Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр одами навро дар бар кунем?

Чӣ тавр одами навро дар бар кунем?

«Одами навро дар бар кунед» (ҚӮЛ. 3:10).

СУРУДҲО: 43, 27

1, 2. а) Мо аз куҷо медонем, ки одами навро дар бар карда метавонем? б) Дар Қӯлассиён 3:10–14 кадом хислатҳои одами нав номбар шудааст?

ДАР Китоби Муқаддас ибораи «одами нав» якчанд маротиба вомехӯрад (Эфс. 4:24; Қӯл. 3:10). Он ба шахсияте ишора мекунад, ки «мувофиқи хости Худо... офарида шудааст». Оё мо чунин шахсиятро дар бар карда метавонем? Албатта, метавонем. Яҳува одамонро ба сурати Худ офаридааст, барои ҳамин мо ба хислатҳои беҳамтои Ӯ пайравӣ карда метавонем (Ҳас. 1:26, 27; Эфс. 5:1).

2 Азбаски мо гунаҳкорем, баъзан ба хоҳишҳои нодуруст дода мешавем. Инчунин ба мо одамон ва чизҳои дар гирду атрофамон буда таъсир мерасонанд. Аммо бо ёрии Яҳува мо шахсе шуда метавонем, ки Ӯ мехоҳад. Барои сӯйи ин мақсад шитофтан, биёед якчанд хислатҳоеро, ки ба одами нав хосанд, дида бароем. (Қӯлассиён 3:10–14-ро хонед.) Инчунин мо мебинем, ки чӣ хел ин хислатҳоро дар хизмат истифода бурда метавонем.

«ҲАМАИ ШУМО...ЯК ҲАСТЕД»

3. Яке аз хислатҳои одами нав кадом аст?

3 Павлус фаҳмонд, ки бериёӣ яке аз хислатҳои муҳими одами нав мебошад. Ӯ гуфт: «На юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на номахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом, ва на озод» *. Дар ҷамъомад ҳеҷ кас аз сабаби нажод, миллат ё мавқеи дар ҷамъият доштааш худро аз дигарон боло намегирад, чунки пайравони ҳақиқии Масеҳ ҳама як ҳастанд (Қӯл. 3:11; Ғал. 3:28).

4. а) Ходимони Яҳува ба дигарон чӣ тавр муносибат мекунанд? б) Чӣ гуна вазъият ягонагии моро вайрон карда метавонад?

4 Онҳое, ки одами навро дар бар кардаанд, ба ҳама одамон, новобаста аз миллату нажодашон, эҳтиромона муносибат менамоянд (Рум. 2:11). Вале дар баъзе ҷойҳо ин тавр рафтор кардан хеле душвор аст. Масалан, як вақтҳо дар Африқои Ҷанубӣ ҳукуматдорон барои одамони гуногуннажод ҷойи зист ҷудо карда буданд. Ва одамонро аз рӯйи нажодашон ҷудо карда ба ин ҷойҳо мефиристоданд. Бисёр одамон, аз ҷумла Шоҳидони Яҳува, то ҳол дар чунин ҷойҳо зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ барои рӯҳбаланд кардани бародару хоҳарон Ҳайати роҳбарикунанда онҳоро барангехт, ки «фарохдил» бошанд. Моҳи октябри соли 2013 онҳо маъракаи махсусе ташкил доданд, ки ба бародару хоҳарони гуногунмиллат кӯмак мекард, то якдигарро беҳтар шиносанд (2 Қӯр. 6:13). Ин маърака чӣ хел гузашт?

5, 6. а) Кадом маърака дар як мамлакат ба бародару хоҳарон кӯмак кард, ки муттаҳид шаванд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Ин маърака чӣ натиҷаҳо овард?

