Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чашмони шумо сӯйи кӣ нигарон аст?

Чашмони шумо сӯйи кӣ нигарон аст?

«Сӯи Ту чашмонамро менигаронам, эй, ки бар осмонҳо нишастаӣ!» (ЗАБ. 122:1).

СУРУДҲО: 32, 18

1, 2. Ҳамеша сӯйи Яҳува нигаристан чӣ маъно дорад?

МО ДАР «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем. Пеш аз он ки шаби сиёҳи дунёи Шайтон гузараду осоиштагии ҳақиқӣ барқарор гардад, ҳаёт боз ҳам душвортар мешавад (2 Тим. 3:1). Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки аз худ пурсем: «Барои ҷустани кӯмаку роҳнамоӣ ман сӯйи кӣ менигарам?» Шояд шумо дарҳол ҷавоб диҳед, ки «сӯйи Яҳува». Ва ин дар ҳақиқат ҷавоби беҳтарин аст!

2 Сӯйи Яҳува нигаристан чӣ маъно дорад? Ва чӣ тавр дар душвориҳои сахт мо метавонем ҳамеша сӯйи Яҳува нигарем? Ба ин саволҳо забурнавис асрҳо пеш ҷавоб дода, фаҳмонд, ки дар вақтҳои тангӣ мо бояд сӯйи Яҳува нигарем. (Забур 122:1–4-ро хонед.) Ӯ гуфт, ки сӯйи Яҳува нигаристани мо ба он монанд аст, ки чашмони ғулом сӯйи хӯҷаини худ нигарон аст. Забурнавис бо ин мисол чӣ гуфтанӣ буд? Ғулом ба хӯҷаинаш на танҳо барои он менигарад ё такя мекунад, ки ба хӯрду хӯрок ва ҳимояи вай мӯҳтоҷ аст. Вай инчунин доимо ба хӯҷаинаш чашм медӯзад, то хоҳишҳои ӯро пай бурда, сипас онҳоро иҷро кунад. Ба ҳамин монанд, мо бояд ҳар рӯз Каломи Худоро бодиққат омӯзем, то дарк намоем, ки Худо аз мо чӣ мехоҳад ва сипас аз рӯйи он амал кунем. Он гоҳ мо дилпур буда метавонем, ки дар вақтҳои тангӣ Яҳува ба мо кӯмак мекунад (Эфс. 5:17).

3. Чӣ диққати моро аз Яҳува дур карда метавонад?

3 Гарчанд мо дарк мекунем, ки доимо ба Яҳува нигаристан муҳим аст, баъзан диққатамон ба дигар чиз банд шуда метавонад. Бо дӯсти наздики Исо, Марто, айнан ҳамин тавр рӯй дод. Ӯ «бо ташвиши меҳмондорӣ сахт банд буд» (Луқ. 10:40–42). Бо вуҷуди он ки Марто хизматгори содиқи Яҳува буду Исо дар наздаш қарор дошт, диққаташ парешон шуд. Пас, бешубҳа бо мо низ чунин шуданаш мумкин аст. Чӣ метавонад ба мо халал расонад, ки чашмамонро сӯйи Яҳува нигаронем? Дар ин мақола мо дида мебароем, ки баъзан рафтори дигарон ба ин халал расонда метавонад. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр диққатамонро ҳамеша сӯйи Яҳува равона кунем.

МАРДИ СОДИҚ ИМКОНИЯТИ ПУРШАРАФРО АЗ ДАСТ ДОД

4. Барои чӣ кас ҳайрон шуда метавонад, ки Мӯсо имконияти ба Замини ваъдашуда даромаданро аз даст дод?

