Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Дар ростии Ту рафтор» менамоям

«Дар ростии Ту рафтор» менамоям

«Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, то ки дар ростии Ту рафтор намоям» (ЗАБ. 85:11).

СУРУДҲО: 26, 10

1–3. а) Мо бояд ба ҳақиқати Китоби Муқаддас чӣ гуна муносибат дошта бошем? Мисол оред. (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Кадом саволҳоро мо дар ин мақола дида мебароем?

ИМРӮЗ дар бисёр ҷойҳо баргардонидани моли харидашуда як чизи муқаррарӣ шудааст. Дар баъзе давлатҳо қариб 9 фоизи чизҳое, ки аз бозор ё мағоза харидорӣ шудаанд, бозгардонда мешаванд. Инчунин мардум беш аз 30 фоизи молҳоеро, ки тавассути интернет мехаранд, бармегардонанд. Сабаб дар чист? Шояд баъзан харидорон мебинанд, ки он мол табъи дилашон нест ё ягон нуқсон дорад. Барои ҳамин, онҳо аз фурӯшандагони мағоза хоҳиш мекунанд, ки онро ба ягон чизи дигар иваз кунанд ё пулашонро баргардонанд.

2 Ба мо низ баъзан лозим меояд, ки молҳои харидаамонро баргардонем. Лекин мо «дониши ростӣ»-ро, ки боре «харида» будем, ҳеҷ гоҳ «фурӯхтан» намехоҳем (Масалҳо 23:23-ро хонед; 1 Тим. 2:4). Чуноне ки дар мақолаи гузашта муҳокима кардем, ҳар яки мо барои омӯхтани ҳақиқат вақти зиёд сарф кардем. Илова бар ин, мо шояд аз баҳри мансаби баланд ё кори сердаромад баромадем, муносибатҳои пештараамонро бо дӯстону хешовандон гум кардем ва аз рафтор ва урфу одатҳои нораво даст кашидем. Аммо ҳамаи ин қурбониҳо дар пеши баракатҳои мо хело ночизанд.

3 Барои нишон додани он ки ҳақиқат оиди Подшоҳии Худо то чӣ андоза қимати баланд дорад, Исо мисоле овард. Ӯ дар бораи савдогаре нақл кард, ки марворидҳои қиматбаҳо меҷуст. Вақте ӯ як марвориди пурарзишеро меёбад, «дарҳол рафта, ҳар чизи доштаашро мефурӯшад ва он марворидро мехарад» (Мат. 13:45, 46). Ба ин монанд, ҳақиқате ки мо ёфтем — ҳақиқат дар бораи Подшоҳӣ ва дигар ҳақиқатҳои Каломи Худо барои мо бениҳоят пурарзишанд. Ва мо низ барои ба даст овардани онҳо ба ҳар қурбонӣ тайёр будем. Агар ҳақиқат ҳама вақт барои мо қадри баланд дошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ онро «намефурӯшем». Вале афсӯс, ки баъзе хизматгорони Худо ҳақиқатро қадр накарда, онро тарк карданд. Мо ҳаргиз намехоҳем, ки бо мо чунин рӯй диҳад! Барои ин мо бояд «ростиро маҳкам нигоҳ» дорем ва доимо «дар ростӣ роҳ» равем. (3 Юҳанно 2–4-ро хонед.) Ин маънои онро дорад, ки мо бояд «ростӣ», яъне ҳақиқатро дар ҳаётамон дар ҷойи аввал монем ва мувофиқи он зиндагӣ кунем. Биёед дар бораи саволҳои зерин мулоҳиза ронем: Чӣ тавр баъзеҳо ҳақиқатро «мефурӯшанд» ва чаро? Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба ин хатои даҳшатнок роҳ надиҳем? Барои дар роҳи ҳақиқат устувор мондан чӣ ба мо ёрдам медиҳад?

ЧАРО БАЪЗЕҲО ҲАҚИҚАТРО «МЕФУРӮШАНД»?

4. Дар асри як баъзеҳо аз кадом сабаб ҳақиқатро «фурӯхтанд»?

