Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Осоиштагии Худо... аз ҳар хирад болотар аст»

«Осоиштагии Худо... аз ҳар хирад болотар аст»

«Осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои... шуморо... нигоҳ хоҳад дошт» (ФЛП. 4:7).

СУРУДҲО: 39, 47

1, 2. Пеш аз ҳабси Павлусу Сило дар Филиппӣ кадом воқеаҳо рӯй доданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ҚАРИБИИ нисфи шаб аст. Ду ходими боғайрати Худо, Павлус ва Сило, дар шаҳри Филиппӣ дар ҳабс мебошанд. Онҳоро ба зиндон партофта, ба пойҳояшон кунда зада буданд. Илова бар ин, пушти онҳо аз зарбаҳои зиёд месӯхт (Аъм. 16:23, 24). Ҳамаи ин хеле ногаҳонӣ рӯй дод. Каме пеш мардум онҳоро кашола карда, ба бозор, назди суде, ки саросемавор ҷамъ омад, оварданд. Баъдтар либосҳояшонро дар танашон пора-пора карда, онҳоро бераҳмона калтаккорӣ карданд (Аъм. 16:16–22). Чӣ гуна беадолатӣ! Охир, Павлус шаҳрванди Рум буд ва кори ӯро бояд аз рӯйи қонун дида мебаромаданд *.

2 Павлус дар зиндони торик нишаста воқеаҳои рӯзро пеши назар меовард. Ӯ дар бораи онҳое, ки дар Филиппӣ зиндагӣ доштанд, фикр мекард. Дар бисёр шаҳрҳое, ки Павлус сафар карда буд, яҳудиён ибодатгоҳи худро доштанд, лекин дар ин шаҳр чунин ибодатгоҳ набуд. Барои ҳамин онҳое, ки Яҳуваро ибодат мекарданд, берун аз дарвозаи шаҳр, дар назди дарё, ҷамъ мешуданд (Аъм. 16:13, 14). Чаро? Шояд аз сабаби дар шаҳр набудани даҳ марди яҳудӣ, шуморае, ки барои барпо кардани ибодатгоҳ лозим буд. Мардуми Филиппӣ шаҳрванди Рум буданро имтиёзи бузург меҳисобиданд ва фикр мекарданд, ки ҳар кас шаҳрванди Рум шуда наметавонад (Аъм. 16:21). Мумкин барои ҳамин онҳо ҳатто фикр намекарданд, ки чунин мардони одӣ, Павлус ва Сило, низ шаҳрвандони Рум буда метавонанд. Чи хеле ки набошад, онҳо ин яҳудиёнро ноҳақ ба зиндон партофтанд.

3. Чаро Павлус аз ҳабс шуданаш дар ҳайрат буда метавонист ва нигоҳ накарда ба ин ӯ чӣ гуна рафтор кард?

3 Шояд Павлус дар зиндон дар бораи воқеаҳои дигар низ фикр мекард. Якчанд моҳ пеш ӯ дар Осиёи Хурд, дар тарафи дигари баҳри Эгей буд ва рӯҳи муқаддас гаштаю баргашта ӯро аз мавъиза кардан дар он ҷойҳо бозмедошт. Ба назар чунин метофт, ки рӯҳулқудс Павлусро ба ҷойи дигаре равона мекунад (Аъм. 16:6, 7). Оқибат, вақте ки Павлус дар Трӯос буд, дар рӯъё ӯ даъват карда шуд: «Ба Мақдуния омада... мадад расон». Павлус аниқу равшан фаҳмид, ки ин хости Яҳува аст, ва дарҳол аз пайи иҷрои он шуд. (Аъмол 16:8–10-ро хонед.) Лекин баъди ба Мақдуния омадаш чӣ рӯй дод? Танҳо тасаввур кунед: дере нагузашта Павлусро ҳабс карданд! Чаро Яҳува ба ин роҳ дод? Чанд вақт ӯро дар зиндон нигоҳ медошта бошанд? Шояд Павлус дар ин бора фикр карда ғам мехӯрд, лекин ӯ имон ва хурсандиашро гум накард. Ҳам ӯ ва ҳам Сило «дуо мегуфтанду дар васфи Худо суруд мехонданд» (Аъм. 16:25). Осоиштагии Худо ба ақлу дили онҳо оромӣ мебахшид.

