Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 10

Барои таъмид гирифтанам чӣ халал мерасонад?

Барои таъмид гирифтанам чӣ халал мерасонад?

«Филиппус ва ҳабашӣ, ба об даромаданд ва Филиппус ӯро таъмид дод» (АЪМ. 8:38).

СУРУДИ 7 Бахшидани худ ба Яҳува

ПЕШГУФТОР *

1. Одаму Ҳавво аз чӣ маҳрум гаштанд ва оқибат чӣ шуд?

БА ФИКРИ шумо кӣ ҳақ дорад, ки меъёрҳои некиву бадиро муайян созад? Вақте Одаму Ҳавво аз меваи дарахти некиву бадӣ хӯрданд, онҳо рӯйирост нишон доданд, ки ба Яҳува ва меъёрҳои Ӯ боварӣ надоранд. Онҳо худашон муайян кардан хостанд, ки чӣ нек асту чӣ бад (Ҳас. 3:22). Вале як лаҳза истода фикр кунед, ки Одаму Ҳавво чиро аз даст доданд. Онҳо акнун дигар дӯсти Яҳува набуданд, аз имконияти ҷовидона зистан маҳрум шуданд ва ба насли худ гуноҳу маргро мерос гузоштанд (Рум. 5:12). Бале қарори онҳо бадбахтӣ овард.

Ҳабашии мансабдор ба Исо имон оварда хост, ки ҳар чи зудтар таъмид гирад (Ба сархатҳои 2 ва 3 нигаред.)

2, 3. а) Вақте Филиппус ба ҳабашии мансабдор мавъиза кард, ӯ чӣ кор кард? б) Таъмид гирифтан чӣ баракатҳо меорад ва мо кадом саволҳоро дида мебароем?

2 Рафтори Одаму Ҳавворо бо рафтори ҳабашии мансабдоре, ки аз Филиппус хушхабарро шунид, муқоиса кунед. Баъди он ки Филиппус ба он ҳабашӣ мавъиза кард, ӯ аз Яҳува ва Исо барои корҳои кардаашон чунон миннатдор шуд, ки дарҳол таъмид гирифт (Аъм. 8:34–38). Вақте мо ҳаёти худро ба Худо бахшида мисли он ҳабашӣ таъмид мегирем, мо низ нишон медиҳем, ки аз Яҳува ва Исо хеле миннатдорем. Таъмиди мо инчунин нишон медиҳад, ки мо Яҳуваро сазовори боварӣ медонем ва эътироф мекунем, ки танҳо Ӯ ба муқаррар кардани меъёрҳои некиву бадӣ ҳақ дорад.

3 Фикр кунед, ки хизмат ба Яҳува чӣ баракатҳо меорад! Масалан, дар оянда Яҳува ҳамаи он чизҳоеро, ки Одаму Ҳавво аз даст доданд, аз он ҷумла ҳаёти ҷовидониро ба мо ато мекунад. Азбаски мо ба қурбонии ҳазрати Исо имон меорем, Яҳува хатоҳои моро мебахшад ва ба мо виҷдони пок медиҳад (Мат. 20:28; Аъм. 10:43). Инчунин мо аъзои халқи Яҳува ҳастем, ки ояндаи дурахшон онҳоро интизор аст (Юҳ. 10:14–16; Рум. 8:20, 21). Бо вуҷуди донистани ин баракатҳо, баъзе касоне, ки Яҳуваро мешиносанд, ба таъмид гирифтан ҷуръат намекунанд. Барои гузоштани ин қадам чӣ ба онҳо халал мерасонад ва чӣ тавр онҳо ба душвориҳояшон ғолиб омада метавонанд?

ДУШВОРИҲОЕ, КИ БАЪЗЕҲОРО АЗ ТАЪМИД БОЗМЕДОРАНД

Душвориҳое, ки баъзеҳо пеш аз таъмид дучор мешаванд

Нобоварӣ ба худ (Ба сархатҳои 4 ва 5 нигаред.) *

4, 5. Авери ва Ханна чӣ гуна душвориҳо доштанд?

4 Нобоварӣ ба худ. Волидони Авери Шоҳидони Яҳуваанд. Падараш нисбати оила ғамхор аст ва дар ҷамъомад пири меҳрубон мебошад, бинобар ин бародару хоҳарон ӯро хеле эҳтиром мекунанд. Аммо писараш Авери ба таъмид гирифтан ҷуръат намекард. Чаро? «Ман фикр мекардам, ки мисли падарам шуда наметавонам»,— мегӯяд ӯ. Авери инчунин ба худаш боварӣ надошт, ки масъулиятеро, ки шояд оянда ба ӯ дода мешавад, иҷро карда метавонад. Вай мегӯяд: «Ман метарсидам, ки агар ба ман дар пеши ҳама дуо гуфтан, бо нутқ баромад кардан, ё дар мавъиза ба гурӯҳе роҳбарӣ карданро супориш диҳанд, ман аз ӯҳдааш намебароям».

