Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо мисли Нӯҳ, Дониёл ва Айюб Яҳуваро мешиносед?

Оё шумо мисли Нӯҳ, Дониёл ва Айюб Яҳуваро мешиносед?

«Бадкорон адлу инсофро намефаҳманд, вале онҳое, ки Яҳуваро меҷӯянд, ҳама чизро фаҳмида метавонанд» (МАС. 28:5, ТДН).

СУРУДҲО: 43, 49

1–3. a) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то дар ин рӯзҳои охир ба Худо содиқ монем? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

МО ДАР охири охирзамон зиндагӣ дорем ва бадӣ гӯё «мисли алаф» сабзида истодааст (Заб. 91:8). Барои ҳамин, ҷойи тааҷҷуб нест, ки аксари одамон меъёрҳои ахлоқии Худоро рад мекунанд. Мо дар байни чунин одамон зиндагӣ мекунем. Пас чӣ кор кунем, то «нисбат ба бадӣ чун кӯдакон» бошем, лекин «дар фаҳмиш баркамол» шавем? (1 Қӯр. 14:20).

2 Ҷавоб ба ин савол дар қисми дуюми ояти асосии ин мақола оварда шудааст: «Онҳое, ки Яҳуваро меҷӯянд, ҳама чизро фаҳмида метавонанд». Онҳо пурра мефаҳманд, ки барои ба Худо писанд омадан чӣ кор кардан лозим аст (Мас. 28:5, ТДН). Фикри ба ин монанд дар Масалҳо 2:7, 9 дида мешавад. Дар ин оятҳо гуфта шудааст, ки Яҳува «барои росткорон зеҳнро маҳфуз медорад», яъне Ӯ ба онҳо хирад медиҳад, то ки «адолат ва инсоф ва ҳаққонияти ҳар тариқи некро» фаҳманд.

3 Нӯҳ, Дониёл ва Айюб соҳиби чунин хирад буданд (Ҳиз. 14:14). Халқи имрӯзаи Худо низ аз рӯйи хиради Худо рафтор мекунад. Шахсан шумо чӣ? Оё шумо пурра мефаҳмед, ки барои ба Яҳува писанд омадан чӣ кор кардан лозим аст? Барои ин шумо бояд дар бораи Яҳува дониши аниқ дошта бошед. Пас, биёед дида бароем, ки 1) чӣ тавр Нӯҳ, Дониёл ва Айюб Худоро шинохтанд, 2) чӣ хел ин дониш ба онҳо манфиат овард ва 3) чӣ тавр мо мисли онҳо имони қавӣ дошта метавонем?

НӮҲ ДАР МИЁНИ ОДАМОНИ БАД БО ХУДО РОҲ МЕРАФТ

4. Чӣ тавр Нӯҳ бо Яҳува шиносоӣ пайдо кард ва дониши аниқ дар бораи Худо ба вай чӣ гуна кӯмак расонд?

4 Чӣ тавр Нӯҳ бо Яҳува шиносоӣ пайдо кард? Аз аввали таърихи инсоният, одамони имондор дар бораи Худо бо се роҳ фаҳмида метавонистанд: аз мушоҳида кардани офаридаҳо, аз дигар шахсони худотарс ва аз дидани баракатҳое, ки Худо барои итоаткориашон ба онҳо медод (Иш. 48:18). Масалан, вақте ки Нӯҳ офаридаҳои Худоро мушоҳида мекард, на танҳо ба вуҷуд доштани Худо боварӣ пайдо намуд, балки бисёр хислатҳои нонамоёни Ӯро дид. Дар натиҷа, вай фаҳмид, ки Худо қудрати бузург дорад ва фақат Ӯ Офаридгор аст (Рум. 1:20). Ҳамин тавр, Нӯҳ бо Яҳува на танҳо шиносоӣ пайдо кард, балки ба Ӯ имони қавӣ инкишоф дод.

5. Чӣ тавр Нӯҳ нияти Худоро дар бораи одамизод фаҳмид?

