Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бигзор ҳамаи мо як бошем, чуноне ки Яҳува ва Исо яканд

Бигзор ҳамаи мо як бошем, чуноне ки Яҳува ва Исо яканд

«Ман... илтимос мекунам... то ҳамаи онҳо як бошанд, чуноне ки Ту, эй Падар, бо ман ва ман бо Ту дар ягонагӣ ҳастем» (ЮҲ. 17:20, 21).

СУРУДҲО: 16, 31

1, 2. а) Исо дар дуои охиронаш чиро хоҳиш кард? б) Чаро Исо дар бораи ягонагӣ ғам мехӯрд?

ИСО шаби пеш аз маргаш дар бораи ягонагии шогирдонаш ғам мехӯрд. Барои ҳамин ӯ дар дуо аз Яҳува хоҳиш кард, ки шогирдонаш як бошанд, чуноне ки ӯ бо Падараш як аст. (Юҳанно 17:20, 21-ро хонед.) Ягонагии онҳо нишон медод, ки Яҳува Исоро барои иҷро кардани хосташ ба замин фиристодааст. Шогирдони ҳақиқии Исоро бояд аз рӯйи муҳаббаташон мешинохтанд ва ин муҳаббат онҳоро муттаҳид месохт (Юҳ. 13:34, 35).

2 Исо шаби пеш аз маргаш пай бурд, ки дар байни шогирдонаш ягонагӣ намерасад, аз ин рӯ муҳим будани ягонагиро қайд кард. Масалан, шогирдони ӯ баҳс мекарданд, ки «кадоме аз онҳо бузургтар аст» (Луқ. 22:24–27; Марқ. 9:33, 34). Дар мавриди дигар бошад, Яъқуб ва Юҳанно аз Исо хоҳиш карданд, ки ба онҳо дар Подшоҳиаш ҷойҳои беҳтаринро диҳад (Марқ. 10:35–40).

3. Чаро шогирдони Масеҳ муттаҳид набуданд ва мо кадом саволҳоро дида мебароем?

3 Ба ягонагии шогирдони Исо на фақат хоҳиши ба даст овардани мақоми беҳтарин халал мерасонд. Онҳо дар муҳите зиндагӣ мекарданд, ки байни одамон бадгумонӣ ва адоват ҳукмфармо буд. Аз ин рӯ шогирдони Исо бояд бадгумонӣ ва адоватро аз худ дур мекарданд. Биёед дар ин мақола се саволро дида бароем: Исо ба бадгумонӣ чӣ тавр муносибат мекард? Чӣ тавр ӯ ба шогирдонаш кӯмак кард, ки ба дигарон бо як чашм нигоҳ кунанд ва муттаҳид бошанд? Чӣ тавр таълимоти ӯ ба мо ёрӣ мерасонад, ки ягонагиро нигоҳ дорем?

ИСО ВА ШОГИРДОНАШ БО БАДГУМОНӢ РӮ БА РӮ МЕШУДАНД

4. Чӣ тавр Исо бо бадгумонӣ рӯ ба рӯ шуд? Мисол оред.

4 Исо худаш бо бадгумонӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Масалан, вақте Филиппус ба Натанъил гуфт, ки Масеҳро ёфт, Натанъил дар ҷавоб гуфт: «Магар аз Носира ягон чизи хуб баромада метавонад?» (Юҳ. 1:46). Аз афташ, Натанъил бо пешгӯйие, ки дар Мико 5:2 оварда шудааст, шинос буд, яъне ӯ медонист, ки Масеҳ бояд дар Байт-Лаҳм таваллуд шавад. Аз ин рӯ Натанъил ҳатто фикр намекард, ки Масеҳ дар Носира калон мешавад. Яҳудиёне, ки соҳиби мартабаи баланд буданд, ҷалилиёнро аз худ паст мешумориданд. Барои ҳамин онҳо Исоро бад медиданд (Юҳ. 7:52). Яҳудиён сомариёнро низ нағз намедиданд, чунки дин ва нажодашон фарқ мекард. Баъзеи яҳудиён ҳатто Исоро сомарӣ номида дашном медоданд (Юҳ. 8:48). Лекин ҳам яҳудиён ва ҳам ҷалилиён бо сомариён рафтуомад надоштанд (Юҳ. 4:9).

5. Шогирдони Исо бо чӣ гуна бадгумонӣ рӯ ба рӯ шуданд?

