Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

АЗ ХАЗИНАИ МО

«Воизони Бритониё — бедор шавед!!»

«Воизони Бритониё — бедор шавед!!»

«ВОИЗОНИ Бритониё — бедор шавед!!» Ин дастуроти таъҷилӣ ва аниқу равшан буд («Хабардиҳанда» *, декабри с. 1937, нашри Лондон). Баъди ин суханон чунин гуфта шуд: «Дар муддати 10 сол ягон пешравӣ дида намешавад». Дар саҳифаи аввал ҳисоботи хизматӣ аз с. 1928 то 1937 оварда шуда буд, ки инро тасдиқ мекард.

ПЕШРАВОН АЗ ҲАД ЗИЁДАНД?

Чаро воизони Бритониё дар хизмат суст шуданд? Ҷамъомадҳо солҳои охир пешравӣ намекарданд. Ғайр аз ин филиал қарор кард, ки хизмат кардани қариб 200 пешрав дар ҷойҳои дурдаст басанда аст. Азбаски дар Бритониё барои мавъиза ҷой он қадар бисёр набуд, филиал ба пешравони боғайрат гуфт, ки беҳтараш ба дигар давлатҳои Аврупо рафта хизмат кунанд. Хушбахтона, гурӯҳи калони пешравон аз Бритониё ба чунин давлатҳо ба мисли Фаронса кӯчиданд, ҳарчанд забони он ҷоро қариб ки намедонистанд.

«БА ПЕШ ҲАРАКАТ КУНЕД!»

Соли 1937 дар «Хабардиҳанда» мақолае чоп шуд, ки дар он воизон барангехта шуданд, то дар с. 1938 як миллион соат хизмат кунанд. Агар воизон 15 соат дар як моҳ ва пешравон 110 соат хизмат кунанд ба ин мақсад ба осонӣ мерасанд. Дар ин мақола инчунин пешниҳод шуд, ки дар як рӯз 5 соат бо гурӯҳ хизмат кунанд ва ба боздид бисёртар диққат диҳанд, махсусан бегоҳиҳо дар байни ҳафта.

Пешравон бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекунанд

Ин навоварӣ ба бисёр воизон хеле таъсир кард. Хоҳар Ҳилда Паҷетт * гуфт: «Ин даъвати Ҳайати роҳбарикунанда даъвате буд, ки ҳамаи мо интизор будем ва он натиҷаҳои хуб овард». Хоҳар Э. Ф. Валис қайд кард, ки дар як рӯз 5 соат хизмат кардан пешниҳоди беҳтарин буд. Вай илова кард, ки ҳеҷ чиз ба мисли рӯзи дароз хизмат кардан хурсандии зиёд намеорад, ҳарчанд ки ба хона хаста бармегаштем, хурсанд будем. Стефен Миллери ҷавон таъҷилӣ будани кори мавъизаро ҳис карда аз рӯи пешниҳоди бародарон амал кард. Вай аз имконияташ истифода бурдан мехост. Ӯ хизмати гурӯҳи воизонро, ки бо велосипед рӯзи дароз мавъиза мекарданду бегоҳиҳои тобистон сабти нутқҳоро мемонданд, фаромӯш намекунад. Онҳо боғайратона дар гашти қатори эълонӣ бо плакатҳо ва бо маҷаллаҳо дар кӯча шаҳодат медоданд.

Дар «Хабардиҳанда» ҳамчунин даъвати зерин нашр шуд: «Ба мо 1000 пешрав лозим аст». Ин маънои онро дошт, ки пешравон дигар аз ҷамъомад дур хизмат намекунанд, балки якҷоя ҳамкорӣ намуда онҳоро дастгирӣ мекунанд, то ки рӯҳан пешравӣ намоянд. Ҷойс Эллис ба ёд меорад: «Донистани он ки бародарон бояд чун пешрав хизмат кунанд, онҳоро ба амал барангехт». Ӯ илова мекунад: «Ҳарчанд он вақт ман 13-сола будам, ин хости дилам буд; ман пешрав шудан мехостам. Ӯ моҳи июли с. 1940 дар синни 15-солагӣ ба мақсади худ расид. Питер, ки баъдтар шавҳари Ҷойс шуд, даъвати «Бедор шавед»-ро шунида дар бораи хизмати пешравӣ фикр мекардагӣ шуд. Моҳи июни с. 1940 дар синни 17-солагӣ вай то Скарборо бо велосипед 105 км роҳро тай кард, то ки дар ҷойи нав чун пешрав хизмат кунад.

Сурил ва Китти Ҷонсон низ нав пешрав шуда рӯҳияи худфидокорӣ зоҳир менамуданд. Онҳо қарор карданд, ки хонаашонро фурӯхта бештар хизмат мекунанд. Сурил аз кораш рафт ва дар давоми як моҳ онҳо тайёр буданд, ки хизмати пешравиро сар кунанд. Ӯ гуфт: «Мо дилпур будем ва ин корро хурсандона бо хоҳиши худ кардем».

ХОНАИ ПЕШРАВОН КУШОДА ШУД

Азбаски шумораи пешравон зуд афзудан гирифт, бародарони масъул тарзҳои дастгирии ин сафи зиёдшударо дида баромаданд. Ходими зоналӣ (ҳоло нозири ноҳиявӣ) Ҷим Карр соли 1938 аз рӯи пешниҳод амал карда гуфт, ки дар шаҳрҳо барои пешравон хонаҳо созанд. Гурӯҳи пешравонро барангехтанд, ки якҷоя зиндагӣ ва хизмат кунанд, чунки ин арзонтар меғалтид. Дар Шеффилд онҳо хонаи калонро ба иҷора гирифтанд, ки он аз тарафи бародарони масъул нигоҳбин карда мешуд. Ҷамъомади маҳаллӣ бо чизҳои лозима ва пул пешравонро таъмин кард. Ҷим ба ёд меорад: «Ҳар як кас кӯшиш мекард, ки беҳбудӣ шавад. Даҳ пешрави заҳматкаш, ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, реҷаи хуби рӯҳониашонро нигоҳ медоштанд. Ҳар саҳар дар сари миз ояти рӯз муҳокима мешуд ва ҳар рӯз пешравон ба минтақаи худ, ки дар ҷойҳои гуногуни шаҳр ҷойгир буд, мерафтанд.

Бритониё пур аз пешравони нав шуд

Воизон ва пешравон аз рӯи даъват амал карда соли 1938 як миллион соат хизмат карданд. Ҳисоботҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр дар ҳама соҳаҳои хизмат он вақт пешравӣ шуд. Дар муддати 5 сол шумораи воизо ни Бритониё се баробар зиёд шуд. Диққатро аз нав ба кори Салтанат равона кардан, халқи Яҳуваро тайёр кард, ки душвориҳои бо ҷанг алоқамандро паси сар кунанд.

Имрӯз бо наздикшавии ҷанги Худо — Ҳармиҷидӯн шумораи пешравони Бритониё то ҳол афзуда истодааст. Шумораи пешравон дар даҳ соли охир ба қуллаи баланд расид. Яъне октябри с. 2015 шумораи онҳо 13 224 нафарро ташкил дод. Ҳамаи ин пешравони боғайрат хизмати пешравиро яке аз беҳтарин роҳи ҳаёт меҳисобанд.

^ сарх. 3 Номи пештараи «Хизмат ба Салтанати Худо».

^ сарх. 8 Тарҷумаи ҳоли хоҳар Паҷетт дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 октябри с. 1995, саҳ. 19–24 оварда шудааст.