5 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки имон «аз шунидани калом» пайдо мешавад (Рум. 10:17). Нӯҳ дар бораи Яҳува аз куҷо шунид? Шубҳае нест, ки ӯ аз аҷдодонаш дар ин бора шунида буд. Масалан, яке аз онҳо падараш Ломак буд, ки ба Худо имон дошт ва дар замони ӯ Одам ҳоло зинда буд. (Ба расми аввали мақола нигаред.) Инчунин бобояш Матушолаҳ ва падари бобокалонаш Ёрад, ки баъд аз таваллуди Нӯҳ 366 соли дигар зиндагӣ карда буд, ба вай дар бораи Яҳува нақл мекарданд * (Луқ. 3:36, 37). Нӯҳ эҳтимол аз он мардон ва занони онҳо фаҳмид, ки чӣ тавр Худо одамро офарида, заминро аз одамони одил пур кардан мехост. Инчунин шояд ӯ фаҳмид, ки чӣ тавр дар боғи Адан исён рӯй дод ва бо чашмони худ оқибати талхи онро медид (Ҳас. 1:28; 3:16–19, 24). Чизе, ки ӯ дар бораи Яҳува меомӯхт, ба дилаш сахт таъсир мекард ва ӯро бармеангехт, ки ба Худо хизмат кунад (Ҳас. 6:9).

6, 7. Чӣ тавр умед имони Нӯҳро қавӣ мекард?

6 Умед имонро қавӣ мегардонад. Маънои номи Нӯҳ эҳтимол «фароғат, тасаллӣ» мебошад, ки фикри умедро низ дар бар мегирад. Тасаввур кунед, ки вақте Нӯҳ дар бораи маънои номаш фаҳмид, имонаш то чӣ андоза мустаҳкам шуд (Ҳас. 5:29). Ломак ба писараш Нӯҳ ном гузошта, зери таъсири рӯҳи Худо пешгӯйӣ кард: «[Нӯҳ] моро тасаллӣ хоҳад дод... аз заҳмати дастҳои мо аз замине ки Худованд ба он лаънат хонд». Барои ҳамин Нӯҳ умед дошт, ки Худо вазъиятро беҳтар мекунад. Ӯ мисли Ҳобил ва Ҳанӯх, ки пеш аз ӯ зиндагӣ карда буданд, ба омадани «насл»-е боварӣ дошт, ки сари морро мекӯбад (Ҳас. 3:15).

7 Ҳарчанд Нӯҳ пурра маънои пешгӯйии дар Ҳастӣ 3:15 навишташударо намефаҳмид, ӯ, бешубҳа, дарк мекард, ки он ба одамон умед мебахшад. Инчунин он ваъда бо суханоне, ки Ҳанӯх дар бораи нестшавии одамони бад пешгӯйӣ кард, мувофиқ буд (Яҳд. 14, 15). Бешубҳа, ин хабари Ҳанӯх, ки дар Ҳармаҷиддӯн пурра иҷро мешавад, имон ва умеди Нӯҳро мустаҳкам мекард.

8. Чӣ тавр дониши аниқ дар бораи Худо Нӯҳро муҳофизат мекард?