4 Мӯсо албатта аз Яҳува ҳидояту роҳнамоӣ меҷуст. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки ӯ «мисли он ки Нонамоёнро медида бошад, устувор буд». (Ибриён 11:24–27-ро хонед.) Ҳамчунин дар он гуфта шудааст, ки «набие мисли Мӯсо дар Исроил дигар ба майдон наомадааст, ки ӯро Худованд рӯ ба рӯ мешинохт» (Такр. Ш. 34:10). Лекин нигоҳ накарда ба он ки Мӯсо бо Худо чунин муносибати наздик дошт, ӯ имконияти ба Замини ваъдашуда даромаданро аз даст дод (Ад. 20:12). Барои чӣ ин тавр шуд?

5–7. Пас аз Мисрро тарк кардани исроилиён кадом мушкилӣ ба миён омад ва Мӯсо онро чӣ тавр ҳал кард?

5 Баъди аз Миср баромадани исроилиён ҳоло ду моҳ нагузашта буд ва онҳо ба кӯҳи Сино нарасида буданд, ки душвории ҷиддие ба миён омад. Халқ аз набудани об ба нолиш даромад. Онҳо ба Мӯсо шикоят кардан гирифтанд ва кор то дараҷае расид, ки Мӯсо сӯйи Яҳува нола карда гуфт: «Бо ин қавм чӣ кунам? Андаке мондааст, ки маро сангсор кунанд» (Хур. 17:4). Дар ҷавоб Яҳува ба Мӯсо дастуроти аниқ дод. Ба ӯ лозим буд, ки асои худро гирифта, ба кӯҳи Ҳӯриб занад ва дар натиҷа бояд об мебаромад. «Ва Мӯсо пеши назари пирони Исроил чунин кард». Исроилиён ба серӣ об нӯшиданд ва душворӣ ҳал шуд (Хур. 17:5, 6).

6 Дар Навиштаҳои илоҳӣ нақл карда мешавад, ки Мӯсо «он маконро Массо ва Мерибо ном ниҳод, ба сабаби ҷидоли банӣ-Исроил ва Худовандро озмуданашон, ки гуфта буданд: “Оё дар миёни мо Худованд ҳаст, ё не?”» (Хур. 17:7). Ба он макон номҳои мувофиқ дода шуда буд, зеро маънояшон «Озмоиш» ва «Ҷидол» мебошад.

7 Ба воқеаи дар Мерибо рӯйдода Яҳува чӣ гуна муносибат кард? Дар назари Яҳува исроилиён на танҳо бар муқобили Мӯсо, балки бар зидди ҳокимияти худи Яҳува баромаданд. (Забур 94:8, 9-ро хонед.) Ин рафтори исроилиён хеле бад буд. Мӯсо бошад, дар ин маврид дуруст амал кард. Вай нигоҳашро сӯйи Яҳува равона кард ва аниқ аз рӯйи дастуроти Ӯ амал намуд.

8. Дар охири сафари 40-солаи исроилиён дар биёбон кадом мушкилӣ рӯй дод?

8 Вале баъди 40 сол, вақте ки сафари исроилиён дар биёбон ба охир мерасид, боз вазъияти ба он монанд рӯй дод. Ин дафъа чӣ шуд? Исроилиён ба Қодеш, ки ба сарҳади Замини ваъдашуда наздик буд, расиданд. Ин макон низ Мерибо номида шуд *. Чаро? Зеро исроилиён аз набудани об боз ба шикоят даромаданд (Ад. 20:1–5). Лекин ин дафъа Мӯсо ба хатогии ҷиддие роҳ дод.

9. Яҳува ба Мӯсо чӣ гуна дастурот дод, вале ӯ чӣ кор кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

Вақте ки халқ бори дигар исён бардошт, Мӯсо чӣ гуна рафтор кард? Ӯ барои роҳнамоӣ боз ба Яҳува рӯ овард. Лекин ин дафъа Яҳува ба ӯ нагуфт, ки сангро занад. Мӯсо бояд асои худро мегирифт, халқро назди кӯҳ ҷамъ мекард ва ба сахра сухан мегуфт (Ад. 20:6–8). Вале Мӯсо ба сахра, яъне кӯҳ сухан нагуфт. Ба ҷойи ин, вай ба хашм дода шуд ва ба халқ дод зада гуфт: «Бишнавед, эй саркашон! Оё аз ин сахра об барои шумо берун оварем?» Баъд аз ин, Мӯсо ба сахра на як бор, ҳатто ду бор зад (Ад. 20:10, 11).

