Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Оғози назарногир, вале анҷоми назаррас

Оғози назарногир, вале анҷоми назаррас

Ман дар шаҳраки хурди Либерти (Иёлоти Индианаи ИМА) таваллуд шудаам. Мо дар кулбаи чӯбин, ки ҳамагӣ як ҳуҷра дошт, зиндагӣ мекардем. Пеш аз ман волидонам соҳиби як писару ду духтар буданд. Баъдтар модарам ду додар ва хоҳарчаамро таваллуд кард.

Кулбаи хурди чӯбин, ки ман дар он таваллуд шудаам

СОЛҲОИ мактабхониам якранг мегузаштанд. Чунки аз синфи як то тамом кардани мактаб бо ҳамон як ҳамсинфон мехондам ва дар ин шаҳри майда аксари одамон якдигарро мешиносанд.

Ман яке аз ҳафт фарзанд будам ва дар наврасӣ бисёр корҳои деҳқониро ёд гирифтам

Дар гирду атрофи шаҳраки Либерти хоҷагиҳои деҳқонӣ буданд ва зироати асосие, ки парвариш мекарданд, ҷуворимакка буд. Вақте ман таваллуд шудам, падарам дар фермаи маҳаллӣ кор мекард. Ман дар наврасӣ рондани трактор ва дигар корҳои деҳқониро ёд гирифта будам.

Ман ҳеҷ вақт падарамро ҷавон надидаам. Вақте ки ба дунё омадам, ӯ 56-сола ва модарам бошад, 35-сола буд. Вале падари ман марди бақувват ва солим буд. Ӯ меҳнат карданро дӯст медошт ва ҳамаи фарзандонашро низ меҳнатдӯст тарбия мекард. Ӯ ягон бор пули бисёр надошт, лекин мо барои зиндагӣ сарпаноҳ ва сарулибос доштем ва ҳама вақт шикамамон сер буд. Падарам ҳамеша бо мо вақт мегузаронд. Ӯ дар 93-солагӣ, модарам бошад, дар синни 86-солагӣ вафот карданд. Онҳо хизматгори Яҳува набуданд. Лекин, як бародари ман аз соли 1972 инҷониб чун пири ҷамъомад ба Яҳува содиқона хизмат мекунад.

АЙЁМИ ҶАВОНӢ

Модари ман одами хеле диндор буд. Ӯ моро ҳар якшанбе гирифта ба калисои баптистӣ мерафт. Вақте ки ман 12-сола будам, бори якум дар бораи таълимоти Сегона шунидам. Ман аз модарам пурсидам: «Чӣ тавр Исо метавонад ҳам Писар бошад ва ҳам Падар?» Модарам чунин ҷавоб дод: «Писарам, ин сиру асрор аст. Мо инро фаҳмида наметавонем». Ин дар ҳақиқат барои ман чизи нофаҳмо буд. Бо вуҷуди ин дар 14-солагӣ ман дар дарёчаи маҳаллаамон таъмид гирифтам. Онҳо маро се бор ба об ғӯтонданд, як бор барои Падар, як бор барои Писар ва як бор барои рӯҳулқудс!

1952. Дар синни 17-солагӣ, пеш аз ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан

Вақте ман дар синфи болоӣ мехондам, як рафиқам, ки боксёр буд, маро барангехт, ки боксёр шавам. Ва ман машқ карданро сар кардам ва ба клуби боксёрон, ки «Даспӯши тиллоӣ» ном дошт, аъзо шудам. Ман боксёри моҳир набудам, барои ҳамин баъди чанд муҳориба аз баҳри бокс баромадам. Баъдтар маро ба сафи армияи Иёлоти Муттаҳида даъват карда ба Олмон фиристоданд. Офитсерон фикр мекарданд, ки ман барои сарбозон пешвои хуб шуда метавонам, барои ҳамин маро ба академияи ҳарбӣ фиристоданд. Онҳо мехостанд, ки ман дар ин кор ба зинаи баланд бароям. Лекин ман коркуни ҳарбӣ шудан нахостам ва баъди ду соли хизмати ҳатмии ҳарбӣ, соли 1956, ман аз соҳаи ҳарбӣ рафтам. Лекин дере нагузашта, ман ба сафи «сарбозон»-и тамоман дигар ҳамроҳ шудам.

