Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува «омин» гуфтани шуморо қадр мекунад

Яҳува «омин» гуфтани шуморо қадр мекунад

ИБОДАТИ моро Яҳува хеле қадр мекунад. Ӯ ба ходимонаш «гӯш андохта» онҳоро бодиққат мешунавад. Ҳар як коре, ки мо барои ҷалол додани Худо мекунем, хоҳ хурд бошад, хоҳ калон, аз назари Ӯ пинҳон намемонад (Мал. 3:16). Масалан, дар бораи калимаи «омин», ки ҳамаи мо борҳо ба забон меорем, фикр кунед. Магар ин калимаи одӣ барои Яҳува ягон арзиш дорад? Албатта, дорад! Биёед бубинем, ки чаро. Дар аввал мефаҳмем, ки ин калима чӣ маъно дорад ва дар Китоби Муқаддас чӣ тавр истифода шудааст.

«ТАМОМИ ҶАМОАТ ГУФТАНД: “ОМИН!”»

Маънои калимаи «омин» — «бигзор чунин шавад», ё «ҳақ асту рост» мебошад. Решаи он калимаи ибриест, ки маънояш «содиқ бош», «сазовори боварӣ бош» аст. Он баъзан дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ истифода бурда мешуд. Баъди ягон қасам хӯрдан шахс бояд «омин» мегуфт, то ҳақ будани суханаш ва ба оқибати он розӣ буданашро тасдиқ кунад (Ад. 5:22). Вақте ягон кас дар пеши мардум қавле дода, баъд «омин» мегуфт, ин ваъдаи ӯро боз ҳам қатъӣ мегардонд (Наҳемё 5:13).

Дар Такрори Шариат, боби 27, мисоли таъсирбахше оварда шудааст. Исроилиён баъди даромадан ба Замини ваъдашуда дар байни кӯҳи Эбол ва Ҷаризим ҷамъ шуданд. Он ҷо левизодагон Шариатро барои халқ бо овози баланд хонданд. Халқ бояд на танҳо гӯш мекард, балки розӣ буданашро бо овози баланд тасдиқ мекард. Масалан, вақте дар бораи оқибатҳои беитоатӣ хонда шуд, онҳо «Омин!» гӯён ҷавоб доданд (Такр. Ш. 27:15–26). Танҳо тасаввур кунед, ки ҳазорон мардону занон ва кӯдакон чӣ тавр бо овози баланд якдилона ҷавоб медоданд (Еҳ. 8:30–35). Бешубҳа, он исроилиён ваъдаашонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нанамуданд ва ба он вафо карданд. Дар бораи онҳо мо мехонем: «Исроил дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ зинда буданд ва ҳамаи корҳои Худовандро, ки барои Исроил карда буд, медонистанд, Худовандро ибодат намуданд» (Еҳ. 24:31).

Исо низ барои ҳақ будани суханонаш, калимаи «омин»-ро ба кор мебурд. Вале ӯ инро бо як тарзи махсус мекард. Ӯ на дар охири суханаш, балки пеш аз баён кардани ягон чизи муҳим калимаи «омин»-ро истифода мебурд (дар забони тоҷикӣ «ба ростӣ» тарҷума шудааст). Баъзан ӯ такроран мегуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям...» (Мат. 5:18; Юҳ. 1:51). Исо ҳақ дошт, ки бо чунин қатъият сухан ронад, зеро Яҳува танҳо ӯро қудрат бахшидааст, ки тамоми ваъдаҳои Худоро амалӣ гардонад (2 Қӯр. 1:20; Ваҳй 3:14).

«ТАМОМИ ҚАВМ ГУФТАНД: “ОМИН” ВА ХУДОВАНДРО МАДҲ КАРДАНД»

Исроилиён инчунин дар дуоҳои худ ва вақти ҳамду сано хондани Яҳува калимаи «омин»-ро истифода мебурданд (Наҳемё 8:6; Заб. 40:14). Ҳамаи шунавандагон баъди тамом шудани дуо «омин» гуфта, нишон медоданд, ки бо суханони дуо розиянд. Ҳамин тавр, ҳамаи онҳо аз якҷоя ибодат кардани Яҳува хурсандӣ мегирифтанд. Масалан, вақте шоҳ Довуд сандуқи аҳди Яҳуваро ба Ерусалим овард, тамоми халқ Худоро якдилона ҳамд гуфтанд. Дар давоми он ҷашн Довуд дуои самимие гуфт, ки он чун шеър садо медод. Мо онро дар 1 Вақоеънома 16:8–36 хонда метавонем. Суханони ӯ ба халқ чунон таъсир карданд, ки ҳамаи онҳо бо як овоз «Омин!» гуфта Яҳуваро ҳамд намуданд. Бале, ҳамаи онҳо дар ягонагӣ Яҳуваро ибодат карда аз ин хурсандӣ мекарданд.