5 Роҳбарони дини яҳудӣ низ шогирдони Исоро бад медиданд. Фарисиён онҳоро «одамони лаънатёфта» меномиданд (Юҳ. 7:47–49). Онҳо одамонеро, ки дар мактабҳои динӣ нахонда буданд ва урфу одатҳояшонро риоя намекарданд, нохонда ва одӣ меҳисобиданд (Аъм. 4:13). Бисёри одамон аз дин, нажод ва мақоми дар ҷомеа доштаашон фахр менамуданд, барои ҳамин нисбати Исо ва шогирдонаш бадгумонӣ доштанд. Шогирдони Исо низ нисбати дигарон бадгумонӣ доштанд. Аз ин рӯ барои нигоҳ доштани ягонагӣ, онҳо бояд тарзи фикррониашонро дигар мекарданд.

6. Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр бадгумонӣ ба мо таъсир расонда метавонад.

6 Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки пур аз бадгумонӣ аст. Одамон нисбати мо бадгумонӣ мекунанд ё шояд худи мо нисбати дигарон бадгумонӣ дорем. Хоҳаре, ки дар Австралия чун пешрав хизмат мекунад, мегӯяд: «Вақте дар бораи беадолатие, ки сафедпӯстон нисбати одамони таҳҷойӣ мекарданд, фикр менамудам, нафратам аз сафедпӯстон зиёд мешуд. Аммо вақте бо ман бад рафтор карданд, нафратам нисбати онҳо зиёдтар шуд». Бародаре аз Канада нақл мекунад, ки бадгумоние, ки ӯ дошт бо забон алоқаманд буд. Ӯ мегӯяд: «Ман фикр мекардам, ки шахсоне, ки бо забони фаронсавӣ гап мезананд, назар ба дигарон болотаранд. Ҳамин тавр дар дили ман нисбати англисзабонон нафрат пайдо шуд».

7. Исо ба бадгумонӣ чӣ тавр муносибат мекард?

7 Бадгумонӣ на танҳо дар замони Исо паҳн шуда буд. Он дар замони мо низ чуқур реша давондааст. Лекин Исо бадгумон ва рӯйбин набуд. Ӯ ба боён, камбағалон, фарисиён, сомариён ва ҳатто ба ҷамъкунандагони андоз ва гуноҳкорон мавъиза мекард. Инчунин Исо бо таълимот ва намунаи худ ба шогирдонаш нишон дод, ки онҳо набояд нисбати дигарон бадгумонӣ дошта бошанд.

БАДГУМОНИРО БО МУҲАББАТ ВА ФУРӮТАНӢ МАҒЛУБ СОЗЕД

8. Ягонагии мо бар кадом принсип асос меёбад? Фаҳмонед.

8 Исо ба шогирдонаш принсипи асосиеро ёд дод, ки пойдевори ягонагии мо мебошад. Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Ҳамаи шумо... бародаронед». (Матто 23:8, 9-ро хонед.) Аз як тараф ҳамаи мо бародаронем, чунки аз Одам пайдо шудем (Аъм. 17:26). Лекин боз як сабаби дигар ҳаст. Исо фаҳмонд, ки, азбаски шогирдонаш Яҳуваро Падари худ меҳисобанд, ба якдигар чун бародару хоҳаранд (Мат. 12:50). Ғайр аз ин, ҳамаи шогирдони Исо аъзои оилаи Яҳува мебошанд, ки дар муҳаббат ва имон муттаҳид аст. Барои ҳамин расулон ҳангоми муроҷиат ба ҳамимонон дар номаҳои худ онҳоро «бародарон» * меномиданд (Рум. 1:13; 1 Пет. 2:17; 1 Юҳ. 3:13).

9, 10. а) Чаро яҳудиён барои бо нажоди худ фахр кардан сабаб надоштанд? б) Чӣ тавр Исо нишон дод, ки нисбати одамони гуногуннажод бадгумонӣ доштан хуб нест? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

Вақте Исо ба шогирдонаш фаҳмонд, ки ба якдигар мисли бародару хоҳар муносибат кунанд, муҳим будани фурӯтаниро низ таъкид кард. (Матто 23:11, 12-ро хонед.) Чи хеле ки қайд кардем, ҳавобаландӣ ба шогирдони Исо халал мерасонд, ки ягонагиро нигоҳ доранд. Сабаби дигар дар он буд, ки онҳо бо нажодашон фахр мекарданд. Азбаски яҳудиён аз насли Иброҳим буданд, фикр мекарданд, ки барои бо нажоди худ фахр кардан сабаби асоснок доранд. Ин ақида дар дилашон реша давонда буд. Лекин Яҳёи Таъмиддиҳанда ба онҳо гуфт: «Худо метавонад ҳатто аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзанд ба вуҷуд орад» (Луқ. 3:8).