4 Дар асри як баъзе касоне, ки ҳақиқатро қабул карда буданд, баъдтар ин роҳро тарк карданд. Масалан, баъди он ки Исо мардуми зиёдро ба таври мӯъҷиза сер кард, онҳо аз пайи ӯ ба тарафи дигари баҳри Ҷалил равона шуданд. Он ҷо Исо суханоне гуфт, ки дар ақли онҳо намеғунҷид. Ӯ гуфт: «Агар ҷисми Писари одамро нахӯред ва хуни ӯро нанӯшед, соҳиби ҳаёт нахоҳед гашт». Ба ҷойи он ки маънои ин гапҳоро аз Исо пурсанд, онҳо гуфтанд: «Ин суханон гӯшхарошанд! Кӣ ба онҳо гӯш дода метавонад?» Баъди ин «бисёри шогирдон ба корҳои пештараи худ баргаштанд ва дигар ӯро пайравӣ накарданд» (Юҳ. 6:53–66).

5, 6. а) Чаро баъзеҳо ҳақиқатро тарк мекунанд? б) Чӣ тавр шахс оҳиста-оҳиста аз роҳи ҳақиқат дур шуда метавонад?

5 Афсӯс, ки имрӯз баъзеҳо дидаю дониста аз роҳи ҳақиқат мераванд. Баъзеҳо аз он сабаб ҳақиқатро тарк мекунанд, ки фаҳмиши нави ин ё он порчаи Китоби Муқаддасро қабул карда наметавонанд ё рафтору гуфтори ягон бародари масъул ба онҳо санги монеа мегардад. Баъзеи дигар бошанд, шояд барои он аз ташкилот мераванд, ки маслиҳати пирон ба гӯшашон намефорад ё бо ягон ҳамимон гапашон сахт мегурезад. Дигарон ба таъсири осиён ва мухолифони ҳақиқат дода мешаванд. Ҳамин тавр, баъзеҳо дидаву дониста аз Яҳува ва ҷамъомад дур мешаванд (Ибр. 3:12–14). Дар асл онҳо бояд ба Петруси расул пайравӣ карда имони худро нигоҳ медоштанд. Вақте ки баъзеҳо аз суханони Исо пешпо хӯрда, ӯро тарк карданд, Исо ба расулонаш гуфт: «Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?» Петрус дарҳол ҷавоб дод: «Ҳазрат, назди кӣ равем?! Суханони ҳаёти ҷовидонӣ дар туст» (Юҳ. 6:67–69).

6 Баъзеҳо бошанд, оҳиста-оҳиста аз роҳи ҳақиқат дур мешаванд ва худашон инро нафаҳмида мемонанд (Ибр. 2:1). Чунин шахсро ба қаиқе монанд кардан мумкин аст, ки оҳиста-оҳиста аз соҳил дур мешавад. Ҳарчанд ин шахс нияти аз ҳақиқат рафтанро надорад, лекин вай мегузорад, ки муносибаташ бо Яҳува суст шавад. Ва рафта-рафта ӯ ин муносибаташро тамоман гум мекунад. Чӣ кор кунем, ки бо мо чунин рӯй надиҳад?

ЧӢ БА МО КӮМАК МЕКУНАД, КИ АЗ РОҲИ ҲАҚИҚАТ НАРАВЕМ?

7. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар роҳи ростӣ устувор монем ва ҳақиқатро «нафурӯшем»?

7 Барои маҳкам доштани ҳақиқат мо бояд ҳама гуфтаҳои Яҳуваро қабул кунем ва ба онҳо итоат намоем. Мо бояд ҳақиқатро дар ҷойи аввали ҳаётамон монем ва мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунем. Шоҳ Довуд дар дуо ба Яҳува гуфт: «Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, то ки дар ростии Ту рафтор намоям» (Заб. 85:11). Чуноне ки мебинем, Довуд азми қавӣ дошт, ки ҳамеша дар «ростӣ»-и Яҳува амал кунад. Мо ҳам бояд азми қавӣ дошта бошем. Дар акси ҳол чӣ рӯй дода метавонад? Мисли онҳое, ки чизи харидаашонро ба мағоза бармегардонанд, дар мо низ васваса пайдо шуда метавонад, ки аз нав ба чизҳое, ки баҳри ҳақиқат қурбон карда будем, баргардем. Вале мо бояд дар роҳи ҳақиқат устувор монем. Мо наметавонем таълимоти ба мо маъқулро қабул кунему, кадоме ки маъқул нест, рад намоем. Ба мо лозим аст, ки «ростиро ба пуррагӣ» риоя кунем (Юҳ. 16:13). Биёед ҳоло оиди панҷ чиз мулоҳиза ронем, ки шояд барои ҳақиқат қурбон карда будем. Чунин муҳокима ба мо кӯмак мекунад, ки дар роҳи ҳақиқат устувор монем ва ба чизҳое, ки тарк карда будем, барнагардем (Мат. 6:19).