1954–1956. Ман ду сол дар сафи армияи ИМ хизмат кардам

САРШАВИИ ҲАЁТИ НАВ

То ин лаҳзаи ҳаётам ман оиди марди ҳақиқӣ будан тасаввуроти нодуруст доштам. Ин тасаввуроти нодуруст зери таъсири филмҳо ва одамони гирду атроф пайдо шуда буд, ва ба назари ман одамоне ки оиди Китоби Муқаддас гап мезананд, мардони ҳақиқӣ набуданд. Лекин ман чизҳоеро омӯхтам, ки пурра ҳаётамро дигар кард. Рӯзе ман дар шаҳр мошини сурху фасони худро ҳай мекардам ва ду духтар ишора карда маро наздашон ҷеғ заданд. Ман бо онҳо шинос будам, чунки акаашон шавҳари апаи ман буд. Ва ин ду духтар Шоҳидони Яҳува буданд. Пеш онҳо ба ман маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро медоданд, лекин фаҳмидани «Бурҷи дидбонӣ» бароям камтар душвор буд. Ин дафъа бошад, онҳо маро ба китобомӯзиш даъват карданд. Он вохӯрие буд, ки дар хонаашон мегузашт ва дар он Китоби Муқаддасро омӯзишу муҳокима мекарданд. Ман ба онҳо гуфтам, ки дар бораи таклифашон фикр мекунам. Ва духтарон табассумкунон пурсиданд: «Ваъда медиҳед?» Ман гуфтам: «Ваъда медиҳам».

Ман каме пушаймон шудам, ки чунин ваъда додам, лекин бояд дар гапи худ меистодам. Барои ҳамин он шаб ман ба вохӯриашон рафтам. Дар он ҷо ба ман бештар ҳамин чиз таъсир кард, ки кӯдакон дар бораи Китоби Муқаддас дониши хеле зиёд доштанд. Гарчанде ҳар рӯзи якшанбе ман бо модарам ба калисо мерафтам, дар бораи Китоби Муқаддас қариб ки ҳеҷ чиз намедонистам. Баъди ин вохӯрӣ ман хостам, ки бисёртар фаҳмам ва ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шудам. Яке аз чизҳои аввалине, ки ман фаҳмидам, ин номи Худои Таоло — Яҳува буд. Солҳои пеш, вақте ки ман аз модарам оиди Шоҳидони Яҳува мепурсидам, вай фақат ба ман мегуфт: «Ҳа, онҳо ба марди солхӯрдае, ки номаш Яҳува аст, ибодат мекунанд». Ҳоло бошад, чашмони ман кушода шуданд.

Ман тез рӯҳан пешравӣ кардам, чунки фаҳмидам, ки ин ҳақиқат аст. Ва баъд аз нӯҳ моҳи омӯзиш, моҳи марти соли 1957 ман таъмид гирифтам. Назари ман ба ҳаёт дигар шуд. Ман хеле хурсандам, ки аз Китоби Муқаддас дар бораи чӣ гуна будани марди ҳақиқӣ фаҳмидам. Исо марди комил буд. Ӯ назар ба ҳар марди дигар қуввату қудрати бештаре дошт, вале ӯ бо занозанӣ машғул намешуд. Баръакс, чи хеле ки пешгӯйӣ шуда буд, вай «гардан фуровард», яъне гузошт, ки ӯро азоб диҳанд (Иш. 53:2, 7). Ман фаҳмидам, ки пайрави ҳақиқии Исо бояд «нисбати ҳама ҳалим бошад» (2 Тим. 2:24).

