Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Яҳува ба мо таваҷҷӯҳ намуд

Яҳува ба мо таваҷҷӯҳ намуд

МАНУ занам Даниэл навакак ба меҳмонхона омада, дар қабулгоҳ худро ба қайд медаровардем, ки яке аз коркунон ба ман гуфт: «Ҷаноб, аз шумо хоҳиш карданд, ки ба полиси сарҳад занг занед». Мо ҳамагӣ чанд соат пеш ба Габон, давлати Африқои Ғарбӣ, расида будем, ки дар он ҷо фаъолияти мо аз соли 1970-ум манъ буд.

Ҳамсарам Даниэл, ки зани хеле ҳушёр буд, оҳиста ба гӯшам гуфт: «Онҳо аллакай дар ҳамин ҷо. Барои ҳамин, ба занг задан ҳоҷат нест». Ба қафо нигоҳ кардам, ки дар рӯ ба рӯйи меҳмонхона мошине омада истод. Чанд дақиқа пас, кормандони ҳарбӣ ҳардуи моро дастгир карданд. Вале хайрият, ки Даниэл онҳоро пештар дида, маро огоҳ кард ва ман тавонистам, ки баъзе ҳуҷҷатҳоро ба бародари дигар диҳам.

Дар роҳ вақте моро ба посгоҳи полис мебурданд, ман фикр мекардам, ки то чӣ андоза хушбахтам, зеро чунин зани далер дорам, ки ба Яҳува ва ташкилоташ содиқ аст. Ману Даниэл дар ҳама ҳолат аз як гиребон сар мебаровардем ва ин танҳо яке аз он ҳолатҳо буд. Биёед ҳоло нақл кунам, ки барои чӣ мо ба давлатҳое, ки фаъолияти мо он ҷо манъ буд, сафар мекардем.

ЯҲУВА ҲАҚИҚАТРО БА МАН КУШОД

Ман соли 1930 дар Круа ном шаҳрак (шимоли Фаронса) таваллуд шудаам. Волидони ман шахсони хеле диндор буданд. Онҳо ҳар ҳафта моро гирифта, барои ибодат ба калисои католикӣ мебурданд ва падарам дар калисо бисёр кӯмак мекард. Лекин дар синни 14-солагиам воқеае рӯй дод, ки чашмони маро ба дурӯя будани коҳинон воз кард.

Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аскарони фашистӣ қисми зиёди Фаронсаро ишғол намуданд. Коҳини калисо дар вақти аз минбар таълим доданаш доимо моро водор мекард, ки ҳокимияти фашистии Виширо дастгирӣ кунем. Аз суханони ӯ мо ба даҳшат меомадем. Мо мисли дигар сокинони Фаронса пинҳонӣ аз радиои BBC (Би-би-си) дар бораи қувваҳои зидди фашистӣ хабарҳоро гӯш мекардем. Вақте ки моҳи сентябри соли 1944 қувваҳои мусаллаҳ аскари фашистонро аз маҳалли мо пеш карданд, коҳини калисои мо ногаҳон муносибаташро дигар кард. Ӯ дар калисо ҳатто маросими махсус барпо намуд, ки барои муваффақияти ин лашкарон ба Худо суруди шукрона сароянд. Аз чунин дурӯягӣ ман сахт ба ҳайрат афтодам ва баъди ин дилам аз рӯҳониён тамоман хунук шуд.

Чанде пас аз ҷанг падарам вафот кард. Апаам аллакай шавҳар карда буд ва дар Белгия мезист. Ба модарам акнун ман бояд ғамхорӣ мекардам. Ман ба як фабрикаи бофандагӣ ба кор даромадам. Сардори корхона ва писараш пайравони боғайрати дини католикӣ буданд. Дар он ҷо кор карда, ман ояндаи хуб дошта метавонистам, лекин дере нагузашта, ман бо озмоише рӯ ба рӯ шудам.