4, 5. a) Чӣ тавр вазъияти мо ба вазъияти Павлус монанд буда метавонад? б) Чӣ тавр вазъияти Павлус ногаҳон тағйир ёфт?

4 Эҳтимол, шумо ҳам мисли Павлус дар ҳаётатон аз рӯйи хости Худо амал кардед, вале баъд чизҳое рӯй доданд, ки тамоман интизор набудед. Мумкин шумо бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудед ё ба шумо лозим омад, ки дар ҳаёти худ дигаргуниҳо дароред (Воиз 9:11). Шояд шумо то ҳол ҳайронед, ки чаро Яҳува ба ин чизҳо роҳ дод. Агар чунин бошад, чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки бовариатонро ба Яҳува гум накунед? Барои фаҳмидани ин биёед боз ба воқеае, ки бо Павлусу Сило рӯй дода буд, баргардем.

Вақте ки Павлусу Сило дар зиндон дар васфи Худо суруд мехонданд, як қатор воқеаҳои ғайричашмдошт рӯй доданд. Ногаҳон заминҷунбии сахт шуд. Дарҳои зиндон кушода шуданд, занҷиру бандҳои зиндониён афтиданд. Павлус зиндонбонро аз худкушӣ боздошт. Баъд аз ин зиндонбон ва аҳли оилааш таъмид гирифтанд. Вақте ки саҳар шуд, ҳокимон одамонашонро фиристода Павлусу Силоро аз зиндон озод карданӣ шуданд. Сипас, вақте онҳо хабардор шуданд, ки Павлусу Сило шаҳрвандони Рум ҳастанд, фаҳмиданд, ки ба хатои калон роҳ додаанд. Барои ҳамин худашон омада, Павлусу Силоро озод карданд ва аз онҳо хоҳиш карданд, ки шаҳрро тарк кунанд. Вале Павлус ва Сило аввал назди Лидия ном хоҳаре, ки нав таъмид гирифта буд, рафта хайрухуш карданд. Инчунин онҳо аз фурсат истифода бурда, имони бародаронро низ мустаҳкам карданд (Аъм. 16:26–40). Чӣ хел ҳама чиз зуд тағйир ёфт!

«АЗ ҲАР ХИРАД БОЛОТАР АСТ»

6. Мо ҳоло чиро муҳокима мекунем?

6 Мо аз воқеае, ки бо Павлусу Сило рӯй дод, чӣ меомӯзем? Яҳува тавре амал карда метавонад, ки мо онро ҳатто гумон намекардем. Барои ҳамин мо набояд ҳангоми бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудан ғам хӯрем. Бешубҳа, худи Павлус низ аз он воқеа барои худ дарс гирифт. Мо инро аз суханоне, ки ӯ ба бародарони шаҳри Филиппӣ дар бораи ғам нахӯрдан ва осоиштагии Худо навишт, дида метавонем. Биёед дар аввал суханони Павлусро, ки дар Филиппиён 4:6, 7 навишта шудаанд, муҳокима намоем. (Оятҳоро хонед.) Баъд якчанд мисоли дигареро аз Навиштаҳо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува ба таври ғайричашмдошт амал кард. Дар охир оиди он мулоҳиза меронем, ки чӣ гуна «осоиштагии Худо» ба мо кӯмак мекунад, то ба Яҳува боварии пурра дошта ба душвориҳо тоб орем.

7. Павлус ба бародарони Филиппӣ нома навишта чиро қайд кард ва мо аз суханҳои ӯ чӣ меомӯзем?

Вақте ки бародарони Филиппӣ номаи Павлусро хонданд, онҳо ба ёд оварданд, ки бо ӯ чӣ рӯй дода буд ва чӣ тавр Яҳува ба таври барояшон ногаҳонӣ амал кард. Павлус дар номааш ба онҳо чиро таълим доданӣ буд? Ӯ гуфтанӣ буд, ки онҳо ғам нахӯранд, балки дуо гӯянд ва Худо ба онҳо осоиштагӣ хоҳад дод. Аҳамият диҳед, ки дар оят осоиштагии Худо «аз ҳар хирад болотар аст» гуфта шудааст. Ин чӣ маъно дорад? Баъзе тарҷумонон ин фикрро чунин тарҷума кардаанд: осоиштагии Худо «аз ҳар орзуву хаёл болотар аст» ва ё «болотар аз нақшаву нияти одамон аст». Павлус низ гуфтанӣ буд, ки «осоиштагии Худо» аз ҳар чизе ки тасаввур кардан мумкин аст, беҳтар аст. Мо, одамон, роҳи ҳалли баъзе мушкилиҳоямонро намедонем, вале Яҳува, албатта, медонад ва ба таври ғайричашмдошт онҳоро ҳал карда метавонад. (2 Петрус 2:9-ро хонед.)

