Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Медонам, ки... эҳё хоҳад шуд»

«Медонам, ки... эҳё хоҳад шуд»

«Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин Ман меравам, то ки вайро бедор кунам» (ЮҲ. 11:11).

СУРУДҲО: 54, 51

1. Марто ба чӣ бовар дошт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

МАРТО, дӯсти наздик ва шогирди Исо, ғамгин аст, чунки бародараш Лаъзор мурдааст. Оё ягон чиз ғаму андӯҳи Марторо сабук карда метавонист? Бале, метавонист. Исо ӯро бовар кунонда гуфт: «Бародари ту эҳё хоҳад шуд». Шояд ин суханон пурра ғами Марторо нест накарданд, аммо ӯ ба суханони Исо боварӣ дошт. Марто ба суханони Исо ҷавоб гардонда гуфт: «Медонам, ки дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳё хоҳад шуд» (Юҳ. 11:20–24). Вай шубҳа надошт, ки бародараш дар оянда зинда мешавад. Аммо Исо мӯъҷиза карда худи ҳамон рӯз Лаъзорро ба ҳаёт баргардонд.

2. Чаро шумо мехоҳед, ки мисли Марто имони қавӣ дошта бошед?

2 Мо имрӯз интизор нестем, ки Исо ё Падараш чунин мӯъҷиза нишон диҳанд. Лекин мо мисли Марто боварӣ дорем, ки наздиконамон дар оянда зинда мешаванд. Баъзе аз мо ҳамсар, падар, модар ё бобою бибиамонро аз даст додаем. Баъзеи дигарамон бошем, шояд аз марги фарзандамон месӯзем. Охир, як вақтҳо мо онҳоро ба оғӯш мегирифтем ва ҳамроҳ сӯҳбат карда механдидем. Акнун бошад, онҳо дар наздамон нестанд. Хушбахтона, мо мисли Марто бо боварӣ гуфта метавонем, ки наздиконамон дар оянда зинда мешаванд. Биёед, дида бароем, ки чаро мо ба эҳёшавӣ имони қавӣ дорем.

3, 4. Чӣ тавр имони Марто ба эҳёшавӣ қавитар шуд?

3 Марто дар наздикии Ерусалим зиндагӣ мекард ва, аз афташ, надида буд, ки чӣ тавр Исо писари бевазанеро дар Ноин зинда кард. Лекин, шояд Марто дар ин бора аз дигарон шунида буд. Ӯ дар бораи зиндашавии духтари Ёир низ шунида буд. Аҳли хонаи ин духтарак «медонистанд, ки ӯ мурдааст». Аммо Исо дасти ӯро гирифта гуфт: «Эй духтарак, бархез!» Духтарак ҳамон замон аз ҷояш хест (Луқ. 7:11–17; 8:41, 42, 49–55). Марто ва Марям медонистанд, ки Исо беморонро шифо дода метавонад. Барои ҳамин онҳо фикр мекарданд, ки агар Исо дар пешашон мешуд, дӯсташ Лаъзор намемурд. Лекин баъд аз мурдани Лаъзор Марто ба чӣ умед дошт? Ба суханони Марто аҳамият диҳед, ӯ гуфт, ки Лаъзор «дар рӯзи вопасин», яъне дар оянда, ба ҳаёт бармегардад. Чаро ӯ ба ин чиз бовар дошт? Чаро шумо боварӣ дошта метавонед, ки дар оянда наздиконатон зинда хоҳанд шуд?

4 Барои ба зиндашавӣ бовар карданамон сабабҳои бисёре ҳаст. Мо дар ин мақола баъзе мисолҳои Китоби Муқаддасро дида мебароем, ки шояд шумо онҳоро медонистед, аммо бо зиндашавии наздиконатон алоқаманд намекардед.

ВОҚЕАҲОИ УМЕДБАХШ

5. Чаро Марто боварӣ дошт, ки Лаъзор эҳё мешавад?

5 Ба суханони Марто аҳамият додед? Вай нагуфт, ки «умед дорам, ки бародарам зинда мешавад». Ӯ гуфт: «Медонам, ки... эҳё хоҳад шуд». Ин боварии Марто бар мӯъҷизаҳое асос ёфта буд, ки пештар рӯй дода буданд. Мумкин ӯ аз хурдсолиаш дар ин бора дар хона ё куништ мешунид. Биёед, се воқеаи эҳёшавиро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, дида бароем.

6. Марто дар бораи кадом воқеаи аҷоиб шунида буд?

