Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 2

Дар ҷамъомад Яҳуваро ҳамд гӯед

Дар ҷамъомад Яҳуваро ҳамд гӯед

«Дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард» (ЗАБ. 21:23).

СУРУДИ 104 Яҳуваро бо мо ҳамд гӯй!

ПЕШГУФТОР *

1. Довуд нисбати Яҳува чӣ ҳиссиёт дошт ва ин ӯро ба чӣ бармеангехт?

 ШОҲ ДОВУД навишт: «Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ [сазовори ҳамду сано]» (Заб. 144:3). Довуд Яҳуваро дӯст медошт ва ин муҳаббаташ бармеангехт, то Худоро «дар миёни ҷамоат» ҳамд гӯяд (Заб. 21:23; 39:6). Бешубҳа, шумо низ Яҳуваро дӯст медоред ва бо суханони зерини Довуд розиед: «Эй Худованд Худои падари мо Исроил! Ту аз азал то абад муборак ҳастӣ» (1 Вақ. 29:10–13).

2. а) Чӣ тавр мо Яҳуваро ҳамд гуфта метавонем? б) Баъзе бародарону хоҳарон чӣ гуна душворӣ доранд ва мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

2 Имрӯз мо бо роҳҳои гуногун метавонем Яҳуваро ҳамду сано гӯем. Яке аз онҳо — дар ҷамъомад шарҳ додан аст. Лекин, барои баъзе бародарону хоҳарон ин мушкилии ҷиддӣ мебошад. Онҳо мехоҳанд дар ҷамъомад иштирок кунанд, лекин аз тарс бошад ё аз шарм ҷавоб намедиҳанд. Чӣ гуна онҳо ба ин мушкилӣ ғолиб омада метавонанд? Ва кадом қадамҳои амалӣ ба ҳар яки мо кӯмак мекунанд, то дар ҷамъомад ҷавобҳои рӯҳбаландкунанда диҳем? Пеш аз муҳокимаи ин саволҳо, биёед аввал чор сабаби асосиро дида бароем, ки чаро мо дар ҷамъомад шарҳ медиҳем.

ЧАРО МО ДАР ҶАМЪОМАДҲО ҶАВОБ МЕДИҲЕМ?

3–5. а) Мувофиқи Ибриён 13:15, чаро мо дар вохӯриҳо шарҳ медиҳем? б) Оё ҷавобҳои мо дар ҷамъомад бояд якхела бошанд? Фаҳмонед.

3 Яҳува ба ҳар яки мо имконияти пуршараф медиҳад, то Ӯро ҳамд гӯем (Заб. 118:108). Ҷавобҳое, ки мо дар вохӯриҳои ҷамъомад медиҳем, қисми «қурбонии ҳамду сано»-и мо мебошанд ва ҳеҷ каси дигар наметавонад онро ба ҷойи мо тақдим намояд. (Ибриён 13:15-ро хонед.) Оё Яҳува талаб мекунад, ки ҳама хизматгоронаш қурбонии якхела оранд, яъне як хел ҷавоб диҳанд? Албатта, не!

4 Яҳува мефаҳмад, ки қобилияту вазъияти мо гуногунанд ва Ӯ ҳама қурбониҳои моро қадр мекунад. Дар бораи қурбониҳое фикр кунед, ки исроилиён мекарданд. Баъзе исроилиён барра ё бузро ба қурбонӣ меоварданд. Лекин исроилиёни камбағал метавонистанд «ду фохта [мусича] ё ду чӯҷаи кабӯтарро» тақдим кунанд. Ва агар ба овардани парранда низ зӯрашон нарасад, Яҳува «даҳяки эфа орди маҳин»-ро қабул мекард (Ибд. 5:7, 11). Ҳарчанд ин намуди ҳадия назар ба чизҳои дар боло номбаршуда арзонтар меистод, агар он «орди маҳин», яъне беҳтарин мебуд, Яҳува онро бо хурсандӣ қабул мекард.

5 Имрӯз Яҳува ба қурбониҳои мо низ ҳамин тавр менигарад. Ӯ талаб намекунад, ки ҳамаи мо мисли Апуллус суханвар бошем, ё мисли Павлус бо боварӣ гап занем (Аъм. 18:24; 26:28). Яҳува фақат интизор аст, ки мо аз рӯйи имконияти худ шарҳи беҳтаринро ба Ӯ тақдим кунем. Оё шумо бевазанеро, ки ду тангаи хурдро ҳадия овард, дар хотир доред. Хайрияи ӯ дар назари Яҳува хеле қиматбаҳо буд, чунки ӯ аз он чӣ дошт, чизи беҳтаринашро овард (Луқ. 21:1–4).

