Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?»

«Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?»

«Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» (ЮҲ. 21:15).

СУРУДҲО: 32, 31

1, 2. Баъди шаби моҳидорӣ дар ҳаёти Петрус чӣ воқеа рӯй дод?

ҲАФТ шогирди Исо тамоми шаб дар баҳри Ҷалил моҳигирӣ мекарданд, лекин ягон моҳие дошта натавонистанд. Саҳари он шаб Исои эҳёшуда дар лаби баҳр истода ба онҳо нигоҳ мекард. Ӯ ба онҳо гуфт: «“Тӯрро ба тарафи рости қаиқ биандозед ва хоҳед ёфт”. Онҳо андохтанд ва аз бисёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд» (Юҳ. 21:1–6).

2 Баъди ба онҳо ноништа тайёр карданаш Исо аз Шимъӯни Петрус пурсид: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Исо медонист, ки Петрус моҳидориро дӯст медорад. Шояд барои ҳамин ӯ фаҳмидан мехост, ки Петрус чиро бештар дӯст медорад: кори моҳидориро ё Исо ва таълимоти ӯро. Петрус дар ҷавоб гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам» (Юҳ. 21:15). Петрус ба гапаш истод ва исбот кард, ки Исоро дӯст медорад. Аз он вақт инҷониб ӯ вақташро ба шогирдтайёркунӣ сарф мекард ва яке аз сутунҳои ҷамъомади асри як гашт.

3. Мо бояд аз чӣ эҳтиёт шавем?

3 Мо аз суханоне, ки Исо ба Петрус гуфт, чӣ дарс мегирем? Мо бояд доимо бо кори Салтанат банд бошем ва нагузорем, ки муҳаббатамон ба Исо сард шавад. Исо медонист, ки дар ин дунё одамон бо чӣ гуна душвориҳову васвасаҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ӯ дар масали худ оиди коранда гуфт, ки баъзеҳо хушхабарро шунида, рушд мекунанд, лекин баъдтар «андешаҳои дунёӣ ва ҳирси сарват» онҳоро аз ҳақиқат дур месозад (Мат. 13:19–22; Марқ. 4:19). Ба ин монанд, агар мо эҳтиёт нашавем, ғуломи ташвишҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ шуда оҳиста-оҳиста рӯҳан суст мешавем. Аз ин рӯ Исо шогирдонашро огоҳ кард: «Бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд» (Луқ. 21:34).

4. Чӣ тавр фаҳмем, ки Исоро то чӣ андоза дӯст медорем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

4 Агар мо кори мавъизаро якум ҷо монем, мисли Петрус муҳаббати худро нисбати Исо исбот мекунем. Вале аз куҷо фаҳмем, ки мо ҳамин тавр карда истодаем? Вақт аз вақт мо бояд аз худ пурсем: «Чӣ ба ман бештар хурсандӣ меорад: кори ин ҷаҳон ё кори Худо?» Дар ҳаёти мо баъзе чизҳое ҳастанд, ки агар ҷойи онҳоро надонем, охиру оқибат муҳаббатамон ба Масеҳ сард мегардад. Барои ҳамин биёед дида бароем, ки назари мо ба кор, вақтхушӣ ва чизу чора чӣ гуна аст.

НАЗАРИ ДУРУСТ БА КОР

5. Сардорони оила чӣ гуна ӯҳдадорӣ доранд?

5 Моҳигирӣ барои Петрус танҳо шуғли дӯстдошта набуд. Ӯ бо ин кораш зиндагиашро пеш мебурд. Имрӯз сардорони оила дарк мекунанд, ки барои таъмин кардани оилаашон ӯҳдадоранд (1 Тим. 5:8). Барои ҳамин онҳо сахт кӯшиш мекунанд, ки ин вазифаашонро иҷро кунанд. Лекин дар ин рӯзҳои охир кор сабаби душвориҳои зиёд шуда метавонад.

6. Имрӯз коргарон бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

6 Имрӯз бисёриҳо аз сабаби бекорӣ маҷбур мешаванд, ки барои маблағи кам соатҳои дароз кор кунанд. Ҳамчунин баъзе соҳибкорон коргаронро маҷбур мекунанд, ки бисёртар кор кунанд, аз ин сабаб коргарон рӯҳафтода ва ҳатто касал мешаванд. Барои аз даст надодани корашон бисёриҳо ба ин хел кор розӣ мешаванд.