8, 9. a) Ҳарчанд дар Филиппӣ бо Павлус беадолатона рафтор карданд, ин чӣ натиҷа овард? б) Чаро бародарони шаҳри Филиппӣ ба ҳақ будани суханони Павлус боварӣ доштанд?

8 Бародарони Филиппӣ бо суханони Павлус розӣ буданд, зеро пас аз он воқеа, дар давоми даҳ сол, онҳо диданд, ки ин суханон ҳаққанд. Гарчанд Яҳува роҳ дод, ки бо Павлусу Сило беадолатона рафтор кунанд, ин оқибат ба «муҳофизат ва барқарор кардани башорат» мусоидат кард (Флп. 1:7). Акнун он ҳокимони Филиппӣ пеш аз он ки бо ҷамъомади навташкилшудаи масеҳиён коре кунанд, аввал андеша мекарданд. Эҳтимол, рафтори Павлус сабаби он шуд, ки ҳамсафараш, Луқои табиб, пас аз рафтани Павлусу Сило дар он шаҳр монда тавонист. Ин бошад, имконият дод, ки Луқо бародарони навро дар он шаҳр дастгирӣ кунад.

9 Бародароне, ки дар Филиппӣ номаи Павлусро хонданд, медонистанд, ки суханони ӯ гапи холӣ набуд. Дар ҳақиқат, Павлус худаш душвориҳои зиёд ва хавфу хатарро паси сар карда буд, вале ба ин нигоҳ накарда «осоиштагии Худо»-ро дошт. Ҳатто вақте ки ӯ ба бародарони Филиппӣ нома менавишт, дар Рум, дар ҳабси хонагӣ буд. Лекин дар он вақт ҳам ӯ нишон медод, ки «осоиштагии Худо» бо ӯст (Флп. 1:12–14; 4:7, 11, 22).

«ҲЕҶ ҒАМ НАХӮРЕД»

10, 11. Вақте ки мо аз ҳад зиёд ғам мехӯрем, чӣ кор кардан лозим аст ва мо чиро интизор шуда метавонем?

10 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳеҷ ғам нахӯрем ва «осоиштагии Худо»-ро дошта бошем? Аз суханони Павлус ба масеҳиёни Филиппӣ маълум аст, ки давои ғаму ташвиш дуо мебошад. Барои ҳамин дуо гӯеду нагузоред, ки ғам шуморо хӯрад. (1 Петрус 5:6, 7-ро хонед.) Бо боварии комил ба Яҳува дуо гӯед ва донед, ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад. Баракатҳои Худоро ба хотир оварда «бо шукргузорӣ» дуо гӯед. Вақте мо дар хотир нигоҳ медорем, ки Яҳува «қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад», бовариамон ба Ӯ бештар мегардад (Эфс. 3:20).

11 Баъзан мо ҳам мисли Павлусу Сило аз тарзи амал кардани Яҳува ба ҳайрат омада метавонем. Ӯ ҳама вақт мӯъҷиза накунад ҳам, тавре ёрӣ медиҳад, ки ба мо зарур аст (1 Қӯр. 10:13). Ин маънои онро надорад, ки мо акнун ду даст дар бағал бекор шинем ва интизор шавем, ки кай худи Яҳува вазъиятро беҳтар мекунад ё душвориро бартараф месозад. Мо бояд мувофиқи дуоҳоямон амал кунем (Рум. 12:11). Он гоҳ мо нишон медиҳем, ки дуоямон самимӣ аст ва ба Яҳува имкон медиҳем, ки кӯшишу ҳаракати моро баракат диҳад. Ҳамзамон мо бояд донем, ки Яҳува на ҳама вақт аз рӯйи хоҳишу умедвориҳои мо амал мекунад. Баъзан Ӯ мушкилиамонро тавре осон мекунад, ки ҳатто дар гӯшаи хаёламон набуд. Ҳоло биёед якчанд мисолеро аз Китоби Муқаддас дида бароем ва боварии худро ба он ки Яҳува қодир аст ба таври бароямон ғайричашмдошт ёрӣ диҳад, мустаҳкамтар созем.

