Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ба ҳама чиз бовар мекунед?

Оё шумо ба ҳама чиз бовар мекунед?

«Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст» (МАС. 18:13).

СУРУДҲО: 43, 52

1, 2. а) Кадом қобилияти муҳимро мо бояд инкишоф диҳем ва чаро? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

ЧУН масеҳиёни ҳақиқӣ ба мо лозим аст, ки ақлу фаросатро ба кор бурда, аниқ будани ин ё он маълумотро фаҳмем ва хулосаи дуруст барорем (Мас. 3:21–23; 8:4, 5). Агар мо ин қобилияти худро инкишоф надиҳем, Шайтон ва ҷаҳони ӯ ба осонӣ метавонад моро ба доми худ афтонда, фикррониамонро вайрон кунад (Эфс. 5:6; Қӯл. 2:8). Албатта, мо танҳо дар асоси маълумоти аниқу пурра хулосаи дуруст бароварда метавонем. Дар Масалҳо 18:13 гуфта шудааст: «Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст».

2 Лекин ба даст овардани маълумоти аниқу саҳеҳ ва баровардани хулосаи дуруст на ҳама вақт осон аст. Дар ин мақола мо баъзе душвориҳои бо ин алоқамандро муҳокима мекунем. Ҳамчунин мо аз Китоби Муқаддас якчанд принсип ва мисолҳоро дида мебароем. Боз мефаҳмем, ки чӣ тавр ба маълумоти гирифтаамон дуруст баҳо диҳем ва хулосаи оқилона барорем.

«БА ҲАР СУХАН» БОВАР НАКУНЕД

3. Чаро мувофиқи принсипи Масалҳо 14:15 амал кардан муҳим аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Имрӯз ба сари одамон маълумот чун борони сел меборад. Вебсайтҳои интернетӣ, телевизион ва дигар расонаҳои хабарӣ фикру ақидаҳои беҳисобро паҳн мекунанд. Ғайр аз ин, ба бисёр одамон ҳар рӯз дӯсту шиносонашон садҳо номаҳои электронӣ, СМС-у хабарҳо мефиристанд. Азбаски дидаю дониста паҳн кардани маълумоти нодуруст ва тағйир додани ҳақиқати ҳол як чизи муқаррарӣ шудааст, мо бояд оиди чизе ки мешунавем эҳтиёт бошем ва пеш аз бовар кардан дуруст будани онро санҷем. Кадом принсипи Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад? Дар Масалҳо 14:15 навишта шудааст: «Соддадил ба ҳар сухан имон меоварад, вале бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад».

4. Чӣ тавр суханони Филиппиён 4:8, 9 ба мо дар интихоби маълумоте, ки мехонем, кӯмак мерасонад ва чаро маълумоти боваринок доштан муҳим аст? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Баъзе манбаъҳои боваринок» нигаред.)

4 Барои баровардани қарорҳои дуруст ба мо маълумоти боваринок лозим аст. Аз ин рӯ, маълумотеро, ки мехонем, бояд бохирадона интихоб кунем. (Филиппиён 4:8, 9-ро хонед.) Имрӯз сайтҳои шубҳаноки ахборотӣ хеле бисёранд. Мо набояд барои хондани онҳо ва хабарҳое, ки ба почтаи электронии мо меоянду рост буданашон аниқ нест, вақтамонро беҳуда сарф кунем. Хусусан аз сайтҳое, ки осиён ташкил додаанд, дурӣ ҷустан хеле муҳим аст. Чунки мақсади ягонаи онҳо зарар расондан ба халқи Худо ва зери шубҳа гузоштани ҳақиқат аст. Маълумоти шубҳаноку норавшан ба қарори нодуруст оварда мерасонад. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки маълумоти бардурӯғ ба ақлу дили мо ҳатман таъсир мерасонад (1 Тим. 6:20, 21).

5. Исроилиён кадом хабари дурӯғро шуниданд ва он чӣ тавр ба онҳо таъсир кард?

