Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

АЗ ХАЗИНАИ МО

Ба воситаи нутқҳои оммавӣ хушхабар дар Ирландия паҳн мешавад

Ба воситаи нутқҳои оммавӣ хушхабар дар Ирландия паҳн мешавад

ВАҚТЕ киштӣ аз халиҷи Белфаст Лок мегузашт, гурӯҳи хурди мусофирон дар саҳни киштӣ истода теппаҳои сабзро, ки дар нури пагоҳии офтоб медурахшиданд, тамошо мекарданд. Моҳи майи соли 1910 буд. Яке аз мусофирон Чарлз Тейз Расселл буд, ки бори панҷум ба Ирландия сафар мекард. Бародар Расселл ба соҳил наздик шуда дид, ки ду киштии калонеро месохтанд: яке «Титаник» ва дигаре киштии ба он монанд «Олимпик» *. Каме дуртар даҳ-дувоздаҳ Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас истода, омадани ӯро интизор мешуданд.

Тақрибан 20 сол пеш аз ин бародар Расселл роҳи беҳтарини дар саросари ҷаҳон паҳн кардани хушхабарро ҷуста, берун аз Амрико якчанд сафарро ба нақша гирифт. Ӯ сафари аввали худро моҳи июли соли 1891 аз Ирландия сар кард. Ӯ дар киштии «Сити оф Чикаго» ба соҳили Квинстаун (ҳозир Коб ном дорад) наздик шуда ғуруби офтобро тамошо мекард ва шояд ба хотир меовард, ки чӣ тавр волидонаш дар бораи зодгоҳашон ба ӯ нақл карда буданд. Бародар Расселл ва ҳамсафаронаш аз шаҳрҳои тоза ва деҳаҳои зебои Ирландия гузашта, фаҳмиданд, ки ин киштзор «барои дарав тайёр аст».

Бародар Расселл ба Ирландия ҳамагӣ ҳафт бор сафар кардааст. Сафари якуми ӯ шавқи одамони зиёдро бедор кард, барои ҳамин дар сафарҳои минбаъдааш садҳо ва баъзан ҳазорҳо одамон барои шунидани ӯ меомаданд. Моҳи майи соли 1903 ӯ бори дуюм ба Ирландия сафар карда бо нутқҳои оммавӣ баромад кард. Дар шаҳри Белфаст ва Дублин оиди он нутқҳо дар рӯзномаҳои маҳаллӣ эълон шуда буд. Расселл нақл кард, ки дар вақти гуфтани нутқ оиди имони Иброҳим ва баракатҳои ояндаи одамизод, шунавандагон хеле бодиққат гӯш мекарданд.

Азбаски дар Ирландия одамон шавқи зиёд пайдо карда буданд, Расселл бори сеюми ба Аврупо сафар карданаш низ ба он ҷо омад. Саҳарии моҳи апрели соли 1908, вақте ӯ дар Белфаст аз киштӣ фаромад, панҷ бародарон ӯро пешвоз гирифтанд. Бегоҳии он рӯз ӯ бо нутқи оммавии эълоншуда, ки «Несту нобуд гаштани ҷаҳони Шайтон» ном дошт, баромад кард ва тақрибан 300 нафар ӯро бо шавқ гӯш карданд. Аз байни шунавандагон як мард ба суханони Расселл норозигӣ баён кард, вале бародар Расселл моҳирона Китоби Муқаддасро истифода бурда дарҳол ҷавоб дод. Дар Дублин бошад, боз як марде буд, ки ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас зиддияти бештар нишон медод. Вай ҷаноби О’Коннор, котиби «Ҷамъияти масеҳиёни ҷавон» буд ва боре ӯ кӯшиш кард, ки зиёда аз 1000 нафар шунавандагонро бар зидди Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барангезад. Дар натиҷа чӣ шуд?