Шарҳ додан ҳам ба худи мо ва ҳам ба дигарон манфиат меорад (Ба сархатҳои 6 ва 7 нигаред.) *

6. а) Мувофиқи Ибриён 10:24, 25, ҷавобҳое, ки дар ҷамъомад мешунавем, ба мо чӣ гуна таъсир карда метавонанд? б) Чӣ тавр барои шарҳҳои рӯҳбаландкунандаи дигарон шумо миннатдорӣ нишон дода метавонед?

6 Мо бо ҷавобҳоямон дигаронро рӯҳбаланд мекунем. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.) Дар вохӯриҳо шунидани ҷавобҳои гуногун ба мо маъқул аст. Масалан, ҷавобҳои одӣ ва самимии кӯдакон моро ба завқ меорад. Ё вақте ягон кас ин ё он ҷониби ҳақиқатро чуқуртар фаҳмида, дар ин бора бо ҷӯшу хурӯш гап мезанад, ин моро рӯҳбаланд мекунад. Ҳатто вақте касони шармгин ё онҳое, ки забони моро меомӯзанд, «далерӣ пайдо» карда, шарҳ медиҳанд, мо аз ин хурсанд мешавем (1 Тас. 2:2). Барои кӯшишҳои онҳо чӣ тавр миннатдорӣ нишон додан мумкин аст? Як роҳ ин аст, ки баъди ҷамъомад ба назди онҳо рафта, барои шарҳҳои хубашон раҳмат гӯем. Боз як роҳаш ин аст, ки худамон низ дар ҷамъомад шарҳ диҳем. Он гоҳ нафақат худамон рӯҳбаланд мешавем, балки дигаронро низ рӯҳбаланд мекунем (Рум. 1:11, 12).

7. Ҷавоб додан дар вохӯриҳо чӣ тавр ба худи мо манфиат меорад?

7 Бо додани ҷавоб мо ба худамон фоида мерасонем (Иш. 48:17). Чӣ тавр? Якум, агар мо мақсад гузорем, ки шарҳ медиҳем, он гоҳ хубтар ба ҷамъомад тайёрӣ мебинем. Ва ин дар навбати худ дониши моро дар бораи Каломи Худо чуқуртар мегардонад. Дар натиҷа мо онро хубтар ба кор бурда метавонем. Дуюм, вақте мо дар муҳокима иштирок мекунем, аз он хурсандии бештар мегирем. Ва азбаски мо барои ҷавоб додан тайёрӣ мебинем ва фикр мекунем, шарҳи додаамон дурудароз дар хотирамон мемонад.

8, 9. а) Чуноне ки ояти Малокӣ 3:16 нишон медиҳад, Яҳува ба шарҳҳои мо чӣ тавр муносибат мекунад? б) Баъзеҳо чӣ мушкилӣ доранд?

8 Дар бораи имонамон гап задан ба Яҳува маъқул аст. Бешубҳа, Яҳува шарҳҳои моро мешунавад ва кӯшишу ҳаракати моро қадр мекунад. (Малокӣ 3:16-ро хонед.) Ӯ мебинад, ки мо барои ба Ӯ писанд омадан сахт кӯшиш мекунем ва барои ин моро баракат медиҳад (Мал. 3:10).

9 Инак, мо дида баромадем, ки дар ҷамъомад шарҳ додан хеле муҳим аст. Бо вуҷуди ин, баъзеҳо метарсанд, ки дасти худро бардошта ҷавоб диҳанд. Агар шумо ҳам чунин мушкилӣ дошта бошед, рӯҳафтода нашавед. Биёед баъзе принсипҳои Китоби Муқаддас, мисолҳо ва маслиҳатҳои амалиро дида бароем. Онҳо ба ҳар яки мо кӯмак мекунанд, ки дар вохӯриҳо зиёдтар ҷавоб диҳем.

БА ТАРСИ ХУД ҒОЛИБ ОЕД

10. а) Аксарияти мо чӣ гуна тарс дорем? б) Доштани тарс нишонаи чӣ буда метавонад?

