Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ваъда додӣ, вафо кун!

Ваъда додӣ, вафо кун!

«Ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун» (МАТ. 5:33).

СУРУДҲО: 18, 7

1. а) Дар байни Йифтоҳ ва Ҳанно чӣ монандие буд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?

Ӯ РОҲБАРИ нотарс буд; вай бошад, зани итоаткор. Ӯ ҷанговари далер буд; вай бошад, зани фурӯтани хонашин. Ғайр аз ин, довар Йифтоҳ ва зани Элқоно, Ҳанно, як Худоро ибодат мекарданд. Байни онҳо боз чӣ монандие буд? Ҳар дуи онҳо ба Худо назр карда буданд ва ҳар дуяшон назр, яъне қасами худро иҷро намуданд. Имрӯз онҳо ба занону мардоне, ки ба Яҳува назр мекунанд, намуна мебошанд. Биёед дар ин мақола ба саволҳои зерин ҷавоб ёбем: назр чист? Назри ба Худо кардаамонро ба ҷо овардан то чӣ андоза муҳим аст? Мо аз мисоли Йифтоҳ ва Ҳанно чӣ дарс гирифта метавонем?

2, 3. а) Назр чист? б) Дар Китоби Муқаддас оиди ваъда ба Худо чӣ гуфта шудааст?

2 Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки назр ин ваъдаи муҳиме мебошад, ки ба Худо дода мешавад. Дар ин маврид шахс ваъда медиҳад, ки ягон корро иҷро мекунад, ҳадияе медиҳад, ягон намуди хизматро сар мекунад ё аз ягон чиз даст мекашад. Ин гуна ваъдаҳо бо хоҳиши худи шахс дода мешаванд. Яҳува ба ин ваъдаҳо ҷиддӣ муносибат мекунад ва онҳоро муқаддас меҳисобад, чунки шахс қасам хӯрдааст (Ҳас. 14:22, 23; Ибр. 6:16, 17). Дар Китоби Муқаддас оиди ҷиддӣ будани чунин ваъда чӣ гуфта шудааст?

3 Дар Қонуне, ки ба пайғамбар Мусо дода шуда буд, чунин гуфта шудааст, ки агар касе барои Худованд назр кунад, ё ки қасам хӯрад, «набояд қавли худро ботил кунад, балки бар тибқи ҳар он чи аз даҳонаш баромадааст, бояд амал намояд» (Ад. 30:3). Шоҳ Сулаймон чунин навишт: «Вақте ки ба Худо назр мекунӣ, дар адои он таъхир накун, зеро ки Ӯ ба аблаҳон таваҷҷӯҳ намекунад; он чи назр кардаӣ, адо намо» (Воиз 5:3). Исо ҷиддӣ будани қасам хӯрданро тасдиқ карда гуфт: «Ба қадимиён гуфта шудааст: “Қасами дурӯғ ёд накун ва ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун”» (Мат. 5:33).

4. а) Ба Худо ваъда додан то чӣ андоза ҷиддӣ аст? б) Мо дар бораи Йифтоҳ ва Ҳанно чиро дида мебароем?

4 Аз ин бармеояд, ки ба Худо чизеро ваъда додан ин қадами хеле ҷиддӣ аст. Зеро иҷро кардан ё накардани ваъдаҳоямон ба муносибати мо бо Яҳува таъсир карда метавонад. Довуд савол дод: «Кист, ки ба кӯҳи Худованд барояд, ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад?» Баъд худаш ҷавоб дод, ки ӯ шахсест, ки «қасами дурӯғ нахӯрда бошад» (Заб. 23:3, 4). Биёед бинем, ки Йифтоҳ ва Ҳанно дар бораи чӣ қасам хӯрда буданд ва то чӣ андоза иҷрои он барояшон душвор буд.

ОНҲО БА ВАЪДАИ ХУД ВАФО КАРДАНД

5. Йифтоҳ чиро ваъда дод ва дар натиҷа чӣ шуд?