Соли 1953 апаам Симона, ки Шоҳиди Яҳува шуда буд, ба хабаргирии мо омад. Ӯ Китоби Муқаддасро моҳирона истифода бурда, дурӯғ будани таълимоти калисои католикиро оиди дӯзахи оташин, Сегона ва рӯҳи намиранда нишон дод. Дар аввал ман бо ӯ розӣ нашудам, чунки вай аз Китоби Муқаддаси католикӣ истифода набурд, вале дере нагузашта, ман боварӣ ҳосил кардам, ки ӯ ҳақиқатро мегӯяд. Баъдтар ӯ ба ман шумораҳои пештараи «Бурҷи дидбонӣ»-ро овард ва ман шабона онҳоро бо ҳавас мехондам. Дар муддати кӯтоҳ ман фаҳмидам, ки ин роҳи ҳақиқат аст, вале метарсидам, ки агар бо он равона шавам, корамро аз даст медиҳам.

Чанд моҳ ман мустақилона Китоби Муқаддасро меомӯхтам ва маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ»-ро мехондам. Рӯзе ман қарор додам, ки ба вохӯрии ҷамъомад меравам. Дар он ҷо ҳама меҳрубону хушмуомила буданд ва ин ба дили ман сахт таъсир кард. Ман бо бародари ботаҷриба омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам ва баъди шаш моҳ, сентябри соли 1954, таъмид гирифтам. Чанде пас модарам ва хоҳари хурдиам низ Шоҳиди Яҳува шуданд, ки аз хурсандӣ сарам ба осмон расид.

ДАР ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКУНЕМ

Афсӯс, ки модарам чанд ҳафта пеш аз анҷумани байналхалқӣ, ки соли 1958 дар шаҳри Ню-Йорк гузашт, вафот кард. Вақте ки ман аз он анҷуман баргаштам, дигар масъулияти оилавӣ надоштам. Барои ҳамин, ман корамро партофта, хизмати пешравиро сар кардам. Он вақт ман бо Даниэл Дели ном хоҳари пешрав, ки хеле боғайрат буд, номзад шуда будам. Моҳи майи соли 1959 мо оиладор шудем.

Даниэл хизмати пурравақтро дар қишлоқҳои вилояти Бретанӣ (Фаронса) сар карда буд, ки он маҳал аз зодгоҳаш хеле дур аст. Дар он қишлоқҳо ӯ бо велосипед гашта мавъиза мекард. Хизмати ӯ далерӣ металабид, зеро сокинони он ҷо асосан католикҳои сахт диндор буданд. Даниэл низ мисли ман фикр мекард, ки анҷоми ин тартибот хеле наздик аст, аз ин рӯ, иштирок дар мавъиза барои мо дар ҷойи аввал меистод (Мат. 25:13). Рӯҳияи фидокоронае, ки ӯ дошт, ба мо кӯмак мекард, ки бо истодагарӣ пурравақт хизмат карданро давом диҳем.

Ҳамагӣ чанд рӯз пас аз тӯямон маро нозири ноҳиявӣ таъйин карданд. Мо бояд ба шароити одӣ мутобиқ мешудем. Якум ҷамъомаде, ки мо ба он рафтем, аз 14 воиз иборат буд ва бародарон барои моро ба хонаашон қабул кардан шароит надоштанд. Барои ҳамин, мо дар саҳнаи толори ибодатгоҳ матрас андохта хоб кардем. Ин дар асл қулай набуду лекин барои тахтапушт фоида дошт.

Мо барои хабаргирии ҷамъомадҳо бо мошини хурдамон мерафтем

Нигоҳ накарда ба он ки мо хеле серкор будем, Даниэл ба реҷаи хизматамон тез одат кард. Бисёр вақт лозим меомад, ки бо бародарони масъул вохӯриҳои берун аз нақша гузаронем. Даниэл бошад, дар мошини хурдамон нишаста, маро интизор мешуд. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ ғур-ғур намекард. Мо ҳамагӣ ду сол дар хизмати ноҳиявӣ будем. Дар давоми ин вақт мо фаҳмидем, ки ба ҷуфти ҳамсарон фикрҳои худро ба якдигар ошкоро баён кардан ва аз як гиребон сар баровардан хеле муҳим аст (Воиз 4:9).