10 Мумкин вақте шумо барои ҷавоб додан даст мебардоред, дилатон ба тапиш медарояд ва шуморо ларза фаро мегирад. Лекин шумо танҳо нестед. Дар асл, аксарияти мо ҳангоми ҷавоб додан каме тарс ҳис мекунем. Барои ба чунин тарс ғолиб омадан, шумо аввал бояд сабаби онро муайян кунед. Оё шумо аз он метарсед, ки гапатонро фаромӯш мекунед ё нодуруст ҷавоб медиҳед? Ё фикр мекунед, ки мисли дигарон шарҳи хуб дода наметавонед? Аслан аз ин чизҳо ба ташвиш омадан он қадар нодуруст нест. Чунки ин нишон медиҳад, ки шумо фурӯтанед ва дигаронро аз худ боло медонед. Яҳува ин хислатро қадр мекунад (Заб. 137:6; Флп. 2:3). Вале Яҳува инчунин мехоҳад, ки шумо бо шарҳҳои худ Ӯро ҷалол диҳед ва бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд кунед (1 Тас. 5:11). Ӯ шуморо дӯст медорад ва чи қадаре ки даркор бошад, далерӣ медиҳад.

11. Кадом суханони Китоби Муқаддас барои ба тарс ғолиб баромадан ёрӣ дода метавонанд?

11 Биёед баъзе суханони Китоби Муқаддасро ба ёд орем. Мисол, дар он гуфта шудааст, ки ҳамаи мо дар сухан ва тарзи гуфтани он хато мекунем (Яъқ. 3:2). Яҳува ва бародару хоҳарон аз мо ҷавобҳои комилро интизор нестанд (Заб. 102:12–14). Дар асл, онҳо оилаи мо мебошанд ва моро дӯст медоранд (Марқ. 10:29, 30; Юҳ. 13:35). Ва онҳо мефаҳманд, ки баъзан мо он чиро ки мехоҳем, аниқ гуфта наметавонем.

12, 13. Мо аз мисоли Наҳемё ва Юнус чӣ меомӯзем?

12 Ҳамчунин якчанд мисоли Китоби Муқаддас ба шумо ёрӣ дода метавонанд. Яке аз онҳо мисоли Наҳемё мебошад, ки дар дарбори шоҳи пурқудрат хизмат мекард. Боре Наҳемё аз шунидани он ки деворҳо ва дарвозаҳои Ерусалим дар харобианд, хеле ғамгин шуд (Наҳемё 1:1–4). Шоҳ аз ӯ пурсид, ки барои чӣ ин қадар зиқ аст. Тасаввур кунед, ки аз ин саволи подшоҳ вай чӣ қадар тарсид ва дилаш ба тапиш даромад. Наҳемё дарҳол дуо гуфта, баъд ба подшоҳ ҷавоб дод. Дар натиҷа, подшоҳ ба халқи Худо кӯмаки калон расонд (Наҳемё 2:1–8). Инчунин дар бораи мисоли Юнус фикр кунед. Вақте Яҳува ба вай супориш дод, ки рафта ба сокинони шаҳри Нинве гап занад, ӯ чунон тарсид, ки ба самти муқобил гурехт (Юнус 1:1–3). Вале бо ёрдами Яҳува ӯ дар охир супориши худро иҷро кард. Ва аз суханони Юнус одамони Нинве тавба карда, наҷот ёфтанд (Юнус 3:5–10). Аз мисоли Наҳемё мо мефаҳмем, ки пеш аз ҷавоб додан дуо гуфтан муҳим аст. Мисоли Юнус бошад, нишон медиҳад, ки ҳатто мо сахт тарс дошта бошем ҳам, Яҳува ба мо кӯмак карда метавонад. Ва дар асл бародарону хоҳарон дар ҷамъомад мисли сокинони Нинве бадвоҳима нестанд, ки мо аз онҳо тарсем.

13 Кадом маслиҳатҳои амалӣ ба шумо кӯмак мекунанд, ки дар ҷамъомад шарҳҳои рӯҳбаландкунанда диҳед? Биёед якчанд пешниҳодро дида бароем.

14. Барои чӣ мо бояд ба вохӯриҳо хуб тайёрӣ бинем ва барои ин вақтро чӣ тавр ҷудо кардан мумкин аст?

