисбат надиҳем. Барои мисол намунаи ошпазро меорем. Вақте ошпаз хӯрок тайёр мекунад, ӯ пешакӣ маззаи онро мечашад. Лекин фақат бо чашидани хӯрок вай қувват намегирад. Агар ӯ солим будан хоҳад, бояд барои худаш хӯроки серғизо тайёр кунад. Ба монанди ин мо бояд кӯшиш кунем, то диламонро бо ғизои рӯҳоние, ки ниёзҳои шахсии моро қонеъ мекунад, сер кунем.

12, 13. Ба бисёр воизоне, ки забони дигарро ёд мегиранд, чӣ манфиат овард?

12 Бисёр воизони ҷамъомадҳои хориҷизабон фаҳмиданд, ки ба забони модарӣ мунтазам хондани Китоби Муқаддас хеле фоиданок аст (Аъм. 2:8). Ҳатто миссионерон дарк карданд, ки барои дар таъиноти худ мондан танҳо аз ғизои рӯҳонии ҷамъомад баҳра гирифтан кифоя нест.

13 Алан, ки қариб ҳашт сол забони форсиро ёд мегирад, мегӯяд: «Вақте ман ба вохӯрӣ ба забони форсӣ тайёрӣ мебинам, ҳушу ёдам фақат бо забонёдгирӣ банд мешавад. Аз ин сабаб чизҳои хондаам ба дилам таъсир намекунад. Барои ҳамин ман доимо вақт ҷудо мекунам, ки Китоби Муқаддас ва дигар адабиётамонро ба забони модариам хонам».

БА ПЕШРАВИИ ФАРЗАНДАТОН АҲАМИЯТ ДИҲЕД

14. Волидон бояд ба чӣ боварӣ ҳосил кунанд ва чаро?

14 Хуб мебуд, агар волидон боварӣ ҳосил кунанд, ки оё Каломи Худо ба фикру дили фарзандашон таъсир расонида истодааст ё не. Баъди се соли хизмат дар ҷамъомади хориҷизабон Серж бо занаш Мюриэл аҳамият доданд, ки писари 17-солаашон дар кори Худо хурсандиашро гум кардааст. Мюриэл мегӯяд: «Ба писарамон бо забони дигар мавъиза кардан маъқул набуд, ҳарчанд пештар ба забони фаронсавӣ мавъиза карданро сахт нағз медид». Серж мефаҳмонад: «Вақте мо фаҳмидем, ки барои рушди рӯҳонии писарамон чизе монеа шуда истодааст, мо қарор кардем, ки ба ҷамъомади пештараамон бармегардем».

Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳақиқат ба дили кӯдакатон таъсир расонда истодааст (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)

15. а) Барои ба ҷамъомади пештара баргаштан чӣ сабаб шуда метавонад? б) Дар Такрори Шариат 6:5–7 барои волидон чӣ маслиҳат дода шудааст?

15 Аз кадом сабабҳо волидон ба ҷамъомади пештараашон баргашта метавонанд? Якум, онҳо бояд аниқ кунанд, ки дар баробари ба фарзандашон омӯзонидани забони дигар, оё барои инкишоф додани муҳаббат дар дили онҳо вақту имконият доранд. Дуюм, агар онҳо пай баранд, ки шавқи фарзандашон ба корҳои рӯҳонӣ ё ба дигар забон, ки ҳоло бо он мавъиза мекунанд, суст шуда истодааст. Дар чунин ҳолат волидон шояд қарор кунанд, ки то дами дар роҳи ҳақиқат устувор шудани фарзандашон ба ҷамъомади пештараашон бармегарданд. (Такрори Шариат 6:5–7-ро хонед.)

16, 17. Баъзе волидон барои таълим додани фарзандонашон чӣ кор карданд?

16 Баъзе волидоне, ки дар ҷамъомад ё гурӯҳи хориҷизабон хизмат мекунанд, барои бо забони модарӣ таълим додани фарзандонашон илоҷ ёфтанд. Падаре бо номи Чарлз се духтари аз 9 то 13-сола дорад ва дар гурӯҳи забони лингала хизмат мекунад. Вай мефаҳмонад: «Мо қарор кардем, ки бо фарзандон ибодати оилавӣ ва омӯзишро ба забони модариамон мегузаронем. Вале мо боз ба забони лингала дарсҳои амалӣ ва бозиҳоро мегузаронем, то ки онҳо бозикунон забонро ёд гиранд».

Кӯшиш кунед, ки забони маҳаллиро ёд гиред ва дар ҷамъомадҳо иштирок намоед (Ба сархатҳои 16 ва 17 нигаред.)

17 Кевин, падари ду духтари 5 ва 7-сола аст. Вай чора андешид, ки духтаронаш фикрҳои вохӯриро фаҳманд. Ӯ мегӯяд: «Ману занам бо духтаронам ба забони модарӣ, яъне фаронсавӣ омӯзиши шахсӣ мегузаронем. Мо ҳамчунин мақсад мондем, ки дар як моҳ як бор ба ҷамъомади фаронсавӣ меравем ва ҳангоми таътил ба анҷуманҳое, ки ба забони мо мегузаранд, ташриф меорем».

18. а) Принсипи Румиён 15:1, 2 чӣ тавр ба шумо кӯмак карда метавонад? б) Баъзе волидон чӣ маслиҳат медиҳанд? (Ба эзоҳ нигаред.)

18 Албатта, ҳар як оила худаш қарор мекунад, ки барои рӯҳан солим будани фарзандонашон чӣ бисёртар манфиатовар аст  [2] (Ғал. 6:5). Мюриэл, ки дар боло гуфта будем, бо ин суханон розӣ шуда мегӯяд, ки вай бо шавҳараш барои рӯҳан солим будани писарашон аз хоҳишҳои худ даст кашиданд. (Румиён 15:1, 2-ро хонед.) Гузаштаро ба ёд оварда Серж фикр мекунад, ки онҳо қарори дуруст бароварданд. Ӯ мегӯяд: «Аз вақти ба ҷамъомади фаронсавӣ баргаштанамон, писарамон рӯҳан пеш рафт ва таъмид гирифт. Вай ҳоло пешрави доимӣ аст ва ҳатто ба гурӯҳи хориҷизабон баргаштан мехоҳад».

БИГЗОР КАЛОМИ ХУДО БА ДИЛАТОН ТАЪСИР РАСОНАД

19, 20. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Каломи Худоро қадр мекунем?

19 Яҳува аз рӯи муҳаббат Китоби Муқаддасро ба ҳазорҳо забон дастрас кардааст, то ки «ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:4). Худо медонад, ки, агар одам суханони Ӯро бо забони ба дилаш наздик хонад, он гоҳ бештар ҳис мекунад, ки ба Офаридгор мӯҳтоҷ аст.

20 Новобаста аз вазъият мо бояд бо қатъият диламонро бо ғизои рӯҳонӣ пур кунем. Барои ин бояд мунтазам Китоби Муқаддасро ба забони ба диламон наздик хонем. Бо ин мову оилаамон нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат гуфтаҳои Худоро қадр мекунем (Заб. 118:11).

^ [1] Сархати 5. Номҳо иваз шудаанд.

^ [2] Сархати 18. Барои дида баромадани принсипҳое, ки барои оила кӯмак мерасонанд, ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 октябри с. 2002, ба мақолаи «Тарбияи фарзанд дар шаҳри бегона. Кӯшишу ғайрат баракат меорад» нигаред.