Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳақиқат на «осоиштагӣ... балки шамшер» меорад

Ҳақиқат на «осоиштагӣ... балки шамшер» меорад

«Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер» (МАТ. 10:34).

СУРУДҲО: 43, 24

1, 2. а) Мо ҳоло чӣ гуна оромӣ дорем? б) Чаро оромии мо пурра нест? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ҲАМАИ одамон мехоҳанд, ки бе дарду ғам ва тинҷу осоишта зиндагӣ кунанд. Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки ба мо осоиштагии Худро додааст. Он ба мо оромӣ бахшида аз ҳар гуна фикру ҳиссиёти манфӣ муҳофизат мекунад (Флп. 4:6, 7). Азбаски мо худро ба Яҳува бахшидаем «бо Худо... сулҳу осоиштагӣ», яъне муносибати хуб дорем (Рум. 5:1).

2 Лекин ҳоло Яҳува дар замин сулҳу осоиштагиро пурра барқарор накардааст. Мо дар замонҳои сахт зиндагӣ дорем ва бисёр чизҳо моро ба ташвиш меоранд. Ба болои ин рафтори одамон рӯз ба рӯз бад шуда истодааст (2 Тим. 3:1–4). Инчунин мо бояд бо Шайтон ва таълимоти дурӯғи вай мубориза барем (2 Қӯр. 10:4, 5). Аммо зиддияти хешу таборамон моро бештар ба ташвиш меорад. Баъзеи онҳо аз рӯйи мо механданд, баъзеи дигарашон фикр мекунанд, ки мо дар оила ҷудоӣ меандозем. Онҳо ҳатто метавонанд гӯянд, ки агар аз динамон даст накашем, аз мо рӯй мегардонанд. Биёед дида бароем, ки дар ин гуна ҳолатҳо мо бояд чӣ кор кунем ва чӣ тавр оромиро нигоҳ дорем?

МУНОСИБАТИ МО БА ЗИДДИЯТИ ХЕШОВАНДОН

3, 4. а) Исо одамонро аз чӣ огоҳ кард? б) Хусусан кай ба Исо пайравӣ кардан мушкил аст?

3 Исо медонист, ки таълимоташро ҳама қабул намекунанд ва онҳое, ки онро қабул мекунанд, бо зиддиятҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин сабаб ба онҳо далерӣ лозим мешавад. Инчунин Исо гуфта буд, ки таълимоташ ба ягонагӣ ва сулҳу осоиштагии оилаҳо бетаъсир намемонад: «Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер; зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд» (Мат. 10:34–36).

4 «Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ... биёрам» гуфта Исо чиро дар назар дошт? Ӯ одамонро огоҳ кард, ки пайрави вай шудан осон нест, зеро хабари ӯ дар байни одамон ҷудоӣ меандозад. Дар асл ӯ намехост, ки оилаҳоро аз ҳам ҷудо созад. Мақсади Исо таълим додани ҳақиқат буд (Юҳ. 18:37). Аммо шогирдонаш бояд мефаҳмиданд, ки вақте ёру дӯстонашон ҳақиқатро қабул намекунанд, Исоро пайравӣ кардан мушкил мешавад.

5. Шогирдони Исо бо чӣ рӯ ба рӯ шуданд?

5 Исо гуфта буд, ки зиддияти хешовандон яке аз озмоишҳоест, ки шогирдон бояд онро паси сар карда лоиқи ӯ буданашонро исбот намоянд (Мат. 10:38). Аз шогирдони Исо хешу таборашон рӯ гардонда онҳоро мазоҳу масхара мекарданд. Лекин онҳо ба ҳамаи ин душвориҳо тоб оварданд. Пайравонаш бисёр чизро аз даст дода бошанд ҳам, соҳиби баракатҳои бештаре шуданд. (Марқӯс 10:29, 30-ро хонед.)

