Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо Яҳуваро пурсаброна интизоред?

Оё шумо Яҳуваро пурсаброна интизоред?

«Шумо низ сабр кунед» (ЯЪҚ. 5:8).

СУРУДҲО: 35, 7

1, 2. а) Барои «то ба кай» гуфта савол доданамон чӣ сабаб шуда метавонад? б) Чаро намунаи ходимони замони пеш моро рӯҳбаланд мекунад?

«ТО БА КАЙ?» Ин саволро пайғамбарони содиқ, Ишаъё ва Ҳабаққуқ, ба Худо дода буданд (Иш. 6:11; Ҳаб. 1:2). Подшоҳ Довуд низ вақте Забур боби 12-ро навишт, чор бор «то ба кай?» гуфт (Заб. 12:2, 3). Ҳатто Исо вақте беимонии дигаронро дид, ин гуна савол дод (Мат. 17:17). Барои ҳамин, вақте дар сари мо ҳам ҳамин хел савол пайдо мешавад, набояд аз ин ҳайрон шавем.

2 Барои «то ба кай» гуфта савол доданамон чӣ сабаб шуда метавонад? Шояд мо бо беадолатӣ рӯ ба рӯ шудаем. Ё мумкин бори гарони пирӣ, беморӣ ва душвориҳои ҳаётро тоқат мекунем (2 Тим. 3:1). Баъзан бошад, шояд моро рӯҳияи нодурусти одамони гирду атрофамон хастаю лакот мекунад. Дар замонҳои пеш ходимони содиқи Худо ин гуна савол медоданд ва ҳеҷ кас онҳоро барои ин ҳукм намекард. Донистани ин чиз моро рӯҳбаланд мекунад.

3. Чӣ дар вазъиятҳои душвор ба мо ёрдам карда метавонад?

3 Дар вазъиятҳои душвори ҳаёт чӣ ба мо ёрдам карда метавонад? Бародари Исо, Яъқуб, гуфт: «Эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед» (Яъқ. 5:7). Бале, ба ҳар яки мо пурсабрӣ лозим аст. Биёед бинем, ки пурсабрӣ чиро дар бар мегирад.

ПУРСАБРӢ ЧИСТ?

4, 5. а) Пурсабрӣ чиро дар бар мегирад? б) Кадом мисол нишон медиҳад, ки пурсаброна интизор шудан муҳим аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

4 Мувофиқи Китоби Муқаддас пурсабрӣ самараи рӯҳ мебошад, барои ҳамин бе ёрдами Яҳува ба одамони нокомил дар вазъиятҳои душвор пурсабрӣ зоҳир кардан осон нест. Пурсабрӣ атои Худост ва онро зоҳир карда мо муҳаббатамонро нисбати Ӯ ва одамон нишон дода метавонем. Бетоқатӣ пайвандҳои муҳаббатро суст мегардонад, пурсабрӣ бошад, мустаҳкам мекунад (1 Қӯр. 13:4; Ғал. 5:22). Пурсабрӣ дигар хислатҳои муҳимро низ дар бар мегирад. Масалан, он бо истодагарӣ, ки дар вазъиятҳои душвор ба мо барои нигоҳ доштани рӯҳияи мусбӣ ёрдам мекунад, алоқаи зич дорад (Қӯл. 1:11; Яъқ. 1:3, 4). Пурсабрӣ инчунин ба мо кӯмак мекунад, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба Худо содиқ монем ва дар ивази бадӣ, бадӣ накунем. Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо бояд пурсабр бошем. Муҳим будани онро мо аз Яъқуб 5:7, 8 фаҳмида метавонем. (Оятҳоро хонед.)

5 Чаро пурсаброна Яҳуваро интизор шудан муҳим аст? Яъқуб вазъияти моро бо зироаткор монанд кард. Ҳарчанд зироаткор барои коштани тухм сахт меҳнат мекунад, ӯ обу ҳаво ва сабзидани тухмро идора карда наметавонад. Инчунин, вай вақтро тезонида наметавонад. Зироаткор мефаҳмад, ки ӯ бояд «самараи гаронбаҳои заминро интизор» шавад. Имрӯз мо иҷро шудани ваъдаҳои Худоро интизорем ва мефаҳмем, ки бисёр чиз аз мо вобаста нест (Марқ. 13:32, 33; Аъм. 1:7). Барои ҳамин мо ҳам мисли зироаткор бояд пурсабр бошем.

6. Мо аз намунаи Мико-пайғамбар чӣ меомӯзем?