7, 8. а) Мо аввалан ба кӣ содиқ ҳастем? б) Бародаре оиди кораш кадом як чизи муҳимро фаҳмид?

7 Мо бояд ба Яҳува содиқ бошем, на ба ягон чиз ва ё каси дигар (Луқ. 10:27). Кор ба мо ёрдам мекунад, ки чизҳои заруриро дошта бошем ва ба Худо хизмат кунем. Агар эҳтиёт нашавем, кор метавонад ба ибодатамон ба Худо халал расонад. Масалан, бародаре аз Таиланд ба ёд меорад: «Ман пештар компютерҳоро таъмир мекардам. Ин кор шавқовар буд, вале вақти зиёдро мегирифт. Рафта-рафта барои кори Худо вақтам қариб ки намерасид. Оқибат ман фаҳмидам, ки барои кори Худоро дар ҷойи аввал мондан ман бояд корамро иваз кунам». Бародар чӣ кор кард?

8 Ӯ мефаҳмонад: «Тахминан баъди як сол ман қарор кардам, ки дар кӯча яхмос мефурӯшам. Аввал ман пули кам кор мекардам ва зиқ мешудам. Вақте коргарони пештараам маро медиданд, ба ҳолам механдиданд ва мепурсиданд, ки чаро ман дар кӯча яхмос фурӯхтанро аз кори нағзи бароҳат беҳтар донистам. Ман ба Яҳува дуо гуфта хоҳиш кардам, ки барои ба ин душвориҳо тоб овардан ва ба корҳои рӯҳонӣ вақти бештар ёфтан ба ман ёрдам кунад. Чанде пас вазъияти ман беҳтар шуд. Ман нағзтар фаҳмидам, ки одамон кадом намуди яхмосро дӯст медоранд ва худам дар тайёр кардани яхмос усто шудам. Баъдтар ҳамин хел шуд, ки ман ҳар рӯз нағз савдо карда ҳамаи яхмосҳоро мефурӯхтам. Даромадам аз кори пештараам зиёдтар шуд. Ман хурсанд будам, ки аз стрессу ташвишҳои кори пешинаам халос шудам. Аз ҳама муҳимаш, ман ҳоло худамро ба Яҳува наздиктар ҳис мекунам». (Матто 5:3, 6-ро хонед.)

9. Чӣ тавр мо нисбати кор назари дуруст дошта метавонем?

9 Яҳува одамонеро, ки меҳнат карданро дӯст медоранд, қадр мекунад. Ин гуна шахсон натиҷаи меҳнаташонро дида хурсандӣ мекунанд (Мас. 12:14). Ба ҳар ҳол, чи тавре ки аз мисоли бародар дидем, кор бояд ҷойи худашро дошта бошад. Исо дар бораи ниёзҳои асосиамон гуфта буд: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:33). Барои нисбати кор ва чизҳои рӯҳонӣ назари дуруст доштан нағз мешуд, ки аз худ пурсем: «Ман бештар аз кадом чиз хурсандӣ мегирам: аз кори худам ё аз кори Худо?» Ба ин савол ҷавоб дода мо мефаҳмем, ки дар асл ба чӣ дилбастагӣ дорем.

10. Исо чӣ дарси муҳиме нишон дод?

10 Исо таълим дода буд, ки чиро бояд дар ҷойи аввал монем. Рӯзе Исо ба хонаи Марям ва хоҳари ӯ, Марто, меҳмон шуд. Марто аз пайи тайёр кардани хӯрок буд, Марям бошад, дар пеши пойи Исо нишаста суханони ӯро гӯш мекард. Вақте Марто ба Исо шикоят кард, ки хоҳараш ба ӯ ёрдам намекунад, Исо ба вай гуфт: «Марям қисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад» (Луқ. 10:38–42). Исо бо ин суханонаш дарси муҳимеро омӯзонд. Агар мо кори Худоро якум ҷо монда «қисмати некӯро» интихоб кунем, исбот менамоем, ки Исоро дӯст медорем.

НАЗАРИ ДУРУСТ БА ВАҚТХУШӢ

11. Китоби Муқаддас дар бораи дамгирӣ чӣ мегӯяд?