ТАЪЙИНОТИ НАВ ДАР ХИЗМАТ

Соли 1962 мо ба Бруклин (Ню-Йорк) ба синфи 37-уми Мактаби Ҷилъод таклиф шудем. Он таҳсил бояд 10 моҳ давом мекард. Дар байни 100 нафар донишҷӯён 13 ҷуфти ҳамсарон буданд. Ва ману Даниэл хеле хурсанд будем, ки дар ин мактаб якҷоя мехонем. Дар давоми таҳсил мо бо чунин бародарони содиқ, ба мисли Фредерик Френс, Юлиссис Гласс ва Александр Макмиллан муошират мекардем, ки аз онҳо то ҳол хотираҳои ширин боқӣ мондаанд.

Мо аз таҳсил дар Мактаби Ҷилъод хеле хурсанд будем

Дар давоми таҳсил дар Ҷилъод моро бармеангехтанд, ки мушоҳидакор буданро ёд гирем. Рӯзҳои шанбе, баъди тамом шудани дарс моро ба ҷойҳои тамошобоби шаҳри Ню-Йорк мебурданд. Ва мо оиди чизҳои дидаамон бояд рӯзи душанбе иншо менавиштем. Аз тамошо аксар вақт мо беҳолу бемадор бармегаштем. Роҳбалади мо, ки яке аз ихтиёриёни Байт-Ил буд, оиди чизҳои дидаамон савол медод, то ки мо фикрҳои асосиро барои навиштани иншо дар хотир нигоҳ дорем. Боре рӯзи шанбе мо баъди нисфирӯзӣ соатҳои дароз дар шаҳр гаштем. Мо ба биное, ки сайёраҳо тамошо мекунанд, рафтем. Он ҷо ба мо дар бораи метеорҳо ва метеоритҳо нақл карданд. Ва дар Осорхонаи таърихи табиии Амрикоӣ мо дар бораи намудҳои гуногуни тимсоҳ фаҳмидем. Вақте ки ба Байт-Ил баргаштем, роҳбалад аз мо пурсид: «Хайр, канӣ гӯед, метеор аз метеорит чӣ фарқ дорад?» Даниэл чунон хаста буд, ки ҷавоб дод: «Ҳа, фарқаш дар он ки метеоритҳо дандони дарозтар доранд».

Хабар гирифтани бародару хоҳарони азиз дар Африқо моро рӯҳбаланд мекард

Баъди хатми Ҷилъод моро ба филиали Фаронса таъйин карданд, ки мо аз ин хеле ба ҳайрат омадем. Дар он ҷо ману Даниэл зиёда аз 53 сол хизмат кардем. Соли 1976 ман координатори Кумитаи Филиал таъйин шудам. Инчунин ман таъйинот гирифтам, ки ба давлатҳои Африқо ва Шарқи Миёна, ки фаъолияти мо дар онҳо манъ ё маҳдуд буд, сафар кунам. Ва Габон яке аз он мамлакатҳо буд, ки дар бораи ба он ҷо сафар карданамон ман дар сарсуханам нақл кардам. Рости гап, баъзан ба назарам чунин менамуд, ки ман ин супоришҳои навро иҷро карда наметавонам. Вале бо кӯмаки Даниэл, ман аз ӯҳдаи қариб ҳар гуна таъйинот баромадам.

Дар анҷумани «Адолати Худо», ки соли 1988 дар Париж гузашт, нутқи бародар Теодор Ярачро тарҷума мекунам

БО ОЗМОИШИ КАЛОН ДУЧОР МЕШАВЕМ

Аз рӯзҳои аввал дар Байт-Ил кору зиндагӣ кардан ба мо маъқул буд. Даниэл, ки панҷ моҳи пеш аз Мактаби Ҷилъод забони англисиро омӯхта буд, дар тарҷума кардани адабиётҳоямон моҳирона кӯмак мекард. Мо аз хизмати Байт-Ил қаноатмандии зиёд мегирифтем ва иштирок дар корҳои ҷамъомад шодии моро дучанд мегардонд. Аз он вақтҳо хотираҳои ширин боқӣ мондаанд. Ману Даниэл бо якчанд шахсони самимӣ омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронида, бевақтии шаб бо метрои Париж ба хона бармегаштем. Мо хеле хаста бошем ҳам, лекин беҳад хурсанд будем, ки бо чунин одамони самимӣ омӯзиш гузарондем. Вале ногаҳон саломатии Даниэл бад шуд ва акнун ӯ ба он дараҷае, ки мехост, дар хизмат фаъол буда наметавонист.