10. Яҳува ба рафтори Мӯсо чӣ гуна муносибат кард?

10 Ин рафтори Мӯсо ба Яҳува маъқул нашуд ва Ӯ ҳатто сахт ба ғазаб омад (Такр. Ш. 1:37; 3:26). Чаро Яҳува чунин муносибат кард? Ба ин якчанд чиз сабаб шуда метавонист. Шояд як сабаби ба хашм омадани Яҳува ин буд, ки Мӯсо аз рӯйи дастуроти Ӯ амал накард.

11. Вақте Мӯсо бо асояш кӯҳро зад, чаро исроилиён гумон карда метавонистанд, ки ҷорӣ шудани об мӯъҷиза набуд?

11 Барои ба ғазаб омадани Яҳува боз як сабаби дигар буда метавонист. Кӯҳи Мерибои якум аз хоросанг, ки хеле сахт аст, иборат буд. Ҳеҷ кас фикр намекунад, ки агар ба санги хоро сахт занӣ, аз он об мебарояд. Вале кӯҳпораҳои Мерибои дуюм аз хоросанг хеле фарқ мекард ва он одатан аз оҳаксангҳои ковок иборат буд. Аз сабаби ковокии ин сангҳо об аз қабати онҳо гузашта, захира мешуд. Агар одамон кӯҳро сӯрох кунанд, аз он об гирифта метавонистанд. Ва вақте ки Мӯсо ба ҷои ба сахра гап задан, бо асояш ду бор онро зад, шояд исроилиён гумон карданд, ки оби ҷамъшуда худаш баромад, на бо мӯъҷизаи Яҳува *. Лекин мо аниқ гуфта наметавонем, ки исроилиён айнан чунин фикр карданд.

ЧӢ ТАВР МӮСО БА ХАТОГӢ РОҲ ДОД?

12. Барои аз Мӯсо ва Ҳорун ба ғазаб омадани Яҳува боз чӣ сабаб шуда метавонист?

12 Барои аз Мӯсо ва Ҳорун ба хашм омадани Яҳува эҳтимол боз як сабаби дигар буд. Аҳамият диҳед, ки Мӯсо ба халқ чӣ гуфт: «Оё аз ин сахра об барои шумо берун оварем?» Мӯсо «оварем» гуфта, эҳтимол худашу Ҳорунро дар назар дошт. Ӯ бо ин суханонаш ба Яҳува беҳурматӣ нишон дод, чунки ин мӯъҷиза дар асл танҳо бо қудрати Яҳува ба амал омада буд, на бо ёрии Мӯсо. Инро суханони зерини Забур 105:32, 33 тасдиқ мекунанд: «[Исроилиён] назди оби Мерибо ба ғазаб оварданд, ва Мӯсо аз боиси онҳо ҷазо дид; Зеро ки рӯҳи ӯро ба ҳаяҷон [«ба хашм», ТДН] оварданд, ва бо лабонаш носазо гуфт» * (Ад. 27:14). Ба ҳар ҳол, Мӯсо ҷалолеро, ки Яҳува ба он сазовор буд, ба Ӯ надод. Яҳува ба Мӯсо ва Ҳорун гуфт: «Шумо назди оби Мерибо аз амри Ман саркашӣ кардед» (Ад. 20:24). Ин дар ҳақиқат гуноҳи ҷиддӣ буд!

13. Чаро ҳукме, ки Яҳува нисбати Мӯсо баровард, аз рӯйи адолат буд?

