Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Ғарибон», ба фарзандони худ ёрӣ диҳед

«Ғарибон», ба фарзандони худ ёрӣ диҳед

«Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд» (3 ЮҲ. 4).

СУРУДҲО: 41, 11

1, 2. a) Бисёр кӯдаконе, ки дар оилаи мусофир ба воя мерасанд, бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд? б) Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

БАРОДАРЕ бо номи Ҷошуа мегӯяд: «Падару модари ман аз мамлакати дигар кӯчида омада буданд ва мо дар хонаю ҷамъомад ба забони модариамон гап мезадем. Он вақт ман хурд будам, вале баъдтар, вақте ки ба мактаб рафтам, ба ман бо забони ҷойи зистамон гап задан осонтар шуд. Пас аз якчанд сол таъсири забони нав сахттар маълум гашт. Кор то дараҷае расид, ки ман аллакай он чизеро, ки дар вохӯриҳо мегуфтанд, намефаҳмидам ва фикррониву тарзи муносибати падару модарам бароям бегона шуд». Ҷошуа ягона шахсе нест, ки бо ин гуна душворӣ рӯ ба рӯ шудааст.

2 Имрӯз зиёда аз 240 000 000 нафар дур аз ватанашон зиндагӣ мекунанд. Агар шумо низ бо оилаатон аз ҷумлаи онҳо бошед, барои «дар ростӣ рафтор» кардани фарзандонатон чӣ кор карда метавонед? (3 Юҳ. 4) Чӣ тавр дигарон ба шумо дар ин кор ёрдам карда метавонанд?

ВОЛИДОН, НАМУНА БОШЕД

3, 4. a) Чӣ тавр падару модар ба фарзандашон намуна буда метавонанд? б) Чиро аз фарзандон интизор шудан нодуруст аст?

3 Волидон, барои он ки фарзандонатон бо Яҳува муносибати наздик дошта бошанд ва соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шаванд, ба онҳо намуна бошед. Вақте фарзандонатон мебинанд, ки шумо «аввал Малакути Худо»-ро меҷӯед, дар ҳар душворӣ ба Яҳува такя карданро ёд мегиранд (Мат. 6:33, 34). Барои ҳамин хоксорона зиндагӣ карда кӯшиш кунед, ки қарздор нашавед. Чизҳои рӯҳониро аз чизҳои моддӣ болотар гузоред. Дар пайи ба даст овардани боигарӣ ё «ҷалоли мардум» набошед. Саъю кӯшиш кунед, ки писанди Яҳува шавед ва ҳамин тавр нишон диҳед, ки ганҷро «дар осмон» мекобед (Марқӯс 10:21, 22-ро хонед; Юҳ. 12:43).

4 Ба серкории худ нигоҳ накарда, бо фарзандонатон вақт гузаронед. Вақте онҳо аз қафои пулу мол нашуда кори Яҳуваро дар ҷойи аввал мемонанд, онҳоро таъриф кунед ва гӯед, ки шумо бо онҳо фахр мекунед. Фикр накунед, ки падару модар бояд аз ҳисоби фарзандон роҳат карда зиндагӣ кунанд, ин ақидаи нодуруст аст. Дар ёд доред, ки на фарзанд дар фикри падару модар, балки падару модар бояд дар фикри фарзанди худ бошад (2 Қӯр. 12:14).

ЗАБОНИ ДИЛИ ФАРЗАНДРО ЁБЕД

5. Чаро падару модар бояд бо фарзандони худ дар бораи Яҳува гап зананд?

5 Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки одамон «аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо» ба ташкилоти Яҳува ҷамъ меоянд (Зак. 8:23). Лекин надонистани забоне, ки ба фарзандон фаҳмотар аст, кори шумо, волидонро, душвор мекунад. Бо вуҷуди он ки дар ин ҳолат таълим додани фарзандонатон осон нест, онҳо омӯзандагони асосии шумоянд. Шумо бояд ба онҳо ёрӣ диҳед, ки Яҳуваро шиносанд ва ҳаёти ҷовидонӣ ёбанд (Юҳ. 17:3). Барои он ки фарзандонатон таълими Яҳуваро дар дили худ ҷой диҳанд, шумо бояд аз ҳар имконият истифода бурда, бо онҳо дар бораи Худо гуфтугӯ намоед. (Такрори Шариат 6:6, 7-ро хонед.)