5 Бовар кардан ба хабари дурӯғ хеле хатарнок аст. Масалан, ба ёд оред, ки дар замони Мӯсо чӣ рӯй дод. Барои аз назар гузарондани Замини ваъдашуда 12 ҷосус фиристода шуданд, ки 10 нафари онҳо хабари бад оварданд (Ад. 13:25–33). Онҳо аз пашша фил сохта, оиди он Замин суханоне гуфтанд, ки халқи Яҳуваро тамоман рӯҳафтода кард (Ад. 14:1–4). Чаро гапҳои онҳо ба халқ чунин таъсир кард? Азбаски ин хабари бадро аксари ҷосусон оварда буданд, шояд исроилиён фикр карданд, ки гапи онҳо рост аст. Лекин ба мардони боваринок, Еҳушаъ ва Колеб, ки хабари нағз оварданд, бовар накарданд (Ад. 14:6–10). Онҳо ба ҷойи он ки маълумотро аниқ кунанд ва ба Яҳува такя намоянд, ба хабари бад бовар карданд. Чӣ рафтори беақлонае!

6. Вақте мо дар бораи халқи Худо ягон тӯҳмат мешунавем, чаро набояд ҳайрон ва зиқ шавем?

6 Хусусан, вақте ки дар бораи халқи Яҳува ҳар гуна овозаҳоро паҳн мекунанд, мо бояд эҳтиёт бошем. Зеро Шайтон айбдоркунандаи хизматгорони содиқи Худо аст (Ваҳй 12:10). Исо ҳам шогирдонашро огоҳ карда буд: «Одамон... ноҳақ дар бораатон ҳар гуна суханони бад мегӯянд» (Мат. 5:11). Агар мо ин суханони Исоро нағз дар хотир дорем, дар бораи халқи Худо ягон тӯҳмат шунида, ҳайрон ва зиқ намешавем.

7. Пеш аз фиристодани номаи электронӣ ё СМС-ҳо дар бораи чӣ фикр кардан лозим аст?

7 Шояд шумо ба ёру дӯстонатон фиристодани номаҳои электронӣ ва СМС-ро дӯст медоред. Ва агар ягон хабари нав ё рӯйдоди аҷоибро хонед ё шунавед, шояд якум шуда дар ин бора ба дигарон хабар додан мехоҳед. Лекин пеш аз фиристодани СМС ё нома ба худ савол диҳед: «Оё ман боварии комил дорам, ки маълумоте, ки паҳн кардан мехоҳам, дуруст ва боваринок аст?» Агар дилпур набошеду онро фиристонед, пас шумо нафаҳмида маълумоти дурӯғро байни бародарону хоҳарон паҳн карда метавонед. Барои ҳамин, ба ҷойи зер кардани тугмачаи «фиристодан» («отправить»), беҳтараш тугмачаи «кӯр кардан»-ро («удалить») зер кунед.

8. Дар баъзе мамлакатҳо мухолифон чӣ кор мекунанд ва чӣ тавр мо нафаҳмида ба онҳо шарик шуда метавонем?

8 Фикр накарда нома ё СМС фиристодан боз як хатари дигар дорад. Дар баъзе мамлакатҳо ба фаъолияти мо маҳдудият гузошта шудааст ё он умуман манъ мебошад. Душманони мо дар чунин давлатҳо метавонанд қасдан хабарҳои дурӯғро паҳн кунанд, то моро тарсонанд ё бовариамонро ба ҳамдигар суст кунанд. Биёед бинем, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ чӣ рӯй дода буд. Кормандони КГБ овозаҳо паҳн мекарданд, ки гӯё баъзе бародарони масъул ба халқи Худо хиёнат кардаанд *. Афсӯс, ки бисёриҳо ба ин хабари дурӯғ бовар карда, оқибат аз ташкилоти Яҳува рафтанд. То чӣ андоза ғамовар буд ин! Хушбахтона баъдтар бисёриҳо баргаштанд, лекин киштии имони баъзеҳо ғарк шуд ва онҳо барнагаштанд (1 Тим. 1:19). Чӣ тавр мо аз чунин оқибати нохуш даргурез буда метавонем? Аз фиристодани хабарҳои бад ё исботнашуда даст кашед. Содадил ё зудбовар набошед. Ба дуруст будани маълумот боварӣ ҳосил кунед.

МАЪЛУМОТИ НОПУРРА

9. Барои ба даст овардани маълумоти аниқ боз кадом душвориҳо ҳастанд?