Соли 1993 духтурон гуфтанд, ки ӯ ба бемории саратони ғадуди сина гирифтор шудааст. Барои муолиҷа ба ӯ ҷарроҳӣ ва табобати кимёвӣ таъйин намуданд, ки дарди ҷонкоҳ мерасонд. Баъди 15 сол занам боз бо ҳамин беморӣ дучор шуд, вале он дараҷаи вазнинтари саратон буд. Даниэл чун тарҷумон хизмат карданро хеле қадр мекард. Барои ҳамин, вақте ки саломатиаш нисбатан беҳтар шуд, аз нав хизматашро давом дода тавонист.

Ҳарчанд Даниэл сахт бемор буд, мо ҳеҷ гоҳ фикри аз Байт-Ил рафтанро намекардем. Ба ҳар ҳол, бемор буда, дар Байт-Ил зистан душвориҳои худро дорад, хусусан вақте ки дигарон то чӣ андоза ҷиддӣ будани вазъиятро намедонанд (Мас. 14:13). Ҳатто вақте ки Даниэл қариб 80-сола буд, чеҳраи хандон ва қаду қомати зебояш бемор будани ӯро маълум намесохт. Лекин ӯ фақат дар бораи худаш фикр карда ғусса намехӯрд. Баръакс, вай доимо кӯшиш мекард, ки дигаронро дастгирӣ кунад. Даниэл медонист, ки бодиқат гӯш кардани шахсони ғамгин дарди онҳоро сабуктар карда метавонад (Мас. 17:17). Даниэл ба дигарон ҳеҷ гоҳ даркору нодаркор маслиҳат намедод, балки аз рӯйи таҷрибаи худаш ба бисёр хоҳарон кӯмак мекард, ки аз бемории саратон натарсанд.

Баъдтар мо боз бо як душвории нав рӯ ба рӯ шудем. Саломатии Даниэл дигар имконият намедод, ки рӯзи пурра хизмат кунад. Вале ӯ ин вазъияташро барои боз ҳам зиёдтар дастгирӣ кардани ман истифода бурд. Умуман, ӯ бисёр кӯшиш карда буд, ки ҳаёти маро осонтар гардонад. Ҳамин тавр ман имконият доштам, ки 37 сол чун координатори Кумитаи филиал хизмат кунам. Масалан, вай одатан ҳама чиро тайёр мекард, то мо ҳар рӯз хӯроки нисфирӯзиро дар ҳуҷраамон якҷоя хӯрда, каме дам гирем (Мас. 18:22).

БА ТАШВИШҲОИ ҲАРРӮЗА ТОБ МЕОРЕМ

Даниэл ҳамеша зиндадил буд ва ҳаётро дӯст медошт. Баъдтар касалии саратон бори сеюм дар ӯ авҷ гирифт. Мо худро нотавон ҳис мекардем. Сеансҳои табобати кимёвӣ ва нурӣ чунон ӯро беқувват мекарданд, ки баъзан ӯ базӯр роҳ мерафт. Дили ман аз он реш-реш мешуд, ки ҳамсари азизи ман тарҷумони моҳир бошад ҳам, баъзан барои баён кардани фикраш дар ёфтани калима азоб мекашид.

Мо худро нотавон ҳис мекардем, вале доимо ба Яҳува дуо мегуфтем. Мо боварӣ доштем, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, то мо аз қувват зиёд азоб кашем (1 Қӯр. 10:13). Яҳува моро ба воситаи Каломаш, ходимони шӯъбаи тиббии Байт-Ил ва оилаи рӯҳониамон бо муҳаббат дастгирӣ мекард. Мо ҳамеша кӯшиш мекардем, ки барои ҳамаи ин ҳисси миннатдориро нигоҳ дорем.