5 Йифтоҳ пеш аз ҷангидан ба муқобили аммӯниён, ки халқи Худоро таъқиб мекарданд, ба Яҳува ваъда дод ва баъдтар онро иҷро кард (Дов. 10:7–9). Ӯ сахт мехост, ки дар ҷанг ғалаба кунад ва барои ҳамин қасам хӯрд: «Агар Ту банӣ-Аммӯнро ба дасти ман таслим намоӣ, он гоҳ бигзор чунин шавад: ҳангоме ки аз банӣ-Аммӯн ба саломатӣ баргардам, ҳар кӣ аз дари хонаи ман ба пешвози ман берун ояд, бигзор аз они Худованд бошад». Дар натиҷа чӣ шуд? Йифтоҳ дар ҷанг ғалаба кард ва ба пешвози ӯ духтари ягонааш баромад. Ӯ акнун бояд «аз они Худованд» мешуд (Дов. 11:30–34). Барои духтари Йифтоҳ ин чӣ маъно дошт?

6. а) То чӣ андоза барои Йифтоҳ ва духтараш иҷро кардани ваъда душвор буд? б) Такрори Шариат 23:21, 23 ва Забур 14:4 шуморо ба чӣ бармеангезад?

6 Мувофиқи ваъдаи падараш духтари Йифтоҳ бояд доимо дар маъбад ба Яҳува хизмат мекард. Оё ин ваъдаро Йифтоҳ фикр накарда дод? Не, албатта. Вай медонист, ки шахсе ки ба пешвозаш мебарояд, духтари ягонааш буда метавонад. Лекин ба ҳар ҳол ин вазъият барои ҳам падар ва ҳам духтар душвор буд ва қурбонӣ ба ҳисоб мерафт. Вақте ки Йифтоҳ духтарашро дид, «либоси худро дарронида» ғамгин шуд. Духтараш бошад, «барои бакорати худ... навҳа кард». Чаро? Йифтоҳ писар надошт ва акнун духтари ягонаи вай оиладор ва фарзанддор шуда наметавонист. Ин маънои онро дошт, ки дигар касе насли Йифтоҳро давом намедиҳад ва ӯ меросхӯре нахоҳад дошт. Лекин барои онҳо дигар чиз муҳим буд. Йифтоҳ гуфт: «Ман даҳони худро ба ҳузури Худованд кушодаам, ва наметавонам баргардам». Ва духтараш ҷавоб дод: «Чунон ки аз даҳонат берун омадааст, бо ман амал намо» (Дов. 11:35–39). Онҳо шахсони худотарс буданд ва нигоҳ накарда ба душвориҳо ваъдаи ба Худо додаашонро иҷро кардан мехостанд. (Такрори Шариат 23:21, 23 ва Забур 14:4-ро хонед.)

7. а) Ҳанно ба Яҳува чӣ ваъда дод? Чӣ ӯро водор кард, ки ба Худо ваъда диҳад, ва дар натиҷа чӣ шуд? б) Ваъдаи Ҳанно ба ҳаёти Самуил чӣ гуна таъсир кард? (Ба эзоҳ нигаред.)

7 Ҳанно низ шахси худотарсе буд, ки ваъдаи ба Яҳува додаашро иҷро кард. Ӯ аз бефарзандӣ ва масхараҳои доимӣ азоб мекашид (1 Подш. 1:4–7, 10, 16). Вай дилашро ба Худо холӣ намуда ваъда медиҳад: «Эй Худованди лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи Худро фаромӯш накунӣ, ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид» * (1 Подш. 1:11). Хости Ҳанно амалӣ гашт ва ӯ фарзанди якуми худро таваллуд кард. Ӯ аз ин беҳад хурсанд буд, вале ваъдаи додаашро фаромӯш накард. Пас аз таваллуди писараш ӯ гуфт: «Ӯро аз Худо талабидаам» (1 Подш. 1:20).

8. а) Оё барои Ҳанно ба ваъдааш вафо кардан осон буд? б) Чӣ тавр суханони дар Забур 60 навишташуда ба рӯҳияи Ҳанно мувофиқат мекунанд?