5 Ин маърака, ки якчанд рӯзҳои истироҳат давом кард, бародару хоҳарони ду ҷамъомадро, ки забону нажодашон гуногун буд, ба ҳам муттаҳид кард. Хоҳару бародарони ин ҷамъомадҳо дар хизмат ҳамкорӣ карданд, ба ҷамъомадҳо рафтанд ва ба якдигар меҳмоннавозӣ нишон доданд. Дар ин маърака садҳо ҷамъомадҳо иштирок карданд. Бародару хоҳароне, ки дар ин маърака иштирок намуданд ва ҳатто онҳое, ки Шоҳиди Яҳува набуданд, ба филиали мо раҳматномаҳо фиристоданд. Масалан, як ходими дин чунин навишт: «Ман Шоҳиди Яҳува нестам, аммо як чизро қайд карданиам, ки шумо мавъизаи худро нағз ташкил додаед ва нигоҳ накарда ба он ки аз нажодҳои гуногун мебошед, дар ҳақиқат, муттаҳидед». Бародару хоҳаронамон аз ин маърака чӣ фоида гирифтанд?

6 Дар аввал Но́ма ном хоҳаре, ки бо забони кхоса гап мезанад, аз таклиф кардани бародару хоҳарони англисзабон ба хонаи камбағалонааш шарм мекард. Аммо баъди бо онҳо якҷоя мавъиза карда дар хонаашон меҳмон шуданаш, ӯ мегӯяд: «Онҳо ҳам мисли мо одамони одӣ будаанд!» Вақте навбати ба ҷамъомади кхоса омадани англисзабонон шуд, Нома хӯрок тайёр карда баъзеи онҳоро ба меҳмонӣ таклиф кард. Дар байни меҳмононаш як пири ҷамъомад ҳам буд. Хоҳар Нома дар бораи ин пир, ки сафедпӯст буд, мегӯяд: «Вақте ман дидам, ки ӯ бо хоҳиши худаш дар болои як қуттии пасти пластикӣ нишаст, сахт ҳайрон шудам». Бо ёрдами ин маърака бародару хоҳарон дӯстони бисёре пайдо мекунанд ва бо онҳое, ки аз дигар миллатанд, ҳамкорӣ карданро давом медиҳанд.

МЕҲРУБОНӢ ВА ДИЛСӮЗӢ

7. Чаро муҳим аст, ки доимо дилсӯз бошем?

7 То он вақте ки ин ҷаҳони Шайтон вуҷуд дорад, халқи Худо азоб мекашад. Мо бо бекорӣ, касалӣ, таъқибот, офатҳои табиӣ, аз даст додани чизу чора ё дигар душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем. Барои дар душвориву нохушиҳо дастгирӣ кардани якдигар дилсӯз буданамон хеле муҳим аст. Дилсӯзӣ моро бармеангезад, ки меҳрубон бошем (Эфс. 4:32). Ин хислатҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ба Худо пайравӣ кунем ва барои дигарон манбаи тасаллӣ бошем (2 Қӯр. 1:3, 4).

8. Вақте мо дар ҷамъомад ба ҳама меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ зоҳир мекунем, ин чӣ натиҷа меорад? Мисол оред.

8 Чӣ тавр мо нисбати мусофирон ва камбағалони ҷамъомадамон меҳрубон буда метавонем? Мо бояд бо чунин шахсон дӯст шавем ва тавре муносибат кунем, ки онҳо худро дар ҷамъомад бегона ҳис накунанд (1 Қӯр. 12:22, 25). Биёед мисоли Дэнникарлро, ки аз Филиппин ба Ҷопон кӯчид, дида бароем. Ба ӯ дар ҷойи кораш мисли дигар коргарони маҳаллӣ нағз муносибат намекарданд. Баъдтар вай ба ҷамъомади Шоҳидони Яҳува мерафтагӣ шуд. Дэнникарл мегӯяд: «Он ҷо қариб ҳама ҷопонӣ буданд. Онҳо маро намешинохтанд, аммо тавре пешвоз гирифтанд, ки гӯё маро солҳои сол мешинохта бошанд». Меҳрубонии бародару хоҳарон ба Дэнникарл ёрдам кард, ки ба Яҳува наздик шавад. Ӯ таъмид гирифт ва имрӯз чун пири ҷамъомад хизмат мекунад. Пирони ҷамъомад Дэнникарл ва занаш Ҷенниферро баракати ҷамъомад ҳисоб мекунанд. Пирон дар бораи ин ҳамсарон мегӯянд: «Онҳо хеле одӣ зиндагӣ мекунанд ва кори Салтанатро дар якум ҷо монда ба дигарон намунаи хуб мегузоранд» (Луқ. 12:31).