6 Вазъияти имрӯзаи мо ба вазъияти Мико-пайғамбар монанд аст. Ӯ дар замони ҳукмронии подшоҳи золим, Оҳоз, зиндагӣ мекард. Он вақт дар байни мардум бадахлоқӣ паҳн шуда буд. Одамон «ду дасташонро ба бадӣ кардан нағз одат кунонида» буданд. (Мико 7:1–3-ро хонед.) Мико мефаҳмид, ки танҳо худаш вазъиятро дигар карда наметавонад. Пас, Мико чӣ кор кард? Ӯ мегӯяд: «Ман ба Худованд интизорӣ мекашам, ба Худои наҷоти худ таваккал мекунам: Худои ман маро иҷобат хоҳад намуд» (Мико 7:7). Мисли Мико мо ҳам бояд Яҳуваро «интизор» бошем.

7. Мо бояд Яҳуваро чӣ тавр интизор шавем?

7 Агар имони мо мисли имони Мико бошад, мо Яҳуваро бо хоҳиши зиёд интизор мешавем. Вазъияти мо ба вазъияти шахси зиндоние, ки ба марг ҳукм шудааст, монанд нест. Ин хел шахс марги худро бесаброна интизор намешавад, вай маҷбур аст, ки интизор шавад. Нисбати мо бошад, ин хел гуфтан мумкин нест! Мо бо хоҳиши худ ва бесаброна Яҳуваро интизорем, чунки медонем, ки Ӯ ба мо ҳаёти ҷовидонаро тӯҳфа мекунад ва ин ваъдаашро дар вақти мувофиқ иҷро менамояд. Аз ин рӯ мо «бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр» ҳастем (Қӯл. 1:11, 12). Ҳангоми интизор шудан мо «Яҳува дер карда истодааст» гуфта шикояту норозигӣ намекунем. Агар чунин кунем, ин ба Худо маъқул намешавад (Қӯл. 3:12).

НАМУНАҲОИ ПУРСАБРӢ

8. Ҳангоми дида баромадани намунаи ходимони пештара мо бояд дар бораи чӣ мулоҳиза ронем?

8 Пеш ходимони содиқи Худо пурсаброна иҷрошавии ваъдаҳои Ӯро интизор буданд. Агар мо пурсабрии онҳоро доимо дар хотир нигоҳ дорем, хоҳиши пурсаброна интизор шуданамон зиёд мешавад (Рум. 15:4). Биёед ҳоло намунаи онҳоро дида бароем. Дар вақти муҳокима фикр кунед, ки онҳо чанд вақт ва чаро интизор шуданд ва дар натиҷа соҳиби кадом баракатҳо гаштанд.

Иброҳим то таваллуд шудани наберагонаш Эсов ва Яъқуб солҳои зиёд интизор шуд (Ба сархатҳои 9 ва 10 нигаред.)

9, 10. Иброҳим ва Соро бояд чӣ қадар вақт Яҳуваро интизор мешуданд?

9 Масалан, Иброҳим ва Соро яке аз шахсоне буданд, ки «ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо» гаштанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки баъди он ки Иброҳим пурсабрӣ зоҳир кард, Яҳува ваъда дод, ки ӯро баракат дода наслашро зиёд мегардонад (Ибр. 6:12, 15). Вале Иброҳим бояд боз пурсабрӣ зоҳир мекард, чунки барои иҷро шудани ин ваъдаи Худо вақт лозим буд. Аҳде, ки Яҳува бо Иброҳим баст, 14-уми нисони соли 1943 то милод ба амал сар кард. Он вақт Иброҳим бо занаш ва ҳамаи одамоне, ки ҳамроҳаш буданд, дарёи Фуротро гузашта ба Замини ваъдашуда даромаданд. Пеш аз он ки писараш Исҳоқ соли 1918 то милод таваллуд шавад, Иброҳим 25 сол интизор шуд. Инчунин ӯ то таваллуд шудани наберагонаш Эсов ва Яъқуб, дар соли 1858 то милод, 60 соли дигар интизор шуд (Ибр. 11:9).

10 Иброҳим чанд ҳиссаи Замини ваъдакардашударо мерос гирифт? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо «аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ӯ [Иброҳим] надод, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва баъд аз ӯ наслашро молики он гардонад» (Аъм. 7:5). Баъд аз он ки Иброҳим аз дарёи Фурот гузашт, танҳо баъди 430 сол наслаш ба халқи бузурге табдил ёфт ва онҳо соҳиби он замин гаштанд (Хур. 12:40–42; Ғал. 3:17).