6. Вақте хешу таборамон ба мо зиддият нишон медиҳанд, чиро бояд фаромӯш накунем?

Вақте хешовандонамон ба мо зиддият нишон медиҳанд, мо дӯст доштани онҳоро бас намекунем. Лекин мо фаромӯш намекунем, ки муҳаббатамон нисбати Худо ва Масеҳ бояд бештар бошад (Мат. 10:37). Шайтон мехоҳад, ки мо содиқиамонро аз даст диҳем ва барои ин вай пайвандҳои хешу табориро низ истифода бурда метавонад. Биёед дида бароем, ки зиддияти хешовандон чӣ гуна душвориҳо меорад ва чӣ тавр мо онро паси сар карда метавонем.

ҲАМСАРЕ, КИ ШОҲИДИ ЯҲУВА НЕСТ

7. Агар ҳамсаратон Шоҳиди Яҳува набошад, шумо бояд чӣ кор кунед?

7 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки оиладорон «дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт» (1 Қӯр. 7:28). Агар ҳамсаратон Шоҳиди Яҳува набошад, ин ташвишҳои оилавиатонро дучанд карда метавонад. Ба ҳар ҳол ба вазъиятатон мисли Яҳува нигоҳ кунед. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки хизматгори Худо набудани ҳамсаратон барои алоҳида зиндагӣ кардан ё ҷудо шудан сабаб намегардад (1 Қӯр. 7:12–16). Агар шавҳаратон ибодати ҳақиқиро дастгирӣ накунад ҳам, шумо бояд ӯро чун сардори оила ҳурмату эҳтиром кунед. Ба ин монанд, агар завҷаатон Шоҳиди Яҳува набошад, меҳрубонона ба ӯ ғамхорӣ карданро давом диҳед (Эфс. 5:22, 23, 28, 29).

8. Агар ҳамсаратон ба ибодати шумо маҳдудият гузорад, шумо кадом саволҳоро ба худ дода метавонед?

8 Агар ҳамсаратон ба ибодати шумо маҳдудият гузорад-чӣ? Масалан, шавҳари хоҳаре ба вай гуфт, ки танҳо дар рӯзҳои муайян ба хизмат равад. Агар шумо ҳам бо ин гуна вазъият рӯ ба рӯ шуда бошед, пас аз худ пурсед: «Оё ҳамсарам аз ман талаб карда истодааст, ки ба Яҳува ибодат карданро бас кунам? Агар ӯ ин чизро аз ман талаб накунад, оё метавонам хоҳишашро ба ҷо орам?» Оқилона рафтор карда шумо душвориҳои оилавиатонро камтар мекунед (Флп. 4:5).

9. Чӣ тавр масеҳиён ба фарзандонашон намуна буда метавонанд?

Вақте ҳамсаратон Шоҳиди Яҳува набошад, тарбияи фарзандон низ душвор мешавад. Масалан, шумо бояд ба онҳо таълим диҳед, ки «падар ва модари худро иззат» намоянд (Эфс. 6:1–3). Лекин, агар ҳамсаратон аз рӯйи қонунҳои Яҳува зиндагӣ накунад-чӣ? Ҳамсаратонро ҳурмат карда ба фарзандонатон намуна гузоред. Инчунин диққататонро бештар ба хислатҳои хуби ҳамсаратон равона созед ва ба вай гӯед, ки ӯро қадр мекунед. Ҳамсаратонро дар пеши фарзандонатон ганда накунед. Баръакс, ба онҳо фаҳмонед, ки ҳар як шахс худаш қарор мекунад, ки ба Яҳува хизмат кунад ё не. Агар фарзандонатонро ҳамин тавр тарбия кунед, ҳамсаратон рафтори хуби онҳоро дида ба ҳақиқат омада метавонад.

Ҳар як имкониятро истифода бурда ба фарзандонатон ҳақиқати Китоби Муқаддасро таълим диҳед (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Чӣ тавр волиди масеҳӣ дӯст доштани Яҳуваро ба фарзандонаш таълим дода метавонад?