8 Вақте ки Самуил тахминан дар сесолагиаш аз сина ҷудо карда шуд, Ҳанно мувофиқи ваъдаи ба Худо додааш амал кард. Аз ваъдааш гаштан ҳатто дар фикру хаёлаш набуд. Вай Самуилро ба маъбади Шилӯ ба назди саркоҳин Элӣ бурда гуфт: «Барои ҳамин писар дуо гуфта будам, ва Худованд хоҳиши маро, ки аз Ӯ илтимос карда будам, ба ман ато фармуд. Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Худованд хоҳад буд» (1 Подш. 1:24–28). Ҳамин тавр «Самуили амрад ба ҳузури Худованд калон мешуд» (1 Подш. 2:21). Оё ин барои Ҳанно осон буд? Не, ӯ писарашро хеле дӯст медошт, лекин дигар наметавонист ҳар рӯз бо ӯ гап занад ва аз дидораш сер шавад. Танҳо тасаввур кунед, ки Ҳанно дигар наметавонист, ки фарзандашро ҳар рӯз ба оғӯш гирад, ҳамроҳаш бозӣ карда ӯро тарбия кунад ва мисли дигар модарон аз кӯдакии писараш хотираҳои ширин дошта бошад. Нигоҳ накарда ба ин Ҳанно аз иҷро кардани ваъдааш пушаймон набуд. Ӯ аз хизмат ба Яҳува хурсандӣ мегирифт. (1 Подш. 2:1, 2; Забур 60:2, 6, 9-ро хонед.)

Оё шумо ваъдаеро, ки ба Яҳува додед, иҷро карда истодаед?

9. Мо кадом саволҳоро муҳокима мекунем?

9 Мо фаҳмидем, ки то чӣ андоза ба Худо ваъда додан ҷиддӣ аст. Ҳоло бошад, биёед саволҳои зеринро муҳокима кунем: мо чун Шоҳидони Яҳува кадом ваъдаҳоро дода метавонем? То чӣ андоза мо бояд дар иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд кунем?

ВАЪДАЕ, КИ ҲАНГОМИ БАХШИДАНИ ҲАЁТИ ХУД БА ХУДО ДОДЕД

Ваъдае, ки ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Худо додед (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Яке аз муҳимтарин ваъдаҳое, ки Шоҳиди Яҳува дода метавонад, кадом аст ва он чиро дар бар мегирад?

10 Барои Шоҳиди Яҳува ваъдаи муҳимтарин ин ваъдае мебошад, ки ӯ ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Яҳува медиҳад. Чаро? Чунки ӯ дар дуои шахсӣ ба Яҳува ваъда медиҳад, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ҳаёташро ба хизмати Ӯ мебахшад. Мувофиқи суханони Исо шахс дар ин маврид «хештанро инкор карда» ваъда медиҳад, ки иродаи Худоро дар ҳаёташ дар ҷойи аввал мегузорад (Мат. 16:24). Минбаъд вай «ба Худованд тааллуқ» дорад (Рум. 14:8). Касоне ки чунин ваъда додаанд, бояд мисли забурнавис ба ин ҷиддӣ муносибат кунанд. Ӯ гуфт: «Ба Худованд чӣ подош диҳам барои ҳамаи некиҳое ки ба ман кардааст? Назрҳоямро ба Худованд адо хоҳам кард, пеши тамоми қавми Ӯ» (Заб. 115:3, 5).

11. Бо таъмид гирифтанатон шумо чиро нишон додед?

11 Оё шумо ҳаёти худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтаед? Агар ҳа, ба ёд оред, ки чӣ хел дар рӯзи таъмид гирифтанатон ба шумо дар пеши ҳама савол дода пурсиданд, ки оё худро ба Яҳува бахшидед ва дарк мекунед, ки «бо бахшидани худ ба Худо ва таъмид гирифтан, нишон медиҳед, ки ба қатори Шоҳидони Яҳува — созмоне, ки бо рӯҳи Худо идора карда мешавад, ҳамроҳ мешавед». Розигии шумо ба ҳама нишон дод, ки пурра ҳаёти худро ба Яҳува бахшидед ва ба талаботи таъмид мувофиқат карда ходими таъйиншудаи Яҳува гаштед. Бо ин рафторатон шумо дили Яҳуваро хурсанд кардед!