14 Ба ҳар як вохӯрӣ тайёрӣ бинед. Агар шумо вақт ҷудо карда, ба ҷамъомад хуб тайёрӣ бинед, ҷавоб додан ба шумо осонтар мегардад (Эфс. 5:16). Албатта, ҳамаи мо шароит ва реҷаи гуногун дорем. Масалан, Элоиз, ки бевазани 80-сола мебошад, ба мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» тайёриро аз аввали ҳафта сар мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман аз вохӯриҳо ҳамон вақт ҳаловат мегирам, агар ба омӯзиш пешакӣ тайёрӣ бинам». Хоҳаре бо номи Ҷой, ки рӯзи пурра кор мекунад, ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» як рӯз пеш аз ҷамъомад тайёрӣ мебинад. «Ин ба ман кӯмак мекунад, ки мавзӯъро нағз дар хотир дорам»,— мегӯяд ӯ. Айк ном пири ҷамъомад, ки пешрав мебошаду хеле серкор аст, мегӯяд: «Барои ман қулай аст, ки якбора дурудароз неву, дар давоми ҳафта кам-кам тайёрӣ бинам».

15. Чӣ тавр шумо ба вохӯриҳо хуб тайёрӣ дида метавонед?

15 Чӣ тавр мо ба ҷамъомад хуб тайёрӣ дида метавонем? Ҳамеша, аввал ба Яҳува дуо гуфта, рӯҳи муқаддас пурсед (Луқ. 11:13; 1 Юҳ. 5:14). Баъд, дар давоми якчанд дақиқа номи мавзӯъ, зерсарлавҳаҳо, расмҳо ва саволҳо барои такрорро аз назар гузаронед. Ва ҳангоми омӯзиши сархатҳо кӯшиш кунед, то ҳар чӣ бештар оятҳои овардашударо хонед. Дар бораи маълумоти хондаатон мулоҳиза ронед. Ба фикрҳое, ки дар ҷавобатон гуфтан мехоҳед, диққати махсус диҳед. Чи қадаре ки хуб тайёрӣ бинед, ҳамон қадар фоидаи бештар мегиред ва ҷавоб додан бароятон осонтар мегардад (2 Қӯр. 9:6).

16. Кадом воситаҳои электронӣ ба забони шумо дастрасанд ва шумо онҳоро чӣ тавр истифода мебаред?

16 Агар имконият бошад, аз воситаҳои электронии ба забонатон дастрас истифода баред. Яҳува ба воситаи ташкилоташ барои мо маводҳои электрониро фароҳам овардааст, ки бо ёрии онҳо ба ҷамъомад тайёрӣ дидан қулай аст. Масалан, аз барномаи «JW Library»® адабиётҳои омӯзиширо ба таҷҳизоти электрониамон боргирӣ кардан мумкин аст. Сипас, мо он мавзӯъҳоро дар вақту ҷойи бароямон қулай метавонем омӯзиш кунем, ё ақаллан хонем ва гӯш кунем. Баъзеҳо дар ҷойи кор ё мактаб ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ ва ё дар нақлиёт бо ёрии ин барнома тайёрӣ мебинанд. «Китобхонаи электронии Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ва «ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ» ба мо кӯмак мекунанд, ки баъзе фикрҳои мавзӯъро чуқуртар таҳқиқ кунем.

Кай шумо ба вохӯриҳои ҷамъомад тайёрӣ мебинед? (Ба сархатҳои 14–16 нигаред.) *

17. а) Барои чӣ хуб мебуд, ки якчанд ҷавоб тайёр кунем? б) Аз видеонавори «Дӯсти Яҳува шав! Ҷавоби худро тайёр кун» шумо чӣ дарс мегиред?

17 Агар имконият бошад, якчанд ҷавоб тайёр кунед. Барои чӣ? Чунки вақте шумо даст мебардоред, баранда шояд шуморо напурсад. Эҳтимол дигарон низ дар ин вақт даст бардоранд ва ӯ метавонад онҳоро пурсад. Барои вохӯриро дар вақташ ба охир расондан дар баъзе қисми барнома шояд шумораи маҳдуди воизон пурсида шаванд. Барои ҳамин, агар бори якум даст бардореду шуморо напурсанд, аз ин хафа ё рӯҳафтода нашавед. Агар шумо якчанд шарҳ тайёр карда бошед, барои ҷавоб додан боз имконият доред. Яке аз шарҳҳое, ки шумо тайёр мекунед, ин хондани оят буда метавонад. Лекин агар тавонед, бо суханони худатон низ шарҳ тайёр кунед *.

18. Чаро мо бояд ҷавобҳои кӯтоҳ диҳем?