9 Боз як чизе ки барои хулосаи дуруст баровардан халал мерасонад ин маълумоти нопурра ё маълумоте, ки фақат қисман рост аст. Нақле ки 10 фоизаш рост аст, дар асл 100 фоиз моро гумроҳ карда метавонад. Чӣ кор кунем, ки чунин нақлҳои бардурӯғ, ки шояд фақат як-ду қатраашон рост аст, моро ба роҳи хато набаранд? (Эфс. 4:14).

10. Чӣ тавр исроилиён қариб буд, ки бо бародарони худ ҷанг кунанд ва чӣ онҳоро аз хунрезӣ нигоҳ дошт?

10 Биёед дида бароем, ки дар рӯзҳои Еҳушаъ бо исроилиёне, ки дар тарафи ғарбии дарёи Ӯрдун зиндагӣ мекарданд, чӣ рӯй дод (Еҳ. 22:9–34). Ба онҳо хабар расид, ки исроилиёне, ки дар тарафи шарқии Ӯрдун мебошанд, (сибти Реубен, сибти Ҷод ва нисфи сибти Менашше) дар назди Ӯрдун қурбонгоҳи калони боҳашамат сохтаанд. Дар асоси ин маълумоти нопурра исроилиёне, ки дар тарафи ғарб зиндагӣ мекарданд, хулоса карданд, ки бародарони онҳо муқобили Яҳува баромадаанд. Барои ҳамин, онҳо ҷамъ шуда, бо исроилиёне, ки дар тарафи шарқ буданд, ҷанг карданӣ шуданд. (Еҳушаъ 22:9–12-ро хонед.) Лекин хайрият, ки пеш аз ҳамла кардан, онҳо якчанд мардони боваринокро чун намояндаи худ фиристоданд, то ҳақиқати ҳолро аниқ кунанд. Онҳо чиро фаҳмиданд? Исроилиёни сибти Реубен, сибти Ҷод ва нисфи сибти Менашше дар ҳақиқат қурбонгоҳ сохта буданд, лекин он на барои қурбонӣ, балки барои ёдгорӣ буд. Ин қурбонгоҳ барои он сохта шуда буд, то ба насли оянда хотиррасон кунад, ки онҳо низ хизматгорони содиқи Яҳува мебошанд. Исроилиён хеле хурсанд буданд, ки вақт ҷудо карда аввал ҳама гапу корро фаҳмиданд. Чунки дар асоси маълумоти нопурра ҷанги бародаркушӣ рӯй доданаш мумкин буд.

11. а) Чӣ тавр Мефибӯшет аз беадолатӣ зарар дид? б) Аз ин рафтори беадолатона Довудро чӣ боздошта метавонист?

11 Вақте ки дигарон дар бораи мо маълумоти росту дурӯғ паҳн мекунанд, мо низ аз чунин беадолатӣ зарар дида метавонем. Дар бораи мисоли шоҳ Довуд ва Мефибӯшет фикр кунед. Довуд ба Мефибӯшет меҳрубонӣ ва дасткушодӣ зоҳир карда, тамоми замини бобояш Шоулро ба ӯ баргардонд (2 Подш. 9:6, 7). Лекин баъдтар Мефибӯшетро ба Довуд сиёҳ карданд. Довуд маълумотро насанҷида, Мефибӯшетро аз тамоми дороиаш маҳрум кард (2 Подш. 16:1–4). Вақте ки оқибат онҳо бо ҳам вохӯрда сӯҳбат карданд, Довуд хатогии худро фаҳмид ва қисми дороии Мефибӯшетро баргардонд (2 Подш. 19:24–29). Вале, агар Довуд ҳамон вақт саросема намешуду аввал маълумотро аниқ мекард, ба беадолатӣ роҳ намедод.

12, 13. а) Вақте Исоро тӯҳмат карданд, ӯ чӣ кор кард? б) Вақте баъзеҳо дар бораи мо маълумоти дурӯғ паҳн мекунанд, чӣ кор карда метавонем?