5 Ханна ном духтари 18-сола аз ҳисси нобоварӣ ба худ сахт азоб мекашид. Ӯ дар оилае калон шуда буд, ки волидонаш хизматгори Яҳува буданд. Бо вуҷуди ин, вай шубҳа мекард, ки мувофиқи гуфтаҳои Яҳува зиндагӣ карда метавонад. Чунки Ханна худашро хеле паст ва ношуд меҳисобид. Баъзан вай чунон худро бад ҳис мекард, ки дидаву дониста ба ҷисми худ осеб мерасонд. Ин вазъиятро аз будаш бадтар месохт. «Ман дар бораи кори кардаам ба ҳеҷ кас, ҳатто ба волидонам даҳон намекушодам,— мегӯяд ӯ,— ва гумон мекардам, ки барои ба худ осеб расонданам Яҳува ҳеҷ гоҳ маро қабул намекунад».

Таъсири дӯстон (Ба сархати 6 нигаред.) *

6. Ванессаро аз таъмид гирифтан чӣ бозмедошт?

6 Таъсири дӯстон. Ванесса ном духтари 22-сола мегӯяд: «Ман қариб 10-сол бо як духтарак дугона будам». Лекин дугонаи Ванесса ба эътиқоди ӯ шавқ надошт ва тарафдор набуд, ки вай таъмид гирад. Барои ҳамин Ванесса чӣ кор карданашро намедонист. Ӯ мегӯяд: «Пайдо кардани дӯстон бароям мушкил буд ва ман хавотир будам, ки агар дугонаам аз ман рӯй гардонад, ман дигар ҳеҷ гоҳ дугонаи ҷонӣ ёфта наметавонам».

Тарс аз содир кардани гуноҳ (Ба сархати 7 нигаред.) *

7. Мэкале аз чӣ метарсид ва чаро?

7 Тарси содир кардани гуноҳ. Мэкале ном хоҳаре нақл мекунад, ки вақте ӯ панҷсола буд, акааш аз ҷамъомад хориҷ шуд. Ӯ торафт ба воя расида медид, ки рафтори акааш ба волидони ӯ то чӣ андоза дард меорад. «Ман аз таъмид гирифтан барои он метарсидам, ки агар дар оянда баногоҳ гуноҳе карда аз ҷамъомад хориҷ шавам, мисли акаам ба волидонам боз ғаму ғурбат меорам».

Тарс аз зиддият (Ба сархати 8 нигаред.) *

8. Майлс аз чӣ метарсид?

8 Тарс аз зиддият. Майлс ном ҷавон нақл мекунад, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шудаанд. Падари ӯ ба Яҳува хизмат мекунад, вале модараш Шоҳиди Яҳува нест. «Ман 18 сол бо модарам зиндагӣ кардам,— мегӯяд Майлс,— ва ман метарсидам, ки ба вай дар бораи таъмид гап занам. Фикр мекардам, ки агар ман ҳам Шоҳиди Яҳува шавам, модарам чун дар мавриди падарам, боз ба хашм меояд. Ман метарсидам, ки вай пеши роҳи маро мегирад».

БА ДУШВОРИҲО ҒОЛИБ ОЕД

9. Вақте дар бораи меҳрубониву пуртоқатии Яҳува бисёртар мефаҳмем, ин чӣ натиҷа оварда метавонад?

9 Одаму Ҳавво ба Яҳува хизмат кардан нахостанд, чунки муҳаббаташон нисбати Ӯ қавӣ набуд. Ба ин нигоҳ накарда Яҳува гузошт, ки онҳо муддате зиндагӣ карда, фарзандон ба дунё оранд ва онҳоро аз рӯйи диди худ тарбия кунанд. Дере нагузашта баръало маълум гашт, ки аз Худо рӯй гардонда мустақил шудани онҳо хеле беақлона буд. Писари калонии онҳо додари бегуноҳи худро кушт ва бо гузашти вақт зӯроварӣ ва худбинӣ тамоми инсониятро фаро гирифт (Ҳас. 4:8; 6:11–13). Лекин Яҳува чора андешид, то одамони итоаткор аз насли Одаму Ҳавво наҷот ёбанд (Юҳ. 6:38–40, 57, 58). Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Чи қадаре ки дар бораи пуртоқатӣ ва меҳрубонии Яҳува бисёртар фаҳмидан гиред, ҳамон қадар муҳаббататон ба Ӯ зиёд мешавад. Он гоҳ шумо мисли Одаму Ҳавво интихоби нодуруст намекунед, балки ҳаётатонро ба Ӯ мебахшед.

