Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр одами кӯҳнаро аз худ дур кунем?

Чӣ тавр одами кӯҳнаро аз худ дур кунем?

«Одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур» кунед (ҚӮЛ. 3:9).

СУРУДҲО: 52, 54

1, 2. Одамон дар бораи Шоҳидони Яҳува чӣ мегӯянд?

БИСЁРИҲО ба ягонагие, ки дар байни Шоҳидони Яҳува ҳукмфармост, аҳамият медиҳанд. Масалан, нависандае бо номи Антон Ҷил дар бораи бародарону хоҳароне, ки дар Германияи фашистӣ зиндагӣ мекарданд, чунин гуфт: «Фашистон Шоҳидони Яҳуваро бисёр азоб медоданд... 6000 нафари онҳо соли 1939 дар [лагерҳои консетратсионӣ] буданд». Ва илова кард, ки ба таъқиботи сахт нигоҳ накарда онҳо ростқавл, пуртоқат, ба Худо вафодор ва муттаҳид буданд.

2 Дар Африқои Ҷанубӣ низ ягонагии Шоҳидони Яҳува аз назар пинҳон намонд. Замоне дар ин ҷо ба одамони гуногуннажод иҷозат намедоданд, ки бо ҳамдигар вохӯранд. Аммо 18-уми декабри соли 2011, рӯзи якшанбе, зиёда аз 78 000 Шоҳиди гуногуннажоди Африқои Ҷанубӣ ва мамлакатҳои ҳамсоя дар майдони калонтарини Ёханнесбург ҷамъ омаданд, то аз барномаи махсус баҳра баранд. Дар ин бора як роҳбари он майдон чунин гуфт: «Ман дар ин майдон чунин одамони хушмуомиларо якум бор мебинам. Ҳамаатон сарулибоси хуб доред ва ин майдонро хеле нағз тоза кардед. Аз ҳама аҷоибаш ин аст, ки шумо аз нажодҳои гуногун мебошед».

3. Чӣ моро муттаҳид месозад?

3 Чунин гуфтаҳои одамоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, исбот мекунанд, ки бародарияти умумиҷаҳонии мо, дар ҳақиқат, беҳамтост (1 Пет. 5:9). Чаро мо аз дигар ташкилотҳо фарқ мекунем? Чунки мо бо ёрии Калом ва рӯҳи муқаддаси Худо кӯшиш мекунем, ки «одами кӯҳнаро... аз худ дур» сохта, «одами навро дар бар» кунем (Қӯл. 3:9, 10).

4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем ва чаро?

Вақте мо одами кӯҳнаро аз худ дур кардем, бояд кӯшиш намоем, то онро дигар дар бар накунем. Дар ин мақола мо аввал мефаҳмем, ки чӣ тавр одами кӯҳнаро аз худ дур созем ва чаро ин муҳим аст. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки чӣ хел шахс нигоҳ накарда ба он ки одатҳои бад дар дилаш реша давондааст, ҳаёташро дигар карда метавонад. Баъд мо мебинем, ки чӣ ба шахсоне, ки солҳои дароз дар ҳақиқат мебошанд, барои аз нав дар бар накардани одами кӯҳна ёрдам карда метавонад. Чаро муҳокимаи ин мавзӯъҳо муҳим аст? Зеро баъзеҳо дар хизмати Яҳува суст гашта ба роҳи пешинаашон баргаштанд. Аз ин рӯ мо бояд огоҳии зеринро дар ақлу диламон ҷо диҳем: «Ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад» (1 Қӯр. 10:12).

ХОҲИШҲОИ БАДАХЛОҚОНАРО ДАР ХУД БИКУШЕД

5. а) Бо мисол фаҳмонед, ки чаро мо бояд зуд одами кӯҳнаро аз худ дур созем. (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Мувофиқи Қӯлассиён 3:5–9 кадом одатҳо ба одами кӯҳна хосанд?

5 Агар сару либосатон чиркин шавад ё бӯйи бад дошта бошад, шумо чӣ кор мекунед? Албатта, шумо ҳаракат мекунед, ки онро тезтар кашед. Ба мисли ин, мо бояд он одатҳоеро, ки ба Худо маъқул нестанд, зуд аз худ дур созем. Павлус дар бораи ин одатҳои бад сухан ронда гуфт: «Акнун шумо ҳамаи инҳоро... тарк намоед». Биёед ҳоло дар бораи ду одати бад, зино ва нопокӣ, гап занем. (Қӯлассиён 3:5–9-ро хонед.)

6, 7. а) Чӣ тавр суханони Павлус нишон медиҳанд, ки барои одами кӯҳнаро аз худ дур сохтан ҳаракат кардан даркор аст? б) Тарзи ҳаёти Сакура чӣ гуна буд ва чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки ҳаёташро дигаргун созад?