10 Шояд ҳамсаре, ки Шоҳиди Яҳува нест мехоҳад, ки фарзандаш дар идҳое, ки аз бутпарастӣ сарчашма гирифтаанд, иштирок кунад ва ақидаҳои дини дурӯғро таълим гирад. Ё мумкин шавҳар розӣ намешавад, ки занаш ба фарзандонашон ҳақиқатро таълим диҳад. Ҳатто дар ин гуна вазъият занон метавонанд, ки ҳақиқатро ба фарзандашон таълим диҳанд (Аъм. 16:1; 2 Тим. 3:14, 15). Масалан, шавҳар ба занаш иҷозат намедиҳад, ки бо фарзандонашон омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронад ё онҳоро ҳамроҳаш ба ҷамъомадҳо барад. Албатта, зан қарори шавҳарашро ҳурмат мекунад, аммо ӯ метавонад ҳар имкониятро истифода бурда ба фарзандонаш дар бораи Яҳува ва меъёрҳои ахлоқии Ӯ гап занад (Аъм. 4:19, 20). Вале ба Яҳува хизмат кардан ё накарданро фарзандон бояд худашон интихоб кунанд (Такр. Ш. 30:19, 20) *.

ХЕШОВАНДОНЕ, КИ ЗИДДИ ҲАҚИҚАТАНД

11. Аз чӣ сабаб дар байни мо ва хешу таборамон нофаҳмӣ пайдо шуда метавонад?

11 Вақте мо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардем, шояд дар ин бора ба хешу таборамон чизе нагуфтем. Аммо баъдтар вақте ки имонамон зиёд шуд, мо фаҳмидем, ки дар бораи эътиқодамон ба онҳо гуфтан даркор аст (Марқ. 8:38). Шояд баъд аз ин дар байни мо ва хешу таборамон душвориҳои зиёд пайдо шаванд. Биёед бинем, ки чӣ тавр бо хешу таборамон осоиштагиро нигоҳ дошта, ба Яҳува содиқ монда метавонем.

12. Чаро хешу таборамон ба мо зиддият нишон медиҳанд? Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ҳиссиёти онҳоро нағз мефаҳмем?

12 Кӯшиш кунед, ки ҳиссиёти хешу таборатонро фаҳмед. Мо хеле хурсандем, ки ҳақиқатро фаҳмидем. Аммо хешу таборамон мумкин фикр кунанд, ки мо фиреб хӯрдаем ё аъзои ягон секта шудаем. Шояд ба назарашон чунин тобад, ки мо дигар онҳоро дӯст намедорем, зеро идҳоро ҳамроҳашон ҷашн намегирем. Ё шояд фикр кунанд, ки баъд аз маргамон бо мо чӣ мешуда бошад. Барои ҳамин, мо бояд кӯшиш намоем, ки онҳоро бодиққат гӯш кунем ва фикру ҳиссиёташонро фаҳмем (Мас. 20:5). Павлуси ҳавворӣ барои хушхабарро ба одамон расонидан кӯшиш мекард, ки онҳоро нағз фаҳмад. Агар мо ҳам ҳисиёти хешу таборамонро фаҳмем, ба онҳо мавъиза кардан осон мешавад (1 Қӯр. 9:19–23).

13. Мо бояд бо хешу таборамон чӣ тавр гап занем?

13 Нармгуфтор бошед. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз» бошад (Қӯл. 4:6). Мо метавонем, ки барои бо хешу таборамон меҳрубонона гап задан аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем. Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар бораи ақидаҳои нодурусташон бо онҳо баҳс накунем. Агар онҳо бо ягон рафтор ва гуфторашон моро хафа кунанд, мо ба намунаи Павлус пайравӣ карда метавонем. Ӯ навишт: «Моро таҳқир мекунанд, вале мо баракат медиҳем, моро таъқиб мекунанд, вале мо сабру тоқат мекунем, моро тӯҳмат мекунанд, вале мо бо мулоимӣ ҷавоб медиҳем» (1 Қӯр. 4:12, 13, ТДН).