Биёед тасаввур кунем, ки он вақт чӣ рӯй доданаш мумкин буд. Шахсе, ки ҳақиқатро аз Китоби Муқаддас ёфтан мехоҳад, эълонро аз рӯзномаи «Айриш Таймс» хонда ба нутқи оммавӣ меояд. Ӯ ба толори серодам даромада базӯр ҷояшро ёфта мешинад. Вай бо ҳаяҷон ба нотиқе, ки мӯяш сафеду ришдор аст ва дар танаш костюми дарози сиёҳ дорад, менигарад. Ҳангоми нутқ гуфтанаш ӯ дар рӯйи саҳна гашта бо имову ишора оятҳоро пайи ҳам мефаҳмонад ва дар натиҷа ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас барои шахси шавқманд равшан мегардад. Ҳатто бе истифодаи баландгӯяк овози нотиқ дар ҳар як гӯшаи толор шунаво аст ва шунавандагон дар муддати яку ним соат диққати худро пурра ба нотиқ равона мекунанд. Баъд дар қисми саволу ҷавоб О’Коннор ва рафиқонаш бо нотиқ баҳс мекунанд, вале ӯ ҳақ будани суханони худро ба воситаи Китоби Муқаддас исбот мекунад. Шунавандагон қарсак зада розигии худро нишон медиҳанд. Баъди тамом шудани барнома шахси шавқманд ба назди бародарон омада мегӯяд, ки бисёртар фаҳмидан мехоҳад. Аз рӯйи нақли касоне, ки чунин воқеаҳоро бо чашмони худ дидаанд, бисёриҳо ҳақиқатро ҳамин тавр фаҳмиданд.

Бародар Расселл дар киштии Лузитания

Моҳи майи соли 1909, бародар Расселл бо киштии «Мавритания» аз Ню-Йорк бори чорум ба Ирландия сафар кард. Ин дафъа ӯ бо худ бародар Ҳантсингерро чун котиби тезнавис гирифт, то ҳангоми сафар аз уқёнус мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ»-ро ба ӯ дикта кунад. Ин дафъа дар шаҳри Белфаст барои шунидани нутқи Расселл 450 сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуданд, лекин аз сабаби хурд будани толор ба 100 нафари онҳо лозим омад, ки рост истанд.

Сафари панҷуми Расселл, ки дар борааш дар аввали мақола гуфта шудааст, ба ин монанд гузашт. Ӯ баъди он ки дар шаҳри Дублин бо нутқи оммавӣ баромад кард, ба саволҳои диншиноси номдор, ки бо О’Коннор омада буд, аз рӯйи Китоби Муқаддас ҷавоб дод. Аз шунидани ҷавобҳои ӯ шунавандагон ҳаловат бурданд. Рӯзи дигар Расселл ва ҳамроҳонаш ба киштии зудрави номакашон нишаста то Ливерпул рафтанд ва аз он ҷо бо киштии машҳури «Лузитания» * ба Ню-Йорк баргаштанд.

Нутқи оммавӣ дар рӯзномаи «Айриш таймс» эълон шуда буд, 20 май, 1910

Соли 1911 бародар Расселл бори шашум ва ҳафтум ба Ирландия сафар карда бо нутқҳои оммавӣ ки пешакӣ эълон мешуданд, баромад кард. Баҳори ҳамон сол 20 нафар Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар Белфаст вохӯриеро ташкил намуданд, ки дар он 2000 кас нутқи «Ҳаёт баъд аз марг»-ро гӯш карданд. Дар Дублин О’Коннор боз бо як коҳини дигаре ба вохӯрӣ омад, ки ӯ ба бародарон саволҳо дод. Шунавандагон аз гӯш кардани ҷавобҳои хуби бар Навиштаҳо асосёфта қарсак заданд. Тирамоҳи он сол бародарон дар дигар шаҳрҳо гашта, бо нутқ баромад карданд ва нутқи онҳоро одамони зиёд гӯш мекарданд. Боре дар Дублин О’Коннор бо 100 одами бадкор ҳаракат кард, ки вохӯриро вайрон кунад, вале шунавандагон нотиқро фаъолона дастгирӣ карда ба ин роҳ надоданд.

Ҳарчанд дар он вақт асосан бародар Расселл бо нутқҳо баромад мекард, ӯ дарк менамуд, ки «ягон шахси ивазнашаванда вуҷуд надорад», чунки «ин кор аз они одамон не аз они Худо мебошад». Нутқҳои пешакӣ эълоншуда ба вохӯриҳои оммавӣ асос гузошта ба расонидани ҳақиқати Китоби Муқаддас имконияти хуб доданд. Дар натиҷа чӣ шуд? Бо ёрии нутқҳои оммавӣ хушхабар паҳн шуд ва дар шаҳрҳои сершумори Ирландия ҷамъомадҳои зиёд ташкил гаштанд. (Аз хазинаи мо дар Бритониё.)

^ сарх. 3 Баъд аз ду сол «Титаник» ғарқ шуд.

^ сарх. 9 Ин киштӣ моҳи майи соли 1915 дар наздикии соҳили ҷанубии Ирландия бо ҳамла дучор гашт ва тарконида шуд.