6 Зино. Дар Китоби Муқаддас калимаи «зино» барои ифода кардани алоқаи ҷинсии ду шахсе, ки аз рӯйи қонун зану шавҳар нестанд истифода мешавад. Павлус ба масеҳиён гуфт, ки барои ба зино дода нашудан онҳо бояд «андоми... худро» бикушанд. Ин маънои онро дорад, ки барои ин гуна хоҳишҳои бадро аз дил берун кардан мо бояд ҳаракат кунем. Албатта, ин кор осон нест, лекин мо дар ин мубориза ғолиб омада метавонем.

7 Инро мисоли хоҳар Сакура *, ки аз Ҷопон мебошад, тасдиқ мекунад. Дар наврасӣ ӯ доимо худро танҳо ва рӯҳафтода ҳис мекард. Барои аз ҳисси танҳоӣ халос шудан ӯ аз 15-солагӣ бо ҳар хел одамон алоқаи ҷинсӣ мекардагӣ шуд. Дар натиҷа вай се бор аборт кард. Ӯ мегӯяд: «Дар аввал ман худро дар бехатарӣ ҳис карда фикр мекардам, ки ман ба дигарон даркорам ва онҳо маро дӯст медоранд. Вале, ҳар қадаре ки ман ба ин кор даст мезадам, ҳамон қадар зиёдтар ба ин шубҳа пайдо мекардам». Сакура чунин тарзи ҳаёташро то 23-солагӣ давом дод. Сипас ӯ бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Чизҳои фаҳмидааш ба ӯ хеле маъқул шуданд ва бо ёрдами Яҳува ӯ аз бадахлоқӣ даст кашид ва аз ҳисси шарму гунаҳкорӣ раҳо гардид. Имрӯз хоҳар Сакура чун пешрави доимӣ хизмат мекунад ва дигар худро танҳо ҳис намекунад. Вай мегӯяд: «Ман хеле хурсандам, ки ҳар рӯз муҳаббати Яҳуваро нисбати худ ҳис мекунам».

БА ОДАТҲОИ НОПОК ҒОЛИБ ОЕД

8. Баъзе аз корҳое, ки моро дар назари Яҳува нопок карда метавонанд, кадоманд?

8 Нопокӣ. Дар Китоби Муқаддас калимаи «нопокӣ» назар ба калимаи «зино» маънои васеътар дорад. Ба нопокӣ одатҳои бад, мисли сигоркашӣ ё шӯхиҳои бешармона, дохил мешаванд (2 Қӯр. 7:1; Эфс. 5:3, 4). Инчунин ба он корҳои баде дохил мешаванд, ки одам дар танҳоӣ мекунад, масалан, хондани китобҳое, ки шаҳвати шахсро бедор мекунанд, ё тамошо кардани порнография. Ин чизҳо шахсро ба одати нопок, мастурбатсия, тела дода метавонанд (Қӯл. 3:5) *.

9. Инкишоф додани хоҳишҳои шаҳвонии идоранашаванда чӣ натиҷа меорад?

9 Шахсоне, ки доимо порнография тамошо мекунанд, дар худ хоҳишҳои шаҳвониро чунон инкишоф медиҳанд, ки онҳоро дигар идора карда наметавонанд ва дар натиҷа побанди бадахлоқии ҷинсӣ мегарданд. Тадқиқотчиён мегӯянд, ки одати тамошо кардани порнография ба одати арақнӯшӣ ё нашъамандӣ монанд аст. Чи хеле ки арақнӯшӣ ва нашъамандӣ оқибати хуб надорад, тамошои порнография низ оқибати нағз надорад. Масалан, аз тамошои порнография шахс метавонад худро одами паст ҳис кунад, аз кор дилхунук шавад, хушбахтиро дар оилааш гум кунад ё ҷудо шавад ва ё ҳатто ба худкушӣ даст занад. Марде, ки як сол бар ин одати нопок мубориза бурда ғолиб омад, чунин гуфт: «Ман аз сари нав худро пок ҳис карда ҳурмат мекардагӣ шудам».

10. Чӣ ба Рибейро ёрӣ дод, ки аз одати бадаш даст кашад?