13 Мӯсо ва Ҳорун пешвоёни халқ буданд ва Яҳува аз онҳо итоаткории бештарро талаб мекард (Луқ. 12:48). Пеш, азбаски исроилиён бар зидди Яҳува исён бардошта буданд, Ӯ гуфт, ки он насл ба Замини ваъдашуда намедарояд (Ад. 14:26–30, 34). Барои ҳамин, аз рӯйи адолат буд, ки Яҳува Мӯсоро низ барои саркашиаш айнан ҳамин тавр ҷазо дод. Дар қатори дигар исёнкорон Мӯсо низ аз имконияти ба Замини ваъдашуда даромадан маҳрум шуд.

ЧӢ МӮСОРО БА ГУНОҲ ТЕЛА ДОД?

14, 15. Чӣ Мӯсоро ба гуноҳ тела дод?

14 Чӣ сабаб шуд, ки Мӯсо бар зидди гуфтаҳои Яҳува амал кунад? Бори дигар ба суханони Забур 105:32, 33 аҳамият диҳед: «[Исроилиён] назди оби Мерибо ба ғазаб оварданд, ва Мӯсо аз боиси онҳо ҷазо дид; зеро ки рӯҳи ӯро ба ҳаяҷон [«ба хашм», ТДН] оварданд, ва бо лабонаш носазо гуфт». Ҳарчанд исёни исроилиён бар зидди Яҳува буд, Мӯсо ба қаҳру ғазаб дода шуд. Ба ҷойи худдорӣ кардан, ӯ андеша накарда сухан гуфт.

15 Мӯсо гузошт, ки рафтори дигарон диққати ӯро аз Яҳува дур кунад. Дар мавриди якум Мӯсо дуруст рафтор карда буд (Хур. 7:6). Лекин шояд аз сабаби он ки исроилиён давоми даҳсолаҳо гаштаву баргашта саркашӣ мекарданд, Мӯсо монда ва рӯҳафтода шуда буд. Мумкин барои ҳамин, Ӯ ба ҷойи Яҳуваро ҷалол додан, асосан дар бораи ҳиссиёти худаш фикр кард.

16. Чаро дар бораи рафтори Мӯсо мулоҳиза кардан муҳим аст?

16 Агар пайғамбари содиқ — Мӯсо ҳушёриро аз даст дода, гуноҳ карда бошад, пас бо мо низ чунин рӯй доданаш мумкин аст. Чи хеле ки Мӯсо ба Замини ваъдашуда наздик буд, мо низ ба дунёи нав наздикем (2 Пет. 3:13). Ҳеҷ кадоми мо намехостем, ки имконияти ба он даромаданро аз даст диҳем. Лекин барои ин мо бояд ба Яҳува назар карданро давом диҳем ва ҳамеша ба Ӯ итоат кунем (1 Юҳ. 2:17). Аз хатое, ки Мӯсо кард, мо чӣ дарс мегирем?

НАГУЗОРЕД, КИ РАФТОРИ ДИГАРОН ШУМОРО БА ГУНОҲ ТЕЛА ДИҲАД

17. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба қаҳру ғазаб дода нашавем?

17 Ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Баъзан мо гаштаву баргашта бо ҳамон як мушкилӣ дучор мешавем. Вале Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки «некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем» (Ғал. 6:9; 2 Тас. 3:13). Агар касе ё чизе моро такрору ба такрор асабӣ кунад, оё мо худдорӣ зоҳир мекунем ё андеша накарда гап мезанем? (Мас. 10:19; 17:27; Мат. 5:22). Вақте дигарон моро ба ғазаб меоранд, мо бояд гузорем, то «Худо хашми Худро фурӯ резад». (Румиён 12:17–21-ро хонед.) Ин чӣ маъно дорад? Ба ҷойи ба ғазаб дода шудан, мо бояд интизор шавем, то Яҳува дар вақте ки лозим мешуморад, ба ин проблема дахолат кунад. Агар мо чашмонамонро сӯйи Яҳува равона накарда, худамон ба қасосгирӣ даст занем, ба Ӯ беҳурматӣ мекунем.

18. Дар мавриди иҷрои дастурот чиро дар хотир доштан муҳим аст?