12 Агар шуморо ноҳақ тӯҳмат кунанд, чӣ кор мекардед? Исо ва Яҳёи Таъмиддиҳанда бо чунин беинсофӣ дучор шуда буданд. (Матто 11:18, 19-ро хонед.) Вақте ки одамон Исоро тӯҳмат мекарданд, ӯ вақту қувваташро барои сафед кардани худ сарф намекард. Ба ҷойи ин, вай одамонро бармеангехт, ки рафтору таълимоташро дида худашон хулосаи дуруст бароранд. Чуноне ки Исо гуфт, «бохирад будани одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад» (Мат. 11:19).

13 Аз ин воқеа мо як дарси муҳим мегирем. Баъзан чунин шуда метавонад, ки одамон моро тӯҳмат ё танқид мекунанд. Дар чунин ҳолат мо шояд адолат ҷуста, номи худро сафед кардан хоҳем. Лекин инро бо кадом роҳ кардан беҳтар аст? Агар ягон кас дар бораи мо маълумоти дурӯғро паҳн кунад, мо бояд бо рафтори худ ноҳақ будани он гапҳоро исбот кунем, то оқибат ҳама дурӯғ будани онро фаҳманд. Чи хеле ки аз мисоли Исо дидем, ахлоқу рафтори неки мо худаш исбот мекунад, ки нисфи гапи одамон дар бораи мо дурӯғ аст ва айбдоркуниҳояшон беасосанд.

БА ФАҲМИШИ ХУД ТАКЯ НАКУНЕД

14, 15. Чӣ тавр такя кардан ба фаҳмиши худ дом шуда метавонад?

14 Чи хеле ки дида баромадем, барои ба хулосаи дуруст омадан ба мо маълумоти аниқ даркор аст. Лекин ба даст овардани он осон нест. Душвории дигар бошад, ин нокомилии худи мост. Шояд мо дар давоми даҳсолаҳо ба Яҳува содиқона хизмат мекунем ва фаҳмишу фикррониамон хуб инкишоф ёфтааст. Мумкин дигарон моро чун шахсони солимфикр бисёр ҳурмат мекунанд. Лекин, магар ин барои мо дом шуда метавонад?

15 Бале, аз ҳад зиёд ба фаҳмиши худ такя кардан хатарнок аст. Он гоҳ мо дар асоси ҳиссиёт ва ақидаҳои шахсиамон метавонем хулоса барорем. Мо фикр мекунем, ки бо як нигоҳ ба вазъият баҳо дода метавонем, ҳарчанд асли воқеаро пурра намедонем. Лекин ин хеле хатарнок аст! Китоби Муқаддас аниқ моро огоҳ мекунад, ки ба фаҳмиши худ такя накунем (Мас. 3:5, 6; 28:26).

16. Дар мисоле, ки оварда шудааст дар қаҳвахона чӣ рӯй дод ва Азиз даррав ба кадом хулоса омад?

16 Фарз мекунем, ки як бегоҳ Азиз ном пири ботаҷрибае дар қаҳвахона нишастааст. Баногоҳ чашми ӯ ба мизи дигар меафтад, ки дар он як пири ҷамъомад, ки Фирӯз ном дорад, бо зани бегонае нишастааст. Азиз ҳайрон шуда, ба чашмаш бовар намекунад. Ӯ мебинад, ки Фирӯз ва он зан бо ҳам шӯхӣ карда, ханда мекунанд, чақ-чақ доранд ва ҳамдигарро меҳрубонона ба оғӯш мегиранд. Инро дида ӯ торафт нороҳат мешавад ва ба сараш чунин фикр меоянд: Наход оилаи Фирӯз вайрон шавад. Занаш ба ин чӣ тавр тоб меорад? Бо фарзандонаш чӣ мешуда бошад? Азиз аз ин пеш чунин воқеаҳои дилрешкунандаро дида буд. Агар шумо низ чунин вазъиятро медидед, чӣ фикр мекардед?

17. Дар ин мисол Азиз баъдтар чиро фаҳмид ва мо аз ин чӣ дарс мегирем?