10 Барои бисёриҳо яку якбора аз тамошои порнография даст кашидан осон нест. Вале мисоли бародар Рибейро, ки аз Бразилия мебошад, нишон медиҳад, ки дар ин мубориза ғолиб омадан мумкин аст. Ӯ дар наврасиаш аз хонаашон рафт ва дар корхонаи коркарди қоғаз кор мекардагӣ шуд. Азбаски ин корхона қоғазро коркард мекард, дар он ҷо маҷаллаҳое, ки порнография доштанд, хеле бисёр буданд. Ӯ гуфт: «Оҳиста-оҳиста ман ба тамошои порнография одат кардам. Оқибат ман ба порнография чунон дода шудам, ки барои тамошо кардани он тезтар аз хона баромада рафтани занеро, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекардам, интизор мешудам». Рӯзе дар ҷойи кораш Рибейро дар байни китобҳои бисёр, ки бояд коркард мешуданд, китоби «Сирри хушбахтии оила»-ро дид ва онро гирифта хонд. Чизҳои аз ин китоб фаҳмидааш ӯро барангехтанд, ки бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар кунад. Лекин барои ин одати нопокро партофтан ба ӯ вақти зиёд лозим буд. Чӣ ба ӯ дар ин кор ёрдам кард? Ӯ мефаҳмонад: «Дуо, омӯзиши Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди чизҳои фаҳмидаам миннатдорӣ ва муҳаббати маро ба Худо зиёд карданд. Муҳаббатам ба Яҳува аз хоҳиши тамошо кардани порнография зӯртар баромад». Бо ёрии Калом ва рӯҳи муқаддас Рибейро одати бадашро партофта, таъмид гирифт ва ҳоло чун пири ҷамъомад хизмат мекунад.

11. Чӣ ёрдам мекунад, ки шахс одати тамошо кардани порнографияро партояд?

11 Аҳамият диҳед, ки барои бар одати бад ғолиб омадан, ба Рибейро лозим буд, ки на фақат Китоби Муқаддасро омӯзад, балки дар бораи чизҳои аз Китоби Муқаддас хондааш чуқур мулоҳиза ронад ва гузорад, ки он чизҳо ба дилаш таъсир расонанд. Ба воситаи дуо ва мулоҳиза муҳаббати ӯ ба Яҳува чунон қавӣ гардид, ки вай бар хоҳиши сахти тамошо кардани порнография ғолиб омада тавонист. Агар шумо низ муҳаббати худро нисбати Яҳува инкишоф диҳед ва аз корҳои бад нафрат кунед, бар хоҳиши тамошо кардани порнография ғолиб омада метавонед. (Забур 96:10-ро хонед.)

АЗ ҚАҲРУ ҒАЗАБ, СУХАНОНИ КАБЕҲ ВА ДУРӮҒГӮЙӢ ДУРӢ ҶӮЕД

12. Чӣ ба Стивен кӯмак кард, ки одами дигар шавад?

12 Баъзе одамон зуд ба хашм омада ба дигарон суханони тезутунд мегӯянд. Албатта, ин гуна рафтор ба хушбахтии оила мусоидат намекунад. Масалан, Стивен ном падаре аз Австралия чунин мегӯяд: «Ман бисёр дашном медодам ва аз чизҳои майда-чуйда тез ба ғазаб меомадам. Ману занам се бор аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардем ва қариб монда буд, ки ҷудо шавем». Баъдтар ин ҳамсарон бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд. Стивен ҳаракат мекард, ки чизҳои фаҳмидаашро ба кор барад. Ӯ мегӯяд: «Ҳаёти оилавии мо беҳтар шуд. Пештар ман мисли бомбае будам, ки ба кафидан тайёр аст. Ман аз чизҳои майда-чуйда зуд асабонӣ шуда ба хашм меомадам. Ҳоло бошад, бо ёрии Яҳува орому осуда буданро ёд гирифтам». Имрӯз Стивен ходими ёвар шуда хизмат мекунад, занаш бошад, чанд сол боз пешрави доимӣ аст. Пирони ҷамъомади Стивен гуфтанд: «Стивен марди оромтабиат, меҳнатдӯст ва хоксор аст». Онҳо илова карданд, ки ба ғазаб омадани Стивенро ягон бор надидаанд. Чӣ ба Стивен кӯмак кард, ки одами дигар шавад? Ӯ мегӯяд: «Агар ман ба Яҳува намегузоштам, ки маро шакл диҳад, дар ҳаётам соҳиби ин гуна баракатҳо намешудам».

13. Чаро қаҳру ғазаб хатарнок аст ва Китоби Муқаддас моро аз чӣ огоҳ мекунад?

13 Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки аз қаҳру ғазаб, дашном ва доду фарёд дурӣ ҷӯем (Эфс. 4:31). Одатан ин чизҳо сабаби ба зӯроварӣ даст задани шахс мегарданд. Имрӯз бисёриҳо дар ин ҷаҳон фикр мекунанд, ки қаҳру ғазаб чизи табиист. Вале он ба номи Офаридгорамон доғ меорад. Аз ин рӯ бисёр бародарону хоҳарони мо аз одатҳои пешинаашон даст кашида одами навро дар бар карданд. (Забур 36:8–11-ро хонед.)