Чӣ тавр шумо ба ин душвориҳо ғолиб омада метавонед?

(Ба сархатҳои 9 ва 10 нигаред.) *

10. Чӣ тавр мулоҳиза оиди Забур 18:8 ба шумо барои хизматгори Яҳува шудан кӯмак карда метавонад?

10 Дар бораи Яҳува омӯхтанро давом диҳед. Агар дар бораи Яҳува зиёдтар фаҳмидан гиред, бовариатон торафт қавӣ мегардад, ки шумо аз ӯҳдаи хизматгори Ӯ будан ба хубӣ мебароед. Авери, ки пештар дар борааш гуфтем, нақл мекунад: «Ба ман суханони Забур 18:8 кӯмак карданд. (Оятро хонед.) Вақте он ваъдаи Яҳуваро хонда дар борааш мулоҳиза рондам, ин ба ман боварӣ бахшид, ки аз ӯҳдаи ба Ӯ хизмат кардан мебароям». Авери дар ҳақиқат дид, ки Яҳува ваъдаашро иҷро мекунад ва меҳру муҳаббаташ ба Ӯ боз ҳам зиёдтар шуд. Муҳаббат на танҳо боварии касро зиёд мегардонад, инчунин кӯмак мекунад, ки шахс аз корҳои нодуруст даст кашида, хости Яҳуваро иҷро кунад. Ханна, ки дар боло дар борааш нақл кардем, мегӯяд: «Бо воситаи хониш ва омӯзиши шахсӣ ман дарк кардам, ки вақте ба ҷисмам осеб мерасонам, Яҳуваро хафа мекунам» (1 Пет. 5:7). Ханна, на фақат шунаванда, балки «иҷрокунандаи калом» гашт (Яъқ. 1:22). Ин чӣ натиҷа овард? Худи ӯ мегӯяд: «Вақте ман дидам, ки ба Яҳува итоат кардан бар фоидаи худи мо аст, ман Ӯро хеле дӯст доштам. Ҳоло ман боварии қавӣ дорам, ки Яҳува ҳамеша дар вақти лозима ба ман мадад мекунад». Ханна бар одати нодурусти худ мубориза бурда, бар он ғолиб омад. Вай худашро ба Яҳува бахшида таъмид гирифт.

(Ба сархати 11 нигаред.) *

11. Ванесса барои пайдо кардани дӯстони хуб чӣ кор кард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

11 Дар интихоби дӯстон бохирад бошед. Ванесса, ки пештар дар борааш нақл кардем, оқибат фаҳмид, ки дугонааш ӯро аз хизматгори Яҳува шудан боздошта истодааст. Барои ҳамин бо вай дӯстиашро бас кард. Ғайр аз ин вай кӯшиш кард, ки аз ҷамъомад дӯстони нав пайдо кунад. Ӯ мегӯяд, ки мисоли Нӯҳ-пайғамбар ва оилааш ба вай кӯмак кард. «Оилаи Нӯҳро одамоне иҳота мекарданд, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд,— мегӯяд Ванесса,— вале ба онҳо лозим буд, ки ба ҳамдигар дӯсти наздик бошанд». Баъди таъмид гирифтанаш Ванесса пешрав шуд. Ҳоло ӯ мегӯяд: «Пешрав будан ба ман кӯмак мекунад, ки на танҳо дар ҷамъомади худам, балки аз дигар ҷамъомадҳо низ дӯстони хуб пайдо кунам». Шумо низ чи қадаре ки дар кори Яҳува бештар банд бошед, ҳамон қадар дӯстони зиёд пайдо мекунед (Мат. 24:14).

(Ба сархатҳои 12–15 нигаред.) *

12. Ба Одаму Ҳавво чӣ гуна тарс намерасид ва оқибат бо онҳо чӣ рӯй дод?

12 Аз Худо тарсед, на аз одамон. Баъзе намуди тарс бароямон фоиданок аст, масалан, худотарсӣ. Мо бояд худотарс бошем ва эҳтиёт шавем, ки Яҳуваро хафа накунем (Заб. 110:10). Агар Одаму Ҳавво худотарс мебуданд, бар зидди Яҳува намебаромаданд. Вале онҳо муқобили гуфти Ӯ амал карданд. Баъди ин чашмони онҳо «воз шуд», яъне онҳо гунаҳкор будани худро пурра дарк карданд. Онҳо ба насли худ танҳо гуноҳу маргро мерос доданду халос. Азбаски онҳо дар кадом ҳолат буданашонро хуб дарк мекарданд, аз бараҳнагии худ шарм дошта бадани худро пӯшонданд (Ҳас. 3:7, 21).