9, 10. Бо мисоле фаҳмонед, ки, вақте мо дар хизмат дилсӯзӣ зоҳир мекунем, ин чӣ баракатҳо меорад.

Вақте мо хушхабари Салтанатро ба одамон мавъиза мекунем, мо имконият дорем, ки «ба ҳама некӣ кунем» (Ғал. 6:10). Дили бисёр Шоҳидон ба мусофирон месӯзад, барои ҳамин онҳо кӯшиш мекунанд, ки забони онҳоро омӯзанд (1 Қӯр. 9:23). Ин гуна саъю кӯшиш баракатҳои зиёд меорад. Масалан, хоҳари пешраве аз Австралия, ки номаш Тиффани мебошад, барои ба ҷамъомади шаҳри Брисбан кӯмак кардан забони суаҳилиро ёд гирифт. Ҳарчанд омӯхтани забон ба вай душвор буд, ҳаёташ пурмаънотар гардид. Ӯ мегӯяд: «Агар хоҳед, ки хизмататон шавқовар бошад, дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат кунед. Шумо гӯё аз шаҳратон берун нарафта сафар мекунед ва шоҳиди ягонагии мо, ки худ як мӯъҷиза аст, мегардед».

Чӣ масеҳиёнро бармеангезад, ки ба мусофирон кӯмак кунанд? (Ба сархати 10 нигаред.)

10 Биёед боз мисоли як оиларо аз Ҷопон дида бароем. Яке аз аъзои ин оила, Сакико ном духтаре, ба хотир оварда мегӯяд: «Дар кӯча мавъиза карда мо тез-тез бо мусофироне, ки аз Бразилия омада буданд, вомехӯрдем. Вақте аз Китоби Муқаддаси португалиашон ба онҳо оятҳои Ваҳй 21:3, 4 ё Забур 36:10, 11, 29-ро нишон медодем, онҳо бодиққат мехонданд ва ҳатто ашк мерехтанд». Дили ин оила ба мусофирон месӯхт. Сакико мегӯяд: «Вақте мо дидем, ки онҳо ташнаи ҳақиқатанд, омӯхтани забони португалиро сар кардем». Баъдтар ин оила дар ташкил кардани ҷамъомади португалӣ ёрдам кард. Дар давоми чанд сол онҳо ба бисёр мусофирон кӯмак карданд, ки хизматгори Яҳува шаванд. «Омӯхтани забони португалӣ осон набуд,— мегӯяд Сакико ва илова мекунад,— аммо баракатҳое, ки он бо худ овард, ба кӯшишу ғайрат меарзиданд. Мо аз Яҳува хеле миннатдорем». (Аъмол 10:34, 35-ро хонед.)

«ФУРӮТАНИРО... ДАР БАР КУНЕД»

11, 12. а) Чаро барои одами навро дар бар кардан бояд мақсади дуруст дошта бошем? б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки фурӯтан монем?

11 Мақсади одами навро дар бар кардани мо аз одамон таъриф шунидан нест. Мақсади мо Яҳуваро ҷалол додан аст. Дар хотир доред, ки чӣ тавр як фариштаи комил гуноҳ кард? Ин фаришта гузошт, ки дар дилаш ғурур ҷо шавад. (Бо Ҳизқиёл 28:17 муқоиса кунед.) Мо одамони нокомилем, барои ҳамин ба мо аз ҳавобаландӣ ва ғурур гурехтан душвортар аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо фурӯтаниро дар бар карда наметавонем. Биёед бинем, ки чӣ ба мо дар ин кор ёрдам мекунад.