14. Рафтори хуб чӣ натиҷа меорад?

14 Рафтори хуб дошта бошед. Чаро ин муҳим аст? Чунки як рафтори нек беҳ аз сад сухани нек аст. (1 Петрус 3:1, 2, 16-ро хонед.) Бо намунаи худ ба хешу таборатон нишон диҳед, ки Шоҳидони Яҳува оилаи хушбахт доранд, фарзандонашонро хуб тарбия мекунанд, ҷисман ва ахлоқан поканд ва аз ҳаёт қаноатмандӣ мегиранд. Агар хешу таборамон ҳақиқатро қабул накунанд ҳам, мо хурсандиро гум намекунем, зеро медонем, ки рафтори хубамон дили Яҳуваро шод мегардонад.

15. Чӣ тавр дурандешӣ ба мо ёрдам мекунад, ки пеши роҳи баҳсу мунозираҳоро гирем?

15 Дурандеш бошед. Пешакӣ муайян кунед, ки кадом вақт байни шумову хешовандонатон нофаҳмӣ сар зада метавонад ва фикр кунед, ки дар ин хел вазъиятҳо чӣ тавр рафтор мекунед (Мас. 29:11). Хоҳаре аз Австралия мегӯяд: «Хусурам ба ҳақиқат сахт зид буд. Вақте ману шавҳарам ба ӯ занг мезадем, пешакӣ ба Яҳува дуо гуфта ёрдам мепурсидем, ки ба суханони хусурам бо қаҳру ғазаб ҷавоб нагардонем. Барои он ки сӯҳбатамон дӯстона гузарад, мавзӯъҳоеро интихоб мекардем, ки ба баҳсу мунозира набаранд. Мо ҳаракат мекардем, ки дар бораи дин дурудароз сӯҳбат накунем, чунки ин хел сӯҳбатҳо одатан ба баҳсу мунозира мебаранд. Барои ҳамин мо бисёр гап намезадем».

16. Чӣ тавр шумо бо ҳисси гунаҳкорӣ мубориза бурда метавонед?

16 Албатта, шумо пурра аз якдигарнофаҳмӣ гурехта наметавонед. Аз ин рӯ вақте байни шумо ва хешу таборатон нофаҳмӣ пайдо мешавад, шояд худро гунаҳкор ҳис кунед. Ин ҳайратовар нест, чунки шумо наздиконатонро дӯст медоред ва мехоҳед, ки ба онҳо писанд оед. Аммо фаромӯш накунед, ки муҳаббат ба Яҳува аз дилбастагӣ ба хешовандон болотар меистад. Вақте ки шумо дар имонатон устувор мемонед, ин аз чашми хешу ақрабонатон пӯшида намемонад ва як рӯз не, як рӯз, шояд онҳо фаҳманд, ки то чӣ андоза аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал кардан муҳим аст. Яҳува ба мо озодии интихоб додааст ва ҳеҷ касро маҷбур намекунад, ки ба Ӯ хизмат кунад. Шумо низ ба Яҳува пайравӣ карда хешу таборатонро маҷбур накунед, ки ҳақиқатро қабул кунанд. Ба ҷойи ин бо рафтору гуфторатон ба онҳо нишон диҳед, ки чӣ тавр ҳақиқат ҳаётатонро беҳтар кард (Иш. 48:17, 18).

ВАҚТЕ ЯГОН АЪЗОИ ОИЛААТОН АЗ ҲАҚИҚАТ МЕРАВАД

17, 18. Вақте шахси наздикатон аз ҳақиқат меравад, шумо чӣ кор карда метавонед?