12. а) Мо ба худ кадом саволҳоро дода метавонем? б) Мувофиқи суханони Петрус мо бояд кадом хислатҳоро инкишоф диҳем?

12 Вале таъмид ин танҳо қадами аввал аст. Баъд аз он мо мехоҳем, ки мувофиқи ваъдаи худ зиндагӣ намуда ба Худо содиқона хизмат карданро давом диҳем. Барои ҳамин мо аз худ пурсида метавонем: «Баъд аз таъмид ман то чӣ андоза ба Яҳува наздик шудам? Оё ман аз дилу ҷон ба Яҳува хизмат карданро давом медиҳам? (Қӯл. 3:23). Оё ман ба Худо дуо мегӯям, Китоби Муқаддасро мехонам, ба ҷамъомад меравам ва то ҳадди имкон дар мавъиза иштирок мекунам? Кадоме аз ин корҳоро ман аз таҳти дил намекунам?» Ҳаввории Петрус фаҳмонд, ки агар мо ба воситаи дониш, истодагарӣ ва худотарсӣ имонамонро инкишоф диҳем, мо ҳеҷ гоҳ ғайратамонро дар хизмат гум намекунем. (2 Петрус 1:5–8-ро хонед.)

13. Ходиме, ки худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтааст, бояд чиро дарк кунад?

13 Мо ваъдаеро, ки ҳангоми бахшидани худ ба Худо додем, бекор карда наметавонем. Агар ягон кас ба Яҳува дигар хизмат кардан ё мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ намудан нахоҳад, вай гуфта наметавонад, ки дар асл ӯ ҳеҷ гоҳ худашро ба Худо набахшида буд ва таъмидаш ҳисоб намешавад *. Чунки вай дар пеши ҳама нишон дод, ки худашро ба Худо бахшидааст. Ва акнун, агар ба гуноҳи ҷиддие роҳ диҳад, на танҳо дар назди Яҳува, балки дар назди ҷамъомад низ ҷавоб медиҳад, зеро бо рафтораш ба ҷамъомад таъсири бад расонида метавонад (Рум. 14:12). Бигзор дар ҳаққи мо чунин суханон гуфта нашавад: «Муҳаббати аввалини худро тарк кардаӣ». Ба ҷои ин мо мехоҳем, ки Исо дар ҳаққи мо суханони зеринро гуфта тавонад: «Аъмоли туро медонам, ва муҳаббати туро, ва хизмати туро, ва имони туро, ва сабри туро, ва ин ки аъмоли охиринат аз аввалинат бештар аст» (Ваҳй 2:4, 19). Биёед минбаъд низ бо ҷидду ҷаҳд мувофиқи ваъдае, ки ҳангоми бахшидани худ ба Яҳува дода будем, зиндагӣ кунем ва бо ин дили Ӯро шод гардонем.

ВАЪДАЕ, КИ ҲАНГОМИ ОИЛАДОРШАВӢ ДОДЕД

Ваъдае, ки ҳангоми оиладоршавӣ додед (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Дуюм ваъдаи муҳимтарин кадом аст ва чаро?

14 Дуюм ваъдаи муҳиме, ки шахс дода метавонад, ин ҳангоми оиладоршавӣ мебошад. Барои чӣ? Барои он ки издивоҷ муқаддас аст. Домод ва арӯс дар пеши Худо ва дигарон ба якдигар ваъда медиҳанд. Онҳо одатан ваъда медиҳанд, ки якдигарро дӯст дошта эҳтиром ва ғамхорӣ мекунанд. Ва ин ваъдаро «то он даме ки [онҳо] дар рӯи замин, дар издивоҷе, ки Худо барпо кардааст, зиндагӣ [мекунанд]», иҷро менамоянд. Баъзеҳо ҳангоми ба якдигар ваъда додан айнан ин суханонро нагӯянд ҳам, бар ҳар ҳол дар назди Худо ваъда медиҳанд. Баъд аз ин онҳо зану шавҳар мешаванд ва ин маънои онро дорад, ки онҳо акнун бояд то абад якҷоя монанд (Ҳас. 2:24; 1 Қӯр. 7:39). Пас, мувофиқи суханони Исо «он чиро, ки Худо ба ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» — на шавҳар, на зан ва на каси дигар. Ҳамин тавр онҳое, ки оиладор мешаванд, бояд дар ёд доранд, ки ҷудошавӣ роҳи ҳалли душворӣ нест (Марқ. 10:9).