12 Барои нигоҳ доштани фурӯтанӣ ба мо лозим аст, ки ҳар рӯз Каломи Худоро хонем ва оиди он мулоҳиза ронем (Такр. Ш. 17:18–20). Хусусан дар бораи таълимоти Исо ва фурӯтании ӯ фикр кардан хуб мебуд (Мат. 20:28). Исо чунон фурӯтан буд, ки ҳатто пойҳои шогирдонашро шуст (Юҳ. 13:12–17). Инчунин мо доимо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсида метавонем. Рӯҳи муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки худро аз дигарон боло нагирем ва бо ин гуна фикрҳо мубориза барем (Ғал. 6:3, 4; Флп. 2:3).

13. Фурӯтанӣ чӣ баракатҳо меорад?

13 Масалҳо 22:4-ро хонед. Яҳува аз ҳар яки мо талаб мекунад, ки фурӯтан бошем. Ин хислат баракатҳои зиёд меорад. Инчунин фурӯтанӣ ба осоиштагӣ ва ягонагии ҷамъомадамон мусоидат мекунад. Вақте мо фурӯтаниро инкишоф медиҳем, Яҳува ба мо меҳрубонии Худро, ки сазовораш нестем, зоҳир мекунад. Павлуси ҳавворӣ гуфта буд: «Ҳамаатон... фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад» (1 Пет. 5:5).

ҲАЛИМӢ ВА ПУРСАБРИРО ДАР БАР КУНЕД

14. Дар зоҳир кардани ҳалимӣ ва пурсабрӣ кӣ намунаи беҳтарин аст?

14 Дар ин ҷаҳон одамон фикр мекунанд, ки агар одам ҳалиму фурӯтан бошад, дигарон ба сараш баромада мегиранд. Онҳо фикр мекунанд, ки ин хел одамон сустанд. Аммо ин гап дурӯғ аст! Ин хислатро ба мо пурқудраттарин Шахсият, Яҳува, ато кардааст, ки дар зоҳир кардани пурсабрӣ ва ҳалимӣ намунаи беҳтарин мебошад (2 Пет. 3:9). Масалан, ба ёд оред, ки чӣ тавр Яҳува ба саволҳои Иброҳим ва Лут пурсаброна ба воситаи фаришта ҷавоб дод (Ҳас. 18:22–33; 19:18–21). Инчунин дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр Яҳува исроилиёни гарданкашро зиёда аз 1500 сол тоқат кард (Ҳиз. 33:11).

15. Исо дар зоҳир кардани ҳалимӣ ва пурсабрӣ чӣ намуна гузошт?

15 Исо «ҳалим» буд (Мат. 11:29). Ӯ ба хатогиҳои шогирдонаш пуртоқатӣ зоҳир мекард. Вақте Исо дар замин буд, аз тарафи диндорон тӯҳмат ва таҳқиру танқиди беадолатона мешунид. Аммо ӯ то дами маргаш ҳалиму фурӯтан буд. Ҳатто вақте дар сутуни азобу шиканҷа ҷонаш дард мекард, Исо барои онҳое, ки ӯро ба марг супурданд, аз Падараш дар дуо илтимос карда гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд» (Луқ. 23:34). Дар ҳақиқат, Исо дар вазъиятҳои душвор ҳалиму пурсабр буд ва ба мо намуна гузошт. (1 Петрус 2:21–23-ро хонед.)

16. Бо кадом роҳ мо нишон дода метавонем, ки ҳалим ва пурсабр ҳастем?