8. Чӣ тавр бехирадона истифода бурдани вақт моро аз роҳи ҳақиқат дур карда метавонад? Мисол оред.

Вақт. Барои аз роҳи ҳақиқат нарафтан, мо бояд вақтамонро бохирадона истифода барем. Агар эҳтиёт набошем, соатҳои зиёд ба вақтхушӣ, машғулияти дӯстдошта, истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва тамошои телевизор сарф мешавад. Ин корҳо дар асл нодуруст набошанд ҳам, вақти зиёди моро гирифта метавонанд ва дар натиҷа барои омӯзиши шахсӣ ва дигар корҳои рӯҳонӣ вақт кам мемонад. Мисоли хоҳарамон Эммаро дида мебароем *. Вай аз хурдӣ аспҳоро сахт дӯст медошт. Ҳамин ки фурсат меёфт, ӯ ба аспсаворӣ мерафт. Вале бо гузашти вақт виҷдонаш ӯро азоб дод, ки вақти зиёдро вай ба машғулияти дӯстдоштаи худ сарф мекунад. Ӯ ба ҳаёташ дигаргунӣ даровард ва сарфи дурусти вақтро ёд гирифт. Инчунин ба вай намунаи хоҳар Кори Уэллс, ки пеш дар намоишҳои аспсаворӣ иштирок мекард, таъсири хуб расонд *. Ҳозир бошад, Эмма бисёртар бо корҳои рӯҳонӣ машғул аст ва бо оила ва дӯстонаш, ки Шоҳиди Яҳува мебошанд, зиёдтар вақт мегузаронад. Эмма ҳоло худро ба Яҳува наздиктар ҳис мекунад. Азбаски акнун ӯ вақташро дуруст истифода мебарад, виҷдонаш ором аст.

9. Аз кадом сабаб шахс ба ҳаваси чизҳои моддӣ дода шуда, аз корҳои рӯҳонӣ дур шуда метавонад?

9 Чизҳои моддӣ. Барои ҳақиқатро маҳкам доштан мо бояд ба чизҳои моддӣ назари дурустро нигоҳ дорем. Вақте ки мо ҳақиқатро фаҳмидем, мо дарк намудем, ки хизмат ба Яҳува аз чизҳои моддӣ дида муҳимтар аст ва барои ҳақиқат мо ба ҳар гуна қурбонӣ тайёр будем. Лекин дидани он ки имрӯз одамон таҷҳизотҳои нав ба нави электронӣ мехаранд ва бароҳат зиндагӣ мекунанд, ҳаваси моро бедор карда метавонад. Шояд акнун мо ба чизҳои доштаамон қаноат накарда, чунин фикр кунем, ки гӯё аз бисёр чизҳо бебаҳра монда истодаем. Ва чунин шуда метавонад, ки мо ба васвасаи чизпарастӣ дода шуда, корҳои рӯҳониро ба ақиб партоем. Бо Димос ном масеҳии асри як чунин рӯй дода буд. Азбаски ӯ «ба ин ҷаҳон дил баст», бо Павлус хизмат карданро бас кард (2 Тим. 4:10). Чаро ӯ Павлусро тарк кард? Шояд вай чизҳои моддиро аз корҳои рӯҳонӣ зиёдтар дӯст дошт ё дигар намехост барои бо Павлус хизмат кардан аз баҳри чизе барояд. Китоби Муқаддас дар ин бора аниқ намегӯяд. Ба ҳар ҳол мо аз ин мисол дарс гирифта метавонем. Шояд мо пеш аз ҳақиқатро фаҳмидан ба чизҳои моддӣ ҳаваси зиёд доштем. Ва агар ҳушёр набошем, ин хоҳишу ҳавас аз нав метавонад пурзӯр гардад ва муҳаббатамон ба ҳақиқат сард шавад.

10. Барои дар роҳи ҳақиқат устувор мондан, мо бояд ба чӣ дода нашавем?