8 Дониши аниқ дар бораи Худо ба Нӯҳ чӣ манфиат овард? Дониши аниқ ба Нӯҳ кӯмак кард, ки имон ва хирад пайдо кунад. Ин хислатҳо ӯро аз таъсироти бад муҳофизат мекарданд ва аз кору рафторе, ки Худоро хафа карда метавонист, бозмедоштанд. Масалан, Нӯҳ, ки шахси худотарс буд, бо одамони бад дӯстӣ намекард ва ҳатто ҳамнишин намешуд. Одамони беимон ва зудбовар аз қобилияти ғайриодии девҳо ба ҳайрат меомаданд ва ҳатто ба онҳо саҷда мекарданд. Вале Нӯҳ ҳаргиз ба фиреби девҳо дода намешуд (Ҳас. 6:1–4, 9). Нӯҳ инчунин медонист, ки замин бояд аз насли одамон пур шавад (Ҳас. 1:27, 28). Барои ҳамин ӯ эҳтимол дарк мекард, ки алоқаи ҷинсӣ байни занҳо ва фариштаҳое, ки ба худ тани одамӣ гирифтанд, ғайритабиӣ ва нодуруст аст. Вақте аз онҳо фарзандони азимҷусса ва ғайриодӣ таваллуд шуданд, дуруст будани ақидаи Нӯҳ аниқтар исбот шуд. Пас аз чанд вақт Худо Нӯҳро огоҳ кард, ки ба замин тӯфон меорад. Вай ба ин огоҳӣ имон овард ва барои наҷот ёфтани оилааш киштӣ сохт (Ибр. 11:7).

9, 10. Чӣ тавр мо имоне инкишоф диҳем, ки мисли имони Нӯҳ қавӣ бошад?

9 Чӣ тавр имонамонро мисли имони Нӯҳ қавӣ карда метавонем? Барои ин мо бояд Каломи Худоро боғайратона омӯзем, чизҳои фаҳмидаамонро дар диламон ҷо кунем ва гузорем, ки ин дониш моро ислоҳ ва роҳнамоӣ кунад (1 Пет. 1:13–15). Он гоҳ имон ва хиради Худо моро аз ҳиллаву найрангҳои Шайтон ва рӯҳияи нопоки ҷаҳон муҳофизат хоҳад кард (2 Қӯр. 2:11). Зери таъсири ин рӯҳия одамон ба зӯроварӣ ва бадахлоқӣ ҳавас пайдо карда, танҳо дар бораи қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисмонии худ фикр мекунанд (1 Юҳ. 2:15, 16). Онҳо ҳатто ба наздик будани рӯзи Худо аҳамият намедиҳанд. Агар имони мо мустаҳкам набошад, мо низ мисли онҳо шуда метавонем. Ҳатто Исо ҳангоми муқоиса кардани рӯзҳои Нӯҳ бо замони мо диққатро на ба зӯровариву бадахлоқӣ, балки ба он равона кард, ки одамон нисбати Худо ва аҳкоми Ӯ бепарво мешаванд. (Матто 24:36–39-ро хонед.)

10 Аз худ пурсед: «Оё аз тарзи ҳаёти ман маълум аст, ки ман дар ҳақиқат Яҳуваро мешиносам? Оё имонам маро бармеангезад, ки на танҳо худам аз рӯйи меъёрҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ кунам, балки дар бораи онҳо ба дигарон низ гӯям?» Ҷавоб ба ин саволҳо нишон медиҳад, ки шумо мисли Нӯҳ бо Худо роҳ меравед ё не.

ДОНИЁЛ ДАР БАЙНИ ОДАМОНИ БУТПАРАСТ АЗ РӮЙИ ХИРАД РАФТОР МЕКАРД

11. а) Чаро Дониёл аз айёми ҷавонӣ Яҳуваро дӯст медошт ва ба Ӯ содиқ буд? б) Ба кадом хислатҳои Дониёл шумо пайравӣ кардан мехоҳед?

11 Чӣ тавр Дониёл бо Яҳува шиносоӣ пайдо кард? Аз афташ Дониёлро волидонаш хуб тарбия карда, аз хурдӣ дӯст доштани Яҳува ва Каломашро ёд дода буданд. Ин муҳаббат дар дили ӯ то охири умраш боқӣ монд. Ҳатто дар айёми пирӣ Дониёл Навиштаҳоро бодиққат меомӯхт (Дон. 9:1, 2). Аз дуои самимӣ ва таъсирноки Дониёл, ки дар оятҳои Дониёл 9:3–19 навишта шудааст, маълум мешавад, ки ӯ дар бораи Худо ва муносибати Ӯ бо халқи Исроил дониши чуқур дошт. Вақт ҷудо карда, он дуоро аз Китоби Муқаддас хонед ва дар борааш бодиққат мулоҳиза ронед. Сипас фикр кунед, ки аз ин дуо шумо дар бораи кадом хислатҳои Дониёл мефаҳмед.