18 Бодиққат мувофиқи дастуроти охирон амал кунед. Оё мо ҳамеша аз рӯйи дастуроти охироне, ки Яҳува додааст, амал мекунем? Мо набояд аз рӯйи одат ҳамон тавре ки пеш мекардем, рафтор намоем. Ба ҷойи ин, хуб мебуд, ки бо омодагӣ мувофиқи дастуроти наве, ки Яҳува ба воситаи ташкилоташ медиҳад, амал кунем (Ибр. 13:17). Ҳамзамон, мо бояд эҳтиёт шавем, то «аз доираи он чӣ навишта шудааст берун» набароем (1 Қӯр. 4:6). Ҳамин тавр, мо назари худро доимо сӯйи Яҳува равона мекунем.

Аз муносибати Мӯсо ба хатогиҳои дигарон мо чӣ дарс мегирем? (Ба сархати 19 нигаред.)

19. Чӣ кор кунем, то хатогиҳои дигарон муносибати моро бо Яҳува вайрон накунанд?

19 Роҳ надиҳед, ки хатогиҳои дигарон муносибати шуморо бо Яҳува вайрон кунанд. Агар мо ба маънои рамзӣ чашмонамонро сӯйи Яҳува равона кунем, мо аз рафтори дигарон ба хашм дода намешавем ва муносибатамонро бо Яҳува вайрон намекунем. Хусусан ин ба касоне дахл дорад, ки мисли Мӯсо дар ташкилоти Яҳува соҳиби масъулият мебошанд. Албатта, ҳар яки мо барои наҷот ёфтан бояд саъю кӯшиш кунем ва ба Яҳува итоат намоем (Флп. 2:12). Лекин Яҳува аз онҳое, ки масъулияти бештар доранд, бисёртар талаб мекунад (Луқ. 12:48). Ба ҳар ҳол, агар мо дар ҳақиқат Яҳуваро дӯст дорем, ҳеҷ чиз ба мо монеъ намешавад ва моро аз муҳаббати Ӯ ҷудо карда наметавонад (Заб. 118:165; Рум. 8:37–39).

20. Мо бояд ба чӣ азми қавӣ дошта бошем?

20 Мо дар замонҳои душвор зиндагӣ мекунем, барои ҳамин хеле муҳим аст, ки чашмонамонро сӯйи Яҳува, ки «бар осмонҳо нишаста»-аст, равона созем ва доимо иродаи Ӯро дарк кунем. Биёед ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки аз боиси рафтори дигарон муносибати мо бо Яҳува зарар бинад. Воқеаи бо Мӯсо рӯйдода ба мо ин дарси муҳимро хотиррасон мекунад. Ба ҷойи аз нокомилии дигарон ба ғазаб омадан, биёед бо азми қавӣ чашмони худро «сӯи Худованд Худои» худ равона кунем, «то даме ки ба мо марҳамат намояд» (Заб. 122:1, 2).

^ сарх. 8 Ду макон Мерибо номида шуда буд. Якумашро Массо ва Мерибо номиданд, ки дар наздикии Рафидим буд, дигараш бошад, дар наздикии Қодеш буд. Аз он сабаб ҳар дуи онҳо Мерибо номида шудаанд, ки дар он ҷойҳо исроилиён ҷидол бардошта буданд. (Ба харитае, ки дар брошураи «Маълумотнома барои омӯзиши Каломи Худо», қисми 7 оварда шудааст, нигаред.)

^ сарх. 11 Профессор Ҷон Бек мегӯяд: «Мувофиқи як ривояти яҳудиён исёнгарон Мӯсоро чунин танқид карданд: “Мӯсо хусусияти ин кӯҳро медонад. Агар ӯ хоҳад, ки мо ба мӯъҷиза бовар кунем, бигзор аз кӯҳи дигар об барорад”». Албатта ин танҳо ривоят аст.

^ сарх. 12 Ба мақолаи «Саволҳои хонандагон», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 январи соли 1989 омадааст, нигаред.