14. Оё одами бадҷаҳл хоксор шуда метавонад?

14 Бародаре бо номи Ҳанс дар Австралия пири ҷамъомад шуда хизмат мекунад. Координатори ҳайати пирони ҷамъомади ӯ дар борааш чунин гуфт: «Ҳанс яке аз бародарони хоксортарин мебошад». Вале Ҳанс ҳамеша чунин шахси хоксор набуд. Дар наврасӣ вай бисёр арақ менӯшид ва одами бадҷаҳл шуд. Боре ӯ арақ нӯшида дар сари қаҳр духтареро, ки дӯст медошт, кушт. Барои ин кораш ӯро ба мӯҳлати 20 сол ҳукм карданд, вале маҳбас ӯро тағйир надод. Баъд модараш аз пирони ҷамъомад хоҳиш кард, ки бо Ҳанс дар маҳбас омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кунанд. Ҳанс гуфт: «Аз худ дур кардани одами кӯҳна бароям хеле душвор буд. Вале оятҳои Ишаъё 55:7 ва 1 Қӯринтиён 6:11, ки дар он ҷо “бигзор шарир роҳи худро тарк кунад” ва “баъзе аз шумо чунин будед” гуфта шудааст, ба ман қувват мебахшиданд. Солҳои зиёд Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш пурсаброна ба ман ёрӣ дод, ки одами навро дар бар кунам». Ҳанс ҳангоми дар маҳбас буданаш таъмид гирифт ва баъди ҳабдаҳу ним сол озод карда шуд. Ӯ мегӯяд: «Ман аз раҳмдил ва бахшанда будани Яҳува хеле миннатдорам».

15. Кадом одат дар байни одамон паҳн шудааст ва Китоби Муқаддас дар бораи ин одат чӣ мегӯяд?

15 Дурӯғгӯйӣ низ яке аз одатҳои одами кӯҳна мебошад. Бисёр одамон барои андоз насупоридан ё гуноҳашонро ба гардан нагирифтан дурӯғ мегӯянд. Вале Яҳува «Худои ростӣ» мебошад (Заб. 30:6). Ӯ аз ҳамаи мо талаб мекунад, ки «ба ёри худ» дурӯғ нагӯем (Эфс. 4:25; Қӯл. 3:9). Барои ҳамин мо бояд ҳатто дар вазъиятҳои душвору ноқулай гапи ростро занем (Мас. 6:16–19).

ЧӢ ТАВР ОНҲО ҒОЛИБ ОМАДАНД?

16. Чӣ барои аз худ дур кардани одами кӯҳна ёрдам мекунад?

16 Танҳо бо қуввати худ одами кӯҳнаро аз худ дур карда намешавад. Сакура, Рибейро, Стивен ва Ҳанс, ки дар ин мақола дар бораашон фаҳмидем, барои аз одатҳои бадашон даст кашидан сахт мубориза бурданд. Онҳо ғолибиятро ба даст оварданд, зеро гузоштанд, ки Калом ва рӯҳи муқаддаси Худо ба ақлу дилашон таъсир расонад (Луқ. 11:13; Ибр. 4:12). Агар мо низ барои мубориза бурдан қувват гирифтан хоҳем, бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем, оиди он мулоҳиза ронем ва дар дуо доимо хираду қувват пурсем (Еҳ. 1:8; Заб. 118:97; 1 Тас. 5:17). Инчунин агар ба ҷамъомадҳо нағз тайёрӣ дида дар он иштирок намоем, мо мегузорем, ки Калом ва рӯҳи муқаддаси Худо ба мо кӯмак расонанд (Ибр. 10:24, 25). Илова бар ин, мо мехоҳем аз ҳар он чизе, ки ташкилоти Яҳува барои рӯҳан дастгирӣ кардани мо пешкаш мекунад, пурра истифода барем (Луқ. 12:42).

Чӣ тавр бар одами кӯҳна ғолиб омада метавонем? (Ба сархати 16 нигаред.)

17. Мо дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

17 Дар ин мақола мо якчанд одати бадеро дида баромадем, ки масеҳиён бояд онро аз худ дур кунанд ва дигар ба он даст назананд. Вале, оё ин амал барои ба Худо писанд омадан кифоя аст? Не. Мо бояд одами навро дар бар намоем. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр мо одами навро дар бар карда метавонем.

^ сарх. 7 Дар ин мақола баъзе номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 8 Ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», ба замимаи «Мастурбатсия. Чӣ гуна бар ин одат ғолиб бароем?», саҳ. 218, 219 нигаред.