Соли 1958 ман хизмати пешравиро сар кардам. Лекин, дере нагузашта ман онро ба муддати кӯтоҳе мондам. Чаро? Чунки қарор кардам, ки Глорияро ба занӣ мегирам. Вай яке аз он духтароне буд, ки маро ба китобомӯзиш таклиф карда буданд. Ман ҳеҷ гоҳ аз қарорам пушаймон нестам. Глория бароям он вақт мисли ганҷ буд ва ҳозир ҳам чунин аст. Барои ман вай аз алмос ҳам қимат аст ва ман хеле хурсандам, ки ӯро ба занӣ гирифтам. Бигзор ӯ каме дар бораи худ нақл кунад:

«Дар оилаамон мо 17 фарзанд будем. Модарам содиқона ба Яҳува хизмат мекард. Вақте ки ман 14-сола будам, ӯ аз олам чашм пӯшид. Он вақт падарам омӯзишро сар карда буд. Азбаски акнун мо модар надоштем, ӯ бо директори мактаб гапзанон кард, то ману апаам, ки дар синфи болоӣ мехонд, бо навбат ба мактаб равем. Ҳамин тавр мо додаракону хоҳараконамонро нигоҳубин мекардем ва то аз кор омадани падарамон хӯрок мепухтем. То мактабро тамом кардани апаам, мо бо чунин тарз зиндагӣ кардем. Ду оилаи Шоҳидон бо мо омӯзиш мегузаронданд ва 11 нафари мо калон шуда, Шоҳиди Яҳува гаштем. Гарчанд ман шармгин будам, аз иштирок дар кори мавъиза хурсандии зиёд мегирифтам. Ва давоми солҳо шавҳарам Сэм барои бо шармгинӣ мубориза бурдан ба ман кӯмак мекард».

Ману Глория моҳи феврали соли 1959 оиладор шудем. Якҷоя чун пешрав хизмат кардан ба мо бениҳоят хурсандибахш буд. Моҳи июни ҳамон сол мо барои дар Байт-Ил хизмат кардан варақаро пур кардем, зеро хеле мехостем дар идораи марказӣ хизмат кунем. Дар ин бора бародари азизамон Саймон Крейкер бо мо сӯҳбат кард. Чи хеле ки ӯ фаҳмонд, он вақт ба хизмати Байт-Ил ҷуфти ҳамсарон таклиф карда намешуданд. Хоҳиши дар Байт-Ил хизмат кардан ҳама вақт дар дили мо буд, вале то амалӣ гаштани ин орзуямон вақти дурударозе гузашт.

Мо ба идораи марказӣ нома навишта, хоҳиш кардем, то моро барои хизмат ба ҷое фиристонанд, ки воизон намерасанд. Дар ҷавоб онҳо ба мо танҳо як ҷойро пешниҳод карданд, ки ин шаҳри Пайн Блафф (иёлоти Арканзас) буд. Он вақт дар шаҳри Пайн Блафф ду ҷамъомад буд, якеаш аз воизони сафедпӯст ва дигараш аз воизони сиёҳпӯст иборат буд. Моро ба ҷамъомаде фиристоданд, ки дар он ҷо бародарону хоҳарони сиёҳпӯст хизмат мекарданд. Дар он ҳамагӣ 14 воиз буд.

ҶУДОӢ БАЙНИ ОДАМОНИ ГУНОГУННАЖОД

Шояд шумо ҳайрон шавед, ки чаро бародарону хоҳарони гуногуннажод Яҳуваро дар як ҷо ибодат намекарданд. Дар асл, он вақтҳо дигар илоҷ набуд. Мувофиқи қонуни давлат дар як ҷо ҷамъ шудани одамони гуногуннажод манъ шуда буд ва ин ҳамчунин хеле хатарнок буд, зеро дигарон метавонистанд ба онҳо зӯроварӣ кунанд. Дар бисёр ҷойҳо бародарон метарсиданд, ки агар ду нажод якҷоя ҷамъ шаванд, одамони бадкор толорашонро вайрон мекунанд. Ин хел воқеаҳо рӯй дода буданд. Агар Шоҳидони сиёҳпӯст дар маҳалли сафедпӯстон хона ба хона мавъиза мекарданд, кормандони полис метавонистанд онҳоро дастгир кунанд ва латукӯб намоянд. Аз ин рӯ, барои пеш рафтани кори мавъиза, мо ба қонунҳо итоат мекардем ва умед доштем, ки рӯзе вазъият беҳтар мегардад.

