Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Худованд ба наздикӣ тамоми ғаму азобро нест мекунад

Худованд ба наздикӣ тамоми ғаму азобро нест мекунад

«То кай, эй Яҳува, ман фарёд зада мадад мепурсаму ту намешунавӣ? То кай аз зӯроварӣ халосӣ металабаму ту коре намекунӣ?» (Ҳабаққуқ 1:2, 3). Ин суханонро пайғамбар Ҳабаққуқ гуфт, ки Яҳува ӯро дӯст медошт. Оё ин суханон аз сустимонии ӯ шаҳодат медиҳанд? Асло, не. Худованд Ҳабаққуқ пайғамбарро дилпур кард, ки ӯ дар вақти муайян, албатта, дарду азобро бартараф мекунад (Ҳабаққуқ 2:2, 3).

Вақте ба сари шумо ё наздиконатон бадбахтӣ меояд, ба осонӣ хулоса кардан мумкин аст, ки Худованд дер карда истодааст. Ӯ бояд ҳозир вазъиятро дигар кунад. Лекин дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Яҳува дар иҷрои ваъдааш дер намекунад, чуноне ки баъзеҳо гумон мекунанд, балки бо шумо пурсабр аст, зеро нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 Петрус 3:9).

ХУДОВАНД ВАЪДАИ ХУДРО КАЙ АМАЛӢ МЕГАРДОНАД?

Ба наздикӣ! Исо пайғамбар гуфта буд, ки як насли муайян шоҳиди воқеаҳои аҷоибе мешаванд, ки ӯ он давраро «охирзамон» номида буд (Матто 24:3–42). Имрӯз мо иҷрошавии суханони Исо-пайғамбарро дида истодаем ва ин нишон медиҳад, ки ба наздикӣ Худованд ба корҳои одамон дахолат мекунад *.

Лекин саволе ба миён меояд: чӣ тавр Худованд тамоми ранҷу азобҳоро нест мекунад? Вақте Ҳазрати Исо дар замин буд, бо қудрати Худо азоби одамонро сабуктар мегардонд. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.

Офатҳои табиӣ. Вақте Исо ва шогирдонаш аз баҳри Ҷалил мегузаштанд, тӯфони сахте ба амал омада қариб буд, ки қаиқи онҳоро ғарқ кунад. Он гоҳ Исо нишон дод, ки ӯ ва Худованд қувваҳои табиатро идора карда метавонанд (Қӯлассиён 1:15, 16). Исо ба баҳр гуфт: «Бас! Ором шав!» Баъд чӣ шуд? «Шамол бозмонд ва тамоми ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт» (Марқус 4:35–39).

Беморӣ. Ба бисёриҳо маълум буд, ки Исо шахси нобино, ланг, ҳамчунин касонеро, ки бемории эпилепсия, махав ва дигар бемориҳоро доштанд, сиҳат мекард. Ӯ «ҳамаи беморонро шифо [ме]дод» (Матто 4:23, 24; 8:16; 11:2–5).

Норасоии хӯрду хӯрок. Исо қувваи худододашро истифода бурда хӯрду хӯроки камро зиёд мегардонд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ӯ дар давоми хизматаш ду бор ҳазорҳо одамонро сер карда буд (Матто 14:14–21; 15:32–38).

Марг. Яҳува қудрат дорад, ки мурдагонро ба ҳаёт баргардонад. Мо инро аз куҷо медонем? Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки Исо се шахсро зинда карда буд, яке аз онҳо чор рӯз дар оғӯши марг буд (Марқус 5:35–42; Луқо 7:11–16; Юҳанно 11:3–44).

^ сарх. 5 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи рӯзҳои охир ба дарси 32-юми китоби «То абад зинда бошед!» нигаред. Он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр гаштааст ва онро аз сомонаи www.pr418.com бепул боргирӣ кардан мумкин аст.