13, 14. а) Мувофиқи 1 Петрус 3:21 чаро мо набояд аз марг тарсу ҳарос дошта бошем? б) Мо барои дӯст доштани Яҳува чӣ сабабҳо дорем?

13 Агар мо худотарс бошем, барои аз марг тарсу ҳарос доштан ҳоҷат нест. Чунки Яҳува барои ҷовидона зистани мо чора андешидааст. Агар мо гуноҳ содир кунему аз таҳти дил пушаймон шавем, Яҳува тавбаи моро қабул мекунад. Ӯ моро дар асоси имоне, ки ба қурбонии фидияи ҳазрати Исо дорем, мебахшад. Чӣ тавр мо имонамонро нишон дода метавонем? Яке аз роҳҳои асосӣ ин ба Худо ҳаёти худро бахшида таъмид гирифтан аст. (1 Петрус 3:21-ро хонед.)

14 Магар барои дӯст доштани Яҳува мо сабабҳои зиёд надорем? Албатта, дорем. Масалан, Ӯ ҳар рӯз ба мо ризқу рӯзӣ ва дигар чизҳои лозимаро ато мекунад, то аз ҳаёт лаззат барем. Ғайр аз ин Яҳува ба мо дар бораи Худаш ва ниятҳояш ҳақиқатро таълим медиҳад (Юҳ. 8:31, 32). Ӯ ба мо ҷамъомадро додааст ва ба воситаи он моро роҳнамоиву дастгирӣ мекунад. Яҳува имрӯз чун Мададгор «бори моро мебардорад» ва умед мебахшад, ки оянда мо дар шароити беҳтарин ҷовидона зиндагӣ мекунем (Заб. 67:20; Ваҳй 21:3, 4). Вақте мо оиди он мулоҳиза меронем, ки Яҳува бароямон аллакай чӣ қадар некӣ карда, муҳаббаташро нишон додааст, дили мо низ саршори меҳр мегардад. Ва муҳаббат ба Яҳува тарсу ваҳмро аз мо дур мекунад. Мо танҳо аз он хоҳем тарсид, ки Яҳуваро, ки беандоза дӯсташ медорем, наранҷонем.

15. Чӣ тавр Мэкале бар тарси худ ғолиб омад?

15 Чуноне ки дар боло нақл кардем, Мэкале пеш тарс дошт, ки гуноҳе содир карда аз ҷамъомад хориҷ мешавад. Лекин вақте ӯ фаҳмид, ки Яҳува то чӣ андоза бахшанда аст, ӯ бар тарси худ ғолиб омад. Мэкале мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки ҳамаи мо нокомилем ва бисёр хато мекунем. Вале ман боз фаҳмидам, ки Яҳува моро дӯст медорад ва дар асоси фидияи Исо бо омодагӣ моро мебахшад». Муҳаббат ба Яҳува вайро барангехт, ки ҳаёташро ба Ӯ бахшида, таъмид гирад.

(Ба сархати 16 нигаред.) *

16. Чӣ ба Майлс кӯмак кард, ки тарси доштаашро бартараф намояд?

16 Майлс, ки барои таъмид гирифтан аз модараш метарсид, аз нозири ноҳиявӣ кӯмак пурсид. «Ман фаҳмидам, ки он бародар низ дар оилае калон шудааст, ки падараш Шоҳиди Яҳува будаасту модараш не,— мегӯяд Майлс.— Ӯ ба ман маслиҳат дод, ки пеш аз бо модарам гап задан хуб тайёрӣ бинам, то модарамро боварӣ бахшам, ки таъмид қарори худи ман аст, на ин ки падарам маро маҷбур мекунад». Вақте ки Майлс дар бораи қарори худ гап зад, модараш хурсанд нашуд. Ҳатто ба Майлс лозим омад, ки ба дигар ҷо кӯчад, вале вай дар қарораш устувор монд. «Вақте ман дарк кардам, ки Яҳува бароям чӣ қадар корҳои нек кардааст, ин ба дилам сахт таъсир кард,— нақл мекунад Майлс.— Ҳангоми дар бораи қурбонии фидияи Исо чуқур мулоҳиза кардан, ман дар ҳақиқат фаҳмидам, ки то чӣ андоза Яҳува маро дӯст медорад. Ин фикр маро водор кард, ки худро ба Яҳува бахшам ва таъмид гирам».