12–14. a) Дар кадом мавридҳо Дониёл хирад зоҳир мекард? б) Худо Дониёлро барои далерӣ ва садоқатмандиаш чӣ гуна баракат дод?

12 Дониши аниқ дар бораи Худо ба Дониёл чӣ манфиат овард? Ҳаёт дар Бобул барои яҳудиёни содиқ мушкилиҳои зиёде овард. Яҳува ба яҳудиён амр фармуда гуфт: «Осоиштагии он шаҳрро, ки Ман шуморо ба он ҷо ба асирӣ фиристодаам, биталабед» (Ирм. 29:7). Лекин ҳамзамон Яҳува аз онҳо талаб мекард, ки бо тамоми дил танҳо ба Ӯ ибодат кунанд (Хур. 34:14). Чӣ хел Дониёл тавонист ҳар дуи ин амрро ба ҷо орад? Азбаски вай хиради Худоро дошт, вай дарк мекард, ки аввал бояд ба Яҳува итоат кунад, баъд ба ҳокимони одамӣ. Баъди чанд аср, Исо низ ҳамин принсипро ба дигарон таълим дод (Луқ. 20:25).

13 Биёед мисолеро аз ҳаёти Дониёл дида мебароем. Боре дар шаҳри Бобул эълон шуд, ки дар давоми 30 рӯз ғайри подшоҳ аз ягон одам ё худои дигар илтимосе кардан қатъиян манъ аст. (Дониёл 6:7–10-ро хонед.) Дониёл чӣ тавр амал кард? Ӯ метавонист чунин фикр кунад: «Хайр, ин фақат 30 рӯз-ку». Барои он ки ҳеҷ кас дуо гуфтанашро набинад, ӯ метавонист пинҳонӣ ё дар дилаш дуо гӯяд. Лекин ӯ нагузошт, ки фармони подшоҳ аз фармони Худо болотар бошад. Ба ҳама маълум буд, ки Дониёл ҳар рӯз ба Худо дуо мегӯяд. Барои ҳамин, ҳарчанд баъди фармони подшоҳ ҳаёташ зери хатар буд, вай мисли ҳаррӯза дуо мегуфт. Ӯ барои ба одамон писанд омадан аз ибодати Яҳува даст накашид.

14 Яҳува Дониёлро барои поквиҷдонӣ ва далериаш баракат дода ӯро ба таври мӯъҷиза аз марги даҳшатнок наҷот дод. Дар натиҷа, исми Яҳува дар тамоми гӯшаю канори давлати Модаю Форс шӯҳрат ёфт (Дон. 6:25–27).

15. Чӣ тавр мо имоне инкишоф диҳем, ки мисли имони Дониёл қавӣ бошад?

15 Чӣ тавр имонамонро мисли имони Дониёл қавӣ карда метавонем? Барои мустаҳкам кардани имони худ танҳо хондани Каломи Худо кифоя нест. Мо инчунин бояд «ба мазмуни он сарфаҳм» равем (Мат. 13:23). Мо мехоҳем ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигарем. Барои ин донистани принсипҳои Китоби Муқаддас муҳим аст. Аз ин рӯ мо бояд дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем. Ҳамчунин мо бояд мунтазам ва аз сидқи дил ба Худо дуо гӯем, хусусан дар вақти озмоиш ва вазъиятҳои мушкил. Вақте ки мо бо имон аз Яҳува хирад ва қувват мепурсем, Ӯ ба мо ин хислатҳоро ато мекунад (Яъқ. 1:5).

АЙЮБ ҲАМ ДАР РӮЗҲОИ НЕК ВА ҲАМ ДАР РӮЗҲОИ БАД ПРИНСИПҲОИ ХУДОРО РИОЯ МЕКАРД

16, 17. Чӣ тавр Айюб бо Худо шиносоӣ пайдо кард?