15. Чаро назари Шоҳидони Яҳува ба издивоҷ набояд мисли одамони ин ҷаҳон бошад?

15 Албатта ҳар як оила душвориҳои худро дорад, чунки он аз ду одами нокомил барпо шудааст. Барои ҳамин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки баъзан ҳамсарон дар издивоҷ «азобҳо хоҳанд дошт» (1 Қӯр. 7:28). Афсӯс ки имрӯз бисёриҳо дар ин ҷаҳон издивоҷро қадр намекунанд. Вақте ки дар байни ҳамсарон нофаҳмие пайдо мешавад, онҳо барои нигоҳ доштани издивоҷ мубориза набурда ҷудо мешаванд. Вале Шоҳидони Яҳува набояд чунин кунанд. Вақте шахс ба ваъдаи ҳангоми оиладоршавӣ додааш вафо намекунад, дар назди Худо дурӯғгӯй мешавад. Худо бошад, аз забони дурӯғгӯй нафрат дорад (Ибд. 19:12; Мас. 6:16–19). Павлуси ҳавворӣ навишт: «Оё зандор ҳастӣ? — толиби талоқ набош» (1 Қӯр. 7:27). Павлус ин суханонро бе ягон шубҳа гуфта метавонист, зеро медонист, ки Яҳува аз талоқ нафрат дорад (Мал. 2:13–16).

16. Китоби Муқаддас дар бораи талоқ ва зиндагии ҷудогона чӣ мегӯяд?

16 Исо гуфт, ки дар издивоҷ ягона сабаб барои талоқ хиёнат мебошад (Мат. 19:9; Ибр. 13:4). Пас, дар бораи зиндагии ҷудогонаи ҳамсарон чӣ гуфтан мумкин аст? Китоби Муқаддас ба ин савол низ ҷавоби аниқу равшан медиҳад. (1 Қӯринтиён 7:10, 11-ро хонед.) Мувофиқи Навиштаҳо барои ҷудогона зиндагӣ кардан асосе вуҷуд надорад. Лекин баъзе ҳамсароне, ки Шоҳиди Яҳува мебошанд, қарор карданд, ки агар аз сабаби зӯроварии бе ҳад зиёд ҳаёт зери хатар монад ё муносибат бо Худо зарар бинад, ҷудогона зиндагӣ кардан мумкин аст *.

17. Чӣ тавр ҳамсарон издивоҷашонро мустаҳкам карда метавонанд?

17 Вақте ки ягон кас барои ҳал кардани душвориҳои оилавӣ аз пирон маслиҳат мепурсад, хуб мебуд, агар онҳо аввал пурсанд, ки оё ҳамсарон видеофилми «Муҳаббати ҳақиқӣ чист?» (рус.)-ро тамошо карда брошураи «Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад»-ро якҷоя омӯхтаанд. Чаро? Чунки дар ин маводҳо принсипҳое муҳокима шудаанд, ки барои қавӣ гардондани издивоҷ ба бисёриҳо кӯмак расонданд. Ҳамсароне мегӯянд: «Аз он вақте ки мо омӯхтани ин брошураро сар кардем, оилаамон хушбахттар шуд». Зане, ки 22 сол боз оиладор асту оилааш қариб вайрон шуда буд, мегӯяд: «Гарчанд мо ҳар ду таъмид гирифтаем ва ҳамимон мебошем, табиатан тамоман гуногун ҳастем. Видеофилм дар вақти даркорӣ баромад! Ҳоло мо ба ҳамдигар наздиктар шудем». Агар шумо оиладор бошед, пас ҳаматарафа кӯшиш кунед, ки принсипҳои Китоби Муқаддасро дар издивоҷатон истифода баред. Ин ба шумо кӯмак мерасонад, ки мувофиқи ваъдаи ҳангоми оиладоршавӣ додаатон зиндагӣ карда хушбахт бошед.

