Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо ба Яҳува чӣ ҳадия карда метавонем?

Мо ба Яҳува чӣ ҳадия карда метавонем?

ИСО боре гуфт: «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъм. 20:35). Ин принсип ба муносибати мо бо Яҳува дахл дорад. Чӣ тавр? Яҳува ба мо бисёр чизҳоро тӯҳфа кардааст, ки онҳо ба мо хушбахтӣ меоранд. Лекин, вақте ки мо ба Ӯ чизеро медиҳем, хурсандии бештар ҳис мекунем. Мо ба Яҳува чӣ ҳадия карда метавонем? Дар Масалҳо 3:9 навишта шудааст: «Аз дороии худ... Худовандро ҷалол деҳ». Ба дороии мо вақту қувват, қобилиятҳоямон, пул ва чизҳои моддии мо дохил мешаванд. Вақте ки мо ин чизҳоро барои дастгирӣ кардани ибодати ҳақиқӣ истифода мебарем, мо ба Яҳува чизе ҳадия мекунем ва хушбахтии зиёд ба даст меорем.

Вақте гап дар бораи чизҳои моддӣ меравад, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки имконияти ба Худо ҳадия карданро аз даст надиҳем? Мо метавонем инро пешакӣ ба нақша гирем. Павлуси расул ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт чунин маслиҳат дод: «Маблағи муайянеро ҷудо кунед» (1 Қӯр. 16:2). Агар шумо дар бораи тарзҳои хайрия кардан фаҳмидан хоҳед, аз чорчӯбаи дар поёномада истифода баред.

Барои ба воситаи интернет хайрия кардан на дар ҳама давлатҳо имконият ҳаст. Лекин дар бораи дигар роҳҳои хайрия шумо метавонед аз саҳифаи интернетӣ оиди хайрияҳо, фаҳмед. Дар баъзе давлатҳо дар он саҳифа маълумоти махсус оварда шудааст, ки ба саволҳои гуногун оиди хайрияҳо ҷавоб медиҳад.