6 Аввалин эҳёшавие, ки дар Китоби Муқаддас қайд шудааст, дар Сорефот рӯй дод. Дар он ҷо бевазани камбағале зиндагӣ мекард, ки ба Илёс-пайғамбар меҳмоннавозӣ нишон дод. Яҳува мӯъҷиза нишон дода бевазанро барои меҳмоннавозиаш бо орду равған таъмин кард ва ӯву писарашро аз гушнагӣ халос кард (3 Подш. 17:8–16). Баъдтар писари ин бевазан касал шуда мурд. Илёс мехост ба ӯ ёрдам кунад. Барои ҳамин ӯ ба Худо дуо гуфт: «Эй Худованд Худои ман! Лутфан, ҷони ин писар андаруни ӯ баргардад!» Яҳува дуои пайғамбарро шунид ва писаракро ба ҳаёт баргардонд. (3 Подшоҳон 17:17–24-ро хонед.) Бешубҳа, Марто дар бораи ин воқеаи аҷоиб шунида буд.

7, 8. а) Чӣ тавр Элишоъ модари ғамзадаро тасаллӣ бахшид? б) Мо аз мӯъҷизаи Элишоъ дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

7 Эҳёшавии дуюмеро, ки дар Китоби Муқаддас ёдрас мегардад, шогирди Илёс, Элишоъ, ба амал оварда буд. Дар Шунем зани исроилие зиндагӣ мекард, ки безурёт буд. Вай ба Элишоъ-пайғамбар меҳмоннавозӣ нишон дод. Аз ин рӯ Яҳува ба ӯ ва шавҳари солхӯрдааш фарзанд ато кард. Аммо баъд аз якчанд сол ин писарча мурд. Оё ғаму андӯҳи модари бечораашро тасаввур карда метавонед? Ӯ аз шавҳараш иҷозат мегирад ва 30 километр роҳро тай карда ба кӯҳи Кармил, ба пеши пайғамбар меравад. Элишоъ аз воқеа хабардор шуда хизматгораш Ҷеҳазиро пешопеши худ ба Шунем барои зинда кардани писарча мефиристад. Аммо Ҷеҳазӣ кӯдакро зинда карда наметавонад. Баъдтар пайғамбар ва модари ғамзада ба Шунем расида меоянд (4 Подш. 4:8–31).

8 Элишоъ ба хона даромада, дар назди ҷасади писарча ба Яҳува дуо мегӯяд. Сипас Яҳува ба дуои пайғамбар ҷавоб гардонида писараки мурдаро ба таври мӯъҷиза ба ҳаёт бармегардонад. Модари вай писарашро зинда дида хеле хурсанд мешавад. (4 Подшоҳон 4:32–37-ро хонед.) Ӯ шояд дуои Ҳаннои безурётро, ки пеш аз бурдани Самуил ба хизмати маъбад гуфта буд, ба ёд овард: «Худованд... ба қабр фурӯд меоварад ва бармехезонад» (1 Подш. 2:6). Яҳува писари шунемиро зинда карда исбот намуд, ки қудрати эҳё карданро дорад.

9. Дар бораи сеюм воқеаи эҳёшавӣ, ки дар Китоби Муқаддас омадааст, нақл кунед.

9 Дигар воқеаи аҷоиб баъд аз марги Элишоъ рӯй дод. Элишоъ-пайғамбар ба Худо зиёда аз 50 сол хизмат кард ва баъд бемор шуда вафот кард. Баъд аз чанд соли марги ӯ душман ба замини исроилиён ҳамла кард. Рӯзе якчанд исроилӣ мардеро дафн мекарданд. Ногоҳ душманро дида аз тарс мурдаро ба қабри Элишоъ партофта, гурехтанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Мурда ғелида, ба устухонҳои Элишоъ расид, ва зинда шуда, ба поҳои худ бархост» (4 Подш. 13:14, 20, 21). Ин воқеаҳо Марторо ба он боварӣ мебахшиданд, ки Худо қудрати зинда карданро дорад. Мо низ бояд боварӣ дошта бошем, ки қуввати Яҳува бузург ва беохир аст.

ВОҚЕАҲО ДАР АСРИ ЯК

10. Петрус чӣ кор кард?