6. Донистани забони волидон ба фарзандон чӣ фоида меорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

6 Фарзандони шумо забони навро дар мактаб ва кӯча ёд мегиранд. Вале забони модариро асосан аз шумо, ҳангоми бо онҳо зуд-зуд гап заданатон, омӯхта метавонанд. Донистани забони модарӣ ба фарзандатон имконият медиҳад, ки дилашро ба шумо холӣ кунад. Ғайр аз ин, агар онҳо ду забонро омӯзанд, зеҳнашон тез мешавад, бо дигар одамон забон ёфтанро беҳтар ёд мегиранд ва дар мавъиза бо одамони гуногунзабон гап зада метавонанд. Каролина, ки волидонаш аз давлати дигар кӯчида омадаанд, чунин мегӯяд: «Дар ҷамъомади хориҷизабон будан хеле шавқовар аст. Хизмат дар он ҷое, ки воизон даркоранд, хурсандӣ мебахшад».

7. Агар фарзандонатон забони шуморо нағз надонанд, чӣ кор карда метавонед?

Вақте ки кӯдакони мусофирон забону маданияти ҷойи зисташонро аз худ мекунанд, баъзан хоҳишу қобилияти бо забони падару модарашон гап задани онҳо гум мешавад. Волидон, оё метавонед дар ин ҳолат ақаллан каме забони маҳаллатонро ёд гиред? Агар чунин кунед, шумо хубтар мефаҳмед, ки фарзандонатон дар бораи чӣ гап мезананд, чӣ хел дам мегиранд, хонишашон дар мактаб чӣ хел аст. Инчунин донистани забони маҳаллӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки бо муаллимонашон худатон сӯҳбат кунед. Он вақт фарзандонатонро чун шахси худотарс ба воя расондан бароятон осонтар мешавад. Албатта, барои омӯхтани забони нав вақт, кӯшишу ғайрат ва фурӯтанӣ лозим аст. Лекин, агар фарзандатон ношунаво мешуд, оё кӯшиш намекардед, ки забони имову ишораро ёд гиред ва бо ӯ сӯҳбат кунед? Ба мисли ин, фарзанди шумо низ ба ғамхорӣ мӯҳтоҷ аст *.

8. Агар шумо забони навро хуб надонед, чӣ тавр ба фарзандонатон кӯмак карда метавонед?

8 На ҳама волидони мусофир бо забоне, ки ба фарзандонашон фаҳмотар аст, равон гап мезананд. Аз ин сабаб онҳо ҳангоми чуқуртар таълим додани Навиштаҳо азоб мекашанд (2 Тим. 3:15). Агар вазъияти шумо ҳамин хел бошад, рӯҳафтода нашавед. Шумо метавонед ба фарзанди худ кӯмак кунед, ки Яҳуваро шиносад ва дӯст дорад. Шан, ки ҳоло пири ҷамъомад аст, дар ин бора чунин мегӯяд: «Модарам, ки моро танҳо калон мекард, забони моро нағз намедонист. Ману хоҳаронам бошем, бо забони ӯ озод гап зада наметавонистем. Лекин мо медидем, ки ӯ омӯзиш мекунад, дуо мегӯяд ва бисёр кӯшиш мекунад, ки ҳар ҳафта омӯзиши оилавиамонро гузаронад. Инро дида мо мефаҳмидем, ки шинохтани Яҳува хеле муҳим аст».

9. Чӣ тавр волидон фарзандонашонро бо ду забон таълим дода метавонанд?

9 Барои он ки баъзе кӯдакон дар бораи Яҳува дониш гирифта тавонанд, онҳоро бо ду забон, ҳам бо забоне, ки дар мактаб ва ҳам бо забоне, ки дар хона гап мезананд, таълим додан лозим меояд. Ба ҳамин мақсад падару модари онҳо аз адабиёт, сабтҳо ва наворҳое, ки бо ҳар ду забонанд, истифода мебаранд. Волидони мусофир барои он ки фарзандонашон бо Яҳува муносибатҳои наздик дошта бошанд, бояд вақту кӯшиши зиёд сарф кунанд.