16 Чӣ тавр Айюб бо Яҳува шиносоӣ пайдо кард? Айюб исроилӣ набуд, аммо ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб хеши дур мешуд. Яҳува ба ин ходимони содиқаш дар бораи худ ва нияте, ки нисбати инсоният дорад, ошкор намуд. Айюб низ бо як тарзи ба мо номаълум оиди он чизҳои муҳим шунида буд (Айюб 23:12). «Ман овозаи Туро шунида будам»,— гуфт ӯ ба Яҳува (Айюб 42:5). Ҳамчунин, худи Яҳува қайд кард, ки Айюб ба дигарон дар бораи Ӯ «суханони дуруст»-ро мегуфт (Айюб 42:7, 8).

Вақте мо аз офаридаҳо хислатҳои Яҳуваро мебинем, имонамон мустаҳкам мешавад (Ба сархати 17 нигаред.)

17 Айюб инчунин аз офаридаҳо бисёр хислатҳои ноаёни Яҳуваро медид (Айюб 12:7–9, 13). Баъдтар, ҳам Элиҳу ва ҳам Яҳува хусусияти баъзе офаридаҳоро мисол оварда, ба Айюб хотиррасон карданд, ки Худо назар ба инсони нотавон чӣ қадар бузургтар аст (Айюб 37:14; 38:1–4). Суханони Яҳува ба дили Айюб таъсир карданд ва ӯ фурӯтанона ба Худо гуфт: «Медонам, ки ҳар кор аз дасти Ту меояд, ва нияти Туро боздоштан мумкин нест... дар хок ва хокистар пушаймон[ам]» (Айюб 42:2, 6).

18, 19. Дар кадом мавридҳо Айюб нишон дод, ки дар ҳақиқат Яҳуваро мешиносад?

18 Дониши аниқ дар бораи Худо ба Айюб чӣ манфиат овард? Айюб принсипҳои Худоро хеле чуқур мефаҳмид. Ӯ Яҳуваро хуб медонист ва дар асоси дониши гирифтааш амал мекард. Масалан, Айюб медонист, ки агар шахс Худоро дар ҳақиқат дӯст дорад, вай бо дигарон муносибати бад намекунад (Айюб 6:14). Айюб худро аз дигарон боло намегирифт, балки бо ҳамаи одамон, хоҳ бой бошанд, хоҳ камбағал хушмуомила буд. Ӯ дар ин бобат чунин ақида дошт: «Охир, Ӯ ки маро дар батн офаридааст, варо низ офаридааст» (Айюб 31:13–22). Ҳатто ҳангоми бой ва обрӯманд буданаш, Айюб ҳавобаланд намешуд ва дигаронро аз худ паст намеҳисобид. Дар ҳақиқат, ӯ аз бисёр одамони бой ва обрӯманди имрӯза сахт фарқ мекунад.

19 Айюб ба ягон намуди бутпарастӣ дода намешуд ва ҳатто ба сараш чунин фикр намеомад. Ӯ медонист, ки агар ба ибодати дурӯғ ё чизпарастӣ дода шавад, бо ин вай «Худои Таолоро инкор менамуд» (Айюб 31:24–28-ро хонед.) Ӯ издивоҷро пайванди муқаддас байни мард ва зан меҳисобид. Айюб ҳатто бо чашмони худ аҳд баста буд, ки ба духтаре бо ҳаваси нопок нигоҳ намекунад (Айюб 31:1). Ӯ дар замоне зиндагӣ мекард, ки Худо ба бисёрзанӣ роҳ медод, бинобар ин агар Айюб мехост, метавонист зани дуюм гирад *. Лекин вай, эҳтимол, медонист, ки аввалин издивоҷро Яҳува дар боғи Адан байни як марду як зан барпо кард ва Айюб инро чун қонун қабул карда буд (Ҳас. 2:18, 24). Тақрибан баъди 1600 сол Исои Масеҳ ба одамон дар мавриди издивоҷ ва ахлоқи ҷинсӣ айнан ҳамин принсипро таълим дод (Мат. 5:28; 19:4, 5).