11. Чаро Иброҳим Яҳуваро пурсаброна интизор буд ва ин чӣ баракатҳо овард?

11 Иброҳим ба Яҳува имон дошт, барои ҳамин пурсаброна Ӯро интизор буд. (Ибриён 11:8–12-ро хонед.) Иброҳим пурра иҷро шудани ваъдаи Худоро дар рӯзҳои худ надида бошад ҳам, аз интизорӣ хурсанд буд. Тасаввур кунед, ки, вақте ӯ дар дунёи нав зинда шуда мефаҳмад, ки дар бораи вай ва фарзандонаш дар бисёр ҷойи Китоби Муқаддас навишта шудааст, то чӣ андоза хурсанд мешавад *. Инчунин тасаввур кунед, ки, вақте ӯ мефаҳмад, ки дар иҷро шудани пешгӯйӣ оиди насли ваъдашуда нақши муҳимро бозидааст, чӣ қадар ба ҳаяҷон меояд. Бешубҳа, Иброҳим он вақт мебинад, ки ин қадар интизор шуданаш беҳуда набудааст.

12, 13. Чаро ба Юсуф пурсабрӣ лозим буд ва ӯ чӣ гуна рӯҳия дошт?

12 Набераи Иброҳим, Юсуф, низ пурсабрӣ зоҳир кард. Вай якчанд бор бо беадолатӣ рӯ ба рӯ шуд. Вақте ки ӯ тахминан 17-сола буд, бародаронаш ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд. Баъдтар Юсуфро тӯҳмат карданд, ки ӯ зани хӯҷаинашро таҷовуз карданӣ буд, барои ҳамин ӯро ба зиндон партофтанд (Ҳас. 39:11–20; Заб. 104:17, 18). Вай гӯё барои корҳои хубаш ҷазо мегирифт, на баракат. Вале баъди 13 сол вазъият дигар шуд. Юсуфро аз зиндон озод карданд ва ӯ дар Миср баъди фиръавн шахси дуюм гашт (Ҳас. 41:14, 37–43; Аъм. 7:9, 10).

13 Оё беадолатиҳо дили Юсуфро сахт карданд? Оё ӯ бовариашро ба Яҳува гум кард? Не, албатта. Чӣ ба Юсуф ёрдам кард, ки пурсаброна Яҳуваро интизор шавад? Имонаш. Вай дар ҳар вазъият дасти Яҳуваро медид. Инро аз суханони зерине, ки ба бародаронаш гуфта буд, дидан мумкин аст: «Натарсед; оё ман дар ҷои Худо ҳастам? Шумо дар ҳаққи ман қасди бад доштед, вале Худо онро ба некӯӣ гардонид, то коре кунад, ки мардуми зиёдро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст» (Ҳас. 50:19, 20). Юсуф аз интизор шуданаш пушаймон нашуд.

14, 15. а) Чаро пурсабрии Довуд сазовори диққати мост? б) Чӣ ба Довуд ёрдам кард, ки пурсаброна интизор шавад?

14 Шоҳ Довуд ҳам бо бисёр беадолатиҳо рӯ ба рӯ шуд. Яҳува ӯро аз наврасиаш чун подшоҳи Исроил интихоб карда бошад ҳам, ӯ барои ба тахт нишастан 15 сол интизор шуд (2 Подш. 2:3, 4). Дар ин муддат шоҳ Шоул ӯро таъқиб мекард ва куштан мехост *. Аз ин сабаб Довуд чун гуреза баъзан дар шаҳрҳои бегона ва баъзан дар ғорҳои биёбон зиндагӣ мекард. Ҳатто пас аз он ки Шоул дар ҷанг кушта шуд, ба Довуд тахминан боз ҳафт сол интизор шудан лозим омад. Танҳо баъд аз ин ӯ подшоҳи Исроил гардид (2 Подш. 5:4, 5).

15 Чӣ ба Довуд ёрдам кард, ки пурсаброна интизор шавад? Ҷавобашро мо дар таронае, ки Довуд чор маротиба «то ба кай» гуфта савол дод, меёбем. Ӯ мегӯяд: «Валекин ман ба эҳсони Ту таваккал менамоям; дилам дар наҷоти Ту шодӣ мекунад; дар шаъни Худованд суруд мехонам, зеро ки Ӯ ба ман таваҷҷӯҳ намудааст» (Заб. 12:6). Довуд медонист, ки Яҳува ӯро дӯст медорад ва ҳеҷ вақт намепартояд. Ӯ дар бораи он фикр мекард, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ба вай кӯмак карда буд ва вақтеро интизор мешуд, ки Ӯ ба азобҳояш хотима мебахшад. Довуд фикр намекард, ки интизор шуданаш бефоида аст.