Хизмати мо душвориҳои худро дошт. Ҳангоми дар маҳалли сиёҳпӯстон мавъиза кардан, мо баъзан нохост дари хонаеро тақ-тақ мекардем, ки он ҷо сафедпӯстон зиндагӣ мекарданд. Он гоҳ мо бояд тез қарор мекардем, ки чӣ хел рафтор кунем: фикреро аз Китоби Муқаддас кӯтоҳакак гӯем ё бахшиш пурсида роҳамонро давом диҳем. Дар баъзе ҷойҳо он вақт вазъият чунин буд.

Албатта, барои чун пешрав хизмат кардан ва худамонро таъмин намудан, мо бояд бисёр кор мекардем. Барои аксари корамон мо дар як рӯз се доллар музд мегирифтем. Глория хонаи якчанд оиларо рӯбучин мекард. Дар як хона ба ман иҷозат дода буданд, ки ба занам ёрдам диҳам ва он ҷо мо корамонро то ними рӯз тамом мекардем. Онҳо ба мо хӯроки нисфирӯзӣ медоданд, ки он хӯроки пешакӣ тайёр шудае буд, ки дар яхдон меистод. Мо якҷоя пеш аз рафтан шикамамонро сер мекардем. Ҳар ҳафта, Глория либосҳои як оиларо дарзмол мекард, ман бошам, дар он хона боғбон будам, тирезаҳоро мешустам ва дигар корҳои майда-чуйдаро мекардам. Дар як хонае, ки сафедпӯстон зиндагӣ мекарданд, мо тирезаҳоро мешустем: Глория аз даруни хона ва ман аз беруни он. Ин кор пурра як рӯзро мегирифт, барои ҳамин соҳибони хона ба мо хӯроки нисфирӯзӣ медоданд. Глория дар даруни хона хӯрок мехӯрд, лекин аз онҳо ҷудо менишаст. Ман бошам, дар берун, дар мошинхона нишаста мехӯрдам ва аз ин розӣ будам. Хӯрок хеле бомаза буд. Аъзоёни он оила одамони хуб буданд, вале фикрронии дигарон ба онҳо таъсир карда буд. Дар ёд дорам, ки боре мо дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ истодем. Баъди пур кардани баки мошин ман аз коргари он ҷо пурсидам, ки оё Глория аз ҳоҷатхона истифода бурда метавонад. Ӯ бо ғазаб ба ман нигоҳ карда гуфт: «Вай маҳкам аст».

КОРҲОИ НЕКИ ХОТИРМОН

Нигоҳ накарда ба ин душвориҳо, мо бо бародарон хеле хуб муошират мекардем ва хизматамон ба мо маъқул буд. Вақте ки мо бори аввал ба Пайн Блафф омадем, мо дар хонаи як бародар, ки ходими ҷамъомад буд, зиндагӣ мекардем. Зани ӯ ҳоло Шоҳиди Яҳува набуд ва Глория бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ҳамзамон ман бо духтари онҳо ва шавҳари ӯ омӯзиш сар кардам. Модару духтар қарор доданд, ки ба Яҳува хизмат мекунанд ва таъмид гирифтанд.