ЯҲУВА КОРИ ИМКОННОПАЗИРРО КАРДА МЕТАВОНАД

12. a) Вақте ки подшоҳи Ашшур, Санҳериб, Ерусалимро забт карданӣ буд, Ҳизқиё чӣ кор кард? б) Мо аз он ки чӣ тавр Яҳува халқашро аз дасти ашшуриён наҷот дод, чӣ мефаҳмем?

12 Дар Китоби Муқаддас мисолҳои он ки Яҳува кори имконнопазирро карда метавонад, кам нестанд. Яке аз шахсоне, ки дасти пурқудрати Худоро дид, подшоҳ Ҳизқиё мебошад. Ӯ дар замоне зиндагӣ мекард, ки Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ба Яҳудо ҳуҷум карда буд. Санҳериб пай дар пай шаҳрҳои ҳисордорро забт мекард (4 Подш. 18:1–3, 13). Акнун ин подшоҳ Ерусалимро мағлуб кардан мехост. Шоҳ Ҳизқиё дар ин вазъияти пур аз хавфу хатар чӣ кор кард? Ӯ ба Яҳува дуо гуфт ва аз пайғамбар Ишаъё маслиҳат пурсид (4 Подш. 19:5, 15–20). Ҳизқиё ҳамчунин дар бораи он фикр кард, ки чӣ тавр шаҳрро аз хатар эмин дорад. Барои ҳамин ӯ маблағеро, ки Санҳериб ба гарданаш бор кард, дод (4 Подш. 18:14, 15). Ӯ боз пешакӣ тайёрӣ дид, то ба муҳосираи дурударози Ерусалим тоб оварда тавонад (2 Вақ. 32:2–4). Лекин чӣ тавр Ҳизқиё ва мардуми Ерусалим аз дасти душман халос шуданд? Яҳува фариштаеро фиристода, дар як шаб 185 000 сарбози Санҳерибро несту нобуд кард. Ҳизқиё ҳатто тасаввур намекард, ки Худо онҳоро бо ин тарз наҷот медиҳад! (4 Подш. 19:35).

Ҳастӣ 41:42 дар бораи Юсуф чӣ мегӯяд ва мо аз он чӣ меомӯзем? (Ба сархати 13 нигаред.)

13. a) Мо аз саргузашти Юсуф чӣ мефаҳмем? б) Бо Соро, зани Иброҳим, чӣ чизи ғайричашмдошт рӯй дод?

13 Худо ба Юсуф, писари Яъқуб, низ тавре ёрӣ дод, ки ӯ интизор набуд. Юсуфи ҷавон дар Миср зиндонӣ буд ва дар фикру хаёлаш ҳам набуд, ки вай дар Миср дасти рости фиръавн шуда мансаби баландтаринро ишғол мекунад. Юсуф ҳамчунин намедонист, ки Яҳува ӯро барои аз қаҳтӣ наҷот додани оилаи падараш истифода мебарад (Ҳас. 40:15; 41:39–43; 50:20). Бешубҳа, чунин амал кардани Яҳува дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд. Дар ҳаёти Соро, бибикалони Юсуф, низ дигаргуние рӯй дод, ки ба ӯ имконнопазир метофт. Оё Сорои пиронсол гумон мекард, ки Яҳува на ба воситаи канизаш, балки ба худи ӯ фарзанд ато мекунад? Бале, ӯ ҳеҷ гумон намекард, ки дар пиронсолӣ соҳиби фарзанд мешавад (Ҳас. 21:1–3, 6, 7).

14. Мо аз чӣ дилпур буда метавонем?