16 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ҳалиму пурсабр ҳастем? Як роҳашро Павлус гуфта буд: «Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:32). Дар ҳақиқат, барои дигаронро бахшидан ба мо ҳалимӣ ва пурсабрӣ лозим аст. Вақте мо дигаронро мебахшем, ин ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунад.

17. Чаро ҳалим ва пурсабр будан муҳим аст?

17 Дар бар кардани ҳалимӣ ва пурсабрӣ талаботи Яҳува буда барои наҷот ёфтанамон муҳим аст (Мат. 5:5; Яъқ. 1:21). Аз ҳама муҳимаш, бо нишон додани ин хислатҳо мо Яҳуваро ҷалол медиҳем ва ба дигарон кӯмак мекунем, ки ба маслиҳатҳои Китоби Муқаддас гӯш андозанд (Ғал. 6:1; 2 Тим. 2:24, 25).

«МУҲАББАТРО ДАР БАР КУНЕД»

18. Байни муҳаббат ва бериёӣ чӣ алоқа вуҷуд дорад?

18 Хислатҳое, ки мо дар боло ёдрас кардем, бо муҳаббат алоқаи зич доранд. Масалан, Яъқуб бародаронашро, ки боёнро аз камбағалон болотар мегузоштанд, насиҳат дода гуфт, ки онҳо бо ин рафторашон шариати шоҳонаи «ёри худро мисли худ дӯст бидор»-ро вайрон мекунанд. Баъд ӯ илова карда гуфт: «Агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед» (Яъқ. 2:8, 9). Агар мо одамонро, дар ҳақиқат, дӯст дорем, онҳоро аз рӯйи маълумот, нажод ё мавқеи дар ҷамъият доштаашон ҷудо намекунем. Мо набояд худро бериё вонамуд созем. Бериёӣ бояд як қисми шахсияти мо бошад.

19. Чаро дар бар кардани муҳаббат муҳим аст?

19 Муҳаббат инчунин «бошафқат аст» ва «мағрур намешавад» (1 Қӯр. 13:4). Барои он ки ба дигарон мавъиза карданро давом диҳем, мо бояд пурсабр, меҳрубон ва фурӯтан бошем (Мат. 28:19). Ҳамчунин ин хислатҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки бо ҳама бародарону хоҳарони ҷамъомадамон муносибати хуб дошта бошем. Зоҳир кардани ин гуна муҳаббат чӣ гуна баракат меорад? Он ба ягонагии ҷамъомад мусоидат карда Яҳуваро ҷалол медиҳад ва ба дигарон ёрдам мекунад, ки ба ҳақиқат оянд. Барои ҳамин Китоби Муқаддас тасвири одами навро бо чунин суханон хулоса мекунад: «Ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст» (Қӯл. 3:14).

МИНБАЪД НИЗ ОДАМИ НАВРО ДАР БАР КУНЕД

20. а) Мо бояд ба худ кадом саволҳоро диҳем ва барои чӣ? б) Дар оянда мо чӣ гуна ҳаётро интизорем?

20 Ҳар яки мо ба худ чунин савол дода метавонем: «Барои одами кӯҳнаро аз худ дур карда дигар онро дар бар накардан, боз чӣ кор карда метавонам?» Мо бояд ҳамеша ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ илтиҷо кунем, ки ба мо ёрдам кунад. Инчунин худамон низ бояд сахт кӯшиш кунем, ки ҳар гуна фикр ва рафтореро, ки моро аз мерос гирифтани Салтанати Худо маҳрум карда метавонанд, дигар кунем (Ғал. 5:19–21). Мо ба худ боз чунин савол дода метавонем: «Оё ман тарзи фикррониамро то ҳол нав месозам?» (Эфс. 4:23, 24). Одами навро дар бар кардан амали давомдор аст. Барои ин мо, ходимони Худо, бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Дар оянда бошад, ҳамаи мо комил гардида пурра одами навро дар бар хоҳем кард.

^ сарх. 3 Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас одамон скифҳоро бемаданият ҳисоб карда паст мезаданд.