Мо аз ҷамъомади воизони сафедпӯст дӯстони хуб доштем. Онҳо моро ба хонаашон барои хӯроки шом таклиф мекарданд, вале мо танҳо баъди торик шудан рафта метавонистем, то касе моро якҷоя набинад. Ташкилоти Ку Клукс Клан (ККК), ки нажодпарастӣ ва зӯровариро ташвиқ мекард, дар он вақт хеле фаъолона амал мекард. Дар ёд дорам, ки як шаби Ҳеллоуин марде дар пешайвони хонааш бо либос ва каллапӯши сафед фахр карда менишаст, ки одатан аъзоёни ин ташкилот чунин либос мепӯшиданд. Лекин ҳеҷ чиз бародаронро бознамедошт, ки ба ҳамимононашон меҳрубонӣ зоҳир кунанд. Масалан, як тобистон ба мо барои ба анҷуман рафтан маблағ даркор буд ва бародари сафедпӯсте розӣ шуд, то мошини Форди моро, ки истеҳсолаш соли 1950 буд харад. Ва ин ба мо имконият дод, ки ба анҷуман рафта тавонем. Баъди як моҳ, дар рӯзи гарми тобистон мо баъди мавъизаи хона ба хона ва гузарондани бисёр омӯзишҳо монда шуда ба хона баргаштем. Ба хона омада чизеро дидем, ки интизор набудем. Дар назди хона мошинамон меистод. Дар пеши оинаи он номае буд, ки чунин навиштаҷот дошт: «Ман мошинатонро ба шумо чун тӯҳфа бармегардонам. Бародари шумо».

Боз як кори нек дар хотираи ман сахт нақш баст. Соли 1962 маро ба шаҳри Лансинги Ҷанубӣ (Ню-Йорк) ба Мактаби Хизмат ба Салтанат даъват намуданд. Ин мактаб як моҳ давом мекард ва дар он пирони ҷамъомад, нозирони ноҳиявию вилоятӣ таълим мегирифтанд. Вале, вақте ман даъват шудам, бекор будам ва аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашидам. Ҳамон вақт як ширкати телефонӣ барои ба кор қабул кардан бо ман ҳамсӯҳбат шуд. Агар онҳо маро ба кор мегирифтанд, ман дар он ширкат аввалин коргари сиёҳпӯст мешудам. Дар охир онҳо гуфтанд, ки маро ба кор қабул карданианд. Ман чӣ кор карданамро намедонистам, чунки барои ба Ню-Йорк рафтан тамоман пул надоштам. Ман ҷиддӣ фикр карда, ба қарор омадам, ки ба кор медарояму ба мактаб рафтанро рад мекунам. Вақте нома навишта таклифро рад карданӣ будам, воқеае рӯй дод, ки онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Хоҳаре аз ҷамъомад, ки шавҳараш ҳамимони мо набуд, саҳарии барвақт дари моро кӯфт. Вақте дарро кушодам, ӯ ба дастам як конвертро дод, ки пури пул буд. Ӯ ва якчанд фарзандони майдааш хеле барвақт аз хоб хеста ба саҳро мерафтанд ва ҷӯякҳои пахтаро аз алафи бегона тоза мекарданд, то ки барои ба Ню-Йорк рафта тавонистани ман пули лозимаро кор кунанд. Хоҳар ба ман гуфт: «Ба мактаб рав ва чӣ қадаре ки тавонӣ омӯз, баъд омада моро таълим деҳ!» Чанде пас, ман ба ширкати телефонӣ занг зада пурсидам, ки оё метавонам ба кор баъди панҷ ҳафта бароям. Онҳо дағалона гуфтанд: «Не!» Вале ин бароям аҳамият надошт, чунки ман қарори худро бароварда будам. Ман хеле хурсандам, ки ба он кор надаромадам!

Ана чӣ тавр Глория хизмати моро дар Пайн Блафф ба ёд меорад: «Ман он минтақаро хеле дӯст доштам! Дар он ҷо аз 15 то 20 омӯзиш мегузарондам. Саҳариҳо мо хона ба хона мавъиза мекардем ва дар боқимондаи рӯз ба омӯзишҳо мерафтем ва баъзан хизматамон то 11-и шаб давом мекард. Хизмат хеле шавқовар буд. Ман бо хурсандӣ онро давом медодам. Ман бояд иқрор шавам, ки на он қадар мехостам таъйинотамонро дигар кунем ва шавҳарам чун нозири ноҳиявӣ хизмат кунад. Аммо Яҳува дар бораи мо нақшаи худро дошт». Ӯ онро амалӣ кард.