10 Дар Навиштаҳои Юнонӣ низ мо воқеаҳои зиндашавиеро хонда метавонем, ки ба воситаи ходимони Худо ба амал омада буданд. Мо аллакай дар бораи мӯъҷизае, ки Исо дар Ноин ва хонаи Ёир карда буд, гап задем. Якчанд сол пас аз ин воқеаҳо Петруси ҳавворӣ Ғизол (Тобито) ном масеҳизанеро зинда кард. Вақте ки Петрус ба хонаи он зан омад, ӯро аллакай барои дафн тайёр карда буданд. Он гоҳ ҳавворӣ ба ҷасад наздик шуда ба Худо дуо гуфт. Баъд ӯ нидо кард: «Тобито! Бархез!» Тобито ба ҳаёт баргашт ва Петрус ӯро ба масеҳиён «зинда супурд». Бисёр касон ин воқеаро дида ба Исо имон оварданд. Ин шогирдони нав хушхабарро дар бораи Исо паҳн карда ба ҳама мегуфтанд, ки Яҳува мурдагонро зинда карда метавонад (Аъм. 9:36–42).

11. Бо Офтихӯс чӣ шуд ва чӣ тавр ин ба дигарон таъсир расонд?

11 Баъзеҳо бо чашми худ зинда шудани одамони дигарро дида буданд. Масалан, боре Павлуси ҳавворӣ дар Трӯос (шаҳре, ки дар шимолу ғарби Туркияи ҳозира ҷойгир буд) дар болохонае нутқ мегуфт. Ин вохӯрӣ то нисфи шаб давом кард. Дар он ҷо Офтихӯс ном ҷавоне дар лаби тиреза нишаста суханони Павлусро гӯш мекард. Вақте Павлус сухан меронд, хоби ин ҷавон бурд ва ӯ аз ошёнаи сеюм ба замин афтид. Эҳтимол, Луқо, ки духтур буд, якум шуда ба назди Офтихӯс фаромад ва ба ӯ ёрдам карданӣ шуд. Вале ба Офтихӯс аллакай ёрии тиббӣ лозим набуд, чунки ӯ на осеб дида ва на аз ҳуш рафта буд. Ӯ мурда буд. Ин лаҳза Павлус ба поён фаромада, ҷасадро ба оғӯш гирифт ва баъд ба ҳама гуфт, ки ӯ зинда аст. Ин воқеа ба онҳое, ки онро диданд, сахт таъсир расонд. Зеро онҳо бо чашми худ эҳёшавиро диданд ва аз зинда шудани Офтихӯс беҳад хурсанд шуданд (Аъм. 20:7–12).

УМЕДИ ҚАВӢ

12, 13. Оиди ходимоне, ки шоҳиди эҳёшавӣ набуданд, кадом саволҳо ба миён меоянд?

12 Воқеаҳое, ки мо дар боло дида баромадем, имони моро мисли имони Марто ба эҳёшавии оянда қавӣ мегардонанд. Мо набояд шубҳа кунем, ки Яҳува — Сарчашмаи ҳаёт, қудрати зинда кардани одамонро дорад. Ходимони содиқи Худо дар замони Илёс, Исо ё Петрус шубҳа надоштанд, ки Яҳува одамонро зинда карда метавонад, чунки бо чашми худ зиндашавиро дида буданд. Вале дар бораи он ходимони Худо, ки шоҳиди ин гуна мӯъҷизаҳои Яҳува набуданд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо интизор шуда метавонистанд, ки Худо мурдагонро дар оянда аз нав зинда мекунад? Оё онҳо мисли Марто ба эҳёшавӣ боварӣ доштанд? Чаро Марто ба эҳёшавӣ боварии комил дошт ва чаро шумо боварӣ доред?

13 Якчанд воқеае, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, нишон медиҳанд, ки ходимони содиқи Худо боварӣ доштанд, ки дар оянда эҳёшавӣ мешавад. Биёед, ҳоло баъзеи онҳоро дида бароем.

14. Мо аз воқеае, ки бо Иброҳим рӯй дод, дар бораи эҳёшавӣ чӣ мефаҳмем?

14 Дар бораи суханони зерине, ки Худо ба Иброҳим гуфта буд, фикр кунед. Яҳува гуфт, ки Иброҳим писари ягона ва дӯстдоштааш Исҳоқро гирифта, «барои қурбонии сӯхтанӣ» биёрад (Ҳас. 22:2). Тасаввур кунед, ки баъди ин суханон Иброҳим худро чӣ хел ҳис кард. Яҳува ваъда дода буд, ки ба воситаи насли Иброҳим тамоми халқҳо баракат меёбанд (Ҳас. 13:14–16; 18:18; Рум. 4:17, 18). Ҳамчунин Ӯ гуфта буд, ки «насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд», яъне насли ӯ бояд ба воситаи Исҳоқ баракат меёфт (Ҳас. 21:12). Агар Иброҳим Исҳоқро қурбон мекард, оё ин гуфтаҳо иҷро мешуданд? Чи хеле ки Павлус зери илҳоми Худо навишт, Иброҳим боварӣ дошт, ки Худо Исҳоқро аз нав зинда карда метавонад. (Ибриён 11:17–19-ро хонед.) Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Иброҳим фикр мекард, ки Исҳоқ баъди якчанд соат, рӯз ё ҳафта эҳё мешавад. Дар асл Иброҳим намедонист, ки писараш кай аз нав зинда мешавад. Вале ӯ боварӣ дошт, ки Яҳува Исҳоқро ҳатман эҳё мекунад.