10 Исо онҳоеро, ки бо нажодашон фахр менамуданд, ҳукм мекард. Ин аз ҷавобе, ки Исо ба як китобдон дода буд, равшан маълум аст. Китобдон аз Исо пурсид: «Дигарон гуфта, кӣ дар назар дошта шудааст?». Исо дар ҷавоб ба ӯ ҳикояеро нақл кард. Як марди сомарӣ ба яҳудие, ки роҳзанон лату кӯб карда буданд, кӯмак расонд. Яҳудиёни роҳгузар ба ин марди латукӯбшуда аҳамият надода, роҳи худро давом доданд. Лекин дили сомарӣ ба ин мард сӯхт. Исо дар охири ҳикоя ба китобдон маслиҳат дод, ки мисли марди сомарӣ рафтор кунад (Луқ. 10:25–37). Инчунин ӯ фаҳмонд, ки марди сомарӣ дар зоҳир кардани муҳаббати ҳақиқӣ барои яҳудиён намуна мебошад.

11. Барои чӣ шогирдони Исо бояд бо ғурур ва бадгумониашон мубориза мебурданд ва чӣ тавр Исо ба онҳо дар ин кор ёрдам кард?

11 Исо пеш аз он ки ба осмон равад, ба шогирдонаш супориш дод, ки «дар саросари Яҳудия ва Сомария ва то гӯшаю канори замин» дар бораи ӯ шаҳодат диҳанд (Аъм. 1:8). Барои иҷрои ин супориш шогирдони Исо бояд бо ғурур ва бадгумониашон мубориза мебурданд. Исо диққати шогирдонашро ба хислатҳои хуби ғарибон равона карда дилашонро тайёр намуд, то ки онҳо ба дигар халқҳо мавъиза карда тавонанд. Масалан, ӯ мирисадеро, ки яҳудӣ набуд, барои имонаш таъриф кард (Мат. 8:5–10). Дар Носира Исо нақл кард, ки чӣ тавр Яҳува ба бевазани финиқие аз Сорефот ва Наамони махавӣ, ки аз Сурия буд, илтифот зоҳир намуд (Луқ. 4:25–27). Инчунин Исо ба зани сомарие мавъиза кард ва дар шаҳри онҳо ду рӯз истод, чунки ӯ дид, ки одамон ба хушхабар шавқ доранд (Юҳ. 4:21–24, 40).

МАСЕҲИЁНИ АСРИ ЯК БО БАДГУМОНӢ МУБОРИЗА МЕБУРДАНД

12, 13. а) Вақте шогирдон диданд, ки Исо бо зани сомарӣ гап мезанад, ба ин чӣ тавр муносибат карданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Аз чӣ маълум мегардад, ки Яъқуб ва Юҳанно дарси Исоро нафаҳмиданд?

12 Лекин барои расулон бадгумониро аз худ дур кардан осон набуд. Вақте онҳо диданд, ки чӣ тавр Исо зани сомариро таълим дода истодааст, сахт ҳайрон шуданд (Юҳ. 4:9, 27). Зеро роҳбарони дини яҳудӣ умуман бо занон дар пеши мардум гап намезаданд. Ҳол он ки Исо на фақат бо зани бегона, балки бо зане гап мезад, ки обрӯйи нағз надошт. Вақте шогирдон Исоро барои хӯрок хӯрдан таклиф карданд, Исо ба гапашон аҳамият надод. Азбаски ба Исо дар бораи Худо гап задан маъқул буд, дар вақти бо зани сомарӣ сӯҳбат карданаш гушнагиро ҳис намекард. Исо медонист, ки мавъиза кардан хости Худо аст. Ӯ бошад, мехост, ки хости Падарашро иҷро кунад. Аз ин рӯ ба мавъиза чун хӯрок нигоҳ мекард (Юҳ. 4:31–34).