ҲАЁТ ҲАНГОМИ НОЗИРИ НОҲИЯВӢ БУДАН

Вақте дар Пайн Блафф пешрав шуда хизмат мекардем, мо барои пешрави махсус шудан варақа пур карда будем. Интизор будем, ки моро таъйин мекунанд, чунки нозири вилоятӣ мехост, то мо чун пешравони махсус ба Техас рафта, дар он ҷо ба ҷамъомадҳо кӯмак расонем. Ин фикр ҳаваси моро бедор мекард. Чашмамон чор буд, ки кай ташкилот ба мо ҷавоб медиҳад, вале ҳар дафъа почтаро медидем, ки он холӣ аст. Ниҳоят рӯзе ба мо нома омад ва дар он гуфта шуда буд, ки маро нозири ноҳиявӣ таъйин кардаанд. Ин моҳи январи соли 1965 буд. Бародар Лион Уивер низ ҳамон вақт нозири ноҳиявӣ таъин шуда буд. Ҳозир ӯ чун координатори филиали Иёлоти Муттаҳида хизмат мекунад.

Вақте нозири ноҳиявӣ шудам, хавотир будам, ки чи хел ин масъулиятро иҷро мекунам. Тақрибан як сол пеш нозири вилоятӣ Ҷеймс А. Томпсон маро санҷида буд, ки то чӣ андоза ба ин намуди хизмат мувофиқат мекунам. Ӯ нишон дода буд, ки аз кадом ҷиҳат ман беҳтар шуда метавонам ва барои нозири ноҳиявии хуб будан кадом хислатҳо заруранд. Дере нагузашта ман дарк кардам, ки маслиҳати ӯ то чӣ андоза даркорӣ буд. Бародар Томпсон якум нозири вилоятие буд, ки ман баъди нозири ноҳиявӣ шуданам бо ӯ ҳамкорӣ кардам. Ман аз ин бародари содиқ бисёр чизҳоро ёд гирифтам.

Ман кӯмаки бародарони содиқро қадр мекунам

Дар он вақтҳо ба бародарон пеш аз нозири ноҳиявӣ шудан барои таҷрибаомӯзӣ вақти зиёд дода намешуд. Як ҳафта ман мушоҳида кардам, ки чӣ гуна нозири ноҳиявӣ ба ҷамъомад ташриф меорад, дар ҳафтаи навбатӣ ӯ маро назорат кард, ки чӣ тавр ман ин корро мекунам. Баъди ин вай барои беҳтар кардани хизматам маслиҳату роҳнамоӣ дод. Бо ин таҷрибаомӯзӣ ба охир расид, ва моро ба ҳоли худ монданд. Дар ёдам ҳаст, ки Глория он лаҳза гуфт: «Наход ки ӯ моро партофта равад?» Лекин бо гузашти вақт ман чизи муҳимеро дарк кардам. Агар шумо роҳ диҳед, ҳама вақт бародароне ёфт мешаванд, ки ба ёрӣ додан тайёранд. Ман то ҳол кӯмаки чунин бародарони ботаҷрибаро ба монанди Ҷеймс Р. Браун, ки нозири сайёр буд ва Фред Раск, ки дар Байт-ил хизмат мекард, қадр мекунам.

Нажодпарастӣ авҷ мегирифт. Масалан, боре, вақте ки мо ба ҷамъомади шаҳри Теннесси ташриф овардем, аъзоёни Ку Клукс Клан (ташкилоти нажодпарастон) тӯда шуда аз шаҳр мегузаштанд. Дафъаи дигар, мо бо гурӯҳи воизон мавъиза мекардем ва дар вақти танаффус ба каҳвахонаи тезтайёр даромадем. Ман хостам ба ҳоҷатхона равам ва аҳамият додам, ки як марди дар баданаш расмҳои махсуси нажодпарастон доштагӣ, аз ҷояш хеста аз пуштам ба ҳоҷатхона даромад. Лекин бародари сафедпӯсти тануманд инро дида аз қафои мо ба ҳоҷатхона даромад ва аз ман пурсид: «Тинҷӣ-мӣ бародар Хёрд?» Ва он марди баднамо ҳатто ҳоҷатхонаро истифода набурда, тез аз он ҷо баромад. Тӯли солҳо ман медидам, ки бадгумонӣ на аз сабаби пӯсти одам, балки аз сабаби гуноҳе, ки Одам ба ҳамаи мо мерос дод, пайдо мешавад. Ва ман фаҳмидам, ки бародар новобаста аз ранги пӯсташ бародар мемонад ва агар лозим шавад, ҳатто тайёр аст барои ту ҷонашро фидо кунад.