БА КАДОМ ҶАМЪОМАД РАФТАН БЕҲТАР АСТ?

10. a) Кӣ қарор мекунад, ки аҳли оила ба кадом ҷамъомад равад? б) Пеш аз қарор баровардан ӯ бояд чӣ кор кунад?

10 Вақте ки «ғарибон», ё ҳамимонони мусофирамон, аз бародару хоҳарони ҳамзабон хеле дур зиндагӣ мекунанд, онҳо ба ҷамъомаде мераванд, ки бо забони маҳаллӣ мегузарад (Заб. 145:9). Лекин, агар дар маҳалли зисташон ҷамъомаде бошад, ки ба забони модариашон аст, ба кадом ҷамъомад рафтан барои оилаи онҳо беҳтар хоҳад буд? Ин қарорро бояд сардори оила қабул кунад (1 Қӯр. 11:3). Пеш аз ин ба вай лозим аст, ки мулоҳиза ронад, дуо гӯяд ва бо ҳамсару фарзандонаш маслиҳат кунад. Боз чиро ба назар гирифтан зарур аст? Дар Китоби Муқаддас чӣ гуна маслиҳатҳо ҳастанд?

11, 12. a) Фаҳмидани вохӯриҳо ба дили фарзандон чӣ гуна таъсир мекунад? б) Чаро баъзе кӯдакон намехоҳанд, ки забони волидонашонро ёд гиранд?

11 Падару модарон бояд ба назар гиранд, ки ба фарзандонашон чӣ бештар фоида меорад. Танҳо бо он ки фарзандон якчанд соат дар вохӯриҳо мешинанд, дониши Каломи Худо дар дилашон реша намедавонад. Лекин, агар онҳо барномаро бо забони барояшон фаҳмо гӯш кунанд, аз иштирок дар вохӯриҳо фоидаи бисёртар мегиранд. (1 Қӯринтиён 14:9, 11-ро хонед.) Вақте ки забони модарӣ барои фарзанд на он қадар фаҳмост, он ба ақлу дили ӯ таъсир намекунад. Баъзе кӯдакон бо забони волидонашон шарҳ додан, пешниҳод кардан ва гап заданро ёд гиранд ҳам, фикру ҳиссиёти худро бо он забон баён карда наметавонанд.

12 Мисоли Ҷошуа, ки дар борааш аллакай гуфта будем, нишон медиҳад, ки ғайр аз забон, ба дили фарзандон чизҳои дигар ҳам таъсир мерасонанд. Апаи ӯ Эстер мегӯяд, ки ба дили кӯдак забон, маданият ва дини падару модараш якҷоя таъсир мекунанд. Вақте ки кӯдакон бо маданияти волидонашон шинос нестанд, онҳо ба омӯхтани забон ва дину эътиқоди падару модарашон майлу хоҳиш надоранд. Пас, волидони онҳо чӣ кор карда метавонанд?

13, 14. a) Чаро як оила ба ҷамъомади дигар гузашт? б) Чӣ ба волидон кӯмак кард, ки рӯҳан устувор монанд?

13 Падару модар бояд пеш аз ҳама на дар бораи худ, балки дар бораи рӯҳан баркамол шудани фарзандонашон фикр кунанд (1 Қӯр. 10:24). Падари Ҷошуа ва Эстер, ки Самуэл ном дорад, чунин мегӯяд: «Ману занам аҳамият медодем, ки чӣ ба фарзандонамон аз ҷиҳати рӯҳонӣ фоиданок аст, ва барои бохирадона қарор қабул кардан дуо гуфтем. Мо фаҳмидем, ки бояд на хоҳиши худ, балки фоидаи фарзандонамонро ба назар гирем. Пеш мо ба вохӯриҳое мерафтем, ки ба забони мо мегузаштанд. Лекин, вақте мо дидем, ки фарзандонамон аз вохӯриҳо кам фоида мегиранд, қарор кардем ба ҷамъомади маҳаллизабон гузарем. Мо якҷоя ба вохӯриҳо мерафтем ва хизмат мекардем. Ҳамчунин бародару хоҳарони маҳаллиро ба меҳмонӣ ва сайругашт даъват мекардем. Ҳамаи ин ёрдам кард, ки фарзандонамон бо бародарону хоҳарон ва бо Яҳува нағзтар шинос шаванд ва Яҳува на фақат Худои онҳо, балки Падар ва Дӯсти онҳо низ шавад. Ин аз омӯхтани забони мо дида, хеле муҳимтар аст».