Масеҳиёни асри як низ, ҳангоми ҳамду сано хондани Яҳува «омин» мегуфтанд. Нависандагони Китоби Муқаддас онро дар номаҳои худ зуд-зуд илова мекарданд (Рум. 1:25; 16:27; 1 Пет. 4:11). Дар китоби Ваҳй ҳатто фариштагон тасвир шудаанд, ки дар осмон Яҳуваро ҷалол дода мегӯянд «Омин! Ёҳро ҳамд гӯед» (Ваҳй 19:1, 4). Масеҳиёни аввал одатан баъди дуо гуфтан дар ҷамъомадҳояшон «омин» мегуфтанд (1 Қӯр. 14:16). Аммо онҳо ин калимаро фикр накарда такрор намекарданд.

ЧАРО «ОМИН»-ГӮЙИИ ШУМО ҚАДР ДОРАД?

Инак, мо фаҳмидем, ки хизматгорони Яҳува калимаи «омин»-ро дар кадом мавридҳо истифода мебурданд. Акнун мо медонем, ки баъди дуо «омин» гуфтан то чӣ андоза муҳим будааст. Вақте мо дар охири дуои шахсӣ «омин» мегӯем, мо нишон медиҳем, ки он чизҳоро дар ҳақиқат мехоҳем. Баъди дуои оммавӣ бошад, бо овози паст ё баланд «омин» гуфтани мо нишон медиҳад, ки мо низ бо суханони баёншуда розием. «Омин» гуфтани мо боз чиро нишон медиҳад?

Ин нишон медиҳад, ки мо ба ибодати Яҳува ҷиддӣ менигарем. На танҳо «омин»-е, ки мо дар охири дуо мегӯем, балки бодиққат гӯш кардани суханони дуо низ ибодат ҳисоб меёбад. Барои он ки «омин»-и мо ба Яҳува писанд бошад, мо бояд ҳушамонро парешон накарда, суханони дуоро бодиққат гӯш кунем.

Ин ягонагии моро нишон медиҳад. Вақте дар ҷамъомад касе дуо мегӯяд, дигарон диққаташонро ба чизҳое, ки шунида истодаанд, равона мекунанд (Аъм. 1:14; 12:5). Вақте мо бо бародару хоҳарон якдилона «омин» мегӯем, ин ягонагии моро мустаҳкамтар месозад. Хоҳ мо бо овози баланд мегӯем, хоҳ дар даруни дил, якҷоя «омин» гуфтанамон Яҳуваро бармеангезад, ки мувофиқи дархости мо амал кунад.

«Омин» гуфтани мо Яҳуваро ҷалол медиҳад

Мо Яҳуваро ҷалол медиҳем. Яҳува ба ҳар як коре, ки мо дар ибодати Ӯ мекунем, ҳатто ба амалҳои хурд, диққат медиҳад (Луқ. 21:2, 3). Ӯ дар дил чӣ хоҳишу ният доштани моро мебинад. Агар аз рӯйи зарурият мо барномаи вохӯриро ба воситаи телефон гӯш кунем ҳам, баъди дуо фурӯтанона «омин» гуфтани мо аз чашми Яҳува пинҳон намемонад. Бо ин мо ҳамроҳи касоне, ки дар ҷамъомад ҳузур доранд, Яҳуваро ҳамду сано мегӯем.

Шояд «омин» гуфтани мо ба назар камарзиш тобад, вале он ҳеҷ гоҳ чунин нест. Дар энсиклопедияи «Назари амиқ ба Навиштаҳо» гуфта шудааст: «Бо истифодаи ин як калима, хизматгорони Худо боварӣ, розигии пурра ва умеди самимие, ки дар дил доранд, нишон медиҳанд». Бигзор ҳар як «омин»-и мо ба Яҳува комилан писанд бошад! (Заб. 18:15).