АНҶОМИ НАЗАРРАС

Ман ҳамроҳи занам 33 сол чун нозири сайёр хизмат кардам ва 21 соли он нозири вилоятӣ будам. Он солҳо мо бисёр воқеаҳои рӯҳбаландкунандаро аз сар гузарондем, ки онҳо ҳаёти моро хеле бой гардонданд ва мо баракати зиёд ба даст овардем. Лекин моро боз як баракат интизор буд. Моҳи августи соли 1997 орзуи деринаи мо ҷомаи амал пӯшид. Мо барои хизмат ба Байт-Или Иёлоти Муттаҳида даъват шудем. Ин баъди 38 соле буд, ки мо якум бор варақа барои хизмат дар Байт-Илро пур карда будем. Моҳи дигар мо хизматамонро дар Байт-Ил сар кардем. Ман фикр мекардам, ки бародарони масъул мехоҳанд, ки ман танҳо муваққатан дар Байт-Ил хизмат кунам, вале вазъият дигар шуд.

Вақте ман бо Глория оиладор шудам, ӯ бароям мисли ганҷ буд ва ҳозир ҳам чунин аст

Дар аввал маро ба Шӯъбаи хизматӣ таъйин карданд. Он ҷо ман бисёр чизро ёд гирифтам. Ба ин шӯъба ҳайати пирон ва нозирони ноҳиявии тамоми мамлакат саволҳои нозук ва мушкил мефиристонанд, ки бародарон бояд онҳоро муҳокима карда ҷавоб диҳанд. Бародарон маро пурсаброна таълим медоданд ва ёрӣ мерасонданд, ки ман инро хеле қадр мекардам. Лекин ҳоло ҳам ҳис мекунам, ки агар маро аз нав ба он шӯъба таъйин кунанд, ман бояд бисёр чизро ёд гирам.

Ману Глория хизмати Байт-Илро хеле дӯст медорем. Мо ҳамеша саҳарии барвақт аз хоб мехестем ва бешубҳа ин одат дар Байт-Ил ба мо кӯмак мекунад. Тақрибан баъди як сол, ман чун ёрдамчӣ дар Кумитаи хизматии Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува хизмат карданро сар кардам. Сипас соли 1999 маро аъзои Ҳайати роҳбарикунанда таъйин карданд. Дар ин таъйинот ман бисёр чизро омӯхтам, лекин дарси муҳимтарин бароям ин аст, ки сарвари ҷамъомади масеҳӣ маҳз Исо аст, на ягон каси дигар.

Аз соли 1999 инҷониб ман имконияти пуршарафи дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат карданро дорам

Вақте ман дар бораи ҳаётам мулоҳиза меронам, баъзан худро каме чун пайғамбар Омӯс ҳис мекунам. Яҳува ба он чӯпони фурӯтан, ки кори пасти мавсимиро иҷро карда, меваи ҷумизро мебурид, аҳамият дод (Омӯс 7:14, 15). Ба ин монанд, Яҳува ба ман, ки писари як деҳқони камбағал аз Либерти (Индиана) будам, аҳамият дод. Ӯ маро аз баракати худ чунон бой гардонд, ки ҳамаи онҳоро ҳисоб кардан душвор аст (Мас. 10:22). Ман дар аввали ҳаётам шахси камбағал будам, лекин ҳоло аз ҷиҳати рӯҳонӣ чунон бой ҳастам, ки ин ҳатто дар гӯшаи хаёлам набуд!