11 Баъзан ба мо лозим аст, ки аз корҳои худ дам гирифта қуввати нав пайдо кунем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Барои одамизод чизе хубтар аз ин нест, ки бихӯрад ва бинӯшад ва ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад» (Воиз 2:24). Исо ҳам медонист, ки шахс вақт аз вақт ба дамгирӣ ниёз дорад. Боре шогирдонаш пас аз мавъиза хеле монда шуда буданд. Барои ҳамин Исо ба онҳо гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед» (Марқ. 6:31, 32).

12. Дар мавриди вақтхушӣ ва дамгирӣ мо бояд аз чӣ эҳтиёт шавем? Мисол оред.

12 Дамгирӣ ва вақтхушӣ муҳим мебошанд, лекин, агар ин чизҳо дар ҳаётамон ҷойи асосиро ишғол кунанд, ин хатарнок буда метавонад. Дар асри як бисёриҳо чунин шиор доштанд: «Бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо хоҳем мурд» (1 Қӯр. 15:32). Имрӯз ҳам бисёри одамон аз рӯйи ин шиор зиндагӣ мекунанд. Масалан, чанд сол пеш ҷавоне аз Аврупои Ғарбӣ ба ҷамъомад меомад. Аммо ӯ аз ҳад зиёд ба вақтхушӣ дода шуда буд, барои ҳамин бо Шоҳидони Яҳува алоқаашро канд. Лекин баъдтар ӯ фаҳмид, ки аз пайи вақтхушиҳо шуданаш ба сари ӯ фақат бадбахтӣ овард. Аз ин рӯ ӯ аз нав хондани Китоби Муқаддасро сар кард ва воиз шуд. Баъд аз таъмид гирифтанаш ӯ мегӯяд: «Ман дер фаҳмидам, ки хизмат ба Яҳува аз вақтхушиҳо дида хурсандии бештар меорад. Сад афсӯс ки пеш аз ин вақтамро беҳуда сарф кардам».

13. а) Бо мисол фаҳмонед, ки вақтхушӣ ва дамгирӣ дар кадом маврид хатарнок буда метавонад. б) Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба вақтхушиву дамгирӣ назари дуруст дошта бошем?

13 Мақсади дамгирӣ аз нав қувват гирифтан аст. Пас мо бояд чӣ қадар вақтамонро барои он ҷудо кунем? Дар ин бора фикр кунед: бисёре аз мо шириниро нағз мебинем, вале, агар ҳама вақт онро хӯрем, ин ба саломатии мо зарар мерасонад. Барои ҳамин мо кӯшиш мекунем, ки асосан хӯрокҳои фоиданок хӯрем. Ба ин монанд, агар мо доимо вақтхушӣ кунем, саломатии рӯҳониамон зарар мебинад. Барои ин хел нашудан мо бояд доимо бо кори Худо банд бошем. Аз куҷо фаҳмем, ки мо аз ҳад зиёд вақтхушӣ намекунем? Дар давоми ҳафта мо метавонем аҳамият диҳем, ки чанд соатамонро ба мавъиза, ҷамъомад, омӯзиши шахсӣ ва оилавӣ сарф намудем. Баъд барои худамон қайд кунем, ки ҳамон ҳафта ба варзиш, шуғли дӯстдошта, тамошои телевизор ё бозиҳои компютерӣ чанд соатро сарф кардем. Дар охир муқоиса карда бинем, ки оё барои кам кардани «ширинӣ» ҳоҷат ҳаст ё не? (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро хонед.)

14. Чӣ ба мо дар интихоби вақтхушӣ ёрдам карда метавонад?

14 Ҳар як шахс дар интихоби вақтхушӣ озод аст. Сардорони оила низ барои истироҳати оилаашон ин ё он намуди вақтхуширо интихоб карда метавонанд. Аммо ҳамзамон принсипҳои Китоби Муқаддасро ба назар гирифтан лозим аст *. Вақтхушии фоиданок «атои Худост» (Воиз 3:12, 13). Албатта, ҳар кас ҳар хел дам мегирад (Ғал. 6:4, 5). Вале мо мехоҳем, ки он ҷойи корҳои асосиро нагирад. Исо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд» (Мат. 6:21). Ҳамин тавр муҳаббат ба Худо моро бармеангезад, ки фикр, сухан ва амали худро асосан ба кори Худо равона кунем, на ба корҳои ҳаррӯза (Флп. 1:9, 10).