10 Муносибат бо дигарон. Барои дар роҳи ҳақиқат устувор мондан мо бояд ба таъсири дигарон дода нашавем. Бо баробари ба ҳақиқат омадан, муносибати мо шояд бо дӯстон ва хешовандоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, тағйир ёфт. Баъзеи онҳо ба эътиқоди мо кордор нестанд, баъзеи дигар бошанд, шояд рӯирост зиддият нишон медиҳанд (1 Пет. 4:4). Албатта мо кӯшиш мекунем, ки бо онҳо меҳрубон бошем ва муносибати хубро нигоҳ дорем. Вале бояд эҳтиёт шавем, ки барои дили онҳоро ёфтан меъёрҳои Яҳуваро вайрон накунем. Мувофиқи огоҳӣ аз 1 Қӯринтиён 15:33 танҳо касоне дӯсти наздики мо буда метавонанд, ки Яҳуваро дӯст медоранд.

11. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки фикру ахлоқи худро пок нигоҳ дорем?

11 Фикру рафтори нопок. Ҳамаи онҳое, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастанд, бояд дар назари Яҳува поку муқаддас бошанд. (Иш. 35:8; 1 Петрус 1:14–16-ро хонед.) Баъди қабули ҳақиқат ҳар яки мо ба ҳаётамон дигаргунӣ даровардем, то мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунем. Ба баъзеҳо лозим омад, ки ҳаёташонро пурра тағйир диҳанд. Вале агар мо эҳтиёт нашавем, ахлоқи нопоки ин ҷаҳон рафтори поки моро олуда карда метавонад. Чӣ кор кунем, то ин бо мо рӯй надиҳад? Дар бораи он фикр кунед, ки Яҳува барои пок будани мо то чӣ андоза нархи гаронеро пардохт кардааст. Ӯ ҳаёти Писари азизаш — Исои Масеҳро барои мо қурбон намуд (1 Пет. 1:18, 19). Ҳамеша дар хотир доштани фидияи пурарзиши Исо ба мо кӯмак мекунад, ки фикру ахлоқи худро пок нигоҳ дорем.

12, 13. а) Чаро ба мо муҳим аст, ки оиди идҳо нуқтаи назари Яҳуваро фаҳмем? б) Дар давоми мақола мо чиро муҳокима мекунем?

12 Урфу одатҳои нораво. Мо медонем, ки аксарияти идҳо ва урфу одатҳо ба Яҳува маъқул нестанд. Лекин аъзоёни оила, ҳамкорон ва ҳамсинфон метавонанд моро водор кунанд, ки дар ҷашн гирифтани он маросимҳо ба онҳо ҳамроҳ шавем. Чӣ иродаи моро қавӣ мегардонад, ки ба фишори онҳо дода нашавем? Мо бояд бо ёрии адабиётҳоямон тадқиқот гузаронда, фаҳмем, ки идҳо аз куҷо сарчашма гирифтаанд ва нуқтаи назари Яҳува ба ин ё он маросим чӣ гуна аст. Ин гуна тадқиқот моро дилпур мегардонад, ки роҳи мо «ба Худованд маъқул аст» (Эфс. 5:10). Агар мо ба Яҳува ва Каломи Ӯ такя кунем, ба одамтарсӣ дода намешавем (Мас. 29:25).

13 Роҳи ҳақиқат беохир аст ва мо умед дорем, ки то абад бо он меравем. Чӣ иродаи моро қавӣ мегардонад, ки дар роҳи ҳақиқат монем? Биёед ҳоло се маслиҳатро дида бароем.

ДАР РОҲИ ҲАҚИҚАТ УСТУВОР МОНЕД

14. а) Чаро мунтазам омӯзиш кардани Китоби Муқаддас моро дар роҳи ҳақиқат устувор мегардонад? б) Барои чӣ ба мо ҳикмат, хулқу адаб ва фаҳмиш лозим аст?

14 Якум, доимо аз Каломи Худо дониш гиред ва дар бораи чизҳои фаҳмидаатон мулоҳиза ронед. Барои харидани ҳақиқат мо бояд мунтазам вақт сарф карда, аз Каломи Худо ғизои бебаҳои рӯҳониро қабул кунем. Чӣ қадаре ки мо зиёдтар дониш гирем, ҳамон қадар ҳақиқатро бештар дӯст медорем. Ва хоҳиши мо қавитар мегардад, ки онро ҳеҷ гоҳ тарк накунем. Китоби Масалҳо 23:23 мегӯяд: «Ростиро бихар ва онро нафурӯш». Он ҳамчунин мегӯяд, ки мо бояд «ҳикмат, хулқу адаб ва хирадро [ё фаҳмишро] низ» бихарем. Яъне агар мо ҳақиқатро фаҳмида бошем, худи ин кифоя нест. Мо бояд фаҳмиш дошта бошем, то чизи нав фаҳмидаамонро бо чизҳои пеш омӯхтаамон муқоиса карда, донишамонро торафт чуқур гардонем. «Ҳикмат» бошад, моро бармеангезад, ки мувофиқи донишамон амал кунем. Баъзан, ҳақиқат ба мо «хулқу адаб» ёд медиҳад ва мо мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат бояд ислоҳ шавем. Пас, биёед бо омодагӣ ба чунин насиҳат гӯш диҳем, зеро арзиши он аз нуқра ҳам қиматтар аст (Мас. 8:10).