17 Вақте ягон аъзои оилаамон аз ҷамъомад хориҷ мешавад ё ба ҷамъомад омаданро бас мекунад, диламон реш-реш мешавад. Чӣ тавр ба ин дарди ҷонгудоз тоқат кардан мумкин аст?

18 Диққататонро ба хизмати Яҳува равона созед. Вақте бо ин гуна вазъият рӯ ба рӯ мешавед, кӯшиш кунед, ки имонатонро қавӣ гардонед. Ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонед, ба ҷамъомадҳо тайёрӣ бинед ва дар онҳо иштирок кунед. Инчунин мавъиза карданро давом диҳед ва ба Яҳува дуо гӯед, ки ба шумо сабру тоқат ва қувват диҳад (Яҳд. 20, 21). Агар ин чизҳо дардатонро сабук накунанд-чӣ? Рӯҳафтода нашавед! Ба Яҳува хизмат карданро давом диҳед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки бо гузашти вақт идора кардани фикру ҳиссиётатонро ёд гиред. Ба нависандаи Забур 72 низ як вақтҳо идора кардани фикру ҳиссиёташ душвор буд. Лекин ибодат ба Яҳува ба ӯ ёрдам кард, ки тарзи фикррониашро ислоҳ кунад (Заб. 72:16, 17). Ба ин монанд, агар шумо ҳам ба Яҳува ибодат карданро давом диҳед, идора кардани фикру ҳиссиётатонро ёд мегиред.

19. Чӣ тавр шумо ба тарбияи Яҳува эҳтиром зоҳир карда метавонед?

19 Ба тарбияи Яҳува эҳтиром зоҳир кунед. Тарбияи Яҳува ба ҳама фоида меорад, ҳатто ба онҳое, ки аз ҷамъомад рафтаанд. Албатта, вақте ягон шахси наздикамонро аз муошират маҳрум мекунанд, дардовар аст. Лекин ин чораи ислоҳкунанда ба онҳо ёрдам мекунад, ки ба назди Яҳува баргарданд. (Ибриён 12:11-ро хонед.) То он вақт мо бояд ба гапи Яҳува гӯш карда бо онҳо муошират накунем (1 Қӯр. 5:11–13). Албатта, ин осон нест, аммо мо набояд бо онҳо ҳатто ба воситаи телефон, СМС, хат, почтаи электронӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ гап занем.

20. Мо ба чӣ умед мебандем?

20 Ноумед нашавед. Муҳаббат «ба ҳама чиз умед мебандад», барои ҳамин мо умед дорем, ки шахси наздикамон ба ҳақиқат бармегардад (1 Қӯр. 13:7). Агар шумо пай баред, ки аъзои оилаатон дигар шуда истодааст, метавонед дар ҳаққи ӯ дуо гӯед, то аз Китоби Муқаддас қувват гирифта ба назди Яҳува баргардад (Иш. 44:22).

21. Агар хешу таборатон ба шумо аз сабаби пайрави Исо буданатон зиддият нишон диҳанд, чӣ кор мекунед?

21 Исо гуфта буд, ки мо бояд ӯро аз дигар одамон бештар дӯст дорем. Ӯ медонист, ки пайравонаш ба зиддияти хешу табор нигоҳ накарда ба Худо содиқ монда метавонанд. Аз ин рӯ, агар хешу таборатон ба шумо аз сабаби пайрави Исо буданатон зиддият нишон диҳанд, пурра ба Яҳува такя кунед. Ӯ ба шумо ҳатман ёрдам мекунад (Иш. 41:10, 13). Фаромӯш накунед, ки содиқии шуморо дида Яҳува ва Исо хеле хурсанд мешаванд ва дар вақташ ба шумо мукофот медиҳанд.

^ сарх. 10 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи тарбияи фарзандон дар оилае, ки ақидаҳои диниашон гуногунанд, ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 августи с. 2002, ба «Саволҳои хонандагон», нигаред.