14 Самуэл гапашро давом дода мегӯяд: «Ману занам, барои он ки рӯҳан суст нашавем, ба вохӯриҳое, ки ба забони худамон мегузаштанд, мерафтем. Мо вақти сархорӣ надоштем ва хеле монда мешудем. Лекин Яҳуваро шукр, ки кӯшишу фидокории моро баракат дод. Ҳоло ҳар се фарзанди мо пурравақт хизмат мекунанд».

ФАРЗАНДОН, ШУМО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?

15. Чӣ тавр хоҳаре бо номи Кристина фаҳмид, ки ба ҷамъомади дигар гузаштан барояш беҳтар аст?

15 Баъзе фарзандон ба воя расида, ба хулосае меоянд, ки дар ҷамъомаде, ки забонаш барояшон фаҳмотар аст, беҳтар хизмат карда метавонанд. Дар чунин маврид падару модарашон набояд фикр кунанд, ки фарзандашон онҳоро дӯст намедорад. Хоҳаре бо номи Кристина мегӯяд: «Ман забони падару модарамро каму беш медонистам, лекин фаҳмидани вохӯриҳое, ки ба забони онҳо мегузаштанд, бароям хеле душвор буд. Вақте ки ман 12-сола будам, ба анҷумане рафтам, ки ба забони дар мактаб ёдгирифтаам буд. Ман якум бор фаҳмидам, ки чизҳое, ки дар анҷуман мегуфтанд, ҳақиқат аст! Боз як дигаргунӣ он буд, ки ман ба забоне, ки дар мактаб гап мезадам, дуо гуфтанро сар кардам. Танҳо он вақт ман бо Яҳува аз таҳти дил гап зада тавонистам!» (Аъм. 2:11, 41). Пас аз он ки Кристина ба воя расид, вай бо волидонаш маслиҳат карда, ба ҷамъомаде гузашт, ки ба забони маҳаллӣ буд. Ӯ натиҷаи ин қарорашро ба хотир оварда мегӯяд: «Вақте ки ман бо Яҳува ба забони бароям фаҳмотар шинос шудам, амал кардан хостам». Чанде пас Кристина пешрави доимӣ шуд ва ҳоло бо хурсандӣ ба Яҳува хизмат мекунад.

16. Чаро хоҳар Надия аз он ки дар ҷамъомади волидонаш монд, пушаймон нест?

16 Ҷавонон, шояд шумо мехоҳед ба ҷамъомаде гузаред, ки забонаш бароятон фаҳмотар аст. Дар ин ҳол аз худ пурсед, ки сабабаш чист. Оё ин шуморо ба Яҳува наздиктар мекунад? (Яъқ. 4:8). Ё мехоҳед, ки шуморо камтар назорат кунанд ва камтар кор фармоянд? Хоҳарамон Надия, ки ҳоло дар Байт-Ил хизмат мекунад, мегӯяд, ки вақте ӯ ва бародару хоҳаронаш наврас буданд, мехостанд ба ҷамъомаде гузаранд, ки ба забони маҳаллӣ буд. Вале волидонашон медонистанд, ки ин аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба фоидаи онҳо намешавад. Ӯ илова мекунад: «Мо миннатдорем, ки падару модарамон заҳмат кашида, ба мо забони модариамонро ёд доданд ва мо дар ҷамъомади онҳо мондем. Ин ҳаёти моро рангоранг кард ва имконияти бисёртар дод, ки дигаронро бо Яҳува шинос кунем».

МАДАДИ ДӮСТОН

17. a) Яҳува таълиму тарбияи фарзандро ба ӯҳдаи кӣ гузоштааст? б) Волидон ба чӣ гуна кӯмак мӯҳтоҷ буда метавонанд?