ВАЪДАЕ, КИ ҲАНГОМИ САР КАРДАНИ ХИЗМАТИ МАХСУСИ ПУРРАВАҚТ ДОДЕД

18, 19. а) Бисёр волидони масеҳӣ чӣ кор мекунанд? б) Дар бораи онҳое ки чун ходими махсуси пурравақт хизмат мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст?

18 Оё шумо фаҳмидед, ки дар байни Йифтоҳ ва Ҳанно боз чӣ монандие ҳаст? Азбаски ҳар дуи онҳо ба ваъдаашон вафо карданд, духтари Йифтоҳ ва писари Ҳанно барои хизмати махсуси муқаддас дар маъбад бахшида шуданд. Барои Самуил ва духтари Йифтоҳ ин беҳтарин роҳи ҳаёт буд. Имрӯз бисёр волидони масеҳӣ фарзандонашонро бармеангезанд, ки ходими пурравақт гарданд ва хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаёташон гузоранд. Чунин волидон ва фарзандон сазовори таърифу таҳсинанд (Дов. 11:40; Заб. 109:3).

Ваъдае, ки ҳангоми сар кардани хизмати махсуси пурравақт додед (Ба сархати 19 нигаред.)

19 Ҳоло дар тамоми ҷаҳон 67 000 нафар Шоҳидони Яҳува чун ходимони махсуси пурравақт хизмат мекунанд. Баъзеи онҳо дар Байт-Ил, баъзеи дигарашон дар кори сохтмон иштирок менамоянд. Баъзеҳо бошанд, чун нозирони ноҳиявӣ, муаллимони Мактабҳои ташкилот, пешравони махсус, миссионерон хизмат мекунанд ё биноҳои Толорҳои анҷуман ё Мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфтаро нигоҳубин менамоянд. Ҳамаи онҳо пеш аз сар кардани хизмат ваъда медиҳанд, ки итоаткор буда зиндагии одӣ ба сар мебаранд. Бо ин онҳо розӣ мешаванд, ки ҳар кори ба онҳо супоридашударо, ки барои пешравии кори Салтанат мусоидат мекунад, иҷро мекунанд ва бе иҷозат ба кори дигар намедароянд. На одамон, балки таъйиноти онҳо махсус аст. Онҳо дарк мекунанд, ки, то он даме дар ин намуди хизмат мебошанд, мувофиқи ваъдаи худ фурӯтанона зиндагӣ кардан хеле муҳим аст.

20. Мо «ҳар рӯз» бояд чӣ кор кунем ва чаро?

20 Шахсан шумо кадоме аз ин ваъдаҳои муҳокимашударо ба Худо додаед? Бешубҳа, шумо дарк кардед, ки ба ваъдаи додаатон бояд ҷиддӣ муносибат кунед (Мас. 20:25). Агар мо ягон ваъдаи ба Яҳува додаамонро иҷро накунем, оқибати талхашро мечашем (Воиз 5:5). Пас, биёед бо хурсандӣ исми Худоро то абад ҷалол дода «ҳар рӯз» ба ваъдаи худ вафо кунем! (Заб. 60:9).

^ сарх. 7 Мувофиқи ваъдаи Ҳанно Самуили хурдсол бояд тамоми умраш назир мешуд. Ин маънои онро дошт, ки вай бояд худашро ба Худо бахшида тамоми умр хизмати муқаддаси Яҳуваро иҷро мекард (Ад. 6:2, 5, 8).

^ сарх. 13 Пеш аз он ки шахс ба таъмид гирифтан роҳ дода шавад, пирони ҷамъомад бо ӯ якчанд саволҳоро муҳокима мекунанд. Аз ин рӯ гуфтан мумкин нест, ки таъмиди касе ҳисоб намешавад.

^ сарх. 16 Ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», саҳ. 219–221 нигаред.