18 Шарҳҳои кӯтоҳ диҳед. Аксар вақт маҳз шарҳҳои одӣ ва кӯтоҳ дигаронро рӯҳбаланд мекунанд. Аз ин рӯ, мақсад гузоред, ки кӯтоҳ ҷавоб диҳед. Кӯшиш кунед, то шарҳи шумо аз 30 сония зиёд набошад (Мас. 10:19; 15:23). Онҳое, ки солҳои зиёд дар роҳи ҳақиқат мебошанд, аз ин ҷиҳат бояд намунаи ибрат бошанд. Агар шумо дурудароз дар бораи якчанд чиз гап занед, дигарон метавонанд барои ҷавоб додан тарс пайдо кунанд. Онҳо шояд фикр кунанд, ки мисли шумо ҷавоб дода наметавонанд. Шарҳҳои кӯтоҳ боз имконият медиҳанд, ки ҳар чи бештари одамон дар муҳокима иштирок кунанд. Хусусан агар шумо якум шуда, ба саволе ҷавоб диҳед, шарҳи шумо бояд кӯтоҳ ва аниқ бошад. Ҳамаи фикрҳои сархатро дар ҷавобатон қайд накунед. Баъди садо додани фикри асосӣ шумо метавонед фикрҳои иловагиро шарҳ диҳед. (Ба чорчӯбаи « Дар ҷавоби худ ман чӣ гуфта метавонам?» нигаред.)

19. Чӣ тавр баранда ба шумо кӯмак карда метавонад, вале шумо барои ин бояд чӣ кор кунед?

19 Ба баранда гӯед, ки ба сархати махсус ҷавоб додан мехоҳед. Шумо метавонед чанде пеш аз сар шудани вохӯрӣ аз баранда хоҳиш кунед, то шуморо ба сархате, ки нағз тайёрӣ дидаед, пурсад. Ҳангоми муҳокима шудани он сархат зуд дасти худро баланд бардоред, то баранда шуморо бинад.

20. Аз кадом ҷиҳат вохӯрии ҷамъомадро ба зиёфати дӯстон монанд кардан мумкин аст?

20 Вохӯрии ҷамъомадро ба зиёфате монанд кардан мумкин аст, ки дар он дӯстон якҷоя хӯрок мехӯранд. Агар касе шуморо ба меҳмонӣ таклиф карда аз шумо хоҳиш мекард, ки каме хӯрдание гирифта оред, шумо чӣ тавр муносибат мекардед? Шояд шумо каме хавотир шавед, ки чизи овардаатон ба дигарон маъқул мешуда бошад ё не. Лекин бешубҳа шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро мекардед, то он ба ҳама маъқул шавад. Яҳува гӯё моро ба зиёфат таклиф мекунад ва дастархони пурнозу неъмат меорояд (Заб. 22:5; Мат. 24:45). Вақте ки мо кори аз дастамон меомадаро карда, тӯҳфаи одие меорем, Яҳува хеле хурсанд мешавад. Барои ҳамин, ба вохӯриҳои ҷамъомад нағз тайёрӣ бинед ва дар онҳо ҳарчи бештар иштирок кунед. Он гоҳ шумо на танҳо аз дастархони Яҳува хӯрок мехӯред, балки худатон низ ба аъзоёни ҷамъомад чизеро тақдим мекунед.

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

^ Ҳамаи мо мисли Довуди забурнавис Яҳуваро дӯст медорем ва аз ҳамду сано кардани Ӯ хурсандӣ мегирем. Дар вохӯриҳои ҷамъомад иштирок карда, мо метавонем ба таври махсус муҳаббатамонро ба Яҳува нишон диҳем. Лекин барои баъзеҳо дар ҷамъомад шарҳ додан хеле душвор аст. Оё шумо низ чунин мушкилӣ доред? Чӣ шуморо аз ҷавоб додан бозмедорад? Ин мақола ба шумо кӯмак мекунад, то он душвориҳоро муайян сохта, онҳоро бартараф созед.

^ Ба сайти jw.org, ба саҳифаи АДАБИЁТҲО > ВИДЕО > КӮДАКОН даромада видеонавори «Дӯсти Яҳува шав! Ҷавоби худро тайёр кун»-ро тамошо кунед.

^ ШАРҲИ РАСМ: Аъзоёни ҷамъомад хурсандона дар муҳокимаи «Бурҷи дидбонӣ» иштирок мекунанд.

^ ШАРҲИ РАСМ: Расми баъзе аъзоёни ҷамъомад, ки дар расми пешина дар муҳокимаи «Бурҷи дидбонӣ» иштирок мекарданд. Нигоҳ накарда ба вазъияти гуногуни худ ҳамаи онҳо вақт ҷудо карда, барои вохӯрии ҷамъомад тайёрӣ мебинанд.