17 Вазифаи таълиму тарбияи фарзандро Яҳува ба падару модар додааст, на ба бобою бибӣ ё каси дигар. (Масалҳо 1:8; 31:10, 27, 28-ро хонед.) Лекин волидони мусофире, ки забони ҷойи зисташонро намедонанд, барои ҳақиқатро ба дили фарзанд ҷойгир кардан шояд ба ёрӣ мӯҳтоҷанд. Чунин ёрӣ маънои онро надорад, ки таълими фарзандашон вазифаи дигарон мешавад. Дигарон танҳо кӯмак мекунанд, ки волидон фарзанди худро «дар таълимот ва насиҳати Худованд» тарбия кунанд (Эфс. 6:4). Барои дуруст тарбия кардани фарзанд волидон аз пирон пурсида метавонанд, ки ибодати оилавиашонро чӣ тавр гузаронанд ва киҳо барои фарзандашон дӯстони хуб мешаванд.

Дӯстӣ бо аъзоёни ҷамъомад ҳам ба фарзандон ва ҳам ба волидон фоида меорад (Ба сархатҳои 18 ва 19 нигаред.)

18, 19. a) Чӣ тавр бародару хоҳарони баркамол ба навҷавонон таъсири нағз расонда метавонанд? б) Кадом кор ба ӯҳдаи падару модар аст?

18 Падару модар метавонанд баъзан ба ибодати оилавиашон дигар оилаҳоро даъват кунанд. Ғайр аз ин, вақте ҷавонон бо ҳамимонони рӯҳан баркамол ба хизмат мераванд ё бо онҳо дам мегиранд, ин ба онҳо таъсири хуб мерасонад (Мас. 27:17). Шан, ки суханонаш дар боло оварда шуда буданд, чунин мегӯяд: «Ман бародаронеро, ки нисбатам ғамхорӣ мекарданд, нағз дар ёд дорам. Вақте ки онҳо барои тайёр кардани супоришҳои дар ҷамъомад доштаам ёрӣ медоданд, ман бисёр чизҳоро меомӯхтам. Бо онҳо якҷоя дам гирифтан ҳам бароям хеле маъқул буд».

19 Бародару хоҳароне, ки волидон барои ба фарзандонашон кӯмак кардан интихоб мекунанд, бояд масъулияти падару модарро ба ӯҳда нагиранд. Онҳо бояд ҳамеша кӯдакро барангезанд, ки волидонашро ҳурмат кунад. Инчунин эҳтиёт шаванд, ки рафторашон дар назари дигарон шубҳанок набошад (1 Пет. 2:12). Волидон набояд аз дигарон интизор бошанд, ки онҳо бо фарзандонашон Китоби Муқаддасро меомӯзанд. Баръакс, ба онҳо лозим аст, ки чӣ тавр кӯмак кардани дигаронро зери назорат гиранд ва худашон кӯдаконашонро таълим диҳанд.

20. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кӯмак карда метавонанд, то онҳо ходими хуби Яҳува шаванд?

20 Волидон, аз Яҳува кӯмак пурсед ва аз таҳти дил кӯшиш карданро давом диҳед. (2 Вақоеънома 15:7-ро хонед.) Бигзор барои шумо на хоҳишҳои худ, балки бо Яҳува дӯст шудани фарзандатон дар ҷойи аввал бошад. Ҳар кори аз дастатон меомадаро карда, боварӣ ҳосил кунед, ки Каломи Худо то мағзи дили фарзандатон рафта мерасад. Доимо ба он умед бандед, ки ӯ ходими хуби Яҳува мешавад. Вақте шумо мебинед, ки фарзандатон аз рӯйи Каломи Худо зиндагӣ карда истодааст ва аз шумо ибрат мегирад, он чизеро ҳис хоҳед кард, ки Юҳаннои ҳавворӣ ҳис карда буд. Ӯ дар бораи касоне, ки бо кӯмакаш имондор шуданд, гуфта буд: «Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд» (3 Юҳ. 4).

^ сарх. 7 Ба маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.) аз марти с. 2007, саҳ. 10–12, ба мақолаи «Омӯхтани забони нав аз дастатон меояд!», нигаред.