20. Чӣ тавр дониши аниқ дар бораи Яҳува ва меъёрҳои Ӯ барои дуруст интихоб кардани дӯстон ва вақтхушиҳо ба мо кӯмак мекунад?

20 Чӣ тавр имонамонро мисли имони Айюб қавӣ карда метавонем? Барои ин мо бояд дар бораи Яҳува дониши аниқ дошта бошем ва гузорем, ки ин дониш дар ҳама ҷонибҳои ҳаёт моро роҳнамоӣ кунад Мисол, Довуди забурнавис гуфт, ки Яҳува аз «дӯстдори хабосат», яъне аз онҳое, ки зӯровариро дӯст медоранд, нафрат дорад ва огоҳ кард, ки аз «мардуми каҷрафтор» канорагирӣ кунем. (Забур 10:5; 25:4-ро хонед.) Метавонед ба худ чунин савол диҳед: «Ин ду оят дар бораи тарзи фикрронии Худо ба ман чиро мефаҳмонад? Баъди инро фаҳмидан, чӣ бояд дар ҳаёти ман аввалиндараҷа бошад? Чӣ тавр ман инро дар вақти истифодаи интернет ба назар гирам? Бо киҳо ман бояд дӯст шавам ва кадом вақтхушиҳоро интихоб кунам?» Ҷавоби шумо ба ин саволҳо нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза шумо Яҳуваро хуб мешиносед. Мо мехоҳем, ки дар ин ҷаҳони пур аз бадӣ пок ва беайб монем. Барои ин мо бояд «қобилияти фикрронии худро» ба кор бурда, бадро аз нек ва рафтори оқилонаро аз амали беақлона фарқ кунем (Ибр. 5:14; Эфс. 5:15).

21. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то барои ба Яҳува писанд омадан «ҳама чизро» фаҳмем?

21 Нӯҳ, Дониёл ва Айюб аз таҳти дил Яҳуваро меҷустанд ва барои ҳамин бо Ӯ дӯстӣ пайдо карданд. Яҳува ба онҳо кӯмак кард, то барои ба Ӯ писанд омадан «ҳама чизро» фаҳманд. Дар натиҷа онҳо дар росткорӣ барои мо намуна шуданд ва ҳаёти хушбахтона ба сар бурданд (Заб. 1:1–3). Аз худ пурсед: «Оё ман Яҳуваро мисли Нӯҳ, Дониёл ва Айюб мешиносам?» Ба туфайли торафт равшантар гаштани нури ҳақиқат мо албатта дар бораи Яҳува чизҳои бештарро мефаҳмем (Мас. 4:18). Барои ҳамин Каломи Худоро чуқур омӯзед, дар борааш мулоҳиза ронед ва дуо гуфта аз Яҳува рӯҳулқудс пурсед. Он гоҳ шумо ба Падари осмониатон боз ҳам бештар наздик хоҳед шуд ва дар ин ҷаҳони аз Худо бегона хирадмандона амал хоҳед кард (Мас. 2:4–7).

^ сарх. 5 Бобокалони Нӯҳ, Ҳанӯх, низ бо Худои ҳақиқӣ роҳ мерафт. Лекин тахминан 69 сол пеш аз таваллуди Нӯҳ «Худо ӯро гирифт», яъне тавре кард, ки Ҳанӯх азоб накашида, ба хоби марг рафт (Ҳас. 5:23, 24).

^ сарх. 19 Инро дар бораи Нӯҳ низ гуфтан мумкин аст. Ҳарчанд баъди исёни боғи Адан бисёрзанӣ тез авҷ гирифт, Нӯҳ танҳо як зан дошт (Ҳас. 4:19).