13 Аммо Яъқуб ва Юҳанно ин дарси Исоро нафаҳмиданд. Ин аз чӣ маълум шуд? Боре Исо бо шогирдонаш мехостанд, ки дар қишлоқи сомариён шабро рӯз кунанд. Вақте сомариён Исоро бо шогирдонаш қабул накарданд, Яъқуб ва Юҳанно ба хашм омада ба Исо гуфтанд, ки аз осмон оташ хонад, то ки он тамоми қишлоқро несту нобуд кунад. Исо онҳоро барои ин суханонашон сарзаниш кард (Луқ. 9:51–56). Агар ин воқеа дар Ҷалил, ки ватанашон буд, рӯй медод, шояд онҳо он қадар хашмгин намешуданд. Аз афташ, онҳо ин суханонро аз бадгумонӣ гуфтанд. Баъдтар, вақте Юҳанно ба сомариён мавъиза карда дид, ки бисёриҳо ӯро гӯш карданд, шояд аз рафтори пештарааш шарм дошт (Аъм. 8:14, 25).

14. Чӣ тавр дар асри як душворие, ки шояд аз рӯйи гуногун будани забонҳо сар зада буд, ҳал шуд?

14 Дере нагузашта, баъд аз Пантикости соли 33-и милодӣ дар ҷамъомади асри як воқеае рӯй дод, ки рӯйбинӣ доштани масеҳиёнро аён намуд. Вақте ки бародарон ба бевазанони мӯҳтоҷ хӯрок тақсим мекарданд, онҳо нисбати бевазанони юнонӣ беаҳамиятӣ карданд (Аъм. 6:1). Шояд сабаб дар он буд, ки бевазанон бо забони юнонӣ гап мезаданд. Хушбахтона, бародарон ҳафт бародари рӯҳан баркамолро барои тақсим намудани хӯрок интихоб карда ин душвориро зуд ҳал намуданд. Номҳои ҳамаи ин бародарон юнонӣ буд. Шояд донистани ин чиз ба бевазанони ранҷида тасаллӣ бахшид.

15. Петрус барои бо рӯйбинӣ мубориза бурдан чӣ кор кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

15 Соли 36-и милодӣ шогирдони Исо ба ҳамаи халқҳо мавъиза кардани хушхабарро сар карданд. Петруси расул пештар танҳо бо яҳудиён муошират мекард. Лекин, вақте Яҳува ба ӯ равшан фаҳмонд, ки масеҳиён набояд рӯйбин бошанд, Петрус ба мирисади румӣ, Корнилюс, мавъиза кард. (Аъмол 10:28, 34, 35-ро хонед.) Баъд аз ин воқеа ӯ бо ғайрияҳудиён хӯрок хӯрд. Лекин солҳо пас, вақте Петрус дар шаҳри Антиохия дар сари дастархон буд, ногоҳ бо ғайрияҳудиён хӯрок хӯрданро бас кард (Ғал. 2:11–14). Павлус ӯро барои ин кораш сарзаниш намуд. Аз афташ, Петрус маслиҳати Павлусро қабул кард. Мо инро аз куҷо медонем? Вақте Петрус ба масеҳиёни яҳудӣ ва ғайрияҳудии Осиё номаи якуми худро навишт, ӯ дар бораи ҳамаи бародарон бо меҳрубонӣ гап зад (1 Пет. 1:1; 2:17).

16. Масеҳиёни асри як чӣ гуна обрӯ доштанд?

16 Маълум аст, ки расулон аз намунаи Исо дӯст доштани «ҳар гуна одамонро» ёд гирифтанд (Юҳ. 12:32; 1 Тим. 4:10). Барои тарзи фикрронии худро дигар кардан онҳо вақти зиёдро сарф карданд. Дар натиҷа, масеҳиёни асри як бо бародардӯстиашон шинохта мешуданд. Тертуллиан ном нависандае, ки дар асри ду зиндагӣ мекард, суханони дигар одамонро, ки дар бораи масеҳиён мегуфтанд, иқтибос овард: «Онҳо якдигарро дӯст медоранд... ва ҳатто тайёранд, ки барои якдигар ҷонашонро диҳанд». Дар асри як масеҳиён шахсияти навро дар бар карда ба ҳамаи одамон мисли Худо бо як чашм менигаристанд (Қӯл. 3:10, 11).

17. Чӣ тавр мо бадгумониро аз диламон решакан карда метавонем? Мисол оред.