Мо бисёр вақт дар дуо аз Яҳува роҳбарӣ мепурсидем, ки дар интихоби намуди муолиҷаи лозима ба мо кӯмак кунад. Муддате буд, ки мо ягон хел муолиҷа намегирифтем. Даниэл баъди ҳар як сеанси муолиҷаи кимёвӣ беҳуш мешуд ва духтуре, ки давоми 23 сол ба вай кӯмак мекард, сабаби инро фаҳмонда наметавонист. Он духтур низ ягон чора дида наметавонист. Мо бо душворӣ гӯё танҳо ба танҳо монда будем ва хавотир будем, ки минбаъд чӣ мешавад. Баъд як духтури дигари саратоншинос ба муолиҷа кардани Даниэл розӣ шуд. Мо ҳис кардем, ки ин ёрӣ аз тарафи Яҳува буд, то мо дар мушкилиамон истодагарӣ кунем.

Мо танҳо оиди як рӯз фикр кардан ва дар бораи фардо ғам нахӯрданро ёд гирифтем. Чуноне ки Исо гуфт, «ташвиши имрӯза барои ҳамин рӯз басанда аст» (Мат. 6:34). Инчунин доштани рӯҳияи мусбӣ ва шӯхтабиат будан ба мо кӯмак мекард. Масалан, вақте Даниэл ду моҳ муолиҷаи кимёвӣ нагирифт, вай бо табассум шӯхӣ карда мегуфт: «Медонӣ, ман ҳеҷ гоҳ худро мисли ҳозир хуб ҳис намекардам» (Мас. 17:22). Ба бемориаш нигоҳ накарда, ӯ бо овози бурро сароидани сурудҳои Салтанатро машқ мекард ва аз ин ҳаловат мегирифт.

Корҳое буданд, ки ман аз ӯҳдаашон намебаромадам, вале рӯҳияи мусбӣ доштани Даниэл инро рӯпӯш мекард. Росташро гӯям, давоми 57 соли оиладориамон занам дар бораи бисёр ниёзҳои ман ғамхорӣ мекард. Вай ҳатто намехост, ки тайёр кардани тухмбирёнро ба ман ёд диҳад, чунки доимо худаш хӯрок тайёр мекард. Вақте ки аз боиси бад шудани саломатиаш ӯ беқувват шуд, ман бояд шустани косаву табақ, либосшӯӣ ва пухтани хӯроки одиро ёд мегирифтам. Дар рафти ёд гирифтани ин корҳо ман якчанд зарфи шишагинро афтонда шикастам. Вале ғамхорӣ кардан нисбати Даниэл ба ман хурсандӣ меовард *.

МИННАТДОРӢ БАРОИ МЕҲРУБОНИИ ЯҲУВА

Ба қафо нигариста, ман дарк мекунам, ки ҳарчанд мушкилиҳои бо саломатӣ ва пиронсолӣ алоқаманд моро дар хизмат маҳдуд мекарданд, ман аз онҳо дарс гирифтам. Якум, мо бояд ҳамеша ҳамсари азизамонро қадр кунем ва нагузорем, ки серкорӣ ба ин халал расонад. Мо бояд солҳои пур аз қувват будани худро ба таври беҳтарин истифода бурда, дар бораи шахсони наздикамон ғамхорӣ кунем (Воиз 9:9). Дуюм, мо набояд оиди чизҳои майда-чуйда ғам хӯрем. Дар акси ҳол, мо бисёр баракатҳоеро, ки ҳар рӯз Яҳува медиҳад, надида мемонем (Мас. 15:15).

Вақте ман оиди ҳаёти дар хизмати пурравақт гузаронидаамон мулоҳиза меронам, мебинам, ки Яҳува моро бо фаровонӣ баракат дод. Ва ман мисли забурнавис гуфта метавонам, ки Яҳува ба ман таваҷҷӯҳ намуд (Заб. 114:7).

^ сарх. 32 Хоҳар Даниэл Бокарт ҳангоми ба чоп тайёр шудани ин мақола дар синни 78-солагӣ вафот кард.