14 Албатта, мо имрӯз интизор нестем, ки то омадани дунёи нав Яҳува ба таври мӯъҷизавӣ душвориҳои моро бартараф месозад ё дар ҳаётамон чизҳои аҷоибу ғароиб ба амал меорад. Вале Яҳува Худоест, ки ба ходимонаш ба таври ғайричашмдошт ёрӣ дода метавонад. (Ишаъё 43:10–13-ро хонед.) Донистани ин имони моро ба Ӯ қавӣ мекунад. Мо дилпур ҳастем, ки Худо ҳар кори лозимаро мекунад, то ки мо хости Ӯро ба ҷо оварда тавонем (2 Қӯр. 4:7–9). Мо аз мисолҳое, ки дар боло муҳокима кардем, яъне рӯйдодҳои ҳаёти Ҳизқиё, Юсуф ва Соро, чӣ дарс мегирем? Агар мо ба Яҳува содиқ бошем, Ӯ ба мо низ кӯмак мекунад, ки душвориҳои ба назар ҳалнашавандаро паси сар кунем.

Агар мо ба Яҳува содиқ монем, Ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки душвориҳои ба назар ҳалнашавандаро паси сар кунем

15. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки «осоиштагии Худо»-ро дошта бошем? Фаҳмонед.

15 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудан «осоиштагии Худо»-ро гум накунем? Мо бояд бо Худоямон Яҳува муносибатҳои наздикро нигоҳ дорем. Чунин муносибатҳо танҳо ба шарофати қурбонии Исои Масеҳ имконпазиранд. Фароҳам овардани ин фидия низ яке аз корҳои аҷоиби Падари осмониамон мебошад. Ба воситаи фидия Ӯ гуноҳҳои моро рӯпӯш мекунад, ин бошад, ба мо имкон медиҳад, ки виҷдони пок дошта бошем ва ба Ӯ наздик шавем (Юҳ. 14:6; Яъқ. 4:8; 1 Пет. 3:21).

«ДИЛҲОИ ШУМО ВА ФИКРҲОИ ШУМОРО... НИГОҲ ХОҲАД ДОШТ»

16. Агар мо «осоиштагии Худо»-ро дошта бошем, ин чӣ натиҷа меорад? Бо мисол фаҳмонед.

16 Агар мо «осоиштагии Худо[-ро], ки аз ҳар хирад болотар аст» дошта бошем, ин чӣ натиҷа меорад? Чи тавре ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, он «дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (Флп. 4:7). Калимае, ки чун «нигоҳ хоҳад дошт» тарҷума шудааст, дар забони аслӣ истилоҳи ҳарбӣ мебошад. Он ба якчанд дастаи сарбозоне ишора мекунад, ки вазифаашон посбонӣ кардани шаҳр буд. Яке аз шаҳрҳое, ки чунин дастаҳои посбононро дошт, Филиппӣ буд. Сокинони он медонистанд, ки дарвозаҳои шаҳрро сарбозони бисёр посбонӣ мекунанд, аз ин рӯ онҳо орому осуда хоб мерафтанд. Ба ин монанд, агар мо «осоиштагии Худо»-ро дошта бошем, ақлу дили мо орому осуда хоҳад буд. Мо медонем, ки Яҳува дар бораи мо ғамхорӣ мекунад ва мехоҳад, ки мо дар ҳақиқат хушбахт бошем (1 Пет. 5:10). Донистани ин ба мо ёрдам мекунад, ки аз ҳад зиёд ғам нахӯрем ё рӯҳафтода нагардем.

17. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки рӯйдодҳои ояндаро бе тарсу хавотирӣ интизор шавем?

17 Ба қарибӣ одамизод бо мусибати чунон бузурге дучор мешавад, ки ягон бор надида буд (Мат. 24:21, 22). Мо аниқ намедонем, ки дар он вақт ҳар яки мо бо чӣ рӯ ба рӯ мешавем, лекин мо набояд дар ин бора аз ҳад зиёд ғам хӯрем. Мо пурра намедонем, ки Яҳува дар оянда чӣ хел амал мекунад, лекин мо медонем, ки Ӯ чӣ гуна Худо аст. Аз корҳое, ки Яҳува дар гузашта карда буд, мо фаҳмидем, ки чӣ чизе рӯй надиҳад, Ӯ нияташро, албатта, иҷро мекунад ва баъзан инро тавре мекунад, ки бароямон ғайричашмдошт аст. Ҳар боре ки Яҳува дар ҳаёти мо чунин амал мекунад, мо «осоиштагии Худо[-ро], ки аз ҳар хирад болотар аст» ҳис хоҳем кард.

^ сарх. 1 Сило низ, аз афташ, шаҳрванди Рум буд (Аъм. 16:37).