Яҳува аз мо он чизеро ки Худаш намекунад, интизор намешавад. Ӯ дар пурсабрӣ намунаи беҳтарин аст, барои ҳамин интизор аст, ки мо низ пурсабрӣ зоҳир кунем

16, 17. Чаро Яҳува ва Исо дар пурсаброна интизор шудан намуна мебошанд?

16 Яҳува аз мо он чизеро ки Худаш намекунад, интизор намешавад. Ӯ дар пурсабрӣ намунаи беҳтарин аст, барои ҳамин интизор аст, ки мо низ пурсабрӣ зоҳир кунем. (2 Петрус 3:9-ро хонед.) Масалан, ҳазорсолаҳо пеш Шайтон Яҳуваро дар боғи Адан ба беадолатӣ айбдор кард. Ҳоло бошад, Яҳува пурсаброна вақти пурра пок гаштани номашро интизор аст. Дар натиҷа пурсабрии Худо ба ҳамаи онҳое, ки Ӯро интизор буданд, баракатҳои бепоён меорад (Иш. 30:18).

17 Исо ҳам пурсабр буд. Ӯ дар озмоишҳо содиқ монда ҳаёташро қурбон кард. Яҳува соли 33-и милодӣ қурбонии ӯро қабул карда бошад ҳам, Исо ба тахт нишастанашро то соли 1914 интизор шуд (Аъм. 2:33–35; Ибр. 10:12, 13). Ӯ ҳоло ҳам интизор аст, ки кай дар охири Ҳукмронии ҳазорсолааш душманонашро пурра несту нобуд месозад (1 Қӯр. 15:25). Дар ҳақиқат, ин интизории дурудароз аст, лекин мо боварӣ дошта метавонем, ки баракатҳои он ба интизор шудан меарзад.

ЧӢ БА МО КӮМАК МЕРАСОНАД?

18, 19. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки пурсаброна интизор шавем?

18 Бешубҳа, ба ҳар яки мо интизор шудан ва пурсабрӣ зоҳир намудан лозим аст. Аммо чӣ ба мо дар ин кор ёрдам карда метавонад? Рӯҳи муқаддаси Яҳува. Фаромӯш накунед, ки пурсабрӣ самари рӯҳ аст (Эфс. 3:16; 6:18; 1 Тас. 5:17–19). Дар дуо аз Яҳува илтиҷо кунед, ки ба шумо барои пурсабр будан кӯмак расонад.

19 Ҳамчунин дар хотир доред, ки ба Иброҳим, Юсуф ва Довуд барои Яҳуваро интизор шудан чӣ ёрдам кард. Онҳо ба Яҳува имон доштанд ва ба Ӯ пурра такя мекарданд. Инчунин онҳо танҳо дар бораи ҳузуру ҳаловати худ фикр намекарданд. Агар мо дар бораи намунаи ин одамон мулоҳиза ронем, он гоҳ мо ҳам хоҳиши пурсаброна интизор шуданро пайдо мекунем.

20. Мо ба чӣ азми қавӣ дорем?

20 Ҳатто дар душвориҳо мо мехоҳем, ки пурсабрӣ зоҳир кунем. Албатта, баъзан мо «то ба кай, эй Худованд?» гуфта савол дода метавонем (Иш. 6:11). Аммо ҳар яки мо бо кӯмаки рӯҳулқудси Яҳува қувват гирифта суханони Ирмиёро такрор кардан мехоҳем: «Худованд насибаи ман аст... бинобар ин ба Ӯ умедвор хоҳам буд» (Нав. Ирм. 3:21, 24).

^ сарх. 11 Қариб дар 15 боби китоби Ҳастӣ дар бораи Иброҳим навишта шудааст. Ғайр аз ин, дар Навиштаҳои Юнонӣ ӯ беш аз 70 бор ёдовар мешавад.

^ сарх. 14 Ҳарчанд Яҳува Шоулро пас аз ду соли ҳукмрониаш рад кард, Ӯ гузошт, ки Шоул боз 38 соли дигар то дами маргаш ҳукмронӣ кунад (1 Подш. 13:1; Аъм. 13:21).