15. Айюб-пайғамбар ба чӣ боварӣ дошт?

15 Айюб-пайғамбар низ эҳёшавии ояндаро интизор буд. Ӯ медонист, ки агар дарахтро буранд, вай аз нав мерӯяд. Вале бо одамизод чунин рӯй намедиҳад (Айюб 14:7–12; 19:25–27). Зеро, агар одам мурад, ӯ худашро аз нав зинда карда наметавонад (2 Подш. 12:23; Заб. 88:49). Албатта, ин маънои онро надорад, ки Худо одамро эҳё карда наметавонад. Айюб-пайғамбар боварӣ дошт, ки Яҳува ӯро фаромӯш намекунад ва дар вақташ эҳё мекунад. (Айюб 14:13–15-ро хонед.) Вай намедонист ин вақт кай меояд, вале боварӣ дошт, ки Офаридгор метавонад ӯро ба ёд оварад ва эҳё кунад.

16. Фаришта Дониёлро чӣ тавр рӯҳбаланд кард?

16 Дигар хизматгори содиқ Дониёл мебошад. Ӯ тамоми умраш ба Худо содиқона хизмат мекард ва Яҳува ӯро доимо дастгирӣ менамуд. Боре фаришта ӯро «марди дилписанд» номид ва гуфт, ки «қавидил ва далер» бошад (Дон. 9:22, 23; 10:11, 18, 19).

17, 18. Яҳува ба Дониёл чӣ ваъда дод?

17 Вақте Дониёл пир шуд ва синнаш қариб ба 100 расид, шояд фаҳмидан мехост, ки оянда бо ӯ чӣ мешавад. Оё Дониёл умед дошт, ки аз нав зинда мешавад? Албатта. Дар охири китоби Дониёл мо суханони зерини Худоро мехонем: «Ту то охири умрат амин бош, ва баъд фароғат хоҳӣ кард» (Дон. 12:13). Дониёли солхӯрда медонист, ки «дар гӯр... на дониш ва на ҳикмат» ҳаст ва мурдагон дар он ҷо оромӣ меёбанд (Воиз 9:10). Ӯ медонист, ки ба қарибӣ умраш ба охир мерасад, лекин ноумед набуд, зеро Яҳува ба Дониёл боз як ваъдаи дигаре дод.

18 Яҳува ба ӯ гуфт: «Бидон, ки дар рӯзи қиёмат ту зинда мешавӣ, то подошатро дарёфт кунӣ» (Дон. 12:13, Тарҷумаи форсии дарӣ). Дар ин ҷо вақту соати зинда шудани Дониёл гуфта нашудааст. Ӯ бояд вафот мекард ва оромӣ меёфт, аммо пас аз муддати дурударозе подоши худро мегирифт. Бале, Дониёл «дар рӯзи қиёмат» зинда мешавад.

Мисли Марто ба эҳёшавӣ боварӣ дошта бошед (Ба сархати 19 ва 20 нигаред.)

19, 20. а) Марто барои ба эҳёшавӣ бовар кардан чӣ асос дошт? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

19 Дар асоси мисолҳои боло Марто боварии комил дошт, ки бародараш Лаъзор «дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳё хоҳад шуд». Боварии Марто ба эҳёшавӣ ва ваъдае, ки Худо ба Дониёл дода буд, имони моро низ ба эҳёшавӣ қавӣ мегардонанд.

20 Мо аз ин мақола фаҳмидем, ки эҳёшавӣ афсона нест ва мурдагон ҳатман зинда мешаванд. Инчунин мо фаҳмидем, ки пеш ходимони Худо бовар доштанд, ки дар оянда эҳёшавӣ ба амал меояд. Оё далеле ҳаст, ки баъди ваъда шудани эҳёшавӣ садсолаҳо гузашта бошад ҳам, он ҳатман иҷро мешавад? Агар бошад, мо сабаби бештар дорем, ки мисли Марто эҳёшавиро интизор шавем. Лекин он вақт кай фаро мерасад? Ба ин саволҳо аз мақолаи навбатӣ ҷавоб меёбем.