17 Лекин истед! Оё Азиз ҳақиқати ҳолро медонад ё саросема хулоса кард, ки Фирӯз ба занаш хиёнат мекунад? Баъдтар, ҳамон бегоҳ ӯ ба Фирӯз занг зад. Тасаввур кунед, ки аз фаҳмидани асли воқеа дили Азиз чӣ қадар ором шуд. Зеро маълум гашт, ки он зан хоҳари Фирӯз аст, ки аз шаҳри дигар омадааст. Онҳо ҳамдигарро солҳои дароз надида буданд. Азбаски хоҳараш дар шаҳри онҳо фақат раҳгузар буду вақти зиёд надошт, Фирӯз ӯро барои якҷоя хӯрок хӯрдан ба қаҳвахона таклиф карда буд. Зани ӯ омада натавонистааст. Хайрият, Азиз ба ҷойи ба дигарон паҳн кардани хулосаи нодуруст, аввал чӣ будани гапу корро аниқ кард. Мо аз ин мисол чӣ дарс мегирем? Чӣ қадар таҷрибаи калон надошта бошем ҳам, пеш аз хулоса баровардан аввал маълумоти аниқ ва пурраро донистан муҳим аст.

18. Чӣ сабаб шуда метавонад, ки мо ба сухани баде, ки дар ҳаққи ҳамимонамон мешунавем, тез бовар кунем?

18 Боз аз сабаби дигаре мо ба вазъият нодуруст баҳо дода метавонем. Шояд бо ягон ҳамимон забон ёфтан бароямон душвор аст. Агар дар бораи нофаҳмиҳо бо ин шахс аз ҳад бисёр фикр кунем, нисбати ӯ бадгумониамон торафт зиёд шуда метавонад. Ва, вақте ки мо дар бораи ӯ ягон сухани бад мешунавем, шояд тез ба он бовар кунем, ҳарчанд ба рост буданаш ягон далел нест. Хулоса, агар мо ҳиссиёти манфиро нигоҳ дорем, қобилияти ба вазъият дуруст баҳо доданро гум карда метавонем (1 Тим. 6:4, 5). Барои ҳамин, мо набояд роҳ диҳем, ки ҳиссиёти нодуруст дар дили мо реша давонад. Ба ҷойи ин, биёед ҳамимононамонро дӯст дорему бо омодагӣ онҳоро бахшем. Зеро Яҳува инро мехоҳад. (Қӯлассиён 3:12–14-ро хонед.)

ПРИНСИПҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС МОРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАНД

19, 20. а) Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас кӯмак мекунанд, ки ба маълумоти фаҳмидаамон дуруст баҳо диҳем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

19 Чуноне ки дида баромадем, имрӯз дар ҳама ҷо маълумоти шубҳанок ва хабарҳои нимросту нимдурӯғ васеъ паҳн шудаанд. Ба болои ин, нокомилии худамон низ моро ба хулосаву фикрронии нодуруст тела дода метавонад. Барои ҳамин, ба даст овардани маълумоти боваринок ва баровардани хулосаи дуруст душвор аст. Чӣ ба мо барои бартараф кардани ин мушкилӣ кӯмак мекунад? Мо бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро донем ва онҳоро ба кор барем. Яке аз принсипҳо ин аст, ки агар «касе ки ношунида ҷавоб гардонад», яъне маълумотро аниқ накарда, хулоса барорад, беақл аст (Мас. 18:13). Дигар принсип ба мо хотиррасон мекунад, ки ба ҳама чизҳои шунидаамон даррав бовар накунему аввал онро санҷем (Мас. 14:15). Ва ниҳоят, чӣ қадар таҷрибаи калон надошта бошем ҳам, набояд ба фаҳмиши худ такя кунем (Мас. 3:5, 6). Агар мо маълумотро аз сарчашмаҳои боваринок истифода бурда, баъд хулоса ё қарор барорем, он гоҳ принсипҳои Китоби Муқаддас моро муҳофизат мекунанд.

20 Лекин боз як душворӣ ин аст, ки баъзан мо ба одам аз рӯйи намуди зоҳириаш баҳо медиҳем. Дар мақолаи навбатӣ мо доир ба ин мавзӯъ баъзе хатарҳои паҳнгаштаро дида мебароем ва мефаҳмем, ки барои аз онҳо дурӣ ҷустан, чӣ ба мо кӯмак расонда метавонад.

^ сарх. 8 Нигаред ба «Солномаи 2004» (рус.), саҳ. 111, 112 ва «Солномаи 2008» (рус.), саҳ. 133–135.