МУБОРИЗА БО ЧИЗПАРАСТӢ

15, 16. а) Ба кадом маъно чизпарастӣ бароямон дом шуда метавонад? б) Исо дар бораи чизпарастӣ кадом маслиҳати хирадмандонаро дода буд?

15 Имрӯз ҳушу ёди бисёриҳо бо харидани сару либоси замонавӣ, таҷҳизоти электронии навтарин ва ё чизи дигар банд аст. Барои ба ин одамон монанд нашудан мо бояд хоҳишҳоямонро доимо тафтиш кунем. Масалан, аз худ пурсида метавонем: «Оё ман вақтамро бештар ба кофтани мошини навтарин ё либоси замонавӣ сарф карда истодаам ё ба тайёрӣ ба ҷамъомад? Оё ман бо корҳои ҳаррӯза чунон бандам, ки вақтам ба дуо ва хониши Китоби Муқаддас намерасад?» Агар мо пай барем, ки чизу чора муҳаббати моро нисбати Масеҳ сард карда истодааст, бояд мувофиқи гуфтаҳои зерини Исо амал кунем: «Аз тамаъкорӣ ҳазар кунед» (Луқ. 12:15). Чаро ӯ ин тавр гуфт?

16 Исо қайд кард, ки «ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад». Ва илова намуд: «Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед». Исо гуфт, ки шахс ба ҳар ду содиқ монда наметавонад, чунки «аз яке нафрат карда, дигареро дӯст» медорад, ё «ба яке часпида, дигареро хор» мебинад (Мат. 6:24). Ҳамаи мо нокомилем, аз ин рӯ бояд бо ҳавасҳои ҷисм, аз он ҷумла чизпарастӣ, мубориза барем (Эфс. 2:3).

17. а) Чаро ба одамони ин ҷаҳон ба чизу чора назари дуруст доштан душвор аст? б) Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки бо чизпарастӣ мубориза барем?

17 Бисёриҳо чунон ба хоҳишҳои худ дода шудаанд, ки барояшон нисбати чизу чора назари дуруст доштан душвор аст. (1 Қӯринтиён 2:14-ро хонед.) Азбаски фикри онҳо бо чунин чизҳо банд аст, барояшон фарқ кардани неку бад осон нест (Ибр. 5:11–14). Баъзеҳо чунон чизпараст мегарданд, ки чашмашон ҳеҷ сер намешавад (Воиз 5:10). Хушбахтона, хониши ҳаррӯзаи Каломи Худо ба мо ёрдам мекунад, ки ба доми чизпарастӣ наафтем (1 Пет. 2:2). Мулоҳиза дар бораи гуфтаҳои Каломи Худо ба Исо кӯмак мекард, ки ба васвасаҳо дода нашавад. Имрӯз низ истифода бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунанд, ки бо чизпарастӣ мубориза барем (Мат. 4:8–10). Ин тавр рафтор карда мо нишон медиҳем, ки Исоро аз чизу чора бештар дӯст медорем.

Дар ҳаётатон чӣ дар ҷойи аввал меистад? (Ба сархати 18 нигаред.)

18. Шумо чӣ кор карданиед?

18 Вақте Исо аз Петрус пурсид, ки «Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?», ӯ мехост ба вай хотиррасон кунад, ки кори Худоро дар ҷойи аввал мондан муҳим аст. Петрус, ки маънои номаш «кӯҳпора» аст, мувофиқи номаш зиндагӣ карда устувор буд (Аъм. 4:5–20). Мо низ имрӯз мехоҳем, ки дар муҳаббати Масеҳ устувор бошем. Барои ҳамин биёед нагузорем, ки кор, вақтхушӣ ва чизу чора бароямон аз ҳама муҳим бошанд. Он вақт мо мисли Петрус чунин гуфта метавонем: «Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам».

^ сарх. 14 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 октябри с. 2011, сарх. 6–15, саҳ. 4–7, ба мақолаи «Оё вақтхушиву истироҳати шумо фоиданок аст?», нигаред.