17 Имрӯз ба мо низ барои аз диламон решакан кардани бадгумонӣ вақт лозим аст. Хоҳаре аз Фаронса дар бораи муборизаи худ мегӯяд: «Яҳува ба ман чӣ будани муҳаббат, ба ғаму андӯҳ ва хурсандии дигарон шарик шудан ва дӯст доштани ҳар гуна одамонро ёд дод. Лекин ман то ҳол бо бадгумонӣ мубориза бурданро омӯхта истодаам ва ин на ҳама вақт осон аст. Барои ҳамин дар ин бора дуо гуфтанро бас намекунам». Хоҳари дигаре аз Испания бо бадгумонӣ мубориза мебарад. Ӯ мегӯяд: «Ман нисбати одамоне, ки нажодашон дигар аст, бадгумонӣ дорам. Бо ин ҳиссиёт мубориза бурда бисёр вақт ғолиб меоям, лекин мефаҳмам, ки набояд муборизаро бас кунам. Раҳмат ба Яҳува, ки ба оилаи калони Ӯ тааллуқ дорам. Ман хеле хушбахтам». Ҳар яки мо метавонем аз худ пурсем: «Оё ба ман низ лозим аст, ки мисли ин ду хоҳар, бо бадгумонӣ мубориза барам?»

МУҲАББАТ КИ ЗИЁД ШУД, БАРОИ БАДГУМОНӢ ҶОЙ НАМЕМОНАД

18, 19. а) Чаро мо бояд дигаронро қабул кунем? б) Чӣ тавр мо инро дар амал нишон дода метавонем?

18 Набояд фаромӯш кард, ки мо низ як вақт чун ғарибон аз Худо дур будем (Эфс. 2:12). Лекин Яҳува моро бо пайвандҳои муҳаббат ба Худ ҷалб намуд (Ҳуш. 11:4; Юҳ. 6:44). Исо низ дари дилашро ба рӯйи мо боз кард ва имконият дод, ки аъзои оилаи Яҳува шавем. (Румиён 15:7-ро хонед.) Азбаски Яҳува ва Исо моро қабул карданд, мо набояд дигаронро рад кунем.

Ходимони Яҳува хирадеро, ки аз болост, меҷӯянд ва бо пайвандҳои муҳаббат муттаҳиданд (Ба сархати 19 нигаред.)

19 Ҳар қадаре ки ин дунёи шарир ба анҷоми худ наздик мешавад, ҳамон қадар ҷудоӣ, бадгумонӣ ва нафрат дар он зиёд мегардад (Ғал. 5:19–21; 2 Тим. 3:13). Мо, ходимони Яҳува, хирадеро меҷӯем, ки аз болост. Чунки он рӯйбинӣ надорад ва ба сулҳу ягонагӣ мусоидат мекунад (Яъқ. 3:17, 18). Вақте мо бо одамони гуногуннажод дӯст мешавем ва маданияташонро қабул карда забонашонро меомӯзем, аз ин хурсанд мешавем. Агар ин гуна рафтор кунем, осоиштагии мо мисли наҳр ва адолатамон мисли мавҷҳои баҳр мегардад (Иш. 48:17, 18).

20. Чаро муҳим аст, ки муҳаббат ба ақлу дили мо таъсир расонад?

20 Хоҳаре аз Австралия мефаҳмонад, ки чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас ба вай таъсир кард: «Дари дониши ҳақиқӣ ба ман кушода шуд ва тарзи фикррониамро дигар кард. Муҳаббат бадгумонӣ ва нафратеро, ки дар дилам нисбати дигарон доштам, нест кард». Бародаре аз Канада мегӯяд, ки одамон якдигарро нағз намешиносанд, аз ин рӯ бадгумонӣ мекунанд. Ӯ фаҳмид, ки хислатҳои одамон аз ҷойи таваллудашон вобаста нест. Вай ҳатто бо хоҳари англисзабоне оиладор шуд. Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки муҳаббат бар бадгумонӣ ғолиб меояд. Дар ҳақиқат, муҳаббат моро бо пайвандҳои мустаҳкам муттаҳид мекунад (Қӯл. 3:14).

^ сарх. 8 Калимаи «бародарон» ба хоҳарон низ дахл дорад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Павлус номаи худро ба «бародарон»-и Рум навишта буд. Аммо ӯ дар номааш номи якчанд хоҳарро низ мегирад. Аз ин маълум мегардад, ки Павлус номаашро на танҳо ба бародарон, балки ба хоҳарон низ навишта буд (Рум. 16:3, 6, 12). «Бурҷи дидбонӣ» низ солҳои сол аъзоёни ҷамъомадро бародару хоҳарон меномад.