15. Чӣ тавр камарбанди ростӣ моро муҳофизат мекунад?

15 Дуюм, мо бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаамон устуворона мувофиқи ҳақиқати Каломи Худо рафтор кунем. Китоби Муқаддас «ростӣ», яъне ҳақиқатро ба камарбанди аскар монанд мекунад (Эфс. 6:14). Дар замонҳои қадим, камарбанди аскар миён ва узвҳои дарунии ӯро муҳофизат мекард. Барои ин, ӯ бояд камарбандро маҳкам мебаст. Агар он нағз баста намешуд, аскарро хуб ҳифз намекард. Чӣ тавр ҳақиқат моро чун камарбанд муҳофизат мекунад? Агар мо ба ҳақиқати Китоби Муқаддас маҳкам часпем, он моро аз фикрҳои нодуруст эмин медорад ва ба қабули қарорҳои хуб ёрӣ медиҳад. Ҳамчунин ин ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми васвасаҳо ва озмоишҳо дуруст рафтор кунем. Аскар ҳеҷ гоҳ ба ҷанг бе миёнбанд намеравад. Ба ин монанд, мо ҳам бояд ҳар рӯз мувофиқи ҳақиқати Китоби Муқаддас амал кунем ва ҳеҷ гоҳ аз ин роҳ наравем. Камарбанд ба аскар боз имконият медод, ки шамшерашро дар он овезад. Биёед бинем, ки чӣ тавр мо чизи ба ин монандро карда метавонем.

16. Ба дигарон таълим додани ҳақиқат чӣ тавр ба худи мо кӯмак мекунад?

16 Сеюм, ҳақиқати Китоби Муқаддасро ба дигарон таълим диҳед ва то ҳадди имкон дар ин кор боғайратона иштирок кунед. Китоби Муқаддас ба шамшер монанд карда мешавад. Чуноне ки аскари хуб дар ҷанг шамшерро аз дасташ намемонад, мо низ бояд ҳамеша «шамшери рӯҳ, яъне каломи Худоро» ба кор барем (Эфс. 6:17). Мо мехоҳем, ки чун воизон маҳорати худро беҳтар гардонда, «каломи ростиро дуруст мавъиза» кунем (2 Тим. 2:15). Вақте ки мо аз Каломи Худо дигаронро таълим медиҳем, ҳақиқат дар ақлу дили худи мо чуқуртар реша медавонад. Ҳамин тариқ хоҳиши мо қавитар мегардад, ки роҳи ҳақиқатро ҳеҷ гоҳ тарк накунем.

17. Чаро ҳақиқат барои мо пурарзиш аст?

17 Ҳақиқат — ҳадияи қиматбаҳо аз ҷониби Яҳува мебошад. Ба туфайли он мо бо Падари осмониамон муносибати наздик пайдо кардем, ки ин барои мо чизи аз ҳама пурарзиш аст. Ҳақиқате, ки Яҳува то имрӯз ба мо ошкор кард, танҳо қатрае аз дарёст! Ӯ ваъда додааст, ки моро то абад таълим медиҳад. Барои ҳамин, ҳақиқатро чун марвориди қиматбаҳо қадр кунед. «Харидани» онро давом диҳед ва ҳеҷ гоҳ онро «нафурӯшед», то шумо низ мисли Довуд ба Яҳува гуфта тавонед, ки «ман дар ростии Ту рафтор менамоям» (Заб. 85:11).

^ сарх. 8 Ном иваз шудааст.

^ сарх. 8 Шумо дар бораи хоҳар Кори Уэллс аз JW Бродкастинг > ИНТЕРВЬЮ И СЛУЧАИ ИЗ ЖИЗНИ > ИСТИНА МЕНЯЕТ ЖИЗНЬ видеонаворро ба забони русӣ тамошо карда метавонед.