Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Худо дарду азоби моро дида чӣ ҳис мекунад?

Худо дарду азоби моро дида чӣ ҳис мекунад?

Баъзе одамон фикр мекунанд, ки Худо дарду азоби моро намебинад ва парвои моро надорад.

АҲАМИЯТ ДИҲЕД, КИ ДАР КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ ГУФТА ШУДААСТ:

  • Худо дарду азоби моро мебинад ва дар ҳаққи мо ғамхорӣ мекунад

    «Яҳува дид, ки замин аз бадкории одамизод пур шудааст... ва дилаш ғамгин шуд» (1 Мӯсо 6:5, 6).

  • Худо дарду азобро нест мекунад

    «Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад, ба маконаш назар хоҳӣ кард, вале ӯро нахоҳӣ дид. Аммо нармдилон соҳиби замин мешаванд ва аз осудагии бисёр лаззат мебаранд» (Забур 37:10, 11).

  • Худо дар бораи шумо чӣ ният дорад?

    «Ман медонам, ки дар ҳаққи шумо чӣ нияте дорам,— мегӯяд Яҳува,— ният дорам ба шумо осоиштагӣ биёрам, на бадбахтӣ, ва ба шумо ояндаву умед бахшам. Он гоҳ шумо сӯйи ман мехонед ва наздам меоед. Шумо ба ман дуо мегӯед ва ман ба шумо гӯш медиҳам» (Ирмиё 29:11, 12).

    «Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад» (Яъқуб 4:8).