ДАР ҚАРОРИ ХУД УСТУВОР МОНЕД

Мо имконият дорем, ки барои ҳамаи атоҳои Яҳува миннатдориамонро нишон диҳем (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Ҳамаи мо чӣ гуна имконият дорем?

17 Ҳавво дар боғи Адан аз меваи дарахти манъшуда хӯрда аз Падари худ рӯй гардонд. Одам низ вақте ба гуноҳи занаш ҳамроҳ шуд, бо ин рафтораш ба ҳама некиҳои Яҳува кӯрнамакӣ кард. Ҳамаи мо нишон дода метавонем, ки мисли Одаму Ҳавво ношукр будан намехоҳем. Баръакс мехоҳем нишон диҳем, ки барои ҳар як атои Ӯ бениҳоят миннатдорем. Таъмиди мо боварии моро ба Яҳува нишон медиҳад, ки танҳо Ӯ ба муқаррар кардани меъёрҳои некиву бадӣ ҳақ дорад. Инчунин он нишон медиҳад, ки мо Падари худро дӯст медорем ва ба Ӯ такя мекунем.

18. Чӣ тавр шумо дар хизмати Яҳува муваффақ шуда метавонед?

18 Баъди таъмид мо ҳар рӯз бояд кӯшиш кунем, ки на аз рӯйи хоҳишу ҳаваси худ, балки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунем. Шояд ин душвор бошад, лекин миллионҳо хизматгорони Худо бо чунин тарз зиндагӣ карда истодаанд. Шумо ҳам метавонед мисли онҳо бошед, агар минбаъд ҳам фаҳмишатонро оиди Каломи Худо чуқур гардонед, мунтазам бо бародару хоҳарон муошират кунед ва чизҳои дар бораи Падари меҳрубонамон фаҳмидаатонро боғайратона ба дигарон мавъиза кунед (Ибр. 10:24, 25). Ҳангоми қабул кардани қарорҳо ба маслиҳате, ки Яҳува тавассути Калом ва ташкилоташ медиҳад, гӯш диҳед (Иш. 30:21). Он гоҳ шумо дар ҳамаи роҳҳои худ муваффақ хоҳед шуд (Мас. 16:3, 20).

19. Чиро мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем ва чаро?

19 Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мувофиқи ҳидояту роҳнамоии Яҳува амал кардан бар манфиати мост. Агар шумо инро дарк кунед, муҳаббати шумо ба Ӯ ва меъёрҳояш торафт меафзояд. Он гоҳ ягон чиз дар ҷаҳони Шайтон ҳуши шуморо аз хизмати Яҳува парешон карда наметавонад. Худро пас аз ҳазор сол тасаввур кунед. Шумо чӣ ҳис хоҳед кард? Бешубҳа, шумо таъмиди худро ба хотир оварда шукрона мекунед, ки ин қарори муҳимро қабул кардед.

СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува

^ сарх. 5 Таъмид гирам ё нагирам? Чаро ин қарор дар ҳаёти шахс муҳимтарин аст? Чӣ баъзеҳоро аз таъмид гирифтан бозмедорад ва чӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки аз гузоштани ин қадам натарсанд? Дар ин мақола мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Боварӣ: Ҷавоне барои шарҳ додан душворӣ мекашад.

^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМ: Дӯстон: Духтаре дар ҳузури дугонааш аз вохӯрдан бо Шоҳидон шарм медорад.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Тарси содир кардани гуноҳ: Акаи духтарак аз ҷамъомад хориҷ шуда хонаашонро тарк мекунад. Вай метарсад, ки хатои акаашро такрор накунад.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Зиддият: Писарак дар ҳузури модараш, ки Шоҳиди Яҳува нест, тарсида-тарсида дуо мегӯяд.

^ сарх. 65 ШАРҲИ РАСМ: Боварӣ: Ҷавон омӯзиши шахсиашро беҳтар мегардонад.

^ сарх. 67 ШАРҲИ РАСМ: Дӯстон: Духтарак бар тарсаш ғолиб омада аз Шоҳиди Яҳува буданаш фахр карданро ёд мегирад.

^ сарх. 69 ШАРҲИ РАСМ: Тарси содир кардани гуноҳ: Духтарак ҳақиқатро дӯст дошта таъмид мегирад.

^ сарх. 71 ШАРҲИ РАСМ: Зиддият: Ҷавон далерона ба модари худ оиди имонаш гап мезанад.